JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 30 Январи 2018 10:21

Равони инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Равони инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Душанбе, 29 Январи 2018 03:08

Шоҳмот – варзиши фикрӣ

  Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст. 

  Имрӯз 26-уми январи соли 2018, рӯзи ҷумъа, ба мо хабар расид, ки шаби 25 январ Устод Султон Наврӯзов баъди бемории нисбатан тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт. Мухлисони Устод дар “Ҷаҳони андеша”, ки аз шунидани ин хабар хеле ошуфта шудаанд, бадоҳатан ин чанд нуктаи мухтасарро ба сифати изҳори сугворӣ баён мекунанд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинов АИҶТ номзади илмҳои фалсафа Нусратулло Зокиров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома, Нозим Нуров дар мавзӯи «Консепсияҳои ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд