JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Июли 2026 06:43

Ҳадафгирии миллӣ дар намоишномаи театрӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(Андешае чанд дар ҳошияи нахустнамоиши намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” (аз рӯйи асари рӯзноманигор ва муаррихи маъруфи ватанӣ, устод Иброҳим Усмонов дар таҳияи коргардони шинохтаи миллӣ устод Абдулҳафиз Қодирӣ)-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов

  Театр ва ҳунари театрӣ, дар воқеъ, ба навъи фарҳанги элитарӣ шомил мешавад ва фарҳанги элитарӣ (элитарная культура) танҳо ва танҳо ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои фикрию маърифатии ҷомеа созмон ёфтааст. Бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои фикрию зеҳнию маърифатӣ, одамон ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ба театр мераванд ва бо дидани намоишномаҳои театрӣ талаботи маънавии худро қонеъ мегардонанд. Кош, миёни кулли табақоти иҷтимоию мадании ватанӣ рафтан ба театр ва лаззат бурдан аз ин навъи фарҳанги элитарӣ ба суннату анъанаи доимӣ табдил ёбад.

     Мо ҳам гоҳ-гоҳ (мутаассифона, на ҳамешаву пайдарпай) ба театр меравем ва ниёзҳои фарҳангию ҳунарии худро бароварда месозем.  Ба ин манзур, 30 июни соли ҷорӣ, соати 18:20 дар толори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов (Театри “Аҳорун”) нахустнамоиши намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” (аз рӯйи асари рӯзноманигор ва муаррихи маъруфи ватанӣ, устод Иброҳим Усмонов дар таҳияи коргардони шинохтаи миллӣ устод Абдулҳафиз Қодиров) баргузор гардид. Толор пур аз тамошобин буд ва намояндагони доираҳои фарҳангию ҳунарию маданию адабии ҷумҳурӣ барои дидани намоишнома ба Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов ташриф оварданд. Мо ҳам аз ин ҳодисаи фарҳангию ҳунарӣ тариқи Лолаи чинӣ (номи аслиаш Ши Сяоюй -- докторант (Phd)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, фарзонадухти чинӣ, ки забони тоҷикиро омӯхта, ба хотири ишқу алоқае, ки ба забону фарҳанги мо дорад, исми худро ба Лола иваз намуда, дар хидмати забону адаб ва фарҳанги тоҷикӣ қарор дорад), огоҳ шуда, ҳамроҳи дӯстон – Меҳр Собириён, Лола, Рустами Нур, устод Башир Азизӣ, Хонуми Турпекай Азизӣ (хонуми устод Башир Азизӣ) барои дидани намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” ба Театри  “Аҳорун” рафтем. Дар ҷараёни намоишнома, бо таваҷҷуҳ ба парда-актҳои саҳнавӣ ва мазмуну муҳтавои намоишномаи театрӣ, баъзе нукоти алоҳидаро ёддошт кардем, ки инак, хидмати хонандагону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ арз медорем:

    Якум. Намоишнома як соату бисту як дақиқа идома ёфт (соати 18:21: 19:42). Дар маҷмуъ, тими тавлидию иҷроии намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” (аз рӯйи асари рӯзноманигор ва муаррихи маъруфи ватанӣ, устод Иброҳим Усмонов дар коргардонии Абдулҳафиз Қодирӣ) иборат аз 18 нафар тавонистанд, ки ҳадаф, паёми асосӣ ва рисолати олӣ-сверхзадача – барқарории хотираи таърихӣ, бурузи иродаи сиёсӣ, нишондоди тавонмандии ҳувиятӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, воистӣ дар баробари таҳдиду хатарҳои вуҷудӣ ва пофишорӣ дар заминаи сохтмони давлати миллиро ба тамошобин ба таври зарурӣ расонанд.

   Дувум. Аз муҳтавои намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” бармеояд, ки давлатдорӣ кори саҳлу осоне нест ва давлату миллатро нухбагон-давлатмардоне назири аллома Бобоҷон Ғафуров месозанд, ки бар мабнои иродаи муқаввои сиёсӣ, ориентатсия-ҷиҳатгирии дурустҳисобии мантиқӣ, дарназардошти манофеи миллӣ, мавқеъгирии давлатӣ ва тавонмандии илмию эҷодӣ месозанду бозсозӣ менамоянд. Ин идея-ғояи асосӣ аз оғоз то анҷоми намоишнома минҳайси чархаи ҷозибавӣ ва ба истилоҳ, қутбнамои сиёсӣ-мафкуравӣ дар гардиш буд.

    Севум. Мизансаҳна (тартиббандии ҳунармандон, ҳаракату амалиёти саҳнавӣ, назму тартиби ашёву реквизити саҳнавӣ ва соири муҷаҳҳазоти фаннӣ-техникӣ), бо таваҷҷуҳ ба талаботи сенарияи намоишнома барномарезӣ шуда буд. Албатта, дар ин замина, коргардон-таҳиягар метавонист, бо истифода аз приём-василаҳои дигари эҷодӣ-ҳирфаӣ мизансаҳнаро сифатан комил бикунад ва аз ин тариқ саҳна ва макони бозигарӣ ва иҷрои амалиёти саҳнавиро рангорангу муассиртару бошукӯҳтар гардонад.

    Чаҳорум. Намоишнома бо эпиграфи хубу нишонрас ва паём-шиори мутантани ҳувиятӣ, ки моҳиятан мавзуи ҳувияти миллӣ ва сарнавишти давлатдории дунявиро бозтобу шакл медод, шуруъ шуд. Ба дунболи ин, бахши ифтитоҳии намоишнома бо саҳнаи ҷаласаи тантанавии сиёсӣ-мафкуравӣ ба ифтихори пирӯзии мардуми шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) таҳти оҳанги зебои миллӣ оғоз шуд.  Ҷаласаи пирӯзиро ровӣ ифтитоҳ бахшида, баъдан сухангӯйиҳои  директори вақти Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Туҳфа Фозилова (махсусан, қироати суруди Туҳфа Фозилова), шоири бузург Абулқосим Лоҳутӣ бо порашеъри ватандӯстона, котиби дуюми ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров шунида мешаванд. Сухангӯҳо, ки шахсиятҳои баруманду соҳибнуфузи замон маҳсуб мешуданд, ҳамагӣ ба як нуктаи асосӣ – пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хидмати содиқона баҳри шукуфоии халқу ватан тамаркуз карда буданд. Ин навъ суханронӣ ва мавқеъгириҳои элитаи тоҷики вақти шуравӣ, ки руҳияи пирӯзӣ ва миллӣ-озодихоҳӣ доштанд, дар шароити феълии буҳронҳои ҳувиятию фикрӣ низ дар боло бурдани сатҳи тарбияти миллӣ корсоз хоҳанд буд.

   Панҷум. Намоишнома, маҷмуан, дар чанд парда, дақиқтараш, 18 парда-акти кӯтоҳ саҳнасозӣ шуда, ҳар парда-якт, бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтаво, бо мусиқии дархури замонӣ ва реквизити саҳнавӣ пероста гардида, ба бинандагон манзур гардонида шуд. Агарчи парда-актҳо кӯтоҳу мухтасару иҷмолӣ буданд, дар худ мавзуъ ва масоили ҳассоси замонию макониро мунсаҷим сохтаанд. Албатта, мумкин буд, ҳар акт-пардаро ба лиҳози мусиқӣ, рангорангии техникӣ, ҷиҳозоти зарурӣ, предмет-ашёи дархури замонию маконӣ (манзур ашёи вақту замони солҳои чиҳилуму панҷоҳуми садаи бист) рангинтару зеботару муассиртар ба ҷилва даровард, аммо муҳим ин ки ҳадафу паёми асосӣ дуруст расонида шуд ва ниҳоиҳадаф-сверхзадача ба таври лозимӣ иҷро шуд.

   Шашум. Парда-акти навбатӣ ҳузуру нуфузи ду нафар душмани ашаддии миллатро фаро гирифта, ба навъе қолиби конфликт-низои намоишномаро шакл дод. Дар доираи ин парда-акти кӯтоҳ, вале нишонрас, ибтикороту ташаббусоти Бобоҷон Ғафурови ҷавон, ки нав ба арсаи сиёсату давлатмадорӣ ворид гардидааст, аз тарафи ду нафар душману бадхоҳи миллат шадидан интиқод шуда, ҳар муваффақияту комёбии муарриху сиёсатмадори миллӣ рашку ҳасади ин ду нафар душманро ба хубӣ бозтоб дод. Рашку ҳасаду ниқорталабии бениҳоят, аз як тараф ва нақшабандиҳои шуми сиёсӣ-мафкуравӣ, аз тарафи дигар, на танҳо симои зишти душманони миллатро дар тули таърихи садаи бист барои бинандагон ошкор месозад, балки воқеиёту ҳассосиёти нобасомони имрӯзи ватанро низ, ки бар асари “тадбир”-ҳои душманону бадхоҳони миллат марҳила ба марҳила шиддат мегиранд, воменамоёнад. Яъне, набояд аз хотир баровард, ки имрӯз ҳам мушкилоти дирӯза моро нигарон сохта, дар шакли тоза, бо истифода аз методу усулу василаву приёму политтехнологияҳои муассири замонавӣ рӯ зада, баданаҳои иҷтимоию фикрию ҳувиятии ҷомеаро сусту заиф мекунанд. Ҳадафи ин навъ “тадбиру ибтикорот”, ки тариқи пружаҳои муназзаму систематики сиёсӣ-мафкуравӣ-дипломатӣ ва барномарезиҳои иқтисодию маданӣ роҳандозӣ мегарданд, ба як миллати беморгунаю карахт ва ба истилоҳ, зомбӣ (мавҷуди беэҳсосу мурда) табдил додани миллиятҳои мавриди назар аст. Аз сӯйи дигар, гузаштаи мо бо имрӯз ва усулан ояндаи мо тавъам аст ва вазъи феълии бозиҳои геополитикӣ ва шиддати буҳронҳои ҳувиятӣ тақозо менамоянд, ки мушкилоту уқдаҳои ҳувиятию фикрию ахлоқии худро дуруст ташхис дода, решашиносӣ намуда, ҷиҳати боло бурдани сатҳи масуният-иммунитети фикрию ҳувиятию мафкуравӣ, ҳамчунин рафъи мушкилоти имрӯзӣ ҳадафмандонаву пайгирона талош варзем. Муҳимтар аз ҳама, душман, чи дохилӣ ва чи берунӣ, душман аст ва дар баробари он бояд тасмим бигирем ва ҷиддӣ амал намоем. Дигар ин ки бояд, пеш аз ҳама, худ ва мушкилоти худро бар мабнои мутолеоти ҷиддӣ, мушоҳидоту муқоисоти мантиқӣ ва таҷрибаю ҷаҳоншиносии илмӣ бишносем ва дар заминаи шинохтҳои ихтисосӣ барномарезиҳои дархури замонӣ таҳияву амалӣ намоем.

  Ҳафтум. Парда-акти навбатӣ лаҳазоти отифӣ-хонаводагии қаҳрамони асосии намоишнома – устод Бобоҷон Ғафурови ҷавонро нишон медиҳад. Устод Ғафуров дар ҳалқаи хонавода -- модар ва хоҳар дарди дил мекунад ва дуои неки модарро мегирад. Муоширати устод бо модару хоҳар навъи отифӣ-миллии муносиботи хонаводагиро ба намоиш гузошт. Бар илова, дуои модар ба устод Ғафуров дар ҳавои мусиқии дилкаши миллӣ, ки тариқи русумоти аҷдодӣ анҷом дода шуд, ҷанбаи отифии намоишномаро боло бурд.

  Ҳаштум. Дар парда-акти дигар он ду душмани ғаддори Ғафуров ва усулан бадхоҳони тоҷик ба ҷилва дармеоянд ва дасисаҳоро дар заминаи муҳоҷирати мардуми маҳаллӣ ба водии Вахш, ки мушкилоти беҳдоштию сиҳатию иҷтимоию молиявиро ба дунбол дошт, тарроҳӣ менамоянд. Тими душман дар симои он ду бадхоҳу бадбини миллат воқеияти сахти замон, аз як сӯ ва хадамоти устод Ғафуровро дар ростои истифодаи дурустҳисобӣ аз раванди муҳоҷирати мардуми маҳаллӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ, аз сӯйи дигар, ба намоиш мегузорад. Ин аст, ки акт-пардаи бозтоби раванди муҳоҷирати мардумӣ барои ободу обёрии минтақаҳои хушки Ватан хеле муассир ба назар расид. Ба ин тартиб, аллома Бобоҷон Ғафуров минҳайси раҳбари вақти ҷумҳурӣ раванди муҳоҷирати мардуми манотиқи гуногуни кӯҳистонро ба водиҳо, бахусус ҷиҳати обёрии Водии Вахш хеле моҳирона истифода намуда, тоҷикро аз кӯҳистон ба тарафи обёрии заминҳои хушку беҳосили водиҳои мамлакат ва мутаносибан соҳибӣ намудани сарзамини аҷдодӣ савқ медиҳад. Табиист, ки душманони миллат аз раванди муҳоҷират  суъистифода намуда, ҳадафҳои нопоки худро дар ростои соҳибӣ намудани сарзамини аҷдодӣ ва беобрӯ сохтани сарвари ҷавони вақти ҷумҳурӣ, ки бо иродаи қавии сиёсӣ-давлатӣ ва тавонмандии илмию маданӣ дар пайи обод кардани ватан устуворона гом бармедорад, пиёда менамуданд. Номаҳои бешумори муғризонаи беимзо, ки унвонии раҳбарони олии вақти шуравӣ таҳияву ирсол мешуданд, ғолибан ба хотири ба ҳошия рондан ва натиҷатан, ҳазф кардани устод Бобоҷон Ғафуров пахшу нашр мегардиданд.

  Воқеан, дар он замони ҳассос, ки ихтилофандозию иттиҳомзанӣ ба кори рӯзмарраи элитаи сиёсӣ ва ҳайат-персонали вақти ҳизбӣ бадал шуда буд, беосеб зистану фаъолият кардан муъҷизаро мемонд. Қариб кулли ҳайат-персонали раҳбарии ҳизбӣ аз тавтеачинию дасисабозию иттиҳомзанӣ дар амон набуд. Агарчи таъқибу фишорҳои мудавоми сиёсӣ-мафкуравӣ ва равонӣ устод Бобоҷон Ғафуровро як дараҷа навмеду дилсард карда буд, аммо  мавсуф бо иродаи қавӣ ба сӯйи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – ташаккули ҳувияти тоҷикӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, бардоштани ниқоб аз рӯйи душманони вуҷудӣ-онтологӣ, барбод додани нақшаҳои шуми тарроҳони геополитикӣ ва ба марҳилаи нави таърихӣ беосеб ворид гардидани тоҷики заҳматкаши шуравӣ иқдом намуду муваффақ шуд.

   Нуҳум. Дар қолиби акт-пардаи дигар бинанда саҳнаи ташаннуҷи бемориҳо дар раванди муҳоҷиратро бо чашми сар дид. Дар ин парда-акт аз тариқи нақшофарии хуби тими бозигарӣ мавзуъ ва масоили марбута, аз ҷумла: хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва ташхису табобати анвои гуногуни бемориҳои гузаранда дар замони муҳоҷиркунонии аҳолӣ; тариқи ҳашар бунёд намудани беморхона дар ноҳияи Балҷувон; муколимоти дархури ихтисосӣ бо намояндагони бузурги адаби ҷумҳурӣ дар мисоли устод Мирсаид Миршакар дар ростои мушкилоти муҳоҷирони бадахшонӣ; мутобиқшавӣ-адабтатсияи муҳоҷирон бо иқлими маҳаллӣ; номусоидии боду ҳавои минтақавӣ; гармии тоқатфарсои водии Вахш; камбуду навоқиси молиявию иқтисодӣ; гуруснагию қаҳтӣ ва амсоли инҳо матраҳ гардид, ки саҳнаро реалӣ-воқеӣ вонамуд. Бавежа, диалог-муколимаи Бобоҷон Ғафуров бо бонуи бадахшонӣ, ки аз гармои сахти водӣ ва мушкилоти сахти рӯзгори муҳоҷиратӣ ба танг омада, садои шикояту гилоя дардода буд, хеле ҷолиб баромад. Нармгуфторӣ ва муоширати ҳирфаии отифию самимии устод Бобоҷон Ғафуров дар симати раҳбари вақти ҷумҳурӣ бо бонуи аламдидаи бадахшонӣ, ки бар асари шароити сахти муҳоҷиратӣ фарзандашро аз даст додааст, парда-актро риққатангезу муассиру диданӣ кард.

   Даҳум. Парда-акти баъдӣ, зуҳури ду душмани миллиро шомил шуд, ки аз тариқи таҳияи номаи муғризонаю иғвогарона алайҳи Бобоҷон Ғафуров мешӯранд ва нақшаи шикасту инҳитоти алломаро тарҳрезӣ менамоянд. Парда-актҳое, ки зуҳуру ҳузури душманону рақибон-оппонентони сиёсӣ-мафкуравӣ ва ҳувиятии тоҷикро буруз додаанд, сатҳи задухурду конфликти сужаро боло бурда, намоишномаро таваҷҷуҳбарангез сохтанд. Дар воқеъ, намоишнома ва ҳар асари бадеию саҳнавӣ тариқи тартиббандии дурусти конфликт-низоъҳои сужа хонданбобу диданӣ мегардад. Ин аст, ки тими тавлидии театрӣ, бахусус, сенаристу коргардон-таҳиягар талош меварзанд, ки сатҳи конфликт ва кулминатсияи намоишномаро, ки усулан, хатмашйи асар ба кайфияти конфликтсозию чигунагии муколимоти тезутунди ҳайат-персонали иҷроӣ-бозигарӣ бастагӣ дорад, дуруст тарроҳӣ намоянд.

   Ёздаҳум. Пардаи минбаъда кобуси Бобоҷон Ғафуровро бозтоб дод ва дар қолиби кобус масоили задани иттиҳоми миллатчии буржуазӣ бар Бобоҷон Ғафуров, марги фарзандони муҳоҷирон бар асари иқлими гарми минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, мададҷӯйии аллома аз модар дар заминаи пирӯзӣ бар душманони дохилию хориҷӣ ва ҳалли мушкилоти марбута, ки хоби роҳати раҳбари вақти ҷумҳуриро ба ҳам мезад,  матраҳ гардиданд. Гуфтугӯ бо худ ё монологи иҷмолии қаҳрамони намоишнома Бобоҷон Ғафуров дар ин парда, ки ба масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ, мафкуравӣ, ҳувиятӣ ва миллию давлатӣ ихтисос ёфта буд,  ҷолибу муассир ба назар расид.

   Дувоздаҳум. Парда-акти дигар бо ҳузури он ду иғвогару душмани бадхоҳи миллат қисмати конфликт-низои миёндаврии намоишномаро таҳким бахшид. Нашри шоҳкитоби аллома Бобоҷон Ғафуров душманонро ором намегузорад ва онҳо, бо истифода аз василаҳои гуногуни сиёсӣ-мафкуравӣ, мароми ҳувиятӣ ва ҳамназарии табақотӣ-ҳизбӣ, мекӯшанд, ки аз тариқи иттиҳомоти сохтаю бофта қаҳрамони миллатро дар назди нухбагони давлати шуравӣ ва элитаи дафтар-бюрои сиёсӣ бадном созанд. Парда-акти мазкур (ва умуман, чанд парда-акте, ки бо ҳузури ду нафар душману бадхоҳи миллат барномарезӣ шудаанд, бо вуҷуди фосилаи кӯтоҳи замонӣ, дархуру саривақтӣ буда, чархаи конфликту задухурди намоишномаро ба гардиш дароварданд), агарчи кӯтоҳу мухтасар буд, манзара-панорамаи муборизаҳои сиёсӣ-мафкуравии вақтро дар сатҳи зарурӣ ба намоиш гузошта, бинандаро аз вазъи куллии сиёсати замонӣ, мушаххасоти бозиҳои пасипардагии геополитикӣ, равиши муқовиматӣ ва қудрати иродаи фардӣ дар бароварда сохтани ниёзҳои миллӣ-давлатӣ огоҳ сохт. Бинанда тавассути қиёфаю гуфтугӯю муколимоти қаҳрамонон, ҳаракату амалиёти зиндаи бозигарон ва ҷозибаи андешаю такаллуми ҳунармандон муҳтавои воқеиёти ҳассоси давру замонро бо чашми сар дида, як марҳилаи ҳассоси таърихи ватанро дар қолиби парда-актҳои саҳнавӣ ба таври бояду шояд мушоҳида кард. Ин аст, ки мо ҳамчун тамошобин дар ҳар парда-акти намоишнома паёми миллатдӯстию меҳанпарастии қаҳрамони асосиро дар симои устод Бобоҷон Ғафуров ба хубӣ шунидем.

   Сездаҳум. Яке аз парда-актҳои таъсиргузор ва ба истилоҳ, меҳварии намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” парда-акти мулоқоти мустақими Бобоҷон Ғафуров бо пуртаъсиртарин  раҳбари шуравӣ-Котиби генералии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ Иосиф Виссарионович Сталин буд. Қаҳрамони намоишнома аз ҷумлаи кадрҳои писандидаи Сталин буд ва дар мулоқот бо доҳӣ баҷуръатона атрофи масъалаву мушкилоти ҷумҳурӣ ҳарф зада, хостори ҳалли мушкилот мешавад. Дар ҷараёни мулоқот бо Сталин, Бобоҷон Ғафуров чун роҳбари оқилу доно ва ҳушёру зирак амал намуда, ҷиҳати рафъи мушкилот ва пешрафти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз доҳӣ дархости 100 адад трактор, аз тариқи мукофотҳои давлатӣ қадр намудани шахсиятҳои сазовори ҷумҳурӣ, тавсифу тамҷиди устод Айнӣ ба сифати фарзанди фарзонаи тоҷику Тоҷикистонӣ, бунёди бемористонҳоро тақозо менамояд. Ҳамчунин, дар рафти дидору мулоқот бо Сталин Бобоҷон Ғафуров аз фурсат истифода бурда, дар мавзуи таърихи халқи тоҷик изҳори назар намуда, дар доираи китоби “Таърихи халқи тоҷик дар баёноти мухтасар” дар ҳузури пешвои давлати шуравӣ даъвии ҳақиқати таърихӣ мекунад. Дар зимн, Сталин, ки аз таърихи форсу тоҷик огоҳ буд, дар нисбати қидмати миллияти тоҷик ва бузургии фарҳангу адабу тамаддуни бостонии тоҷикӣ ҳарфҳои ҷолиби таваҷҷуҳ зада, иддаоҳои илмӣ-ҳирфаии Бобоҷон Ғафуровро ҷонибдорӣ намуд. Дар воқеъ, ҳунарманди ҷавоне, ки нақши Сталинро бозид, аз уҳдаи офаридани образ ба хубӣ баромад. Махсусан, изҳори назарҳои Сталин дар мавриди қидмати миллат, тамаддунсозии миллат ва бузургии миллияти тоҷик сатҳи сиёсӣ-мафкуравӣ ва миллӣ-ҳувиятии намоишномаро боло бурд.

   Чаҳордаҳум. Ҳамин ки рӯйи саҳна дар парда-акти навбатӣ собиқадори Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов устод Имматхудои Амрихудо дар нақши устод Айнӣ зуҳур кард, саҳна, ба лиҳози бадеӣ-эстетикӣ, мундариҷавӣ, фалсафӣ, ҷиҳатгирии миллӣ ва фаннӣ-техникӣ бакуллӣ тағйир ёфт ва бо ҳузури ин нобиғаи миллӣ (манзур устод Айнӣ аст) шукӯҳмандтар гардид. Устоди собиқадор Имматхудои Амрихудо ончунон ба устод Айнӣ монанд буд, ки бинандагон бо пайдо шудани сояаш дар саҳна, бидуни кадом мушкиле, ба роҳатӣ пай бурданд, ки чеҳраи калидии миллат саҳнасозию саҳнаороӣ мекунад. Дар ин парда мулоқоту муколимоти се нафар бузурги миллат -- устод Айнӣ, устод Турсунзода ва аллома Бобоҷон Ғафуров бозтоб ёфт. Дар мулоқот бо устод Айнӣ Бобоҷон Ғафуров масъалаи зарурати бозгашти устодро ба Душанбе матраҳ мекунад. Ҳамзамон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар ҷараёни дидору мулоқот ҳадафмандона ва мудаббирона аз устод Айнӣ маслиҳат мепурсад ва дар робита бо мушкилоту масоили ҳалталаби сиёсӣ-давлатӣ ва фарҳангӣ-мадании ҷумҳурӣ машварат менамояд. Устод Айнӣ, бо истифода аз ҳузури роҳбари аввали вақти Тоҷикистони шуравӣ,  масъалаи овардани шашмақомхонони маъруф Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳҳобов, Барно Исҳоқоваро ҳам ба миён мегузорад, ки минбаъд шукӯҳи мусиқии классикии миллиро таъмин намуданд. Бозтоби вежагиҳои ҳайсиятию ҳувиятию ахлоқие назири тамкин, садоқат, тавозуъ, нубуғ, фаросат, дироят, фаҳм, зиракӣ, ҳуш ва фазилати фавқулодаи устод Айнӣ дар бозигарии Имматхудои Амрихудо хеле ҷолиб буд. Агарчи ҳузури устод Айнӣ танҳо дар ду парда-акт иттифоқ афтода бошаду бас, аммо ин ҳузуру вуҷуду нуфузи ин чеҳраи матраҳи миллӣ кулли намоишномаро сифатан тағйир дод.

   Понздаҳум.  Парда-акти лирикӣ-отифӣ бо ҳузури директори вақти Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ устод Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Туҳфа Фозилова ва масъули бахши тиҷории Театр ҷолиб буд. Бавежа, дар ҳузури мавсуфин пайдо шудани котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб, ки дар он замон ба силсиламушкилоти иқтисодию беҳдоштӣ, аз ҷумла қашшоқӣ, норасоии озуқаворӣ, нуфузи бемориҳои сироятӣ ва набуди табибону бемористонҳои давлатӣ дасту панҷа нарм мекард, саҳнаро рангоранг гардонид. Аз тариқи ҳозирҷавобӣ ва ҳазлу шӯхиҳои обдори Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Туҳфа Фозилова болида гардидани хотири ҳозирин ва бахусус, табъи хираи раҳбари ҳизбии вақти шуравӣ дар симои котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Балҷувон, ки бар асари мушкилоти замонӣ, хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва камбуду навоқиси беҳдоштию молиявӣ хиратабъ буд, намоишномаро ҳусни тоза бахшид.

   Шонздаҳум. Парда-акти ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори ифтитоҳи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо ҳузури намояндаи дафтари сиёсӣ ва шахсиятҳои матраҳи ҳизбии ватанию шуравӣ доир гардидааст, тавтеаталабию дасисачиниҳои душманони миллатро, ки барои расидан ба аҳдофи нопок ва шикастани тими меҳанпарастони вақти Тоҷикистони шуравӣ ҳатто элитаи ҳизбии Иттиҳоди Шуравиро ҳам суъистифода мекарданд, возеҳу равшан нишон медиҳад. Душманони миллат гузориши намояндаи дафтари сиёсии Маскавро тавре тарроҳӣ кардаанд, ки дар он ангушти иттиҳом сӯйи котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров рост шудааст. Дар ҷараёни ироаи гузориши намояндаи дафтари сиёсии Маскав, бо маслиҳати қаблӣ ва тарҳрезии амиқ, аз даруни толор душманону бадхоҳон тариқи реплика-луқмапартоиҳои муғризона шахсияти Ғафуровро доғдор кардан мехоҳанд ва тариқи пешниҳоди номаҳои беимзо иттиҳоми фарзанди тоҷиру савдогар ва намояндаи буржуазияи маҳаллӣ будани қаҳрамони миллиро гӯшзад месозанд. Инҷост, ки нуқтаи кулминатсионии конфликт дар саҳна ба вуҷуд меояд ва бархурди ду навъи андешаву дидгоҳ, ки яке, шахсияти миллиро хурде реза мекунад ва дигаре, садоқату бузургии ӯро ба ҷилва дармеоварад, сурат мегирад. Тазоду задухурди ду навъи биниши мутафовит воқеияти бархурдҳои сиёсӣ-мафкуравии замонро воменамоёнад. Бар илова, бархурди ду навъи биниш дар ҷаласа воқеияти дигареро бароямон собит месозад, ки неруҳои меҳандӯсту садоқатманд дар ҳама давру замон, агарчи андаку камшуморанд, дучор меоянд ва бо ҳузури фаъоли худ айши дасисакорону иғвогарону бадхоҳонро талх месозанд. Ҳангоми баҳсу мунозираҳои толорӣ, ки дар парда-акти навбатӣ буруз карданд, симои зишти душмани дохилӣ дар симои Исоев ном шахси худшефтаю худбохта ошкор мегардад. Бобоҷон Ғафуров ба суолоту пурсишоти тими душман бо тамкину тавозуъ ва салобату шаҳомати сиёсӣ посухҳои дандоншикан дода, ба даҳони бадхоҳону дасисабозони замон, ки шумораашон андак набуд, муҳри хомӯшӣ мезанад. Ҷаласаро тасодуфан, занги телефонии таъсиргузортарин шахсияти ҳизбӣ-сиёсӣ ва амниятӣ-низомии замони сталинӣ Лаврентий Павлович Берия ба ҳам мезанад.

  Бад-ин минвол, парда-акти болоӣ бо занги телефонӣ ва пурсишҳои таҳдидомези раиси вақти дастгоҳи муқтадири шуравӣ – Коммисариати Халқии Умури Дохилӣ (НКВД) Лаврентий Павлович Берия дар робита бо суръат бахшидани раванди фошсозии душманони синфӣ, афзудани теъдоди маҳкумшудагони террори сиёсӣ ва посухҳои қонеъкунандаи Бобоҷон Ғафуров дар ин замина анҷом меёбад. Табиист, ки аз вазъи бавуҷудомада ва андаруни бало печидани Бобоҷон Ғафуров ду бадхоҳ хушнуд мешаванд ва тариқи бурузи ҳиссиёту ҳаяҷон ҳисомезиҳои манфии парда-акти навбатӣ заминагузорӣ мешаванд.

   Ҳафдаҳум. Дар парда-акти пешазихтитомӣ Бобоҷон Ғафурови дар ҳоли афсурдагию нигаронию навмедӣ пайдо мешавад. Гуфтугӯ бо модар дар заминаи мушкилоти сиёсӣ-мафкуравию миллӣ-ҳувиятӣ ва  тасаллобахшиҳои модар ҷанбаи отифии намоишномаро таъмин намудааст. Саҳнаи муколимаи отифию самимии модару писар дар гӯшаи танҳоӣ дар хусуси сарнавишти миллат дар шароити бархурди манофеи геополитикӣ ва иғвопароканиҳои иддае аз муҳаққиқони рус дар боби душманӣ бо китоби “Таърихи халқи тоҷик дар баёноти мухтасар” ва мутаносибан, китоби “Тоҷикон”, ки аз “ибтикорот”-и душманони вуҷудию лаҳзавии тоҷик сарчашма мегиранд, ҷолибу диданӣ буд. Номаҳои шикоятӣ алайҳи Бобоҷон Ғафуров дар Маскав миёни баъзе доираҳои ҳизбӣ ҳамсадоӣ пайдо карда, душманон дасисаи аз вазифа барканор кардани қаҳрамони миллатро мечинанд ва ин вазъ алломаро навмеду руҳафтодаю афсурда намудааст. Ҳоли навмедию афсурдагии Бобоҷон Ғафуровро тамоси телефонии раҳбари Иттиҳоди Шуравӣ Сталин батамом тағйир медиҳад ва бар мабнои дастуроти доҳӣ, роҳбари меҳанпарасти Тоҷикистони шуравӣ  ба кор идома медиҳад. Ҳолати хуби равонӣ (настроение)-и Бобоҷон Ғафуров саҳнаро мураттаб ва ҳамзамон, руҳияи тамошобинонро ҳам болида сохт.

  Ҳаждаҳум. Парда-акти хотимавӣ-финалӣ бо ҳузури қаҳрамони намоишнома Бобоҷон Ғафуров ва гуфтугӯ-монологи кӯтоҳу муассири ӯ, ки бар мабнои мавқеъгириҳои миллӣ-ҳувиятиаш созмон ёфтааст,  пероста гардида, бо рӯйи саҳна пайдо шудани китоби пурарзиши “Тоҷикон” дар ҳавои суханронии Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои тақдими ройгони китоб намоишномаро ҳусни анҷом бахшид.

  Нуздаҳум. Дар маҷмуъ, намоишномаи “Бобоҷон Ғафуров” (аз рӯйи асари Иброҳим Усмонов ва таҳияи Абдулҳафиз Қодиров) ба лиҳози ғоявӣ, ҳадафгирӣ-ориентатсияи миллӣ ва манофеи давлатӣ хуб буд. Ростӣ, дар шароити феълии бархурдҳои тамаддунӣ, ташаннуҷи хушкандешию хурофазадагӣ миёни наслҳои наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ, сарозер шудани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ, пойин шудани масуният-иммунитети зеҳнию фарҳангӣ ва тадриҷан решадор шудани бегонапарастию худбохтагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ рӯйи саҳна омадани чунин навъи намоишномаҳо дар кулли театрҳои касбии ҷумҳурӣ зарурати вуҷудист. Аз тариқи рӯйи саҳна овардани чунин намоишномаҳо мо, пеш аз ҳама, сатҳи масуният-иммунитети ҳувиятии насли наврасу ҷавону миёнсоли ҷомеаро боло мебарем ва аз сӯйи дигар, хотираи таърихии миллатро навсозию бозсозӣ мекунем.

 

              Нозим Нурзода

              фарҳангшинос

Хондан 43 маротиба