Боиси ифтихор аст, ки расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳкиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо пурра ба роҳ монда шудааст.
Баъди барқарор кардани расадхонаи Санглох дар соли 2016 ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ мунтазам идома дорад ва кормандони илмии Институт ҳар вақти муносиб ба онҷо рафта таҳқиқи омӯзиши худро такмил медиҳанд. Инчунин дар ин равия олимони ҷавон ва аспирантони Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолона ҷалб карда шудаанд.
Мусоҳиба бо Сахидод Раҳматуллозода оид ба шӯҳрати ҷаҳонии устод Айнӣ
дар АМИТ «Ховар»
АМИТ «Ховар»: Асосгузори адабиёти навини тоҷик, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аз нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ ҳисобида шудааст. Ба андешаи шумо, бо кадом хусусиятҳо асарҳои пурарзиши устод Айнӣ ганҷинаи тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардонидаанд?
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Шеъри иҷтимоӣ Сайидои Насафӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъалаи маорифпарварӣ ва мунавварфикрӣ дар аморати Бухоро, ки маркази тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб меёфт, аз ҷумлаи масоили муҳиму мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буда, дар доираҳои улуми филологӣ ва фалсафӣ солҳост, ки матраҳ шуда, пайваста мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи аморати Бухоро, ки қисмати зиёди нуфуси онро тоҷикон ташкил медоданд, бар асари ҷаҳлу нодонӣ ва хурофотпазирӣ вазъи буҳрониро аз сар мегузаронид ва фақри фикрию маънавӣ бар баданаҳои иҷтимои сахт тасаллут ёфта, роҳи наҷотро душвор намуда буд.