(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода)
Адабиётшинос ва андешаманди муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 69 қадам ниҳоданд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурўъ намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Равандҳои муосир дар илми кайҳоншиносӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон!
Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.
Устод Назрӣ Асадзода!
Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.