JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 23 Июни 2021 05:00

Бозгардонии фирориёни иҷбории тоҷик ба Ватан–дастоварди муҳимми даврони Истиқлолият

Муаллиф: Сангинов Нарзулло

Ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар сафҳаи  таърих сабт шудааст, ки яке  аз масъалаҳои асосии  дар  Иҷлосияи   таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида, ба Ватан  бозгардонидани  фирориёни иҷбории тоҷик аз кишварҳои  дуру наздик, хусусан  Афғонистон  буд. Дар мақолаи мазкур кӯшиш кардам, ки ба ҳайси яке аз иштирокчиёни ҷараёни  бозгардонии фирориёни  иҷбории  тоҷик  аз Кампи Сахии  Афғонистон  соли 1993 дар ҳайати аввалин Гурӯҳи кории Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баъзе  хотираҳои хешро  ба  риштаи   таҳрир  дарорам. Он солҳо, банда афсари  мақомоти  амнияти  кишвар  будам. Бо  сабаби  мушкилии  вазъияти сиёсӣ – низомии  Тоҷикистон  ва  Афғонистон,  носуботиву  ноамниҳо  дар  ин  кишварҳо,  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷрои ин  вазифа,  яъне  бозгардонии фирориёни  иҷбории  тоҷикро  аз Афғонистон ба  зиммаи мақомоти  амниятии ҷумҳурӣ,  ки роҳбарии  онро  он  солҳо  Зуҳуров Сайдамир Зуҳурович ба  уҳда  доштанд,  вогузор  намуда  буд.

  Дар  изҳороти  аз  20  ноябри  соли 1992  қабулкардаи  Иҷлосияи  мазкур,  аз  ҳамаи  фирориёни иҷборӣ  даъват  гардид, ки ба ватан, деҳа ва маҳаллаи худ баргарданд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ, Раиси  тозаинтихоби он - Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  Миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон   дар аввалин  суханронии  худ  чунин  қайд карда  буданд: «Ба  хотири  истиқрори сулҳи  пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён  ба  ватан  ман  тайёр  ҳастам, ки  ҷонамро  қурбон  созам».

  Ба ақидаи  банда, он замон на ҳар кас чунин масъулияти  сангинро  ба дӯш  мегирифт. Чунки  вазъияти  дохилии кишвар   бисёр муташанниҷ  буд. Аз ҳама  гӯшаю канор  садои  тиру гулула шунида мешуд. Мамлакат  дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор  дошт.  Ояндаи  кишвар  номуайян буд. Абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ аз ин вазъият истифода  карда, дар  атрофи  ҷумҳурии  ҷавон  «бозиҳо» - и  худро  оғоз карда буданд. То  ба  имзо  расидани Созишномаи  истиқрори сулҳи умумӣ ва ризоияти  миллӣ,  панҷ  соли  дигари  ҷанги бародаркуш  дар  пеш  буд.

  Аз  рӯи  мантиқ,  ба  ватан  баргардонии  фирориён  танҳо  баъд  аз бастани сулҳ бояд сурат гирад. Вале Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  танҳо  дар фикри  наҷот  додани  миллат  буданд. Имрӯз  ҳама  шоҳиди  он ҳастем, ки  бо  дурандешии  худ он кас ба ваъда вафо  карда,  миллати  тоҷикро  аз  вартаи  нобудӣ   наҷот  доданд. Бинобар ин,  ба  ақидаи  банда, ин  яке аз дастовардҳои муҳимми даврони Истиқлолият  ба  шумор  меравад.

  Ба мақсади  иҷрои  супориши  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аввалин Гурӯҳи кории  шашнафара аз ҳисоби кормандони мақомоти амниятии  кишвар Маҳкамов Фарҳод  Ҳамробоевич – роҳбари  Гурӯҳи  корӣ, Айниев  Абдусаттор ва муаллифи ин сатрҳо Сангинов Нарзулло, инчунин намояндаи Ҷамъияти  «Пайванд»  Бӯрихонов  Баҳодур, кормандони  телевизион ва радио, журналист Мустафоқулов  Шералӣ  ва  оператор Ғайбуллоев  Анвар ташкил  гардид.

  Имрӯз дар  қатори мо се нафар: роҳбари  Гурӯҳ, чекист ва дипломати  варзидаи  тоҷик Маҳкамов  Фарҳод  Ҳамробоевич, Бӯрихонов Баҳодур  ва Ғайбуллоев  Анвар, ки  бо  сабаби  беморӣ  аз  олам  чашм  пӯшиданд, намебошанд. Бигзор  руҳи  ҳарсеяшон  ҳамеша  шод  бошаду  қабрашон  пурнур.

   Назар ба  маълумоти  ҳамон замон дар ихтиёрбудаи  расмӣ ва ғайрирасмӣ,  фирори шаҳрвандони  тоҷик  ба Афғонистон аз  ҳама  қисматҳои  хатти  сарҳадии байни  кишварҳоямон  вуҷуддошта, яъне аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  сар  карда,  то Шаҳритӯсу  Қубодиён сурат  гирифт. Аз  хатти  марзии бо  ноҳияҳои  Қубодиён  ва Шаҳритӯс  пайваста  бошад,  тоҷикон  асосан ба  вилоятҳои  Қундуз  ва Балх  фирор  карда  буданд. Беш  аз  30 ҳазори  онҳо  ба вилояти Балх  гурехта,  дар  минтақаи  ба  ном  Дашти  морон  (байни шаҳрҳои Мазори  Шариф  ва  Хайратон)  паноҳ ёфта  буданд.  Тавассути Комиссариати  Созмони Милали Муттаҳид  оид  ба  фирориён  дар  ин  ҷо  урдугоҳи  калонтарин  таъсис  дода шуд,  ки  дар  таърих бо  номи  Кампи  Сахӣ   машҳур  гардидааст.

  Дар чорабинии бозгардонии фирориёни иҷборӣ, махсусан хизмати роҳбари  Гурӯҳ Маҳкамов Ф.Ҳ. арзандатар  мебошад. Ин  кас  дар  замони  пойдории  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муддати  тӯлонӣ  дар  Сафоратхонаи Иттиҳоди  Шӯравӣ дар Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон  дар  вазифаҳои мухталифи   дипломатӣ  ифои  вазифа  намуда,  тавонистанд раванди  вазъияти  сиёсӣ – низомии ин  кишварро  хуб омӯзанд ва  онро дуруст арзёбӣ  кунанд. Илова ба ин, бо мақомоти баландпояи  афғонии  он  замон  сари  қудратбуда, инчунин баъзе  роҳбарони  ҳизбу  ҳаракатҳои ҷиҳодӣ, аз  қабили Аҳмадшоҳи  Масъуд (Ҷамъияти Исломии Афғонистон), Абдурашид  Дӯстум (Ҷунбиши Исломии  Миллии  Афғонистон)  ва  амсоли инҳо робитаҳои  хуби  дӯстона  доштанд.

  Маҳорати  баланди  касбӣ  ва  дипломатӣ, дониши  хуби забони дарӣ, таъриху  ҷуғрофиёи Афғонистон  ба Маҳкамов  Ф.  Ҳ.   имконият  медод, ки  худро дар байни  қишри  гуногунманотиқи  Афғонистон  озодона  ҳис  кунанд. Маҳкамов Ф. Ҳ. баъд  аз  фурӯпошии  Иттиҳоди  Шӯравӣ  охири  соли 1991 аз  сафари  хизматии  Афғонистон   ба  ватан  баргашта, ба ҳайси  роҳбари  яке  аз  раёсатҳои калидии  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  Чумҳурии  Тоҷикистон  таъин  гардиданд. Вазъияти  мушкили  ҷумҳуриамонро  вобаста  ба  фирориёни  тоҷик  дарк  намуда,  пешниҳод  карданд, ки  барои баргардонидани онҳо  аз  Афғонистон  аз ҳисоби  кормандони  амният, вазорату  идораҳои  дахлдори  дигар,  Гурӯҳи  кории  махсуси  ҳукуматӣ   таъсис  дода шавад.

  Дар он  шароити вазнини сиёсиву  низомии Афғонистон ҳар  кас ҷуръат ё  кӯшиш намекард, ки худро  ба  оташи  ҷанг  дар  кишвари  бегона партояду  фирориёнро  ба  ватан баргардонад. Аммо Маҳкамов Ф.Ҳ. аз  он  одамҳои тарсу  набуданд. Хамчун ватандӯсту ватанпарвари  воқеъӣ  барои  роҳбарии  ин  гурӯҳро  ба  уҳда  гирифтан  розигии  худро  доданд.

  Ба  Гурӯҳи  корӣ  ваколати  ҳукуматӣ  дода  шуд  ва  4  феврали  соли  1993 он   озими  Афғонистон  гардид. Худи  ҳамон  рӯз  аз  тариқи  бандари Хайратони   Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  вориди  шаҳри  Мазори  Шарифи  вилояти  Балх   гардидем. Бояд  ёдовар  шавам, ки он замон мақомоти расмӣ ва  қудратии  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон нисбати  Гурӯҳи  корӣ  муносибати хуб  доштанд.  Онҳо   ин  иқдоми Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  оид  ба  баргардонидани фирориёни иҷбории тоҷик ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои аъзои Гурӯҳи корӣ тамоми  шароити лозимаро муҳайё карданд. Аз ҷумла, хатти сарҳадии Ӯзбекистону  Афғонистон  дар  минтақаи убури  он аз  тариқи  Айритом (Ӯзбекистон) - Хайратон (Афғонистон)  барои  Гурӯҳи  корӣ  бемаҳдуд   боз  буд. Ин  имконият  медод, ки  оид  ба  раванди вазъият дар  Кампи  Сахӣ, дархосту талаботи фирориён ба роҳбарияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оҷилан  иттилооти  дахлдор  расонида  шавад.      

  Он солҳо вилояти  Балхи Афғонистон  зери нуфузи  Ҷунбиши  Миллии  Исломии  Афғонистон  таҳти  раҳбарии генерал  Абдурашид  Дӯстум  қарор  дошт.  Ҳукумати  марказии Афғонистонро бошад, Президент  Бурҳониддин  Раббонӣ – асосгузори Ҷамъияти  Исломии  Афғонистон  идора  мекард. Ҳайати  мо  дар  меҳмонхонаи шахсии тоҷири  шинохтаи  афғон  Расули  Барот, ки яке аз дӯстони  Маҳкамов Ф. Ҳ. буд, ҷой  гирифт. Бехатарии Гурӯҳи кориро дар  меҳмонхонаи  мазкур неруҳои амниятии Ҷунбиши Миллии  Исломии  Афғонистон,  таъмин мекард.

  Хотирнишон бояд  кард, ки  ин ташрифи  дуюми  банда   ба  шаҳри  Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон ба ҳисоб  мерафт. Аввалин  маротиба баъд аз хатми шуъбаи забони форсии факултаи  шарқшиносии Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба  номи В.И.Ленин, тайи  солҳои 1975 – 1978  ба  ҳайси  тарҷумони забони дарӣ дар  корхонаи истеҳсоли нуриҳои  минералӣ  ва  барқи шаҳри  Мазори Шариф, ки бо номи «Фобрикоти куду  барқ»  ёд  мешуд,  кор  карда  будам.

  Дар ин муддат  шаҳри  Мазори Шариф  ҳеҷ   тағйир  наёфта  буд.  Кӯчаву  хиёбон,  манзилҳои истиқоматии  куҳна, мағозаву  дӯконҳои  бешумор, рангу  намуди  худро  тамоман  дигар  накарда  буданд. Мисли  собиқ аз  чор  тараф  мусиқии ҳиндӣ, оҳангҳои  Аҳмад  Зоҳир, Гугуш  ва  ғайра садо медоданд. Дар баробари мошинҳои гуногунтамға, роҳи мошингард  пури аробакашҳо буд. Доимо  садои сигнали  мошинҳо  баланд  буд, то ки  мардум  ва  аробакашҳоро  аз  сари  роҳи  худ  дур  кунанд.

  Ягона  навигарии  чашмрас - ин зиёд шудани  шумораи  аҳолӣ, аз ҷумла,  аз  ҳисоби фирориёни  тоҷик  буд. 18  сол  қабл ҳамагӣ  даҳ  ё  бист  нафар  шаҳрванди  тоҷик дар корхонаҳои  мухталифи  саноатии вилоятҳои шимолии  Афғонистон  (Балх, Шибирғон, Қундуз ва ғайра),  ки аз тарафи Иттиҳоди  Шӯравии  собиқ  сохта  мешуд, ба  ҳайси  тарҷумони  забонҳои  форсӣ – дарӣ кору иқомат  доштанд.  Соли  1993  бошад, ба  аҳолии ҳамонвақтаи вилояти  Балх  боз   зиёда  аз  30 ҳазор  фирории иҷбории тоҷик  илова  гардид.  Онҳо  дар  ҳар  қадами шаҳри  Мазори  Шариф – бозор, дӯкон  ва  хиёбонҳо  ба  чашм  мехӯрданд.

  Раванди вазъияти дохилии  Афғонистон он замон хеле  мураккабу  муташанниҷ  арзёбӣ  мешуд. Соли  1992,  яъне  баъд  аз  се  соли  хуруҷи артиши  Иттиҳоди  Шӯравии  собиқ,  ба  ҳукмронии  Президенти  Афғонистон - доктор  Наҷибулло  хотима   дода  шуд. Давлатро ҳизбу  ҳаракатҳои ба  ном «панҷгона»  ва «ҳафтгона» - и  муҷоҳидон ба  даст  гирифтанд. Тибқи тафоҳуми  байни  онҳо  суратгирифта, роҳбарони ҳизбу  ҳаракатҳои  номбурда ҳукумати  муваққатии  интиқолии  Афғонистонро  ташкил  дода, ба  навбат ба он роҳбарӣ  мекарданд. Соли  1993 ба давраи ҳукмронии  Бурҳониддин Раббонӣ  ба ҳайси  Раиси Ҷумҳури Афғонистон,  Гулбиддини  Ҳикмаёр – Сарвазири Афғонистон  ва  Аҳмадшоҳи  Масъуд – вазири  мудофиаи Афғонистон рост омад. 

  Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳамчун саркардагони тоҷикони Афғонистон, нисбати  сарнавишти   фирориёни иҷбории тоҷик бетафовут  набуданд. Онҳо ҷонибдор буданд, ки тамоми фирориён дубора ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргардонида  шаванд. Бо дастури  онҳо генерал Муъмин қумондони дивизияи 70 – уми «Ҷамъияти Исломии Афғонистон», ки дар шаҳри  Хайратони вилояти  Балх истиқрор  дошт,  ҳамчун  мутасаддии  баргашти  фирориёни  Кампи  Сахӣ  таъин  гардида  буд. Ба  ин  мақсад  Гурӯҳи  корӣ тамоми  чорабиниҳои дахлдорро  бо  ӯ ва Абдурашид  Дӯстум  ҳамоҳанг  мекард. Назар  ба  нақли фирориёни  тоҷик,  ҳангоми убур  аз  хати  сарҳад,  дар  қаламрави  Афғонистон яке аз  аввалин  шахсони онҳоро пешвозгирифта  ин маҳз генерал  Муъмин  буд. То  замони  интиқоли онҳо  ба  Кампи  Сахӣ сарбозон ва  афсарони ӯ  амнияти фирориёнро  дар  минтақаи  марзӣ  гирифта  буданд. 

  Як  рӯз  баъд  аз  расидан  ба  Мазори  Шариф,   Гурӯҳи  корӣ  кӯшиш  кард, ки  бо  муҳоҷирон   дар  Кампи  Сахӣ   вохӯрӣ   гузаронад. Аммо роҳбарияти  урдугоҳ,  ки  ба  он  сардорони хоҷагиҳои  деҳконӣ ва  қавмҳо  шомил  буданд,  аз  ин  вохӯрӣ  даст  кашиданд. Танҳо  баъд  аз  миёнҷигарии  намояндагии  Комиссариати  Созмони Милали Муттаҳид  оид   ба  гурезагон   вохӯрии  якуми  Гуруҳи  корӣ бо  роҳбарияти  Кампи  Сахӣ  дар  қароргоҳи  ин  Комиссариат  баргузор  шуд. Вохӯрӣ  вазнин  гузашт. Роҳбарияти фирориён  хеле  эҳсосотӣ  буда,  ҳукуматро  дар ҳама  кор  айбдор  медонистанд. Вале  ба  сардори  Гурӯҳи  корӣ  Маҳкамов  Фарҳод Ҳамробоевич муяссар  гардид,  ки  бо  лаҳни  орому  фасеҳ   мавқеи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   ҳифз  намояд.  Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки фирориёни Кампи Сахӣ қисми  ҷудонашавандаи  аҳолии  Тоҷикистон  мебошанд  ва   ба  Ватан  ҳатман  баргардонида  мешаванд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ин хусус  хеле  қатъӣ  мебошад. Баъд  аз  ин  вохӯрӣ  ба Гурӯҳи  корӣ  иҷозат  дода  шуд, ки  ба Кампи  Сахӣ  ташриф  оварда,  аз  наздик  аз  вазъияти  будубоши  фирориён  шинос  шавад.

  Дар навбати худ, лидерони мухолифин он замон дар  шаҳрҳои Қундузу Толиқон иқомат мекарданд ва  ҳукумати  интиқолии  худро  бо номи Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ) ташкил дода буданд. Ҷангиёни онҳо бошад, дар манотиқи наздисарҳадии Афғонистон ҷойгир шуда, ба ҷумҳурӣ таҳдид  мекарданд.  Эмиссарони  онҳо ба  урдугоҳҳои фирориён,  аз  ҷумла Кампи  Сахӣ  сафар  карда, ташвиқоти зиддиҳукуматии худро  пиёда мекарданд. Ҳамин  тариқ,  бошандагони Кампи  Сахӣ аз як тараф, зери таблиғоти   Гурӯҳи  корӣ, аз  тарафи  дигар, таҳти таъсири мухолифин қарор  доштанд.    

  Ба ин сабаб, рӯзҳои  аввал  фирориёни  тоҷик  аз  ҳайати  Гурӯҳи  корӣ ҳаросида, кӯшиш  мекарданд, ки дар  тамос  набошанд. Аммо  ба  тадриҷ  ин фосила  аз  байн  бурда  шуд. Аксарияти  онҳо, ки  баҳри  ҳифзи  худ  ва  наздиконашон  аз  ватан  фирор  карда  буданд,  бо  таассуф  зиндагии хушу хуррами замони  пешро  ёдоварӣ  мекарданд. Бо  итминони  комил изҳор медоштанд, ки  чунин  вазъият  дуру дароз  давом  нахоҳад  кард  ва  дар  ватани  азизашон  сулҳу  амният  барқарор мешаваду  онҳо  дубора  ба  хонаҳояшон  бармегарданд.            

  Аз  нигоҳи таъминоти озуқаворӣ фирориён ягон танқисӣ  надоштанд. Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба  гурезагон,  ҳамаҷониба онҳоро  бо  маводи  ғизоӣ  таъмин  мекард. Кор  то ҷое расида  буд, ки барои  гирифтани миқдори  зиёдтари маводи  қумакӣ  аз Комиссариати номбурда, фирориён шумораи оилаашонро аз  ҳисоби наздикон ё  хешу табори  дар ватанмонда, зиёдтар  нишон  медоданд. Чунин  ҳолат имконият  намедод, ки  миқдори  аниқи  фирориён  дар  урдугоҳи  Кампи  Сахӣ муайян  карда  шавад. Бинобар  ин, дар  ҳисоботи  оморӣ  рақамҳои  мухталиф оварда шудааст. Бо  ин  роҳ  онҳо қисми  даркории маводи  ғизоӣ – орд, равған, биринҷ  ва  ғайраро барои  истеъмоли  рӯзмарраашон  монда, зиёдатиашро ба  бозори  Мазори  Шариф  бурда  мефурӯхтанду  ба  ивазаш асъори  хориҷӣ  ё  сиккаҳои  тиллоӣ  пасандоз  мекарданд.

  Вале ҳолати  будубоши  онҳо хеле   сангин   буд. Аз гармиву сардӣ   онҳоро  фақат  заминканҳои  бо   хаймаҳои  кабуд   бомпӯшшуда   ҳифозат  мекард. Бо  мурури  замон як  қисми  фирориёни Кампи  Сахӣ  барои  иқомати  худ  хонаҳои  гилин  сохтанд.   

  Мушоҳидаҳои  баъдӣ, инчунин вохӯриҳои  зиёди Гурӯҳи  корӣ бо фирориён  нишон  дод, ки аксарияти  онҳо дар  кашмакашҳои  сиёсӣ,  умуман  даст  надоштаанд. Ба  хотири  ҳифзи  ҷони  худ  иҷборӣ  ватанро  тарк  кардаанду  азоби  беватаниро  мекашанд.  Аз ин лиҳоз,  ҳозир  буданд  ба  хонаҳои  худ  баргарданд.         

  Қисме  аз  гурезагон  мошинҳои  сабукрави  шахсиашон, инчунин  трактору  тележкаҳои хоҷагиҳои деҳкониро  ба  он  тарафи  марз  гузаронида  буданд.  Бо ин мошинҳои рақамҳои  давлатии  тоҷикии  ба вилояти  Хатлон тааллуқдошта, ки  серияҳои ХТА, ХТБ  доштанд, дар  қаламрави  вилояти  Балх  гаштугузор  мекарданд. Бо дидани  онҳо баъзан  эҳсос  мекардам, ки  гӯё  дар  вилояти  Хатлон  мебошам. Барои  ба  қаламрави  Афғонистон  интиқол  додани воситаҳои  нақлиёти  шахсӣ  ва давлатӣ, фирориён аз амадҳои аз  симчӯбҳои  барқӣ сохташуда,  истифода  карданд. Ба ин сабаб,  он замон дар  саросари қишлоқҳои  наздисарҳадии вилоят,  ягон  симчӯби  барқӣ намонда  буд. Илова  ба  ин, қочоқчиёни  афғон  бо  амаду  қаиқҳои хурдашон  дар  ивази  пули  нақд, мошину  соҳибонашонро  интиқол  медоданд.  Вале на  ба ҳама  муяссар  гардид, ки мошинҳояшонро  ба  он  тарафи  марз  гузаронанд. Аксарияти  фирориён нақлиёти худро дар  хатти  сарҳад  партофта  рафта  буданд. Он  замон  хати  марзии  убуркардаи фирориён дар ҳудуди заставаҳои 4  ва 5  ноҳияи  Қубодиён,  ба  қабристони  мошинҳо табдил ёфта  буд.  Дидани  он  манзара   хеле  риққатангез  буд.

  Ҳамзамон, зимни вохӯриҳо аз тарафи фирориён  шарту талаботи зиёд вобаста ба масъалаҳои авфи умум, таъмини  амнияти  баргаштагон, барқарор  кардани  хонаву  ҳавлиҳои  сӯзонидашуда  ва  ғайра  гузошта  мешуд. Ҳамаи  хостаҳои  фирориён  сари  вақт  ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  расонида  мешуд.

  Меҳмонхонаи  ба  номи Расули  Бароти  Мазори  Шариф -  маҳалли  иқомати ҳайати  Гурӯҳи корӣ,  ҳамарӯза  аз  субҳ  то  шом  бо  қабули  онҳо  машғул  буд.  Батадриҷ  эътимоди  мардум  нисбати  Гурӯҳи  корӣ,  махсусан  баъд  аз  бароварда  шудани аксарияти  хостаҳои  онҳо  аз  тарафи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  зиёд  шуд. Чорабиниҳои  тарғиботиву  ташвиқотии Гурӯҳи  корӣ натиҷаи  хуб  медоданд. Хоҳишмандон  барои  бозгаштан  ба   Ватан  рӯз  ба  рӯз  зиёд  мешуданд.

  Дар  яке  аз  нишастҳо  фирориён  пешниҳод  карданд, ки аз ҳисоби сардорони  қавмҳои  ноҳияҳои  Қубодиёну  Шаҳритӯс  гурӯҳи 10 – 15 - нафара  ташкил  гардад, то  онҳо   пешакӣ  рафта  аз  вазъияти  ноҳияҳояшон  аҳвол  бигиранд. Баъд  аз  мувофиқа  бо  марказ, охирҳои  марти  соли 1993  ин  гурӯҳ  тавассути  чархболи  неруи  ҳавоии  Ҷунбиши  Миллии Исломии  Афғонистон   аз  Мазори  Шариф  ба  Шерхон - бандар   интиқол  дода  шуд.  Дар  хатти  сарҳади  давлатӣ  онҳоро  намояндагони  Ҳукумати  Ҷумҳури  Тоҷикистон  таҳти  роҳбарии  Абдулмаҷид  Достиев  ва қумондони умумии фронти халқӣ Сангак Сафаров пешвоз  гирифтанд.  Сардорони  хоҷагиву қавмҳо  аз  вазъи  хонаҳояшон  шинос  шуданд. Намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаи таъмини  амнияти  фирориён   замонатҳо  доданд. 

  Баъд  аз  бозгашт  ба  Кампи  Сахӣ сардорони  қавму  хоҷагиҳо    мардумро  барои  рафтан  ба  Ватан  омода  карданд.  Чунин  ҳолат  шумораи  хоҳишмандонро  дучанд кард.  Гурӯҳи  корӣ  дар  мувофиқа   бо  Комиссариати  Созмони Милали Муттаҳид  оид  ба кор  бо  фирориён,  оғози   бозгардонии  фирориёнро   ба  моҳи  апрели  соли 1993  ба  нақша  гирифт. Аммо хабари кушта  шудани  қумондонҳои  фронти  халқӣ Сангак  Сафаров  ва  Файзалӣ  Саидов, якбора  ба рӯҳияи фирориён  таъсири  манфӣ  расонид. Онҳо вазъиятро  дар  кишвар  ноамн  эҳсос  карда, баргаштро  ба  муҳлати  дертар  монданд. Дар чунин шароит Гурӯҳи  корӣ,  маҷбур шуд, ки  корҳои  фаҳмондадиҳиро дар байни  онҳо ба  нафъи  ҳукумат,  тақвият  бахшад.

  Ба  ин  мақсад, моҳи апрели   ҳамон  сол  дар  шаҳри Хайратон  вохӯрии  роҳбарони қавму хоҷагиҳои  Кампи  Сахӣ бо  ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид. Дар ин  ҳайат вакили мардумӣ, раиси Кумитаи қонунгузории  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҳмонқул Атоев, муовини вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муҳиддин Мардонов  шомил  буданд. Дар рафти  вохӯрӣ  намояндагони ҳайати  ҳукуматӣ   ба  тамоми  саволҳои  фирориён  оид  ба барқароркунии  манзилҳои сӯхта, таъмин бо ҷои  кор ва замин, масъалаҳои таъмини амнияти  онҳо ва  ғайра ҷавобҳои  қаноатбахш  доданд. Ин вохӯрӣ ба рӯҳияи фирориён таъсири мусбат расонид. Онҳо фаҳмиданд, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  масъалаи  ба  ватан  овардани  онҳоро  ҷиддӣ  гирифтааст.     

  Вале баъд аз  чанде  дар  Кампи  Сахӣ   овозаҳое  паҳн  гардиданд, ки  дар Тоҷикистон депутатҳои Шӯрои Олӣ, раисони хоҷагиҳои калонтарини Қубодиёну  Шаҳритӯс  Талбак  Садриддинов  ва  Аҳлиддин  Афғонов  кушта  шудаанд.   Ҳайати  Гурӯҳи  корӣ  талош  кард,  ки  дурӯғ  будани  ин  овозаҳоро   фаҳмонад. Вале  мардум  боварӣ  надошт  ва  аз Гурӯҳи  корӣ талаб  карданд, ки  агар  зинда  бошанд онҳоро  ба  Кампи  Сахӣ  биёранд.  Роҳбари  Гурӯҳи  корӣ Маҳкамов Ф.Ҳ. тасмим гирифт, ки   депутатҳои  номбурдаро  ба  Кампи  Сахӣ  оварда, беасос  будани  овозаҳоро  исбот  намояд. Иҷрои  супориши овардани  раисон  ба  А. Айниев  ва  банда  вогузор  карда  шуд.

  Ҳар  ду  раис  он  вақт  дар  Душанбе   зиндагӣ  мекарданд. Рӯзи  муайян  кардашуда   онҳоро  бо  мошини   хизматии  ба  Гурӯҳи  корӣ  вобасташуда, ба Мазори Шариф  овардем. Вохӯрии раисон бо  фирориён  дар  варзишгоҳи Кампи  Сахӣ, ки  аз  тарафи  худи  онҳо   бунёд  гардида  буд,  баргузор шуд. Онҳо  ба  мардуми  худ  муроҷиат  карда,  ҳамаро барои бозгашт  ба Ватан  даъват  карданд. Бошандагони  Кампи  Сахӣ  боварӣ  надоштанд, ки  раисон зиндаанду  ба  дидори  онҳо  меоянд. Ин  вохӯрӣ    ҳамаашонро  ҳаяҷонӣ сохт. 

  Сафари  Талбак  Садриддинов  ва  Аҳлиддин  Афғонов  ба  маъракаи  бозгардонии   фирориён  як  такони  иловагии  мусбат  бахшид.  Шумораи   мерафтагиҳо  дубора  рӯ  ба  афзоиш  ниҳод. 22  майи  соли  1993,   рӯзи  оғози   баргашти  фирориён  эълон  карда шуд.  

  Рӯзи  муайянгардида аввалин  қатора  шомили  беш  аз  ҳазор  фирории  иҷборӣ аз  тариқи  бандари  Хайратон  ба  вилояти  Хатлон  раҳсипор  гардид.  Дар  тамоми масири ҳаракати  қатораҳо  аз  Хайратон  то  Шаҳритӯс  амнияти фирориён  гирифта  шуд.  Ба  ин  мақсад  даҳҳо кормандони  мақомоти  амниятии  кишвар бо  сардории  Назаров Ашур Утаевич (собиқадори  амният) сафарбар  гардида  буданд. Фирориён  аз  Кампи  Сахӣ  бо  мошинҳо ба  истгоҳи роҳи  оҳани  Хайратон интиқол  ёфта,  аз  он  ҷо   мустақиман ба вагонҳо савор  карда  мешуданд. Дар  навбати  худ  ҷониби  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон барои фирориён шароити  осони гумрукӣ  ва  сарҳадиро ҷорӣ  карда  буд. Қатораҳо  бе  мамониат  хати  марзро  мегузаштанд. 

  Оид  ба  рафти  ҷараёни  ба ватан бозгардонии  фирориёни  иҷборӣ  журналисти  ботаҷриба  Шералӣ  Мустафоқулов  якчанд барномаҳои телевизионӣ,  мақолаҳо  таҳия карда, дастраси  мардум  ва  ҷаҳониён  гардонидааст. Ӯ  нахустин   журналисте  мебошад,  ки   ба  ноамниҳо  нигоҳ  накарда нотарсона  филми  мустанади  таърихиро   аз  вазъияти Кампи Сахӣ, фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба бозгардонии фирориёни иҷборӣ наворбардорӣ кардааст. Филми мазкур   ҳамасола   дар  арафаи  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  нишон  дода  мешавад. Дар  асоси  он чанд  филми  мустанади  дигар  низ  таҳия  гардидааст.  Илова  ба  ин  бо  ташаббуси   ӯ, дар  радиои  тоҷик  барномаи  «Хоки  Ватан   аз  тахти  Сулаймон  беҳтар», ки  аз  хостаҳои  фирориён бармеомад, коркард  гардид. Баъд  аз  ин ба  номи  ин  барнома  ҳамарӯза  ба ихтиёри Гурӯҳи  корӣ  даҳҳо  нома  аз  фирориёни  Кампи  Сахӣ  мерасид. Ҳамаи онҳо ҷамъоварӣ  гардида,  ба Душанбе  ба  идораи  барномаи  мазкур ирсол  мешуданд.

  Fайр аз ин,  Шералӣ  Мустафоқулов як  силсила  мусоҳибаҳои  телевизионӣ  бо  гурезагони  ба Ватан  баргашта, вазъи  зиндагии  онҳо  ва ғайра ба  навор  гирифта,  аз тариқи  телевизион  пахш  кардааст.  То  имрӯз, ӯ аз  ҳаёти  фирориёни тоҷики соли 1993 аз Кампи Сахӣ  ба  ватанбаргашта  бохабар  аст. Ҳамасола  дар арафаи Рӯзи  Ваҳдати  миллӣ  дар  бораи  онҳо мақолаву барномаҳои телевизионӣ  омода  мекунад.

  Бо  талаби фирориёни тоҷик дар Кампи  Сахӣ  чанд  баландгӯякҳо  насб  карда  шуданд, ки  аз  тариқи  онҳо  ҳама  ин барномаро  мешуниданд.  Бо шунидани он  ҳисси  ватанпарварӣ  ва  майли  ба  ватан  баргаштани  фирориён  дубора  бедор  мешуд. Ҳамин  тариқ, алоқаи  фирориён  бо  Ватан  барқарор  гардид. Ба  ғайр  аз  ин,  дар  байни  фирориёни  тоҷик  маводи  зиёди  таблиғотӣ,  ки  аз  тарафи  ҷамъияти  тоҷикони  ҷаҳон  «Пайванд»  дар  шакли  лавҳаву  плакатҳо  зери  шиори «Мо барои васл  кардан  омадем»  таҳия  гардида  буд,  паҳн  карда  шуд. Ин  мавод   низ  дар  баргашти   фирориён  ба  ватан  нақши  мусбатро   дошт.    

  Моҳи  марти  соли 1993  журналисти  варзидаи  тоҷик Умед Бобохонов, ки  он  вақт рӯзноманигори  «Комсомольская  правда» дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  буд,  якҷоя  бо  рӯзноманигори  дигари  шинохтаи  рус Игор Ротар  аз  «Независимая  газета» ба  Мазори  Шариф  сафари  хизматӣ  доштанд. Муддати  ду ё  се  ҳафта  дар меҳмонхонаи  Расули  Барот ҳамроҳи  мо иқомат доштанд ва  аз зиндагии  фирориёни  тоҷик аз наздик  шинос шуда, хабарҳои  зиёд ба   чоп  расониданд.

  Даргириҳои рӯйдода, дурӣ аз  Ватан   ба  рӯҳияи баъзе фирориён,  хусусан ҷавонон  таъсири  манфӣ  расонида  буд. Дар  байни  онҳо  ҷавононе  буданд, ки  кӯшишҳои   зӯровариро  ба  ҳайати  Гурӯҳи  корӣ  карданӣ  буданд. Дертар  маълум  гардид, ки  ин  ҷавононро  собиқ  қумандони  саҳроӣ  Алӣ  Ҳалимов  бошандаи  ноҳияи  Шаҳритӯс  роҳбарӣ  мекардааст.  Қумандон Алӣ  Халимов  ҳайати  Гурӯҳи  кориро,  умуман  эътироф  накард  ва  аз  аввал  аз  мавқеи  ҷангиёнаи  худаш  даст  накашид ва ба бозгашти   фирориён  ба Ватан  мухолифат мекард. Чунончи,  рӯзи 22 майи соли 1993 -рӯзи  аввали  бозгардонии фирориён, қумондон Алӣ Ҳалимов  ва  ҷангиёнаш  бо кӯмаки  сарбозони  пости  низомии  Ҳаракати Исломии Афғонистон,  пеши  роҳи  мошинҳои  фирориёнро  дар масири  Кампи  Сахи - Хайратон  гирифтанӣ  шуд. Бо  кӯмаки неруҳои  амниятии  Ҷунбиши  Миллии  Исломии  Афғонистон, гуруҳи Алӣ Ҳалимов  безарар гардонида шуд ва якумин корвони  мошинҳо    ба  Хайратон  ва сипас ба Тоҷикистон  раҳсипор  гардид.

  Бархӯрди роҳбарон ва мардуми оддии афғон нисбати  шаҳрвандони  тоҷик  бисёр  самимӣ  буд. Онҳо  кӯшиш  мекарданд, ки  ҳаматарафа  ба тоҷикон  кумак  намоянд. Дар  ин  байн Гурӯҳи  корӣ  бо  лашкаркашони тоҷиктабори   афғон,  ба  монанди  генерал Муъмин – фармондеҳи  дивизияи 70 – уми  Ҷамъияти  Исломии  Афғонистон, генерал Абдурашид  Дӯстум – роҳбари Ҷунбиши Миллии  Исломии Афғонистон, генерал Мир Алам – фармондеҳи  неруҳои  ҳавоии  Ҷунбиши  Миллии Исломии Афғонистон  ва амсоли онҳо вохӯриҳои зиёде дошт. Дар ин  вохӯриҳо  онҳо  аз иқдоми Гуруҳи  корӣ   оид  ба  бозгардонии фирориён ҳаматарафа дастгирӣ карда, кумаки  беғаразонаи  худро  пешниҳод  мекарданд.

  Шодравон  Бабрак Кормал -  Президенти собиқи Афғонистон, ки    гирифтани  визаи  хуруҷии  Россияро  интизорӣ  мекашид,  дар  ҳамсоягии  Гурӯҳи  корӣ дар хонаи  алоҳида  зиндагӣ  мекард. Эшон дар ҳар суҳбат бо мо  исрор  мекарданд, ки фирориёни  тоҷик  ҳатмӣ  ба  ватан  баргардонида  шаванд. Ба қавли  президенти собиқи  Афғонистон дар кӯтоҳтарин вақту замон,  вазъияти  сиёсӣ -  низомии Афғонистон ва хусусан, вилоятҳои шимолии он буғранҷтар  мегардад. Бинобар  ин, аз  роҳбари  Гурӯҳ  хоҳиш  мекарданд, ки ҳар чӣ  зудтар  масъалаи  баргашти  фирориёнро  бо  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳал кунад. Пешгӯии  эшон  амалӣ шуд. Се  сол  баъд, яъне соли 1996 ба саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳаракати Толибон баромаданд. Худи ҳамон  сол толибон  ба шимоли Афғонистон  ҳамла  карда,  онро пурра зери  итоати  худ  дароварданд. Вале он вақт аксарияти  фирориёни Кампи  Сахӣ аллакай ба ватан  баргашта  буданд. 

  Дӯстони тоҷиктабори афғониамон, аз ҷумла командири неруҳои  ҳавоии Ҷунбиши  Миллии  Исломии  Афғонистон генерали  авиатсия  Мир Алам, генерали амният Гулом Сахӣ, подполковники дар  истеъфобудаи Қувваҳои  Мусаллаҳи Афғонистон Наҷибулло  Баён ва дигарон ба Гурӯҳи  корӣ  кумаки  ҳамаҷониба  мерасониданд.  Дӯстони тоҷири афғониамон Ҳоҷӣ Абдурауф, Муҳаммад Карим, Вазир  Муҳаммад  дар  ширкатҳои  тиҷоратиашон  даҳҳо  фирориёни  тоҷикро  шомил  карда, ризқу  рӯзиашонро  медоданд.

  Консулгарии  генералии Федератсияи  Россия  дар  Мазори  Шариф  низ  хизматҳои  бисёр  карда, саҳми  мусбати  худро  дар  ин  маърака   гузошта буд. Махсусан, кӯшишҳои  ба  харҷдодаи  Консули генералӣ Михайлов А.И. ва  муовини  ӯ Чикунов А. қобили  қадрдонист. Ин  дипломатҳои  варзидаи рус  ба  ҳайати Гурӯҳи  корӣ дар  иҷрои  вазифаи бардӯшдошта кумаки ҳамаҷонибаи самимии худро  расониданд. Якчанд  вохӯриҳои  ҳайати  Гурӯҳи  корӣ бо  роҳбарони Кампи  Сахӣ бо  миёнҷигарии дипломатҳои  мазкур гузаронида  шуданд. Онҳо дар  суҳбату  вохӯриҳо  фирориёни  тоҷикро  барои  ба  ватан  баргаштан тарғиб  мекарданд.

  Ҳангоми  муташанниҷ  гардидани вазъи  сиёсии вилояти  Балх, ки ба амнияти  будубоши  Гурӯҳи  корӣ  дар Мазори Шариф таҳдид  мекард, Консули генералӣ Михайлов А.И. дар  яке  аз хонаҳои иқоматии  ин намояндагӣ дар  шаҳри  Хайратон,  ҳайати  Гуруҳи  кориро ҷойгир  намуд. Масофаи байни  Хайратон  ва  Кампи  Сахӣ ба масофаи Мазори Шариф ва  Кампи  Сахӣ  баробар  буд.  Минбаъд Гурӯҳи  корӣ аз  шаҳри  Хайратон  истода  тамоми маъракаи баргашти фирориёни  тоҷикро ба  ватан  роҳандозӣ  намуд.

  Маҳз мутобиқи дархости Михайлов А. И. Ҳукумати  Федератсияи  Россия  бо  қарори  алоҳидаи  худ ба  фирориёни  иҷбории  тоҷик  10  тонна  кумаки  беғаразонаи  башардӯстона расонид.

  То  охири соли  1993  аз  Кампи  Сахӣ   аз рӯи  омори тартибдода   Комиссариати Созмони  Милали  Муттаҳида   оид ба кор  бо  фирориён дар  ҳудуди  беш  аз  20000  фирории  тоҷик  ба  Ватан  баргардонида  шуд,  ки  ин  як  муваффақияти  Гурӯҳи  кории  аввалин  ба  ҳисоб  меравад. Барои  тезонидани  ин  маърака дар  давоми  ҳафта се  маротиба  қатораҳо  бо  кашонидани  фирориён  машғул  буданд. Хулоса, дар  давоми  кори  яксолаи  худ   Гурӯҳи  кории  аввалини  ҳукуматӣ  ба  мушкилиҳо  нигоҳ  накарда, аз  уҳдаи   вазифаи  ба  зимма  гузошташуда   баромада,  аксарияти  фирориёни  иҷбориро  ба Тоҷикистон  баргардонид. Гурӯҳҳои  кории   баъдӣ   то  солҳои 1996 – 1997,  яъне   замони зери  тасарруфи Толибон қарор гирифтани шимоли  Афғонистон, бозгардонии  фирориёнро   идома  доданд.

  Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки бигзор, халқи тоҷик  дигар ба  чунин  мусибат  дучор  нагардад, дар ғарибӣ  сарсону  овора, зери  хаймаву  заминканҳо  набошад ва  дар  пайи  таъмини  суботу амнияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  ҷаҳд  намояд.

 

Сангинов Нарзулло

номзади илмҳои сиёсӣ,

мудири  шуъбаи

Осиёи Марказии Институти омӯзиши 

масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Хондан 1182 маротиба