JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 31 Декабри 2021 14:42

Соли нав овард бар мо муждаи иқболҳо

Муаллиф:

  Дар пешорӯйи ҳар соли нав, ки анъанаест бозмонда аз даврони Шӯравӣ, бештар ду нигоҳ фарогирандаи зеҳн ва шуури ҳар як инсони андешаманд мебошад. Яке, нигоҳ ба он чи ки гузашт ва дигаре, нигоҳи ояндае, ки моро интизор аст. Баъзан ташвишҳову нигарониҳо аз имрӯзу оянда барангезандаи ҳолати навмедии  инсон мешаванд. Ин ҳолат аз он сарчашма мегирад, ки  инсонҳо ба амалишавии барномаҳои тарҳрезишудаи худ бовар надоранд.  Аз нигоҳи равоншиносӣ, ягона ҳолате, ки дар рўҳияву зеҳни инсон ангезаи муҳаббат ва маънои зиндагӣ мебахшад, умед аст. Умеду орзуҳо  сарчашмаҳоеанд, ки ояндаи зеҳни ҳар инсонро пешгўйӣ мекунанд. Яъне, нигариш ба оянда аз умедҳо файзёб шуда, дар масири зиндагӣ моро дар оғўши худ мегирад.

  Маҳз ҳамин умед буд, ки фарҳанги куҳанбунёди мо дар домони тафаккур ва тахайюли рангини худ ҷашну маросими зиёде парварида, ба ҷаҳониён манзур сохт, ки ҳар яки онҳо умед ба ояндаро дар қалби инсонӣ таҳким мебахшанд. Умед ба ояндаи рўшан ва нармиши иҷтимоӣ дар ҷашни Зоиш (мелоди Меҳр), ки бозгўкунандаи умеду орзуи инсонист, рамзи хайриятхоҳӣ ва шодмонии башар талаққӣ  мешавад. Муҳим он аст, ки  Зоиш аз ҳавзаи фарҳанги бумӣ ба муҳити румӣ-урупойӣ интиқол ёфта, умеду хайрхоҳиро барои насли инсонӣ ба дуриҳои дур бурд ва самараи он умедро дар ҳамкорию ҳамбастагии мардуми сайёра имрӯз метавон ба хубӣ мушоҳида кард.  

  Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли оянда, қабл аз ҳама, умед ва боварӣ ба имрӯзу фардо дар партави андешаи наву ҷадид таманно дорем. Навсозӣ, ба гуфтаи Ҳантингтон, «бояд ҳамроҳ бо як таҷдиди асосии тавзеи қудрат дар чаҳорчӯби низоми сиёсӣ бошад. Зеро низомҳои сиёсии муосир конунҳои қудрати маҳаллӣ,  мазҳабӣ  ва қавмиро дар ҳам шикастаанд ва тамаркуз дар ниҳодҳои сиёсии миллӣ кардаанд». Воқеияти имрўзи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мо дар марҳилаи сохтмони сиёсати миллӣ қарор дорем. Бинобар ин, зарур аст, ки бо назардошти шароити имрўзи бархӯрдҳои сиёсӣ сиёсати миллӣ ва давлатиро бар пояи шинохти арзишҳои муосир ва оянда барномарезӣ кунем. 

  Таманно мекунем, ки соли навро бо беҳтарин орзуҳо истиқбол намоед, то ки ҳама рӯзу рӯзгори Шумо давоми ин сол хушоянд бошад. Соли нав ба ҳамаи ҳамватанон фархунда бод!!!

Хондан 897 маротиба