JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 03 Январи 2022 05:56

Маъно ва мазмуни мафҳумҳои “интеллект”, “хирад” ва “менталитет” дар адабиёти фалсафӣ (таҳлили муқоисавӣ)

Муаллиф: Муҳаммадалӣ МУЗАФФАРӢ

    Маънои классикии мафҳуми “интеллект”

  Дар луғати энсиклопедӣ маънои мафҳуми “интеллект” чунин шарҳ дода шудааст: интеллект (аз калимаи лотинии “intellectus” – маънояш маърифат, фаҳмиш, ҳуш) қобилияти тафаккур, маърифати ақлиро ифода мекунад. Тарҷумаи лотинии мафҳуми юнонии “нус” (хирад) муродифи “интеллект” дониста шудааст. Чунин тафсир аз маънои классикии ин мафҳум шаҳодат медиҳад, вале ин маънои классикӣ дар адабиёти равоншиносӣ масъалаи духурагии ифодашавии маънои объект ва ҳолатҳои инсониро ба миён овардааст.

  Дар муқоиса бо мафҳумҳои дигари ҳолатҳои равониро ифодакунанда, мафҳуми “интеллект” ду маънои ҳолати равонии инсонро дар бар гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки мафҳуми “интеллект” дар бештари маврид ҳолати хоси зуҳуршавии хирадро дорад. Дар муқоиса бо ҳолатҳои дигари равонӣ аз қабили раванди дарк, хаёл, ирода ва ғ. маҷмӯи қобилияти хирадиро мазмунан дар бар мегирад.

  Дар забони тоҷикӣ чунон, ки маълум аст, ҳолатҳои равонии инсон ба тариқи зайл тасниф шудаанд: Дар маънои аслӣ-этимологӣ истифода набурдани ин ва ё он мафҳум ба духурагӣ ва номуайянии маънои объект, яъне ашёҳо ва ҳодисаҳо оварда мерасонад.

  Агар раванди ташаккул ё маънои классикии мафҳуми “интеллект”- ро мушоҳида намоем, ба назар мерасад, ки ин мафҳум ҳамеша дар маънои қобилияти фикрии инсон ба кор бурда шудааст. Дар чунин маъно мафҳуми “интеллект” муродифи мафҳуми “хирад” пазируфта мешавад. Вале ҳангоми дар маънои васеъ истифода бурдани мафҳуми “интеллект” тобиши маъногии он норавшан мегардад.

  Тахмин меравад, ки мафҳуми “интеллект” бо маъно ва этимологияи худ муродиф ё мазмунан шакли дигаргуншудаи мафҳуми “энтелехия” бошад. Мафҳуми “энтелехия” дар асарҳои Арасту мазмун ва мақоми хосеро соҳиб аст. Ба монанди он ки аз Пифагор “адади бузург”, аз Афлотун “эйдос”, аз Кант “ашёи дар худ” ва аз Гегел “рӯҳи мутлақ” боқӣ мондаанд, “энтелехия” низ ҳамчун мақулаи асосӣ аз Арасту боқӣ мондааст.

  Баъдан, пас аз омӯзиш ва тарҷумаи асарҳои Арасту ба забони арабӣ ин мафҳум бо каме дигаргунии овозӣ дар забони арабӣ қабул шудааст ва Ибни Сино ин мафҳумро дар шакли аслӣ истифода бурдааст. Дар бораи ба забони лотинӣ ва аз забони лотинӣ ба дигар забонҳо паҳн шудани мафҳуми “интеллект”, бинобар набудани далелҳои таҳқиқотӣ, мафҳуми интеллекти лотиниро тахминан аз “этелехия”- и юнонӣ сарчашмагирифта мешуморанд. Асоси чунин шарҳ аз он бармеояд, ки асарҳои Арасту аввалан аз забони лотинӣ, ба забони арабӣ тарҷума шудаанд ва шояд аз забони арабӣ баъдан ба забони лотинӣ тарҷума шуда бошанд. Аз эҳтимол берун нест, ки истифодаи мафҳуми “энтелехия”- и юнонӣ аз тарафи Ибни Сино асоси эътироф гардидани мафҳуми “энтелехия” дар шакли “интеллект”- и лотинӣ бошад.

 Дар ҳар сурат, маънои субстансионалӣ доштани мафҳуми “интеллект” аз он бар меояд, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтани сифатҳои субстансия, бояд яке аз сифатҳои асосии он, “хиради ноб” ҳисобида шавад. Бо ибораи дигар, сифатҳои субстансионалӣ ва ё ҷавҳарии инсон ва олам дар баробари “ҳастии мутлақ” ва ё “хиради ноб” аст, чунки ки сифатҳои субстансионалии оламу одам яканд.

 Арсату дар баробари истифода бурдани мафҳуми “энтелехия”, маъно ва мақоми ин  мафҳумро равшан месозад.

 Ҳангоми дар бораи табиати “рӯҳ” сухан гуфтан, Арасту алоқамандии “рӯҳ”- ро бо ҷисм таъкид мекунад. Дар ин бора ӯ чунин мегӯяд: “...моҳият... (ҳамчун шакл) ин энтелехия мебошад, пас аз ин бармеояд, ки “рӯҳ” энтелехияи ҷисм аст”.[1]

 Дар муқоиса бо андешаи Афлотун, ки моҳиятро қисми таркибии рӯҳ мешуморад, Арсату моҳиятро ҳамчун “...яке аз ҷинсҳои ҳастӣ...” мепиндошт. Мутобиқи ин андеша, “...ба моҳият, аввалан моддиёт, ки худ бо худ ягон ашёи муайяне нест; дуввум, шакл ва образ, ки тавассути онҳо моддиёт ягон ашёи муайяне ба ҳисоб меравад ва сеюм, он чи ки аз модда ва шакл иборат аст”.[2]

 Аз гуфтаҳои дар боло зикршуда, чунин хулоса бармеояд, ки моҳият гуфта, Арсату на танҳо “рӯҳ”- ро ҳамчун энтелехия, балки ҷисми инсонро низ, дар назар дорад. Шояд чунин хулосабарории мо аз ҳақиқат дур бошад, вале сифати асосие, ки “энтелехия”- ро шарҳ медиҳад, маънои субстансионалии мафҳуми “хирад” аст. Мафҳуми “интеллект”, ки ба андешаи мо, маънии этимологии ӯ аз мафҳуми “энтелехия” сарчашма мегирад, ҳамчун сифати субстансионалӣ дар маънои хирад, ба кор бурда мешавад. Вале бояд қайд намуд, ки мафҳуми “хирад”, ки муродифи интеллект эътироф шудааст, ду маъноро ба худ гирифтааст. Шарҳи ин ду маъноро мо дар таҳқиқи мавзӯи ба хирад бахшидашуда баррасӣ хоҳем кард. Аз ин рӯ, маънои классикии мафҳуми “интеллект” бо шарҳи мақулаи “энтелехия” рост меояд.

Мафҳуми “хирад” дар шарҳу тафсири антропологӣ

  Тасаввуре, ки инсонро аз олами ҳайвонӣ ҷудо месозад, ба инсон чунин бартариятеро пешниҳод намудааст, ин қобилияти хирадии ӯст. Ин қобилият, ки дар ҳама забонҳои қавмҳои фарҳангӣ дида мешавад, бо мафҳумҳои ба ҳам муродиф ифодашаванда, аз ҳама қобилиятҳои равонии инсон ба монанди ҳис, дарки интуитивии тафовут дорад. Ин қобилият ба қуввае табдил ёфтааст, ки миёни фарҳангиён бо воситаи таълим, омӯзиш ва бо тариқи мафҳум ифодашаванда, садсолаҳо боз ба тамаддуни башарӣ хизмат мекунад. Ин қобилиятест, ки мо бо тавассути он якдигарро мефаҳмем, аз ахбороти нав бохабар шуда, онро аз як насл ба насли дигар интиқол менамоем. Бо чунин қобилият мо якдигарро мефаҳмем, андешаро қабул мекунем, вайро арзишгузорӣ намуда, мепазирем ва ё онро инкор мекунем. Ин аст, ки мутафаккирон аз давраҳои қадим то имрӯз ин қувваро мепарастанд ва онро ситоиш мекунанд. Гарчане, ки Кант ин қувваро қобилияти эҷоди принсипҳо ва хулосабарорӣ медонад, вай бешубҳа то андозае сабабгори иштибоҳот дар масъалаи арзишгузории хирад гардидааст. Ин иштибоҳот таҳкурсии дуруст арзишгузорӣ накардани ҷумла мутафаккирони баъдина гардид.

Иштибоҳ дар фаҳмиши табиати хирад, дар таърихи фалсафа хеле аён ба назар мерасад. Ин қувваи фарқкунандаи табиати инсонӣ аз ҳайвонӣ дар баҳсҳои фалсафӣ моҳиятан чандон равшан нагардид. Бештари мутафаккирони баъд аз Кант  дар фалсафаи асрҳои XVII – XVIII андешаҳои мухолифи якдигар баён намуда буданд. Пеш аз ҳама, ин мухолифият миёни муайян намудани таносуби “хирад” ва “ҳуш” сурат гирифт, ки дар натиҷа раванди дарки ашё ва олами берунаро аз диди чунин андешаҳо, бояд аз хирад оғоз намуда, дар ҳуш хотима медоданд. Чунин андеша албатта хилофи табии амали хирад ва қудрати тавонии он буд. Ин натиҷагирӣ ба иштибоҳҳои дигаре дар чорчубаи назарияи маърифат роҳ кушод.

Омӯзиши табиати инсон нишон медиҳад, ки танзим ва системавӣ будани узвҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва хирадӣ ҳақиқатест, ки ба ҳақиқати ҳастии инсон баробар аст. Инсон пеш аз ҳама системаест, ки се ҷанбаи табиати ӯ бо ҳам тавъам, созгор ва яке дигареро пуркунанда ва ҳамдигарро пойдор нигоҳдоранда ба чашм мерасад.

Бояд қайд намуд, ки ин маҷмӯи мувофиқ ва сохтори системавии узвҳои ҷисмонию равонӣ ва хирадӣ натиҷаи амали қонунҳои таҳавулӣ мебошанд. Ҳазорсолҳо узвҳои ташаккулёбанда дар ҳамкорӣ бо якдигар системаи ҳаётро пойдор нигоҳдоранда, ба вуҷуд овардаанд. Ин система аз се қисм таркиб ёфта, қисми нигоҳдорандаи ду колбади дигарро “хирад” ном ниҳодаанд. Аз ин рӯ, дар тинати инсонӣ низоми идорашавандае бо роҳнамоии хирад, ба миён омадааст.

Акнун андешаҳои фалсафаие, ки амали “ҳуш”- ро ба дараҷаи фаъолияти “хирад” мебардоранд, натиҷаи дуруст арзиш нагузоштан ба ҷавҳари инсонӣ, яъне хирад аст.

Олами атроф ва ҷисми инсон маҳсули таҳаввуланд. Он чи ки сурат гирифт ва дигаргун шуд, ҳатман қувваи шаклофарӣ кори худро дар дигаргун намудани шакл ба анҷом мерасонад. Шакл бошад, ба итмом расидани чунин қувва ва ба шакли аввалаи худ, яъне ба нестӣ омада расиданаш ҳатмист. Бо ибораи дигар, баргаштани шакл ба ибтидои худ бозгаштест ба шакли аввалаи худ. Чунин тағйирёбӣ албатта колбади ҷисмониро ҳамеша ҳамсафар аст. дарки олами беруна ва аз он ҷумла дарки худи ҷисми инсон, маълум аст, ки бо воситаи ҷисм муяссар намегардад. Ҷисм бошад танҳо олотеро мемонад, ки ҳамчун восита барои дарк хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳолатҳои равонӣ, ки муҳимтарини онҳо вазифаи дарк намуданро иҷро менамоянд, панҷ ҳисси қабулкунанда буда, дар доираи “ҳуш” низоми дарк ва натиҷаи он, мутамарказ гардида, вазифа ва майдони амали худи “ҳуш”- ро муайян месозанд. Муайянии ин доира имкон медиҳад, ки маълумоти даркгардида бе каму кост дар оинаи хирад ошкор шуда, мавриди арзишгузорӣ қарор гиранд. Бо ин амал вазифаи “ҳуш” ба анҷом намерасад. Дараҷаи дарки ҳар як узви ҳисро ҳуш санҷида, ба “хирад” пешниҳод менамояд, чунки хулосабарории “хирад” аз дуруст будани сифати дарки ҳисси панҷгона вобастагӣ дорад. Чунин вазифа бар души колбади равонӣ гузошта шудааст.

Дар адабиёти равоншиносӣ, матаассифона, мавқеи “ҳуш” муайян нашудааст, гарчанде дар равоншиносии классикӣ ин мавқеъ хеле равшан баррасӣ шудааст. Дар қатори равандҳои равоншиносии муосир, мафҳуми “ҳуш” ҳамчун раванди мустақили фикрӣ зикр нашудааст. Ин норасогӣ, ба андешаи мо, аз замони ба равоншиносӣ ворид гардидани таҷриба ба миён омада, то ҳол дар китобҳои дарсӣ чунин ҳолат идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки ҳолатҳои таҷрибавӣ (эксперимаенталӣ) намегузоранд, ки равандҳои психикӣ дар шакли нисбатан мустақили худ, даркшаванда бошанд. Бинобар ин таҷрибаомӯз танҳо машғули натиҷагирии амалҳои равонӣ гардида, аз фаъолияти нисбатан мустақили ҳар як ҳолати психикӣ дар канор мемонад.

Аз ин лиҳоз мавқеи ҳолати “ҳуш” аз чорчӯбаи ҷувваҳои равонӣ номуайян ва алоқамандии амали узвҳои ҷудогонаи ҳиссӣ бо “хирад”, бидуни шарҳ ва тафсир мемонад. Дар чунин ҳолат ба назар мерасад, ки вазифаи “хирад” бевосита натиҷагирӣ намудан аз узвҳои ҳис мебошад.

Да ин ҷо,  як омили асосие, ки алоқамандӣ ва пайваст шудани ахбороти ҳиссӣ ба хирадро дар назар дорад, бояд нодида намонад. Агар ҳар як ҳисси панҷгона дар алоҳидагӣ, бе мутамарказие, ки бо воситаи фаъолияти “ҳуш” қобили қабули хирад мегардад, амал кунад, пас маълумоти пурраро дар бораи ашёҳои олами беруна дастрас намудан ғайриимкон мебуд. Ин ҳолат ба он далолат мекунад, ки миёни ҳисси панҷгона ва “хирад” бояд қуввае мавҷуд бошад, ки ахбороти гуногунро нисбати ашёи беруна дар шакли пурра ва бо ҳам пайваст ба ихтиёри “хирад” гузорад. Ин қувваро қувваи  “ҳуш”- и номанд ва далели дигари мавҷудияти чунин қувва шаклгирии раванди маърифат ба ҳисоб меравад.  

Тақсимбандии шаклҳои маърифат аз маърифати “ҳуш”- и оғоз гардида, баъдан бо маърифати ҳадсию матнӣ ба итмом мерасад. Ин далели мавҷуд будани дараҷаи болоравии қувваи ҳушии инсон аст.

Қувваи “ҳуш”-и санҷишкунанда ва арзишгузоранда набуда, танҳо мутамарказкунандаи маълумоти аз ҳис воридшуда аст. Бидуни фаъолияти “ҳуш” ва ё қувваи равонии мутамарказкунанда, алоқамандии ҳиссиёт ва хирадро фаҳмидан ғайриимкон аст.

Чунин вазъият, (яъне ба инобат нагирифтани қувваи “ҳуш”) дар сохтори равонии инсон, ба “бегонашавӣ”- и мафҳуми “ҳуш” аз равоншиносӣ оварда расонид. Бесабаб наст, ки ҳангоми таҳқиқоти фалсафӣ, асосан, мавриди баррасии шаклҳои маърифат, мутахассисони соҳаи фалсафа мафҳуми “ҳуш”- ро яке аз мафҳумҳои бунёдии гносеологӣ баррасӣ менамоянд. Шояд пазироиши мафҳуми “ҳуш” аз тарафи файласуфон боиси хориҷ шудани мақулаи “ҳуш” аз доираи равоншиносӣ гардида бошад. Дар ҳар сурат, мафҳуми “ҳуш” бояд яке аз мафҳумҳои бунёдии равоншиносӣ ҳисобида шавад.

Масъалаи “хирад” маълум аст, ки дар назарияи маърифат ва ҳастишиносӣ мақоми хосеро соҳиб аст.

Бояд қайд намуд, ки “колбад”- ҳои инсонӣ ба се намуд гурӯҳбандӣ шудаанд: колбади – ҷисмонӣ, колбади – равонӣ ва колбади – хирадӣ.

Аз ин рӯ, хирад, ки яке аз колбадҳои инсонро ташкил медиҳад, дар сохтори равандҳои равонӣ дохил нашудааст. Ин колбад натанҳо дар андешаҳои фалсафӣ, балки дар илмҳои гуманитарӣ, асосан дар адабиёт мавриди ситоиш қарор гирифтааст.

Хирад, ки намуди дурустии фикр, андешаҳои солим ва ҳатто ифодакунандаи сифати инсонӣ гардидааст, яке аз мақулаҳои бунёдӣ дар таърихи назарияи маърифат ва антропология қарор дорад.

Тафсири моҳияти “хирад” боиси пайдо шудани андешаҳои гуногун гаштааст. Азбаски мавзӯи “хирад” берун аз проблемаҳои равоншиносӣ қарор дорад, ҳамчун мақулаи фалсафӣ ҳамеша предмети омӯзиши гносеология ҳисобида мешуд.

Хирад ҳамчун қувваи фаҳмиш дар ҷисми инсон мавқеи арзишгузор, пазиранда, қубул кардан, инкор намудан ва ғайраро соҳиб аст.

Чунон ки қайд гардид, мафҳуми “хирад” дар адабиёти фалсафӣ асосан дар маънои хиради аз дониш сарчашмагиранда омӯхта мешавад. Дар чунин маъно хирад муродифи фаҳмиш, дониш ва маърифат фаҳмида шудааст. Ин гуна таъриф худи мафҳумро мушаххас гардонида, маънои дувуми онро коста мегардонад. Аз ин рӯ, шарҳи антропологии мафҳуми “хирад” бештар ба мазмуни мафҳум рост меояд. Дар  маънои антропологӣ, мафҳуми хирад аз ду ҷанбаи сифатӣ иборат аст. Якеро хиради бо дониш омехта ва ё хиради мазмунан аз ахбор ё тасаввур дар бораи ашёҳо иборат буда, дувум хиради субстансионалӣ, ки вайро “хиради ноб” гӯянд.

Масъалаи хирад дар таърихи фалсафа, чунон ки гуфта шуд, мавриди баррасӣ ва баҳсу мунозараҳои тулонӣ қарор дошт. Реалистон чунин ақида доштанд, ки таркиби хирад аз дониш беш нест ва вай атрибути дувумини рӯҳ ҳисобида мешавад. Дигарон хирадро вазифаи ақл мешумориданд. Материалистон бошанд, чунин меҳисобиданд, ки хирад маҳсули химиявиест, ки аз элементҳои моддӣ ташкил ёфтааст.

Аз нуқтаи назари ваҳдат ва ягонагӣ “хирад” дар маънои субстансия, яъне хиради берун аз дониш ё “хиради ноб” (Кант) ҳолат ва ҳақиқатест, ки аз муносибатҳои объект ва субъект берун аст.

Одатан мо дар зери мафҳуми “хирад”, фаҳмиш ва ё амали аз дониш ҳосилшударо дар назар дорем. Дар ин амал муносибати объект ва субъект сурат гирифта, фаҳмидани объект барои субъект муяссар мегардад.

Фаҳмиши реалистӣ низ ба он далолат мекунад, ки субъект танҳо дар ҳолати мавҷуд будани объект метавонад ошкор гардад. Натанҳо реалистон ва материалистон, балки бисёре аз мактабҳои фалсафӣ хирадро берун аз дониш тасаввур карданашон ба мушкилоти нофаҳмӣ оварда мерасонад.

Аз дониш таркиб ёфтани хирадро бояд эътироф намуд, вале дар баробари ин, “хиради ноб”- ро ҳамчун хиради субстансионалӣ бояд пазируфт. Чунки ҳангоме, ки хирад дар партави объъект ва ё субъект дарк мегарадад, вай ҳамчун дониш сурат гирифта, даркшаванда мегардад. Ин даркшавандагӣ рӯшноии дар фазо тобонро мемонад бо он шарт ки агар паҳншавии рӯшноӣ пайдо нагардад, худи рӯшноиро дар фазо дидан, ғайриимкон мебуд. Хиради ноб низ ҳамчунин ноаён боқист. Агар объекте пайдо нашавад ва тавассути он донише ҳосил нагардад, дар бораи мавҷуд будани “хиради ноб” маълумоте пайдо нахоҳад шуд.

Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар хирад бе мавҷуд будани объект дарк нагардад, пас далели мавҷуд будани чунин чизи бесифат дар чист? Дар мавҷуд будани субстансия набояд шак ва шубҳа бошад, чунки субстансия худ дар худ ошкор, худбасанда буда, ҳоҷат ба далели дигаре нест.

Мавҷуд будани далел танҳо ба он далолат мекунад, ки худи хирад вуҷуд дорад. Азбаски ҳама далелҳо дар сурат мегиранд, пас суоле дар бораи мавҷуд будани хирад набояд пайдо шавад. Дар ҳақиқат, сурат гирифтани ҳар як далел мавҷуд будани хирадро металабад. Агар хирад мавҷуд намебуд, фаҳмиши ашё ё чизе ғайриимкон мебуд. Зоҳиршавии саробмонанди хирад, ки дар муносибати объект ва субъект сурат мегирад, дар се шакл пайдост: дар шакли субъекти фаҳманда, объекти фаҳмидашаванда ва дониш.

Агар тасаввур карда шавад, ки ҳангоми маризии сар ва аз кор баромадани майна худи хирад низ аз байн рафтанаш мумкин, пас бояд фаҳмид, ки мавҷуд будан ва ё фаҳмидани он ки инсон дорои майнаи сар аст, бе мавҷуд будани хирад, муссар намегардад. Фаъолияти майнаи инсон метавонад бозистад ва ё дуруст амал кунад, вале пайдо шудан ва аз байн рафтани қувваи майна низ, мавҷуд будани хирадро металабад.[3]

Аз ин рӯ, на таҳлили равонӣ ва на таҳлили дигари илмӣ наметавонад мавҷуд будани Хирадро инкор кунад, чунки инкор кардани чизе ё ашёе мавҷуд будани хирадро металабад.

Хирад масъалаест, ки ҳамагуна дониш, ҳама суолу ҷавоб, баҳсу мунозира, ҳамагуна фарҳанг, ҳама тасдиқу инкор аз мавҷуд будани хирад вобаста аст. Аз ин рӯ, хирад моҳият аст, ки асоси ин моҳиятро худ дар худ мавҷуд будани ӯ ташкил медиҳад.

Ба ибораи дигар, касе ки исботи мавҷуд будани хирадро металабад ва далеле баҳри далел ҷустуҷӯ мекунад, ба монани касест, ки алангаи оташро бо сузишворӣ хомӯш намудан мехоҳад.

Ҳангоми фаҳмиши моҳияти хирад, ки худ принсипи асосист, фаҳмидан лозим аст, ки хирад худ дар ҳеҷ сурат ҳамчун объект намуддор нахоҳад шуд.[4]

Дар ҳолати ҳамчун объект намуддор нашудани объект, пас маъно ва моҳияти худфаҳмӣ ва худшиносӣ дар чист? Дуруст фаҳмидани моҳият, ки худ хирад аст, танҳо инкор намудани сифатҳоест, ки ба “ман”- и инсонӣ дахл надоранд. Мо одатан андеша дорем, ки хиради худро чун объект бифаҳмем, ё гумон мекунем, ки моҳияти мо – худ – кайфият дорад ва ё ранҷур аст. Дур шудан аз чунин тасаввурот танҳо ба воситаи такрори андешаҳои дар матн зикршуда, муяссар мегардад.

Андеша дар бораи он, ки хирад худро мефаҳмад худро ошкор месозад, ба ақидаи мо, нодуруст аст. Агар чунин ҳолат бо хирад рӯй диҳад, агар бо тариқи рамзӣ баён созем, “бо воситаи пойҳои худ дар китфҳои худ баромадан аст”.

Бояд тасдиқ намуд, ки хиради ноб ҳамчун субстансия ягон атрибутеро дар худ надорад, пас хирад наметавонад худ дар худ амале дошта бошад, Дар чунин ҳолат натиҷаи дигаргуншавиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, хирад бо ҳеҷ ваҷҳ дмгаргуншаванда нест ва шакле низ надорад.

Дар ҳолати набудани хирад тағйирёбӣ низ ғайриимкон аст. Тағйирёбӣ ду ҳолатро тақозо дорад. Пеш аз ҳама, дар ҳолати ягон ашёи моддиро аз як шакл ба шакли дигар табдил додан, масалан, як асбоби тиллоиро ба асбоби дигар табдил додан. Дувум, ҳангоми табил ёфтани як моеъ ба моеи дигар, масалан, мубадал шудани шир ба равған ва ғайра. Вале ин ду навъи тағйирёбӣ ба “хиради ноб” иртиботе надоранд.

Аз сабаби дар “хиради ноб” вуҷуд надоштани сифат ва нишона, вай аз дигаргуншавии сифат ва нишона озоду дар канор аст. Аз ин рӯ, “хиради ноб” моҳиятан якнамуд ва абадист. Дар ҳолати дигаргун будани табиати ӯ, пойдории кайҳон аз имкон берун мебуд ва оламро торикии абадӣ ҳукмфармо мегашт.[5]

Чунон ки қайд гардид, хиради ноб аз дидгоҳи ваҳдат ё назарияи ягонагии ҳастӣ аз санавият холӣ ва муносибате бо ҳолат ва ашёи дигаре надорад.

Агар “хиради ноб” аз ҳама мавҷудоти шаклгирифта тафовут дошта бошад, пас олами моддӣ, ки аз ашё ва шаклҳои гуногун иборат аст, чист ва чигуна аст? Дар ҳақиқат, кайҳони моддӣ аз шаклҳои гуногун иборат буда, бо тариқи объективӣ дарк мегардад.дар ҳақиқат, олами моддиёт дар шакли саробмонанд ҳамчун иштибоҳ, дар хиради мо аксшавандааст. Сабаби аксшавандагиро дуруст нафаҳмидан  ва арзишгузорӣ накардан аз тарафи инсон сурат мегирад. Вале ин даркшавандагӣ ҳамчун омил дар хиради (аз дониш асосёфта) мо, бо ҳеҷ далел ягонагии хиради нобро халадор намесозад. Аз тарафи дигар, шаклҳои олами атроф моҳиятан наметавонанд аз хирад бутун ҷудо бошанд. Ин ҳолат ба монанди он аст, ки агар мо акси моҳро дар об дарк намоем, моҳи дар об буда, саробро мемонад, вале мавҷуд будани сароб ба моҳи аслии дар осмонбуда вобаста аст. Як ва ду инъикоси моҳ дар об дар ҳеҷ сурат ягонагӣ ва ҳақиқати моҳи осмонро халалдор нахоҳад сохт. Ҳамчунони дигар инъикоси олами моддӣ дар хиради мо, наметавонанд хиради нобро халалдор созад. Аз тарафи дигар, дарёфи бевосита дарки моҳияти худи инсон аст.

Инъикоси бевоситаи аз аъзоҳои ҳиссӣ пешниҳодшударо дарк меноманд. Дар  ни ҷо суоле ба миён меояд, ки дарки бевосита гуфта, чиро дар назар доранд. Агар дарки бевосита вуҷуд дошта бошад, пас дарки бовосита гуфта чиро меноманд? Он ҳолате, ки мо олами берунаро дарк менамоем, дарки бовосита ҳисобида мешавад. Пас дарки бевосита чист? Дарки бевосита гуфта, дарёфтеро гӯянд, ки моҳиятро бевосита, бидуни ҳис ва тафаккур дарёфт мекунад. Ин ҳолатро танҳо хиради ноб дорад, чунки моҳияти вай бесабаб ҳувайдост. Аз сабаби он ки моҳияти “хиради ноб” ҳувайдо шудан аст, вай барои судури худ ба ҳеҷ чиз ё воситае эҳтиёҷманд нест. Чунин ҳолат далели объект набудан, асоснок будан ва худ дар худ тасдиқ будани “хиради ноб” аст.

Дар се ҳолати инсонӣ: ҳолати бедорӣ, хоби хоббинӣ ва хоби бехоббинӣ “хиради ноб” гуногун тафсир шуданаш мумкин.

Дар ҳолати бедорӣ, инсон тасаввуре дар бораи “хиради ноб” дорад. Дар ҳолати хоби хоббинӣ андешаҳои рӯзона дар шакли ғайритабии дар назар ҷилвагаранд, вале дар ҳолати хоби бехоббинӣ “хиради ноб” ҳамчун рушноии ҳамешатобанда шӯълавар буда, боиси дар партави тобиш махлут будани “ман”- и инсон гардидааст.[6]

Дар ҳолати бедорӣ низ равшангари ҳолати дарк ҳам “хиради ноб” аст, вале аз сабаби мавҷуд будани манбаҳои дигари рӯшноидиҳандаи ёрирасон, (офтоб, ситорагон ва ғайра) вай дар ҳолати ноаён мавҷуд аст.

Аз ин ҷо маълум гардид, ки ҳамчун моҳият “хиради ноб” ба ягон объекте вобаста ва пайваста нест ва ҳамеша ҳамчун нурафкани се ҳолати инсонӣ қарор дорад. Танҳо тавассути дарки нодурусти омехтасозии ин моҳият, ҳама ҳолатҳоро махлут сохта, таҷрибаи онҳоро дар худ дарёфт мекунанд. Бо сабаби дар ҳеҷ чиз ва бо ҳеҷ шакле махлут набудан, мо чунин хирадро “ноб”, яъне беолоиш ва пок мешуморем.

Алоқамандии субъект бо объект ҳамеша саробмонанд аст, чунки муносибат доштан ба ашёи дигар хоси “хиради ноб” нест. Тасаввур дар бораи як будани хиради ноб бо интеллект сабабе мегардад, ки мо хиради нобро фикркунанда ва амалкунанда мепиндорем. Дар ҳақиқат амалкунанда ва фикркунанда интеллект аст, на “хиради ноб”.

Аз тарафи дигар, “хиради ноб” ҳамчун ҳақиқати реалӣ, худ асоси кайфият ва хушнудист. Мо ҳама чизи даркшавандаро баҳри муҳаббати ба “хиради ноб” дошта, эътироф намуда, дӯст медорем. Моҳияти инсон (хиради ноб), ки ҷавҳари асосии ӯро ташкил медиҳад, барои инсон наздик ва эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Ба монанди он ки кӯшиши дидани овоз ва бӯй аз ҳақиқат берун аст, кӯшиши дарёфти сифати моҳият низ бенатиҷа хоҳад монд.

Хиради ноб, ки асоси ҳамагуна ҳиссиёт, хотира ва ғайра ҳолатҳои равонии инсон аст, бинобар ин вай ҳақиқати реалии асил ва абадӣ шуморида мешавад.

Ба тариқи хулосавӣ бояд таъкид намуд, ки хиради ноб абадӣ ҳамчун ҷавҳари кайҳон ва субстансияи нахустин ҳамеша дурахшон, ҳамчун ҳастии мутлақ ва бениёзи кулл боқӣ хоҳад монд.

Масъалаи менталитет дар адабиёти гумантирию иҷтимоӣ

  Пас аз баррасии мафҳуми “интеллект” ва масъалаи хирад дар маънои антропологии ӯ, бояд қайд намуд, ки мафҳуми “менталитет” аз ҷиҳати семантикӣ бо мафҳумҳои дар боло зикршуда, алоқамандии мазмуниро доро мебошад. Ҳангоми шарҳи табиати инсон дар адабиёти фалсафӣ-антропологӣ одатан ҷисмҳои биологиро, яъне тани инсонро аз ду ҷисми дигари ӯ: равонӣ ва хирадӣ, ҷудо месозанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки қисми хирадии инсон аз ҷисми биологӣ ва равонии он болотар  ва пояндатар аст. Аз рӯи шарҳи антропологӣ моддиёти ҷисми биологӣ ва равонии инсон ҳамеша даргузар ва тағйирёбанда буда, танҳо колбади хирадии инсон поянда ва барҷо боқӣ хоҳад монд.

Вале колбади хирадие, ки дар ҷисми инсон мавҷуд аст, худ “хиради ноб”- и дар боло зикршуда нест. Хиради ноб худ ҷавҳар ва субстансияи инсон ва кайҳон эътироф аст.[7] Хиради инсон, ки танҳо ба табиати ӯ тааллуқ дорад, маҷмӯи дониш ва маълумоте мебошад, ки инсон дар раванди ҳаёти шахсии худ доираи фаҳмиши ҳар як фардро ташкил медиҳад. Аз натиҷагирӣ аз ин доира шахсияти нотакрори ҳар як фард сарчашма мегирад. Мазмуни пурраи ин маълумот симои фарҳангии шахсро меофарад. Азбаски фарҳанги ҷамъиятро маҷмӯи донишу малакаи одамони дар ҷамъиятбуда ташкил медиҳанд, дуруст аст, ки хусусияти хирадии одамон таҳкурсии афкори ҷомеаро муайян месозад. Ин таҳкурсӣ ҳамеша дар ҳолати дигаргуншавӣ ва ташаккулёбӣ қарор дорад. Аз ин ҷо бармеояд, ки менталитети[8] ҷомеа ва ё миллат гуфта, хиради миллатро дар назар доранд.

Дар фарҳанги ҷомеа андешаҳое низ вуҷуд доранд, ки тибқи онҳо менталитет то андозае ҷузъи хислати миллӣ ҳисобида мешавад. “Хислати миллӣ” мафҳуми мураккабтар аз “менталитети миллӣ” ба ҳисобмеравад.

Асосан мафҳуми “менталитет”- ро одатан барои муайян намудани сифатҳои шахсӣ истифода мебаранд. Дар ҳар сурат барои майян намудани хусусияти фарҳангии мардум мафҳуми “менталитет” истифода бурда мешавад.

Барои муайян намудани менталитети шахс мебоист хусусиятҳои ахлоқӣ, зебоишиносӣ ва равонии фард ба инобат гирифта шаванд. Пас муайян намудани дараҷаи менталитети миллат бо назардошти ахлоқи миллат, дараҷаи зебоишиносӣ ва меъёрҳои арзишгузории мардум ба ҳисоб гирифта шавад.

Дар фарҳанги муосир меъёрҳои баҳодиҳии менталитети миллӣ, мутаассифона, дучор намеоянд. Таъкиди фарҳанги классикӣ ва арзишгузорӣ ба ин фарҳанг бештар ба назар мерасад. Албатта фарҳанги муосир бе алоқамандӣ бо фарҳанги гузаштагон шуда наметавонад. Дар ҳар сурат, фарҳанги имрӯза то андозае инъикоси ҳастии металитети миллат ба шумор меравад.

Гуфтан лозим аст, ки менталитети ин ва ё он миллат, мутаассифона, то ҳол на дар адабиёти классикӣ ва на дар адабиёти муосир, муайян нашудаанд. Ҳангоми дар бораи ин ва ё он миллат баҳодиҳӣ намудан, бештар сифатҳои урфу одат ва расму оини ин ва ё он халқро номбар мекунанд. Чунин арзишгузорӣ ба маъно ва мундариҷаи мафҳуми “менталитет” мувофиқ намеояд.

Чунон ки қайд гардид, менталитети миллӣ тарзи дар ҳаёт истифода бурдани қобилияти интеллектуалии ин ва ё он халқ, мардум ва ғайра мебошад.

Хиради миллӣ яке аз мафҳумҳои пурмазмуни этнологӣ ба шумор меравад. Дар фарҳанги муосир асоси хиради миллиро пеш аз ҳама дар забони миллат ҷустуҷӯ доранд. Албатта мақоми забон дар пайдоиш ва ташаккули хирад басо назаррас аст, вале хиради миллӣ ва забони миллат ду ҷузъиёте мебошанд, ки ҳангоми муайян намудани менталитети миллат ин ду ҷанба ҳатман инъикосшаванда ба назар мерасанд. Дар ҳар сурат, хислати миллат таҳкурси баҳри ташаккулёбӣ ва сурат гирифтани менталитети миллӣ ҳисобида мешавад. Менталитети миллат ба ғайр аз таҳкурсии худ – хиради миллӣ, ки дар шаклҳои гуногуни фаъолияти интелектуалӣ зоҳир мегардад, ки аз сифат ва муносибатҳои иҷтимоӣ иборат буда, бо пуррагӣ бо онҳо алоқамандӣ дорад. Гарчанде таъсири муносибатҳои иҷтимоӣ ба менталитети миллӣ назаррас бошад ҳам, вале чунин муносибатҳо шакли менталитети миллиро тағйир дода наметавонанд.

Масалан хислати инсон то як синну соли муайян дар ташаккулёбӣ қарор дорад. Ҳангоми ба синни муайян расидан, хислат хусусияти асосии худро баъдан тамоми умр нигоҳ медорад. Таъсири муҳити атроф ба дигаршавии хислат оварда мерасонад.

Ба ҳамин монанд, менталитети миллӣ низ ҳангоми ба қолаби муайян ворид гаштан, аз таъсири муносибатҳои иҷтимоӣ берун мемонад.

Тафовут миёни менталитети миллӣ ва хислати миллӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҷавҳари менталитети миллиро хиради дар ҷомеа[9] мавҷудбуда, ташкил мекунад. Хислати миллӣ бошад ҷавҳари худро дар доираи ахлоқи ҷомеа бояд ҷустуҷу кунад. Аз ин ҷо, урфу одат ва расму оини мардумӣ ҷузъиёте мебошанд, ки бештар дар хислати миллӣ ошкор мегарданд.

Таҳлил ва таҳқиқи мафҳуми “менталитет” нишон медиҳад, ки барои муайян намудани мелталитети миллӣ бояд меъёрҳои арзишгузории чунин менталитет дар доираи фарҳангӣ ҷомеа муайян гардад.

Муҳаммадалӣ МУЗАФФАРӢ  

доктори илмҳои фалсафа,

профессор, узви вобастаи АМИТ

Адабиёт

 

  1. Аристотель. Сочинения в 4-х т./Пер. с древнегреч. - М.: Мысль. 1976-1984. - (Филос. наследие).
  2. Анчел Е. Мифы потрясенного сознания. М., 1979.
  3. Тулин С. Человеческое понимание. М., 1984.
  4. Пути за пределы “эго” трансперсональная переспектива. М., 1996.
  5. Циолковский К.Э. Грезы о земле и небе. Тула. – 1986.

 

 

[1] Аристотель. Сочинения в 4-х т./Пер. с древнегреч. - М.: Мысль. 1976-1984. - (Филос. наследие). – С. 394.

[2] Там же. Т.1. – С. 395.

[3] Ниг. Анчел Е. Мифы потрясенного сознания. М., 1979.

[4] Ниг. Тулин С. Человеческое понимание. М., 1984.

[5] Ниг. Циолковский К.Э. Грезы о земле и небе. Тула. – 1986.

[6] Дар ин ҷо “ман”- и инсон мурадифи “хиради ноб” омадааст.

[7] Ниг. Ҳайати муаллифон. Пути за пределы “эго” трансперсональная переспектива. М., 1996.

[8] “Менталитет” калимаи лотинӣ буда, дар маънои хиради миллат ва ҷомеа фаҳмида мешавад.

[9]  Хиради ҷомеа гуфта, шуури ҷамъиятиро дар назар доранд.

Хондан 2100 маротиба