JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 25 Январи 2023 05:52

Ҷашни Сада рамзи оташ, нур, муқовимат ва нишони озодманишӣ

Муаллиф: Мухаммадсалом Махшулов
  Метавон арз намуд, ки Сада рамзи пирӯзии равшаниву нур бар торикиву зулмот, рамзи нур ва нишоту тантана аз кашфу ихтирои оташ аст, ки бар пояи он тамаддуни инсонӣ гузошта шудааст. Илова ба ин ин ҷашн нишонаи муқовимат бо маҳрумиятҳои табиӣ ва озодӣ аз душвориву гирудорҳои ҳаёт аст, Аз нигоҳи гоҳшиносӣ фарорасии он бо ба анҷом расидани чиллаи калон ва саршавии чиллаи хурд алоқаманд аст, яъне фосилаи роҳе аз ҳаракати Хуршед дар миёни шаби Ялдо (22 декабр) ва Наврўз (21 март). Дар даврони бостон ҷашни Сада маъмулан дар даҳумин рўзи баҳманмоҳи гоҳшумории аҷдодӣ, мутобик ба 30 январи тақвими милодӣ таҷлил мешуд ва ба боварҳои динию ҷаҳоншинохтии ориёӣ марбут буд. Тибқи одат дар аҳди қадим ва инчунин имрўз рӯзи 30 январ ҳама дар кӯча ҷамъ шуда, гулхан меафрӯзанд, гурўҳе намоз мехонанд ва гурўхе суруд мехонанд, рақсу хурсандӣ мекунанд, намоишҳои мусиқӣ ё театрӣ ташкил карда мешаванд.
  Дар бораи пайдоиши номи ин ид андешаҳои гуногун мавҷуданд. Бархе аз донишмандон, масалан, Ал-Берунӣ бар ин боваранд, ки номи ҷашни Саъд аз рақами форсии «сад» гирифта шудааст. Азбаски ин ид бевосита ба оташ рабт дорад, бовар доранд, ки ин ид ба кашфи оташ аз ҷониби одамони қадим бармегардад ва азбаски оташ ба одамон гармӣ, муҳофизат ва нуре, ки аз он бармеояд, шабҳоро ба рӯз табдил медод, мардум оташро мепарастиданд. Агар ҳисоб кунед, аз 10-уми моҳи баҳман то охири сол тибқи тақвими шамсӣ расо 50 рӯзу 50 шаб боқӣ мондааст, ки дар маҷмӯъ 100-ро ташкил медиҳад.
  Чун ин ҷашн ёдбуди давраи ориёиҳост, ки дар маъхазҳои таърихию бадеӣ ба қаҳрамони таърихии Хушанг нисбат дода мешавад. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи бунёди ҷашни Сада нақл мекунад, ки боре Шоҳ Хушанг ҳамроҳи аҳли байн ва наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳҳо мори дарозу тирае мебинад. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯи мор мепартояд, мор гурехта меравад, аммо ин санг бо дигаре мезанад, шарорае мебарояд, ки аз ин ҳама алафҳои хушк сӯхтаанд. То он замон мардум ҳанўз усули даргирондани оташро намедонистанд. Ҳушанг ва наздиконаш аз кашфи сирри оташафрӯзӣ шодӣ карда, онро неъмати илоҳӣ пиндоштанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр гуфт, ки сирри оташафрӯзиро ба мардум ошкор кард ва ба шаҳраш баргашта, қарор баровард, ки ин ҳодисаро чун иди ҳарсола ҷашн бигиранд.
  Аммо Умари Хайёми Нишопурӣ дар бораи пайдоиши силсилаҷашнҳои ориёӣ чунин менависад: «Афридун аз қабилаи Ҷамшед буд. Ӯ панҷсад сол ҳукмронӣ кард. Вақте аз яксаду шасту чор соли салтанати Афридун гузашт, инқилоби дуюм дар ҳисоби Каюмарс ба поён расид. Афридун дини Иброхим - алайхи саломро кабул кард ! Фил, шер ва гепардро ром кард, хайма ва айвон сохт, оби равонро ба богу биноҳо бурд ва ниҳолу тухми дарахтони мевадиҳанда - турунҷ, афлесун, бадранг, лиму ва гулҳои садбарг, бунафш, наргис. У Миҳргонро ба тартиб овард - дар ҳамин рўз Заҳҳокро зиндонӣ кард ва ҳамон рўз подшоҳиро пазируфт ва ҷашни Садаро таъсис дод. Мардуме, ки аз зулм ва зулми Заҳҳок раҳо ёфтанд, хеле хушҳол шуданд ва ин рӯзро ба унвони [рӯзи] фоли нек таҷлил мекарданд ва то имрӯз дар Эрону Турон (Мовароуннаҳру Хуросон) ин расмро ҳамасола ба васфи подшоҳони некӣ анҷом медиҳанд. Чу хуршед ба фарвардин расид, Афридун он рӯзро боз ҷашн гирифт. Мехргон - иди баробаршавии шаби тирамох  21-и Меҳр. Сада- иди 50 руз пеш аз Навруз - 10 бахман («сада» - айнан «сад», яъне 50 шабу 50 руз пеш аз Навруз).[1]
  Пас ба ғайр аз хушиву харрамӣ гирди оташ одамон дар баргузории ин ҷашн боз чи корҳо мекарданд? Тибқи ахбори сарчашмаҳо дар ин ҷашн мардум порчаҳо аз Авесто қироат карда, ғизо ва нӯшокиҳо тақсим мекарданд. Мутафаккири форсу тоҷики хоразмӣ Абӯрайҳони Берунӣ гузаштани ин идро чунин тавсиф кардааст: «Оташ бояд тамоми шаб месӯхт. Субҳи рӯзи дигар занон ба назди оташ мерафтанд ва чанд шохаи ҳанӯз фурӯзонро ба хонаҳои худ мебурданд, то дар ниҳоят ҳар хона бо оташи муқаддас тақдис карда шавад. Боқимондаҳои оташро, ки мардум намефаҳмиданд, ба оташкада (маъбади оташ) мебурданд».
Берунӣ боз як чизи муҳимеро қайд мекунад, ки ҷанбаи адолати иҷтимоӣ дорад: ин ҳангом дар рўзҳои ҷашни биҳишт ба хотири гиромидошти хотираи мурдагон садақаҳо тақсим карда мешуданд, хўроки дар арафаи иди биҳишт омодашуда ба бенавоён ва бенавоён тақсим мешуд.
Чунон ки ишора рафт, тасаввури асотирии ориёӣ дар мавриди оғози чашни Сада бар пайдоиши оташ ишора дорад ва бар он асос ёфтааст, ки подшоҳи пешдодӣ Ҳушанг дар доманаи кўҳе мори сиёҳеро дида буд ва чун он санги дасти подшоҳ бар санги бузург бархурд, фуруғе падид омад, ки он заминае барои пайдоиши оташи азимтаре гардид. Ва дар ин маврид суханони ҳаким Фирдавсии Тусӣ ҷолиб аст, ки гуфта буд:
Фруғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фуруғ озаранг.
Ин оташ неъмате буд, ки Офаридгор бар инсонҳо арзони дошт. Ва Хушанг, ки аз ин инояти худовандӣ хеле шод гардида буд, шукри Ҷахонофаринро бар ҷой овард:
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин
Ки ўро фуруғе чунин хадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниход.
Сипас Ҳушанг:
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
«Сада» номи он ҷашни фархунда кард.
  Аз мазмуни байти охир чунин бармеояд, ки фарзия дар бораи он ки вожаи «сада» баргирифта аз забони порсии бостон (яъне авастоӣ) аст. дуруст буда, он маънии  «фуруғ» (шарора, оташак)-ро медиҳад. 
  Ин ривоят худ як тамсилест, ки бар боварҳои ориёии бостон асос ёфта аст. Зеро ки мор ба унвони офаридаи Аҳриман душмани инсонҳо  ва намояндаи нируҳои бадӣ аст. Замоне, ки шоҳ Ҳушанг бо қасди куштани мор санг бар он меандозад, ҳамдастӣ ва хамрайъии худро бо офаридгори некию сафо, яъне Ҳурмузд эълом медорад. Ҳурмузд низ дар ивази ин амали некманишонаи Ҳушанг  ба унвони подоши нек бар ў ва дигар инсонҳо отшаро арзонӣ медорад.
Дар адёни ориёии бостон ва ойини зардуштӣ инсон на танҳо офаридаи Ҳурмузд, балки шарику ҳамнабарди ў дар муборизаи беамон бар зидди нирухои шарр ва бар зидди пуштибони ин нирўҳо, яъне Ахриман маҳсуб мешавад. Ҳамин шарикӣ ва ҳамнабардӣ бо Яздони додор инсонро бар он во медорад ки фаъолу кушо ва хирадварзу доно бошад, то битавонад дар пойдории некиву ростӣ ва ободию озодӣ саҳми бештаре бигзорад. Фарҷоми инсон низ дар олами боқӣ вобаста ба ҳамин саҳмест, ки ў таййи зинадигии инҷаҳонии хеш дар ҷодаи пирузии некӣ бар бадӣ мегузорад.   
  Шодмонӣ ва сурури инсонҳо ҳангоми бар пой доштани чашнҳои ориёӣ низ аз ҳамин реша об мехурад. Ва дар ин маврид чашнҳои Шаби Ялдо, Сада ва Наврўз аз лиҳози хадафмандӣ пайванди ногусастание ба якдигар доранд. Зеро Шаби Ялдо вақте бар пой дошта мешавад, ки зимистону сардию зулмот, ки ҳар кадоме ҳамдастони Ахриман мебошанд, фаро расидаанд. Аз тариқи ниёишҳо ва шодмонию сурур инсонҳо аввалан аз Ҳурмузд барои рафъи ин падидаҳои  аҳриманӣ имдод мехоҳанд ва сониян ҳамдастӣ ва ҳамрайъии хешро бо Ҳурмуз эълом медоранд ва гўё аз омодагии худ барои мубориза бо нирўҳои шарр хабар медиҳанд. Аммо чун чашни Сада фаро мерасад, он мужда аз оташи яздониро бо худ ҳамроҳ дорад, хабар аз шикасти анқариби зимистону сардӣ ва зулмот медиҳад, ва инсонҳо бо шукргузорӣ аз тақдими оташ гулханҳои бузруг мефурузанд, ва гирдогирди ин гулханҳо тавассути ниёиш, рақс ва суруд аз хампаймонии худ бо Яздон ибрози масаррат менамоянд.
Ҳангоми баргузории ҷашни  Сада мардум саъй мекрданд, ки гулхане харчи бузургтар биафрузанд. Дар ҷамъоварии ҳезум барои чунин як гулхане теъдоди зиёди мардум, сарфи назар аз мансабу мақом ва сатҳи тавонгарӣ ширкат мекарданд ва ба таври дастаҷамъӣ шодмонӣ менамуданд, ки худ рамзи ҳамбастагии тамоми инсонҳо дар мубориза алайҳи неруҳои аҳриманӣ аст.
  Ва аммо Навруз худ рамзи чирагии комили Ҳурмузд бар Аҳриман ва нишони бартарию пирузии некӣ бар бадӣ буд. Дар ин пирўзӣ инсонҳо,  аз рўи формулаи беҳтарини ахлоқӣ – гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек бо Яздон ҳамдастон буданд,  бо Ў шарикӣ доштанд ва Ўро дар ин раванд ёварӣ менамуданд, Ҳар кадоме аз ин се ҷашни ориёӣ, ки то кунун ба унвони таҷаллии шукўҳманди имконоти инсонӣ боқи мондаанд, ва онҳо ҳоки аз он хастанд, ки ниёгони мо дар худ тавони руҳии муқовимат алайҳи ҳар гуна падидаи марбут ба зулму ситамро мепарвариданд, ва боварҳои динию ҷаҳоншинохтии онҳо на бар пояи бандагӣ, балки дар заминаи оздагию озодманишӣ қарор ёфта буд.
  Қавми тоҷик дар масири таърихи тўлонии худ хаводиси фоҷиабори зиёдеро пушти сар гузоштааст, ки ҳар кадоме аз онҳо метавонист як қавми томеро ба куллӣ аз байн бубарад. Таййи садсолаҳо аквоми дур аз таммаддун ва бераҳму хуношоми кучӣ аз даштҳои шимол сарозер мешуданд, шаҳрҳоро вайрон, киштзорҳоро хароб, мардумро нобуд ва марокизи фарҳангиро валангор мекарданд.  Писарони баруманди қавми тоҷик хамеша алайҳи ин мавҷи мухриби саҳронишинон муқовимат мекарданд, ва ҳар чанд баъд аз ҳар як фавҷи  хонумонсўз фавҷи дигаре ба сарзаминҳои сабзу хуррами  Вароруду Хуросон сарозер мешуд, рўҳи миллӣ ба вуҷуди шебу фарозҳояш хамеша побарҷо буд  ва муқовимат ҳамоно идома меёфт.  
Яке аз шигифтиҳои таърих он аст, ки аквоми зиёде бар асари  ҳамлаҳо ва фишорҳои нисбатан нармтари бодянишинон аз миён рафтанд. Масалан, тамаддуни бузурге бо номи Бизонс (Византия) бар арсари хамлаи туркон ва фарҳанги шукуфо ва борваре мисли фарҳанги Мисри Бостон бар асари хамлаи арабҳо аз миён рафтанд. Дар ҳоли ҳозир аз мисриёни даврони бостон ва аз мардуми мутамаддини бизонсӣ дар он сарзаминҳо ба ҷуз дар кутуби таърих дигар асаре намонда аст. Сарзаминҳои мардуми ғаюре ба мисли курдҳо (ки ҳаким Низомӣ аз миёни онҳо бархостааст – «он модари ман Раисаи курд») ба дасти қавмҳои ғоратгар афтодааст ва онҳо аз ҳуввияти қавмиву фарҳангии худ дифоъ карда наметавонанд.
Вале қавми тоҷику форс ва афғон, ки таййи даврони тулоние фишорҳои аввалияи фавҷҳои мутааддиди мутаҷовизони арабу туркро мутаҳаммил шуда буд, бо вуҷуди он ҳама зарбаҳои ҷонкоҳ ҳануз побарҷо ва пуёву шукуфост. Гузашта аз он  ин қавми ғаюр бо хиради воло ва фарҳанги тавонои худ он муҳоҷимони ғосибро нармхутар ва тахаммулпазиртар мекард, ва аз суннатҳои кишвардории  худ ҷиҳати беҳбуди зиндагии мардум истифода ба амал мевард.       
Пас иллати чунин мондагорӣ, «сахтҷонӣ» ва пояндагӣ, ки аз вижагиҳои боризи қавми тоҷик маҳсуб мешвад, дар чист?
  Дар ин росто ба таври фаровон ва густурда ибрози назар шудааст. Ба унвони ингуна иллатҳо мухаққиқон аз омилҳои муассире  монанди вижагиҳои фархангӣ ва бартарии фархангии тоҷикон аз дигар ақвоми муҷовир, минҷумла аз муҳоҷимону ғосибон; наҳваи шахрмеҳварии зиндагии тоҷикон; таҷрибаи таърихии мунҳасир ба фард  ва ғайра ёдовар мешаванд. Ибрози назар роҷеъ ба ин авомил дар ҳаҷми як мақолаи кучак ғайри қобили имкон аст ва мо инҷо бо баррасии як омили муҳим, ки вобаста ба тассаввуроти мазҳабию фарҳангии тоҷикон аст ва то хадди зиёде дар ҷашнҳо ва дигар маросимҳои дастаҷамъии ориёӣ мунъакис мегардад, иктифо мекунем.
  Аз ин рў аз чашни маъруфи Сада ёдовар шудем, ки қабл аз густариши ислом ва таййи қарнҳои мутамодии даврони исломӣ низ таҷлил карда мешуд. Метавон гуфт, ки маҳз ҳамин рўҳи муқовимат  ва озодманишӣ буд, ки бо вуҷуди он ҳама турктозиҳо тоҷикон (эрониёни шарқиву ғарбӣ) на танҳо ҳамчун қавм боқӣ монданд, балки дар рушди маънавии ақвоми муҷовир низ саҳми бебаҳое гузоштанд.
Яке аз нишонаҳои боризи таъсири фарҳангию маънавии тоҷикон бар ин ақвом аз ҷумла силсилаҷашнҳое ба мисли Сада, Наврўз ва Тиргону Меҳргонанд, ки онро ақвоми гуногун дар густураи азими ҷуғрофиёие аз  Сибир то савоҳили укёнуси Ҳинд ва аз марзҳои Хинду Чин то укёнуси Атлас (Атлантик) ҳамасола барпо медоранд.
  Бо боварӣ метавон таъкид сохт, ки чашни Сада (ва силсилаҷашнҳои ориёӣ) тимсоли устуворӣ ва боландагии рўҳи ориёӣ буда дар таъмини қивому истодагӣ ва побарҷоии қавми тоҷику эрониён нақши муайяне ифоъ намудааст. Шинохти моҳияти онҳо барои таҳким ва рушди худшоиносии миллӣ барои имрўзиён ҳам аҳамият дорад. Пас ташвиқи ин гуна маросимҳо дар кулл барои тарбияти ҳар фарди ҷомеа ва пойдории тамоми давлат аз фоида орӣ нест ва ин ҷашнҳои бостониро бояд дастгирӣ намуд.
 
Мухаммадсалом Махшулов 
 
фарҳангшинос, ходими пешбари илмии
Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи Академия миллии илмхои Точикистон
 
[1] Начало книги Норуз-наме. Ниг.: https://www.tebyan.net/index.aspx?pid=63511
Хондан 1554 маротиба