JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 05 Декабри 2017 03:42

Фарҳанг: имрӯз ва фардои миллат

  Рушди фарҳанги миллиамон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Он айём на танҳо масъалаи ҳаёту мамоти миллату давлат, балки фарҳангу тамаддуни тоҷик низ ҳаллу фасл мегардид. Хушбахтона, бо қабули қарорҳои судманд ва сари қудрат омадани фарзонафарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ ҳифз гардид. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар баробари аҳли ҳунару санъат худи мардум дар рушди соҳа фаъолона ширкат меварзад. Рӯз ба рӯз доираи ҷалби мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ васеъ гардида, бунёди иншооти замонавӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ ва муҳайё сохтани заминаҳои моддии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг ба вуқӯъ пайваста истодааст.

 Спиртҳои як атомаи сер ҳосилаҳои карбонгидрогенҳои сербуда, дар малекулаи онҳо ба ҷои як атоми гидроген, гурӯҳи ОН (гидрооксил) омадааст. Формулаи умумии спиртҳои як атомаи сер СnН2n+ОН буда, дар бисёр мавридҳо R-ОН-ро ифода мекунад.

 Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ҳамон ДОИШ ба ҳайрат омадааст. Бо бераҳмии махсус куштани гурӯҳ-гурӯҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гӯрмонанд, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ, қир кардани одамон аз рӯи қавму мазҳаб ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки ДОИШ анҷом додааст, ҳар рӯз одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат меорад.

 Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегӯянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ ва дигар ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ афроди дастнишондаи ҲНИТ ба хотири ангеза додани ҷонибҳои даргир ва ба шӯр овардани мардуми осоишта ба қатл расонидаанд.