JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Марти 2023 07:04

Дӯст доштани Ватанро аз модар омӯхтем

Муаллиф: Рустам ҲАЙДАРОВ

  Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан- Модар хеле олӣ мебошад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти мамлакат ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд. Чунин ибрози андеша намуд доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров вобаста ба Рӯзи Модар.

 — Вақте сухан дар бораи муқаддасоте, ба  мисли Ватан-Модар меравад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  ин ду арзиши воло барои ҳар тоҷик бо самимияти хос, эҳсосоти ба дигарон таъсирбахш сухан мекунанд. Ман фикр мекунам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ватанпарастиро аз Модари бузургашон  омӯхтаанду мерос гирифтаанд ва ба фарзандони худ мерос мегузоранд. Ватанро ҳамчун Модар дӯст доштану Модарро ҳамчун Ватан иззату эҳтиром кардан — ин аст тоҷиквор дӯст доштани  мамлакат, ки намунаи  онро дар фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.

  Агар ба «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, пас  мебинем, ки  модарону занони мо на танҳо паҳлавонҳо ба дунё меоварданд, балки худ, дар ҳолати зарурӣ  ба мисли Гурдофарид ба дифои  давлату сарзамини худ мебаромаданд.

 Тоҷикзан дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ  фаъолият доранд. Ҳамаи ин  натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки стереотипҳои куҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи занони ҷомеаи муосири тоҷик   шикаст дод.

 Мувофиқи ақидаҳои ғайриинсонии мутаассибони динӣ, вазифаи зан аз таваллуди фарзанд ва аз  кадбону будан иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи ақидаи экстремистони динӣ таҳсил кардан, фаъолият  кардан дар корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорӣ кардан барои занони  тоҷик  манъ аст. Ба сифати далел муттаассибони динӣ афкори догматикии асримиёнагиро мисол меоваранд. Экстремистони динӣ, яъне меъморони давлати динмеҳвар бо такя ба  ақидаҳои  ифротии динӣ дар ҳама давру замон  ба зан ҳамчун  шахси дуюмдараҷа муносибат мекунанд, бехабар аз он ки ба занон ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа муносибат намудан  ба онҳо имконияти таҳсил ва фаъолият надодан, имконияти интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либосро надодан- ин ба нестӣ бурдани миллат аст.  Танҳо  миллатҳое, ки  ба модар ва занони худ ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ муносибат мекунанд, ба назари мо, соҳиби саодати комил хоҳанд буд.

 Саломати зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад  насли солимро  барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва занони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ баҳри хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд, бо саҳми худ дар таҳкими соҳибистиқлолии давлат сазовор ҳастанд, ки дар радифи муқаддасоти миллӣ  ҷой гиранд.

 Боре дар яке аз суханрониҳояшон Президенти мамлакат дар бораи  Модари худашон  нақл карда, гуфтанд: «Модарам ҳар саҳар, дар зимистон  барои  фарзандаш субҳона тайёр мекард. Аз маҳсулоти одии дастрас, то шиками фаразанди худро сер кунаду ӯро ба мактаб гусел кунад. Дар ҳавои хунуки зимистон Модар мумкин худаш гурусна мегашт, аммо ба фарзанди худ хӯроки гарм муҳайё месохт…».

 Ман фикр мекунам, ин аст нишонаи олии  қаҳрамонии  модари тоҷик, ки  меҳрубон аст, пуртоқат аст, иродаи бузург дорад ва тамоми ҳастияшро   баҳри  таъмини саодати фарзанду оила  равона сохтааст… шабонарӯз, бе танаффус, солҳои тӯлонӣ…. Занони тоҷик ҳам масъулияти оиладорӣ бар дӯши худ доранд ва ҳам  дар сохторҳои давлатӣ дар баробари мардон фаъолият мекунанд.

 Пешвои миллат   тамоми кӯшишҳои худро ба он равона сохтаанд, ки барои занони тоҷик дилхоҳ шароитро барои таҳсил ва  фаъолият фароҳам оваранд. Бо ибтикори Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ   қабул гашта, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шуд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз ин ду соҳаи муҳим, ки барои тавлиди сармояи инсонӣ  масъул аст, бо иқтидори занону духтарони тоҷик фаъолият карда истодаанд.

 Тибқи маълумот  имрӯзҳо дар соҳаи маорифи мамлакат 73% , тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ- 67 % ва фарҳанг- 51% занону духтарони тоҷик фаъолияти пурсамар доранд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар соҳаҳои гуногуни илмии мамлакат 104 нафар доктори илм ва 1124 нафар номзади илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.

 Мояи ифтихор аст, ки  аввалин доктори илмҳои фалсафа аз байни бонувони Осиёи Марказӣ маҳз зани тоҷик Мунзифа Ғаффорова мебошад, ки дар давраи пеш аз истиқлолияти давлатӣ   рисолаи илмии худро ҳимоя намудааст.

 Имрӯз бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар  соҳаи рушди илмҳои ҷомеашиносӣ, хусусан илмҳои фалсафа мо  даҳҳо нафар пайравони Мунзифа Ғаффороваро дар Тоҷикистон дорем.  Дар ин радиф докторони илмҳои фалсафа, профессорон Зарина Диноршоева, Насиба Содиқӣ, Махфират Хидирзода, Муҳиба Маҳмадҷонова, Зулайхо Усмонова ва садҳо нафар зан -номзади илми фалсафаро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамагон маҳз дар даврони Истиқлоли  давлатӣ соҳиби дараҷаву унвонҳои илмӣ гаштаанд ва дастпарварони мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар соҳаҳои дигари илми тоҷик- физикаву химия, таъриху филология, сиёсатшиносӣ ва иқтисод, тиб ва биология айнан ба мисли илмҳои фалсафа даҳҳо нафар зани тоҷик — доктор ва садҳо нафар  номзади илм  фаъолияти  пурмаҳсул дошта, дар рушду таҳкими давлатдории  миллӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 Пешвои  миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

 

Рустам ҲАЙДАРОВ

доктори илмҳои фалсафа,

корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

https://khovar.tj/2023/03/d-st-doshtani-vatanro-az-modar-om-htem-andesha-oi-doktori-ilm-oi-falsafa-rustam-ajdarov-vobasta-ba-r-zi-modar/ 

Хондан 2487 маротиба