JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Марти 2019 09:11

Баъзе роҳҳои беҳтарсозии тарғиби идеологияи давлатӣ дар байни ҷавонон

Муаллиф: Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода
Баъзе роҳҳои беҳтарсозии тарғиби идеологияи давлатӣ дар байни ҷавонон http://www.ncpi.tj/images/DSC_9805.jpg

  Мақолаи мазкур бо дарназардошти заминаҳои фароҳамбуда ва таҷрибаи амалию таҳқиқотӣ таҳия гардида, ба сифати роҳнамо - нишондиҳандаи роҳу усуслҳои ташаккули низоми (системаи) амалисозии чорабиниҳои идеологӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла, дар самти таъмини амнияти идеологӣ ва ба ин васила муқовимати бонизом ба падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, ҷинояткорӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва ғайра мебошад. Роҳу усулҳои муносиби таблиғи идеологияи солим муайян карда шуда, дар шакли тавсия ва пешниҳодҳо барои истифодаи васеъ манзур мегардад.

  Дар шароити тезутунд шудани муносибатҳои геополитикии ҷаҳон, аз ҷумла таҳдидҳои номуносиб ва бесомони мамлакатҳои абарқудрат ба кишварҳои дар ҳоли рушдбуда, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар роҳи таъмини амнияти давлатӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, бахусус маърифатнок гардонидани аҳли ҷомеа ва ба ин васила дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, пос доштани сулҳу суббот ва ягонагии кишвари азизамон Тоҷикистон тарбия намудани ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мегарданд.

  Дар ҳақиқат дар ҳоле, ки аксарияти аҳолиро шахсони ҷавон ташкил медиҳанд ва муайянкунанда ва тағйирдиҳандаи самтҳои ҳаёту фаъолияти ояндаи ҷомеа маҳсуб мегарданд, соҳибмаърифатӣ, маълумотнокии сиёсӣ ва қавииродагии онҳо метавонад ба соҳибамнӣ ва қудратмандии Тоҷикистон боис гардад.

  Дар ҳамин росто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар – 23 май чунин иброз карданд: «Ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд» [1, с.31].

  Дарвоқеъ, солҳои охир дар ҷомеаи муосир падидаҳои номатлуб аз қабили экстремизм, терроризм ва дигарҳо зиёд гардида, ҷомеаи ҷаҳонро таҳдид карда истодааст. Ташвишовар он аст, ки дар ин раванди номатлуб ба сифати аслиҳаи асосӣ шахсони ҷавон, ки нерӯи қавии ҷисмонӣ, ҳамзамон иродаи заиф доранд, мавриди истифода ва истисмор қарор гирифтаанд. Дар навбати худ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ ба манфиати пасипардагии гурӯҳи муайяни давлатҳои қудратманд дар роҳи ғанӣ гардонидани иқтисодиёт ва баланд бардоштани нуфузи сиёсӣ истифода мегарданд, ки маҳз ҳамин сиёсат аз хатарноктарин омилҳои муосир маҳсуб меёбад.

  Аз ин рӯ, ҳар чӣ зиёд амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон ва ба ин васила тарбияи комили ҷавонон ҳамчун нерӯи пуриқтидори кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад.

  Албатта, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифатноксозӣ ва тарбияи ҷавонон чорабиниҳои зиёде татбиқ ёфта истодаанд ва нафарони зиёд бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта мешаванд. Вале, мутаассифона натиҷанокии чорабиниҳо бинобар камсифатӣ ва надоштани низоми устувори идорӣ ва ҳамоҳангсозӣ назаррас нестанд. Илова бар ин, зиёд будани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва афзоиш ёфтани сафи ҷавонон дар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шаҳодати камтаъсир ва камсамар будани чорабиниҳо мебошад.

  Бо ҳамин мақсад, маводи мазкур ба сифати роҳу усулҳои мувофиқи ташкили чорабиниҳои бонизоми таблиғотию маърифатнокӣ ва тарбиявии ҷавонон барои истифодаи доираи васеи институтҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод мегардад.

Дар ин самт яке аз василаҳои асосии таъсиррасонӣ ва тарбиявӣ, ки собиқаи густурда дорад, ин идеологияи солим мебошад.

Арзиши идеология ва намудҳои он

  Идеология бинобар дастрас ва таъсирбахш будан дар муносибтаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба таври васеъ истифода мегардад ва арзиши хело баланд ва бисёрҷабҳа низ дорад. Дар ин ҷо танҳо ду ҷабҳаи он иқтисодӣ-амалӣ ва сиёсии идеология, ки дар шароити имрӯз мубрам мебошад, арзёбӣ мегарданд.

  Дар воқеъ идеологияи солим барои миллату давлат ва ҷомеаи соҳибтамаддун арзиши баланд дорад ва ба даст овардани он кори саҳлу сабук нест. Идеология, ин роҳнамо ва ё пулеро ташкил медиҳад, ки аҳли ҷомеаро ба сиёсати давлату ҳукумат пайваст мекунад, манфиатҳои сиёсии ҳукуматро ҳифз, пешбарӣ ва ба нафъи умум дар байни ҷомеа талқин месозад.

  Нисбат ба мафҳуми идеология олимон андешаҳои гуногун доранд, вале дар ин ҷо мафҳуми умумиқабулшуда оварда мешавад. Идеология ин маҷмӯи назарҳои бонизом ва ё батартибовардашуда буда, манфиатҳои синфҳои гуногуни иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоиро инъикос менамояд, ки бар асоси он муносибатҳои одамон ва умумияти онҳо нисбат ба воқеияти иҷтимоӣ дар умум ва ба якдигар эътироф ва баҳогузорӣ мегарданд ва ё шаклҳои муқарраргардидаи ҳокимият эътироф ё ин ки зарурати ислоҳот ва барҳам додани онҳо асоснок карда мешаванд [2].  

  Дар ҷаҳон то имрӯз идеологияҳои гуногуни умумиҷаҳонӣ амал мекунанд, ки бархе аз онҳо дар ҷомеаи мо низ ҳукмфармонӣ карда буданд ва доранд, ба монанди коммунизм, сотсиализм, либерализм ва консерватизм. 

  Ҳар як мамлакат ва ҷомеаи он танҳо дар роҳи интихоби дурусти идеологияи сиёсӣ метавонад арзишҳои миллӣ, ҷамъиятӣ ва давлатии худро ҳифз намояд. Дар ин росто, интихоби яке аз идеологияҳои ҷаҳонӣ ва ё ҷанбаҳои муҳимми гурӯҳи идеологияҳо, ки ба шароит ва манфиатҳои миллии ҷамъият ва давлат мувофиқ бошад, аз манфиат холӣ нест.

  Дар навбати худ, мамлакати мо, ки сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеша кардааст, идеологияи сиёсии он ба идеологияи ҷаҳонии либералӣ ва каме омехта ба консервативӣ мувофиқат менамояд. Боиси зикр аст, ки ин навъи идеология дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон (Россия, ИМА, Аврупо ва ғайра) дар амал қарор дорад.

  Акнун арзиши воқеии идеологияро баррасӣ кардан бамаврид мебошад, яъне он дар ҳақиқат хело баланд буда, муайянкунандаи сатҳ, сифат ва самти ҳаёт ва фаъолияти халқҳо, миллатҳо ва давлату ҳукуматҳо арзёбӣ мегардад.

  Дар баробари ин, идеологияи солим таъминкунандаи суботу осудагӣ ва пос доштани муқаддасоти милливу фарҳангӣ дар ҷомеа мебошад. Агар идеологияи солим роҳнамои ҷомеа бошад, пас зиндагии осоишта, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодиёти устувор ва дигар неъматҳои ҳаётӣ дастраси умум шуда метавонад, агар не, пас на иқтисодиёти рушдёфта, на кафолатҳои иҷтимоӣ ва на дигар шароитҳои хуби ҳаётӣ фароҳам буда наметавонанд. Ин вазъиятро дар мисоли кишварҳои Афғонистон, Ливия, Ироқ ва Украина ба таври возеҳ метавон шабеҳ кард. Маҳз ҳамин кишварҳо қурбони идеологияи носолим гардида (вуруди идеологияи носолим), нуфуз ва қудратмандии худро аз даст додаанд, ҳаёти осоиштаи аҳли ҷамъияташон ба беамнӣ, низоҳои пай дар пайӣ, таҳдиду зуроварӣ табдил ёфтааст, фарҳангу арзишҳои миллию сунатиашон аз байни рафта истодааст ва одамон на зиндагӣ, балки талош ба зинда мондан доранд. Ҳамчунин, маҳз идеология носолиме, ки онҳоро ба доми худ кашид, мероси фарҳангии аҷдодӣ ва сарватҳои табиии таъминкунандаи иқтисодиёташонро нест карда истодааст.

  Дар ин ҷодда Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2014) иброз кардааст: «Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.» [3]. Таъкидҳои Сарвари ҷумҳурӣ моро водор месозад, ки баҳри таъмини амнияти устувори миллӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ талошҳои доимӣ, дурандеш ва нишонрас дошта бошем.

Қимати бевоситаи иқтисодии идеология 

  Боиси зикр аст, ки зери мафҳуми «қимати бесовитаи иқтисодии идеология» дар маводи мазкур танзим ва татбиқи амалҳо нисбат ба маблағгузории он дар назар дошта шудааст.

  Идеология ё худ чорабиниҳои идеологӣ дар ҳамбастагӣ ба аҳамиятнокии худ дар ҷомеа маблағгузории зиёд талаб намекунад, вале дар марҳалаи ташаккулёбӣ, ки амалҳои зиёдеро бояд пиёда намуд, то андозае мебояд таваҷҷуҳро ба таъмини молиявии ин бахши ҳаётӣ равона сохт. Зеро он ба мафкураи инсонӣ робитаи бевосита дорад ва дар навбати худ нерӯи зеҳнӣ сарвати бебаҳое мебошад, ки дар роҳи тақвият ва ғанӣ сохтани он сармояи зиёде гузошта мешавад.

  Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, сатҳи маблағгузории чорабиниҳои идеологиро баррасӣ менамоем.

  Дар ҷумҳурӣ муносибтаҳои молиявӣ асосан тибқи қонунугузории соҳаи молия ва буҷет ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, вобаста ба буҷети давлатӣ ҳамасола қонуни дахлдор таҳия ва қабул мегардад ва мутобиқи лоиҳаи навбатии он барои соли 2015 дида мешавад, ки маблағгузории чорабиниҳо ва ё фаъолияти идеологӣ бевосита фаро гирифта нашудааст. Дар воқеъ банди «фаъолияти дигар дар соҳаи чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва варзишӣ»-и Буҷетро метавон ба чорабиниҳои идеологӣ рабт дод, вале қисми зиёди он низ ба чорабиниҳои касбии варзишию фарҳангӣ, яъне ғайриидеологӣ равона гардидааст.

  Дар ин мавзӯъ яке аз соҳаҳои идеологии ҷумҳурӣ – сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад.

  Чӣ тавре дар Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.11.2012, №620 тасдиқ шудааст) оварда шудааст, маблағгузории сиёсати давлатии ҷавонон дар давоми ду сол (2010-2011) 1,9 млрд. сомониро аз рӯи соҳаҳои зерини марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон ташкил додааст:

  • Кор бо ҷавонон – 12,3 млн. сомонӣ;
  • Варзиш - 201 млн. сомонӣ;
  • Фарҳанг – 138,7 млн. сомонӣ;
  • Маориф – 1554,5 млн. сомонӣ;
  • Тандурустӣ – 15,6 млн. сомонӣ;
  • Соҳибкорӣ – 5,4 млн. сомонӣ.

  Ин таносубнокӣ ба ҳисоби миёна ба 3,5% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад, ки албатта барои тарбияи идеологии (маърифатноксозӣ ва тарғиботии) ҷавонон мутаносибан кам арзёбӣ мегардад.  

  Яке василаҳои муосири дастгирӣ ва мутобиқнамоии ҷавонон ба талаботи ҷомеа дар кишвар, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста амалӣ менамояд, ин Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ки асосан аз чорабиниҳои идеологӣ иборат мебошад, ба ҳисоб меравад. Маблағи ҳамасола ҷудомегардида барои татбиқи Барнома бо назардошти маҳалҳо ҳудуди 5 млн. сомониро  ташкил медиҳад, ки ба ин васила чорабиниҳои зиёд дар самти таҳкими мафкураи идеологии ҷавонон баргузор мегарданд [4, с.12]. Аммо, ба низоми муайян даровардани усулҳои амалисозии Барнома, аз ҷумла маблағгузории муътадил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими кадрии иҷрокунандагон ва арзёбии сифатнокии чорабиниҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

  Хулоса, ҷанбаҳои иқтисодии бахши идеологӣ дар ҳамбастагӣ ба аҳамиятнокӣ ва нақши он дар ҷамъият беҳбудиро тақозо дорад, аз ҷумла, хуб мебуд, агар:

  • Ба маблағгузории чорабиниҳои идеологӣ дар Буҷети давлатӣ дар доираи бахшҳои/соҳаҳои дахлдори идеологӣ афзалият дода мешуд;
  • Маблағгузории чорабиниҳои идеологӣ аз манбаҳои ғайрибуҷетӣ, бахусус соҳибкорони ватанӣ афзун мегардид;
  • Механизми фармоиши иҷтимоии давлатӣ тибқи қонунгузории буҷетӣ, яъне маблағгузории бонизом таҳким бахшида мешуд;
  • Ҷараёни татбиқи (азхудкунии) босамари маблағгузории буҷетии чорабиниҳои идеологӣ дар ҳамбастагӣ ба натиҷанокӣ ва таъсирбахшии онҳо мунтазам мавриди мониторинг ва таҳлилу омӯзиш қарор дода мешуд.

  Бинобар ба сифати субъекти асосии маводи мазкур қарор гирифтани ҷавонон дар ин ҷо баррасӣ намудани нуқтаҳои нерӯмандӣ ва заифии онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад. 

Иродаи шахси ҷавон дар муқовимат ба тазодҳои муосир

  Шахси ҷавон табиатан заиф аст ва чӣ аз лиҳози зеҳнӣ ва чӣ ҷисмонӣ мунтазам зери таҳдид ва табъизу зуроварӣ қарор дода мешавад ва ҳамин аст, ки дар ҳама гуна вазъиятҳои ногувор ва ноором ҷабр мебинад ва қурбон низ мешавад. Ҳамзамон, шахси ҷавон хислати ёзандагӣ дорад, зудбовар ва зудтағйирёбанда аст.

  Аз ин рӯ, фарди ҷавон мустақилона ва ё дар танҳоӣ наметавонад дар муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир, аз қабили экстремизму терроризм, хурофотпарастию дингароӣ тоб орад. Дар ҳамин асно, олими ҷомеашинос, ходими илмии Россия В.Т.Лисовский гуфтааст: «Шахси ҷавон ҳамчун шахсият то ҳамон ченаке (андозае) ташаккул меёбад, ки ба ҳамон андоза сифатҳои иҷтимоии ӯ ҳамчун узви ҷамъияти мушаххаси таърихӣ муайянгашта, рушд ёфта истода бошад» [5, с.22] ва ё дар урфият гуфтаанд: «Чизе ки коштӣ, ҳамон меғундорӣ». Яъне, тобоварии шахси ҷавон ҳамчун шахсияти нерӯманд ва қавиирода ба тазодҳои ҷомеаи муосир аз ҳар як узви калонсоли ҷомеа, аз ҷумла волидон, хешовандон ва омӯзгорону ходимони ҷамъиятию давлатӣ вобастагӣ дорад.

  Танҳо тарбияи дастаҷамъӣ метавонад имконоти зеҳнии шахси ҷавонро нерӯ бахшад ва рафтору кирдори идеологии онро тағйир диҳад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза маҳз ҳамин мушкилот, яъне набудани тарбияи комил ва шуғлбандии ҷавонон ва ба ин васила фароҳам гардидани фазои холигӣ тавонистааст, ки ҷавононро ба сӯи ҳаракатҳои номатлуби ҷамъиятӣ, ифротгароёну хурофотпарастон ҳавола диҳад.

  Аз тарафи дигар, шахси ҷавон шароити заифи иқтисодӣ дошта, яке аз гурӯҳҳои ҳифзнашавандаи аҳолӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ маҳсуб мегардад. Ин маънои онро дорад, ки дар мавриди дилхоҳ бо истифода аз хислати табии зудбоварӣ ва бо ҳавасмандии ками иқтисодӣ шахси ҷавонро метавон барои бадастории манфиатҳои хос равона намуд.

  Дар ин ҷо мебояд иброз намуд, ки хислат ва хосиятҳои дар боло таҳлилгардида нисбат ба шахси ҷавон на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷаҳон рабт дода мешавад. Яъне, ҷавон дар ҳама ҷо ҷавон аст ва аз лиҳози психологӣ ва физиологӣ қариб, ки хусусияти якранги рафтору кирдорӣ дорад. Исботи ин назар он аст, ки имрӯз дар сафи ҳаракатҳои террористӣ ҷавонони ҳам кишварҳои рушдёфта ва ҳам кишварҳои ноорому сатҳи пасти иқтисодӣ дошта ширкат доранд. Дар ин муносибат танҳо тадбирҳои бонизоми андешидаи давлату ҷамъият метавонад ба тағйир ёфтани рафтору кирдори шахси ҷавон таъсир расонад.  

  Дар ин масъала, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ – 23 майи 2013 чунин иброз кардааст: «Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар боқӣ мемонад».

Шуғлнокии алтернативии ҷавонон

  Дар шароити ҷомеаи муосир яке аз усулҳои тарбияи комил, маърифатноксозӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҳама гуна омилҳои номатлуб, ин шуғлмандии онҳо мебошад. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш қарор дорад, масъалаи машғулияти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ки аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, мубрам арзёбӣ мегардад.

  Мебояд иброз намуд, ки шуғлнокӣ ва ё шуғлмандӣ на танҳо ба фарогирӣ бо меҳнат алоқамандӣ дорад, балки он як ва ё якчанд амалҳои муташаккили шахсро, ба монанди машғул будан ба варзиш, тарбияи ҷисмонӣ, таҳсил, хизмати ҳарбӣ, такмили дониш ва малака, сайёҳат, кор, хизматрасонӣ ва ғайра фаро мегирад. Яъне, шуғлнокӣ ин фаъолияти шахс марбут ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятии ӯ буда, барои даромади меҳнатӣ равона мегардад. 

  Бо назардошти ин ва мутобиқи омори расмӣ дар соли 2013 сатҳи шуғлнокии ҷавонон дар кишвар нисбат ба соли 2012 6,8% афзоиш ёфтааст. Аммо ин рақам аз шумораи умумии ҷавонон ҳамагӣ 81,1%-ро ташкил медиҳад, яъне мақоми шуғлмандии 17,9%-и ҷавонон бо дарназардошти гурӯҳи бекорон (ҳамагӣ 31,7 ҳазор нафар) ва машғули фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ номуайян боқӣ мемонад, ки ин рақами хело зиёдро ташкил медиҳад [6, с.118].

  Маҳз ҳамин қишр бештар ба шуғлҳои гуногун ниёз дорад, зеро қувва ва тавоноии онҳо бинобар каммашғулиятӣ метавонад ба самтҳои ногувори ҳаётӣ ба монанди экстремизму терроризм равона гардад.

  Аз ин рӯ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғлмандии насли ҷавон ва ба ин васила тарбия ва омода намудани онҳо дар роҳи худташаккулёбӣ, эмин будан аз рафтору кирдорҳои номатлуб, муқовиматнокӣ ба падидаҳои номатлуб ва тазодҳои ҷомеаи муосир ва дар ниҳоят талқини идеологияи миллӣ дар ниҳоди онҳо масъалаи таъсис ва рушди марказҳои ҷавононро дар сатҳи тамоми шаҳру ноҳияҳо ба миён меорад.

  Зарурати ташаккул додани марказҳои ҷавонон дар кишвар пеш аз ҳама ба ҷавон будани Тоҷикистон аз нигоҳи аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Чун ҷавонон зиёданд барои онҳо ҷиҳати тарбияи комил ва мусоидат ба худташаккулёбӣ ва худамалигардӣ фароҳам овардани шароити мусоид зарурат пайдо мекунад. Бахусус масъалаи машғул гардонидани ҷавонон ба такмили дониш, малака, касбомӯзӣ, эҷодкорӣ, ташкили фароғат, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғайра мувофиқи мақсад мебошад.

  Дар ҷумҳурӣ тибқи омори соҳавӣ айни замон 53 марказҳои ҷавонон дар ду шакл, шахси ҳуқуқӣ ва бе мақоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла 9 марказҳои ҷавонон шахси ҳуқуқӣ буда, дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ ва муассисаи давлатӣ фаъолият карда истодаанд.

  Тибқи таҳлилҳои мавҷуда дар соли 2013 тавассути 11 марказҳои амалкунандаи ҷавонон 130 ҳазор нафар бо хизматрасонӣ фаро гирифта шуданд, ки 9,3%-и ҷавонони бешуғлро ташкил медиҳад. Аз ин ҷо бармеояд, ки як маркази ҷавонон тавоноии дар як сол/рӯз таъмин намудани 11800/32 нафарро бо хизматрасонии алоқоманд дорад.  Албатта, дар ҳоле, ки дар як ноҳия даҳҳо ҳазор (дар шаҳру ноҳияҳои калон садҳо ҳазор) ҷавонон зиндагӣ мекунанд, барои як марказ фарогирии 32 нафар дар як рӯз хело кам мебошад, вале бо расидан ба ҳамин нишондиҳанда низ (дар сатҳи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо) мо метавонем сатҳи шуғлмандии ҷавонони кишварро хело афзун гардонем. 

  Ҳамин тариқ, дар сурати зиёд намудани теъдоди марказҳои ҷавонон, аз ҷумла дар сурати расонидани шумораи онҳо ба 68 адад (яъне, ба ҳар як ноҳия як адад) сатҳи шуғлмандии ҷавонон то 7 маротиба баланд гардида, мувофиқан сатҳи бешуғлӣ кам мегардад. Инчунин, агар ин тамоюли нек то ба сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рушд дода шуда, ба 427 адад расонида шавад, пас дар як рӯз 13,6 ҳазор ҷавонон бо шуғли гуногун фаро гирифта шуда, аз рафтору кирдорҳои номатлуб эмин мемонанд. Дар баробари ин, сатҳи маърифатнокӣ ва малакаҳои ҳаётии ҷавонон зиёд мегардад, ки ин нишондиҳанда барои кишвари ҷавон ва тозаистиқлоли мо хело муҳим мебошад.

  Дар воқеъ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмини таълиму маърифати сифатнок ва муассирро барои ҷавонон тақозо менамояд. Дар ҷаҳони муосир бисёр механизмҳое ташаккул ёфтаанд, ки дар ин самт рӯи кор қарор доранд. Бахсус системаи маориф, ки дар як рӯз ҳудудан 3-4 соат бо шахси ҷавон бевосита кор мекунад ва таълим медиҳад. Вале, чун дунёи шахси ҷавон бо назардошти нерӯи зеҳниву ҷисмонии ӯ серталаб мебошад, ӯ доимо дар ҷустуҷӯй ва ҳаракат аст. Яъне, машғул гардонидани шахси ҷавон дар як рӯз то 3 соат талаботи воқеии ӯро қонеъ намегардонад ва зарур аст, ки ин ҷойи холигии рӯзмара пур карда шавад, то ин ки барои беҳудагардӣ, оворагардӣ ва корҳои ношоям имкон пайдо нагардад.

  Дар баробари ин, вобаста ба талаботи таҳсилоти муосир ва бозори меҳнат таълимоти мактабӣ ба шахси ҷавон кифоягӣ намекунад. Имрӯз ҳар як шахси ҷавонро зарур аст, ки ҳанӯз аз хурдсолӣ малакаи кор бо дастгоҳҳои компютерӣ ва шабакаи интернетиро дошта бошад, забони русӣ ва ё англисиро донад ва гузашта аз ин, аллакай касб ва ихтисоси худро интихоб карда бошад – ҳамин аст, талаботӣ воқеӣ барои шахси ҷавони муосир.

  Ҳамчунин, боиси зикр аст, ки фарди ҷавон аз таълим дида, бештар ба фароғат ва даву тоз майлу рағбат дорад. Ин маънои онро надорад, ки ҳаёти ҷавононро рангин ва пур аз фароғат намоем, вале зарур аст, ки тавозуни таълиму тарбия ва мустақилият (интихоби озодонаи шауғлмандӣ), аз ҷумла фароғати шахси ҷавон таъмин карда шавад, то ин ки ӯ камолоти пурра бинад. Дар ҳамин асно олими амрикоӣ Стэнли Холл ҳануз аввали асри XX гуфта буд: «Писарбача бе майдончаи бозӣ ба монанди падар бе ҷойи кор аст» [7, с. 43]. Яъне, барои шахси наврас аз машғул будан ба донишу кори хона, кӯчагардиву фароғат авлотар мебошад.

  Дар шароити Тоҷикистон дар баробари сохтмони марказҳо истифода бурдани биноҳои бекорхобида низ имконпазир мебошад. Чунин биноҳо бо назардошти танзими муносибатҳои иқтисодӣ ҳамеша ёфт мегарданд. Барои мисол, дар Ҷумуҳурии халқии Хитой, ки кишвари пешрафта аст, истифодаи биноҳои заводу фабрикаҳои муфлисгардида дар шакли маркази омӯзишу омодасозии ҷавонон ба риштаҳои гуногуни касбу ихтисосмандӣ ташаббус карда шудааст. Дар солҳои пеш бошад, дар кишвар бо ин мақсад хонаҳои пионерон, марказҳои техникони ҷавон ва ғайра фаъолият мекарданд ва нақши муайяни худро дар байни ҷавонон доштанд.

  Ҳамин тариқ, дар раванди рушди имкониятҳо дар роҳи шуғлмандии ҷавонон ва бо дарназардошти шароити иқтисодии ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки бо ҷалби доираи васеи соҳибкорон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсиси марказҳои гуногуншакли ҷавонон бо хизматрасонии мухталиф ва муҳим барои ҷавонон (ба таври бемузд ва дастрасу имтиёзнок) ба роҳ монда шаванд. Зеро дар айни замон шакл ва сохтори ташкилии марказҳо муҳим намебошад, зарур он аст, ки ҳарчи теъдоди зиёди ҷавонон ба шуғлҳои гуногун ва муносиб фаро гирифта шаванд, то ин ки сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии онҳо баланд гардида, ба падидаҳои номатлуб ва тазодҳои ҷомеаи муосир муқовимат карда тавонанд.

Фаъолияти бонизоми ташкилотҳои кор бо ҷавонон

  Чӣ тавре дар боло маълумот дода шуд, яке аз мақомоти масъул ва серҳаракати бахши идеологӣ ин мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мебошад.

  Мутобиқи салоҳият ва ӯҳдадориҳо мақомоти мазкур дар кишвар яке аз низомҳои пурқудрати талқинкунандаи идеологияи давлатӣ маҳсуб мегардад. Вале, мутаассифона бинобар сабабу омилҳои зиёди субъективию объективӣ ин мақомот мавқеи хосаи худро дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон то ҳол ишғол накардааст.

  Аз ин рӯ, дар поён баъзе аз сабабу омилҳои эҷодкунандаи монеа ба фаъолияти ин мақомот мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 

  • Касбикунонии соҳаи кор бо ҷавонон

  Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун соҳаи муҳимми ҷомеа ҳануз аз рӯзҳои аввали бадастории истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфта, то имрӯз, ки 23 сол сипарӣ гардид, нақши худро то андозае иҷро карда истодааст. Дар ҳамин асно, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст, ки албатта ин натиҷаи ғамхориҳои падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.

  Қадамҳои нахустин дар ин росто, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (1992), баъдтар дар таҳрири нав «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (2004) мебошад, ки мафҳумҳои «хизматчии давлатии амалисозандаи сиёсати давлатии ҷавонон», «бозомӯзӣ» ва «такмили ихтисос»-ро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, дар Қонуни мазкур омадааст: «мақомоти ваколатдори давлатӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиеро, ки сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ мегардонанд, ташкил ва таъмин менамояд». Вале боиси таассуф аст, ки ин муқаррарот то ҳануз татбиқи амалии худро наёфтааст. То имрӯз, фаъолияти мӯътадили мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавононро 18 сол сипарӣ мешавад, садҳо хизматчиёни давлатӣ ва ҳазорҳо «мутахассисони» кор бо ҷавонон дар соҳа ва ин самти фаъолият кор мекунанд, вале чунин як ихтисос ва ё касб бо унвони «кор бо ҷавонон», чӣ тавре дар Қонуни соҳавӣ оварда шудааст, дар амал вуҷуд надорад. Яъне, корманди соҳаи кор бо ҷавонон метавонад омӯзгор бошад, метавонад психолог, математик, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва ё агроном. Дар кишвар ин соҳа ва ё самти фаъолиятро кормандони кор бо ҷавонон, ки соҳиби ихтисосу касбҳои гуногун мебошанд, пеш бурда истодаанд ва дар қонунгузорӣ низ дар ин бобат (касбикунонӣ) ягон талаботи махсус муайян нагардидааст (ба ҷузъ таҷрибаи хизмати давлатӣ). Аз ин рӯ, наметавон кормандони соҳаи кор бо ҷавононро мутахассис ва ё соҳибкасб ном гирифт.

  Яке аз сабабҳои асосии камсифатӣ ва таъсирбахш набудани чорабиниҳои идеологӣ маҳз аз ҳамин вазъият, яъне, дар кишвар вуҷуд надоштани механизми омӯзиш ва омодасозии касб ва ё ихтисоси «кор бо ҷавонон» манша мегирад.

  • Институтҳои таҳқиқотӣ ва касбомӯзӣ

  Дар қисми зиёди кишварҳои дуру наздик ин самти фаъолият соҳиби касбу ихтисосҳо ва низоми муайяни такмили ихтисос мебошад. Мисол, дар Федератсияи Россия дар заминаи донишгоҳҳои олии касбӣ институтҳои сиёсати ҷавонон амал мекнунанд ва барои соҳа ба хоҳишмандон ва кормандони соҳа касби «кор бо ҷавонон»-ро меомӯзонанд, ҳамзамон барномаҳои такмили малакаи касбиро амалӣ менамоянд. 

  Аз ин рӯ, бо мақсади таҳкими заминаи кадрии соҳаи кор бо ҷавонон, инчунин тақвият бахшидани низоми амалисозии чорабиниҳои идеологӣ хуб мебуд, агар фаъолияти кор бо ҷавонон ҳамчун касб ва ё ихтисос пазируфта мешуд ва барои соҳа низом ва ё инфрасохтори омодасозии касбӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили касбӣ ташаккул дода мешуд.

  Ҳамчунин, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва расидан ба ҳадафҳои стратегии иҷтимоии давлату ҳукумат ташаккули заминаи илмию амалӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон ба мақсад мувофиқ мебошад.

  • Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) ивазкунандаи комсомол

  Тарбияи беруназдарсии хонанда/наврас яке аз василаҳои муҳим ва устувори омодасозии идеологии шахс маҳсуб мегардад. Дар ин зина, инсон на танҳо тарбия мегирад, балки бо нуқтаҳои муҳимми масъулияти ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ба воя мерасад, зимнан ба шахси аз нигоҳи сиёсӣ обутобёфта табдил меёбад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чунин як низом таҷрибаи андӯхтаи ҷаҳонӣ буда, онро Иттифоқи умумишуравии коммунистии ҷавонон идора мекард ва имрӯз низ дар ҷумҳурӣ ҳазорон нафар шахсони баруманд ва хизматчиёни давлатӣ дастпарварони ин низом/мактаб мебошанд, ва аз пуриқтидор будани он дар гузашта пайваста ҳарф мезананд.

  Дар шароити муосир бошад, ки кишвари мо соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр гаштааст, мебояд низоми хоси тарбияи сиёсии ҷавононро дошта бошем. Имрӯз ин низом зери мафҳуми «сиёсати давлатии ҷавонон» дар амал қарор дорад, вале айни муддаост, ки он пуриқтидор мегардид ва ба мактаби омодасозии кадрӣ ва шахсони обутобёфтаи идеологӣ табдил дода мешуд.

  Айни замон дар ҷумҳурӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият дорад, ки аз рӯи вазифаҳо ва масъулият метавонад бо тамом ивазкунандаи мактаби «комсомол»-и собиқ бошад.

  Дар ҳамин асно ва бо дарназардошти заминаҳои қонунгузории кишвар дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «3» июни соли 2006, №228 тасдиқ шудааст) омдааст: «Такмил ва азнавсозии ҳаракатҳои хонандагон ва донишҷӯён дар заминаи муассисаҳои таълимӣ тавассути ташаккули ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва волонтёрӣ аз манфиат холӣ нест. Бояд идора ва ҳамоҳангсозии системаи тарбиявии наврасон ва ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон вобаста карда шавад, чун айни замон бинобар сабаби ҷой доштани манфиатпазирии дохилиидоравӣ ин система дар ҳоли танназулёбӣ қарор дорад. Дар даврони Шӯравӣ вобаста гардидани ташкилоти пионерӣ ба ташкилоти комсомолӣ низ бо ҳамин мақсад буд.».

  Ҳамин тариқ, бо мақсади таҳкими фаъолият ва тарбияи бонизоми насли наврас васеъ гардонидани имконоти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ба он вогузор кардани (ваколати ҳуқуқии) тарбияи беруназсинфии хонандагони зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11), таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (донишҷӯён) ба мақсад мувофиқ мебошад.

  Ҳамин тариқ, бо дарназардошти таҳлилу омӯзишҳои дар боло овардашуда ва бо мақсади таҳкими заминаҳо дар самти баланд бардоштани маърифати идеологии шаҳрвандони ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, пос доштани сулҳу субот, таъриху тамаддуни миллӣ, ҳамчунин талқини бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ниҳоди ин қишри ҷомеа ва ба ин васила муқовимати бонизом ба падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, ҷинояткорӣ, хурофоту бегонапарастӣ тавсияҳои зерин барои истифодаи васеъ манзур мегарданд:

  • Муайян намудани бахши идеологӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки фаъолият дар самти рушди рукнҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳурӣ тақозои ҷомеаи имрӯза маҳсуб мегардад;
  • Ташаккули низом ва ё системаи устувори амалисозӣ, идора ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои идеологӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ва роҳу усулҳои босамар ва муосири фаъолият, аз ҷумла истифодаи Модели ташкили чорабиниҳои идеологӣ (ниг. ба http://miraliev.com/2015/06/30) ба мақсад мувофиқ мебошад;
  • Маблағгузории мунтазам ва бонизоми амалҳо ва чорабиниҳои идеологӣ тавассути мақомоти дахлдори давлатӣ ва институҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ самаранокӣ ва таъсирбахшии тадбирҳоро дар самти талқини идеологияи давлатӣ (сиёсӣ) дар ниҳоди шаҳрвандон, бахусус насли ҷавони ҷумҳурӣ таъмин менамояд;
  • Мунтазам баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва тарғиботии идеологӣ ба баланд гардидани сатҳи дониш ва маълумотнокии ҷомеа ва ҷавонон оид ба сиёсати давлатӣ ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ метавонад боис гардад (ниг. ба http://miraliev.com/2015/06/30/)
  • Истифодаи роҳу усулҳои муосир ва бонизоми амалисозии чорабиниҳои идеологӣ, аз ҷумла банақшагирӣ, татбиқ, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ метавонад сифат, самара ва таъсирбахшии онҳоро таъмин созад (ниг. ба http://miraliev.com/2015/06/30);
  • Пурзур гардонидани низоми таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатии бахши идеологӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила ва оид ба корҳои дин, ҳамчунин дар сатҳи мақомоти иҷроияии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақсад мувофиқ мебошад;
  • Дар шароити демократикунонии ҷомеа таъмини иштироки фаъоли институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои кор бо ҷавонон дар амалисозии чорабиниҳои идеологӣ тавассути фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад;
  • Таҳкими ҳамкории байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бартарафсозии мушкилоти ҳаётии шаҳрвандон дар маҳал ва фаъол гардонидани онҳо барои иштирок дар тадбирҳои ҷамъиятию оммавӣ ва ба ин васила маълумотнок сохтани ин қишри ҷомеа оид ба идеология давлатӣ аз амалҳои саривақтӣ ба ҳисоб меравад;
  • Ташаккули инфрасохтори (заминаҳои) илмию таҳқиқотӣ ва омодасозии касбӣ ва ё ихтисосии кадрҳои (кормандони) соҳаҳои иҷтимоӣ, кор бо занон ва оила ва кор бо ҷавонон метавонад ба таҳкими низоми фаъолияти идеологии сохторҳои дахлдор ва самаранокии амалҳо ва хизматрасониҳо боис гардад;
  • Таҳкими механизми ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар банақшагирӣ ва амалисозии чорабиниҳои идеологӣ бо истифода аз воситаҳои муосири таблиғотӣ шароити хуби фаъолиятро фароҳам меорад;
  • Ба роҳ мондани фаъолияти бонизоми ВАО, бахусус шабакаҳои радоӣ ва телевизионӣ дар самти таблиғи идеологияи солим бомаром маҳсуб мегардад;
  • Ҷалби олимон ва сафарбар сохтани онҳо барои анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҳамзамон мунтазам хондани маърӯзаҳо дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон атрофи масъалаҳои марбут ба тарғиб ва таъмини идеологияи солим дар ҷомеа ба манфиат мебошад;
  • Мунтазам омода ва сафарбар сохтани ходимони динӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботии хусусияти тарбиявии динӣ дошта, дар ҳамгироӣ бо идеологияи дунявӣ ва давлатӣ ҳамчун тақозои ҷомеа саривақтӣ маҳсуб мегардад;
  • Бо мақсади таҳкими фаъолият ва тарбияи бонизоми насли наврас васеъ гардонидани имконоти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ба он вогузор кардани (ваколати ҳуқуқии) тарбияи беруназсинфии хонандагони зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11), таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (донишҷӯён) ба мақсад мувофиқ мебошад.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода

Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №3 (239)

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Адабиётҳо:

  1. Қ.Миралиев. Президент ва ҷавонон/Дастури иттилоотию амалӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардиданд.// ҶДММ «Тараққиёт 2013 – Душанбе, 2013. – 55 с.
  2. https://ru.wikipedia.org/wiki
  3. http://president.tj/node/65
  4. Ҳисоботи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар соли 2014. – Душанбе, 2014. – 22 с.
  5. В.Т.Лисовский. Мақола/Тағйиротҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон.–СПб, - 25 с. (бо забони русӣ)
  6. Бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, 2013. – 234 с.
  7. Стэнли Холл. Ҷавонон ва таҳсилот, тарзи ҳаёт ва гигиенаи онҳо. – Массачусетс, ИМА, 1904.- 168 с. (бо забони англисӣ)

Хондан 1362 маротиба