JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

«Низоъҳои фарҳангӣ тадриҷан таҳким ёфта, назар ба дигар  давраҳо имрӯз хавфноктар мешаванд»

Ватслав Гавел

Чоршанбе, 15 Ноябри 2017 11:53

Озодандешӣ ва оини Зардуштӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, академик Юсуфшоҳ Яқубшоҳ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Озодандешӣ ва оини Зардуштӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

         Мисли дарё умри мо андар гузар,

         Мисли дарё шӯри авмоҷаш ба сар,

         Гоҳ хомӯшу гаҳе тӯфонасар,

         Гоҳ аз хешу аз олам бехабар,

         Аз пайи шому саҳар,

         Рӯ ба рӯ бо сад хатар,

         Дар талоши баҳру бар,

         Меравад осемасар.

  Ховари Миёна ё ба истилоҳи геополитикии шарқшиносони аҳди Иттиҳоди Шуравӣ, Шарқи Миёна ва Наздик яке аз марказҳои тамаддуни башарист, ки чи дар замони устуравию ривоятии башарӣ ва чи дар замони таърихнигории илмӣ бештар мавриди даргириҳову носуботиҳо, ихтилофоту зиддиятҳои тунди иҷтимоӣ ва ҳамзамон хостгоҳи асли тамаддун ва адёни бузурги тавҳидӣ, то ба имрӯз шинохта шудааст.