JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 14 Августи 2020 08:25

Фалсафаи таҳлилӣ-эпистемологӣ аз Б. Рассел то У. Куайн: зарурати маърифатшиносии нав

Муаллиф: Суннатулло Ҷонбобоев

 Имрӯз дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон масъалаи ҳалли чанд мушкилоти вуҷудӣ истодааст. Аз миёни онҳо яке заифии илм дар муқовимат бо вабои аср- пандемияи коронавирус ва дигаре муқобила бо ифротгарии динӣ мебошанд. Ҳалли муваффақонаи ин ду мушкил аз муайян кардани роҳҳои пешрафтаи рушди минбаъдаи илму маориф вобаста мебошанд. Агар Тоҷикистон дар фалсафаи илм ва стратегияи рушди илм навоварии усулӣ ва методологӣ ба вуҷуд наорад, ин ба боз ҳам амиқ ва чуқуртар шудани буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мерасонад. Сухан дар бораи илм ва методологияи илм меравад, ки ҳоло дар фалсафа зери унвони эпистемология машҳур аст. Тибқи низоми фалсафӣ ва назарияи таҳлиливу эпистемологии Уиллям Куайн,агар илм худ худашро аз дарун интиқод, ислоҳ ва (тавре ки дар мисоли таъмири заврақ оварда мешавад) таъмир  накунад, илм на танҳо худ аз байн меравад, балки сабаби инқирози тамоми ҷомеа мегардад. Ҷомеаи тоҷик, ҳам бешубҳа, дар баробари кишварҳои ҳамҷувори пасошӯравӣ ниёз ба ҳамин гуна нигоҳи интиқодӣ ва бозсозии маърифатшиносии илмро дорад. 

  Инсоният имрӯз чун ҳамеша дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ба мушкилоти сахти вуҷудӣ мувоҷеҳ шудааст ва ин мушкилотро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд. Мушкили вуҷудии аввал заифӣ ва нотавонии илми муосир дар мисоли паҳн шудани маризии нави сироятӣ (пандемияи коронавирус) аст, ки инсониятро гулӯгир ва нафастанг намудааст ва зарурияти кашфиётҳои нави илмӣ ва маблағгузорӣ барои илмро тақозо менамояд. Илм роҳи пешгирии ҳар гуна мушкиливу буҳронҳои ҷомеаро ҷустуҷӯ дорад, вале шояд имконоти ҳалли ин мушкил барои илм ба ин зудӣ ва осонӣ муяссар нагардад ва шояд он ба дарозо кашад. Чаро усулҳои мавҷудаи таҳқик ва таҳлили илмӣ барои ҳалли фаврии масъала мусоидат намекунанд? Оё роҳҳои дигари муассири кашфи асрори табиат (дар мавриди ҳозира табиати зинда) вуҷуд доранд? Мушкили дигари вуҷудӣ, ки имрӯзҳо характери глобалӣ гирифтааст, ин паҳн гаштани афкори ифротӣ ва дар заминаи он «вирус»-и терроризми глобалии динӣ аст. Ҷомеаи тоҷик ва умуман ҷомеаи мусулмон имрӯз бо мушкили интишори гӯшношунидаи бунёдгароии мазҳабиву динӣ дучор аст. Оё усулҳои ҳозираи илм дар самти таҳқиқи табиати ин раванд, вижагиҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷамъият ва ниёзҳои вуҷудии ҳар як инсон қонеъкунандаанд, оё онҳо ба талаботи имрӯзаи равониву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавобгӯ мебошанд, шояд ин усулҳо кӯҳна шудаанд? Оё роҳҳои дигар, усулҳои ғайриурфӣ ва ғайрисуннатиро метавон кашф ва пешниҳод намуд? Маълум аст, ки дин ва тамаддуни ислом аллакай чун унсури муҳими фарҳанги миллии халқи тоҷик ва дигар халқҳои мусулмон шинохта шудааст ва он дар тору пуди таъриху фарҳанг ва равони ин миллатҳо танидааст. Метавон гуфт, ки дини ислом ҳатто ба коди фарҳангии миллат табдил ёфтааст. Вале оё ислом фақат дину имон аст, оё он танҳо «савму салот» аст? Дар фарҳанги исломи классикӣ, дар марҳалаи авҷи рушду нумӯъи он ҷараёнҳои мухталифи фикрӣ, гуногунандешӣ, баёни андешаи озоди фалсафӣ, адабӣ, ҳунариву санъатӣ ва илмии ноб роич буд. Ҷои нигаронӣ аст, ки ин андешаҳо ҳоло дар ҷомеаи дунявии баъди истиқлоли мо ба ҳошия кашида шудаанд ва исломро фақат сирфан чун дин мепазиранду халос. Баръакс, тибқи мушоҳидаҳо торафт миқдори бештари ҷавонон ва ҳатто қишри муайяни зиёиён (ҳатто миёни файласуфону олимон!)маҳз ба ҷаҳонбинии бунёдгароёнаи динӣ рӯй меоранд ва бо хаёли тақлид ба гузашта роҳи наҷоти ояндаи ҷомеаро дар он мебинанд. Чун таърихзадагии тафаккур хеле хатарнок аст, зеро он ояндаро намебинад ва роҳи ҳама гуна мушкилҳоро дар гузашта меҷӯяд.

  Пас, ҷаҳонбинии илмии мо дар зери хатар қарор дорад ва роҳи наҷоти он дар куҷост?   Ин суолҳо ба таври таъҷилӣ зарурияти вуҷуд доштани илм дар бораи усулу методоложии илмро ошкоро тақозо мекунад, ки он ҳоло маърифатшиносӣ ё илми эпистемология ном дорад. Бояд ин нуқтаро пазируфт, ки арзишҳои миллӣ пойбанди фақат таърих нестанд, онҳо бояд ҳаёти имрӯзаву оянда ҳам дошта бошанд ва тафаккури муосири фалсафӣ бояд аз унсурҳои муҳим ва такондиҳандаи онҳо бошад. Яке аз роҳҳои рушди тафаккури илмӣ ва фалсафӣ дар ҷомеаи мо ин омӯхтан, рӯ овардан ба таҳқиқи мероси файласуфони муосир, алалхусус, мактаби таҳлилӣ, мусбатгароии фалсафӣ (позитивӣ) ва маслаки таҷрубагаро (прагматӣ) мебошад, ки дар мамлакати мо интишор наёфтаанд. Ин ҷо сухан на аз тақлид, балки илҳомгирӣ ва боргирӣ  меравад. Алалхусус, аз ин мактабҳо таҷрибаи фикри интиқодӣ ва тахлилиро метавон дарёфт. Аз миёни файласуфоне, ки дар ин самт корҳои пурарзиш ба сомон расонидаанд, Бертран Рассел, Людвиг Витгенштейн ва Уиллард Куайн мебошанд. Бо овардани пешинаи ин мактаби фикрӣ, мо ба шарҳи бештари фалсафаи эпистемологии Куайн рӯ меорем.

  Куайн кӣ буд ва фалсафаи ӯ аз чӣ иборат аст? Барои ба ин суол ҷавоб додан зарур аст, ки ба маълумоти шарҳиҳолии Куайн ошно шавем.[1]Бояд гуфт, ки Уиллард Ван Орман Куайн бонуфузтарин файласуфи таҳлилии нимаи дуввуми асри бистум ба шумор меравад. Нуфузи ӯ дар фалсафаи таҳлилӣ то ҷое буд, ки ӯро дар замони худ «файласуфи файласуфон» ном гузоштанд.Ин баробар ба унвоне аст, ки дар асрҳои миёна ба Абунасри Форобӣ (Муаллими аввал) ва ба Ибни Сино (Шайхурраис) дода буданд. Агар моҳияти фалсафаи таҳлилиро ба таври содда баён кунем, метавон гуфт, ки фалсафаи таҳлилӣ ин бозгашт аз “олами идеяҳо” ба сӯи воқеият ва табиат буд. Реша ва нишонаҳои пайдоиши фалсафаи таҳлилӣ ё аналитикиро бо номи Ҷон Локк (1642-1704, Англия, файласуфи сенсуалист, эмпирик ва либералист) таълимот ва таҷрубаи ӯ дар бораи донишҳои ҳиссӣ, ақлӣ ва таҷрубавӣ алоқаманд мекунанд.[2]Ба ҳар ҳол унсури муҳими фалсафаи таҳлилӣ ин аст, ки он решаҳои донишу маърифати инсонро ҷустуҷӯ мекунад, манбаъҳои ҳиссиву равонӣ ва мантиқии онро мавриди интиқод ва санҷиш (ҳоло ба истилоҳи Витгенштейн “верификатсия”) қарор медиҳад, роҳи “баромадан аз бедонишӣ ба сӯи дониш” (Ибни Сино) ва расидан ба сарҳадҳои дуродури ҳақиқатро пайгирӣ ва пайравӣ мекунад. Мавзӯи ин мақола фалсафаи таҳлилии Уилард Ван Орман Куайн аст. Пас, ӯ чӣ гуна ба ин мактаби фикр ворид шуд?

  Роҳ ба сӯи фалсафаи таҳлилӣ. Пеш аз ҳама, бояд мушаххас намоем, ки аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ сабаби пайдо шудани фалсафаи таҳлилӣ чӣ ва дар куҷо буд ва заминасози таълимоти ӯ кадом ҷараёнҳои фикрӣ буданд? Ба таври мухтасар метавон гуфт, ки фалсафаи таҳлилӣ ҷавоб буд ба идеализми мутлақи навҳегелчиён (неогегелянство), ки дар навиштаҳои худ дар ибтидои асри бистум(XX) мақоми фард, фардият, шахсият ва ҷузъро дар муқобили кулл (қувваи илоҳӣ, Худо,ҷамъият, давлат, миллат ва дигар мақулаҳои илоҳиву идеалистӣ ва метафизикӣ нодида мегирифтанд. Дар идеализми мутлақи гегелчиёни англис ашёву дунё, материяву фазо, вақт ва ғ. чун мақулаҳои ваҳмӣ (иллюзия) тасаввур мешуданд, воқеият ва усули дарёфти он, яъне ақли солим арзиши худро аз даст медод. Дигар вижагӣ ин холизми онҳо (умумигароӣ) буд, яъне дар ҷаҳоншинохтии онҳо ба таври дихотомӣ дар муқобили табиату воқеияти олами беканори пур аз мавҷудоти бешумор арзиши кулл ва куллиёт бештар буд. Дар Ғарб А.В.Мур (1866-1930-ИМА, файласуфи прагматист) ва дар Англия Б.Рассел (1872-1970-намояндаи неореализм ва неопозитивизми англис) ба идеализми мутлақи ҳегелчиён таълимоти реализм- таҳлил, таҷрибаву табиатгароӣ ва эътирофи мақоми арзишманди ҷузъиётро муқобил мегузоштанд. Рассел ин корро аз роҳи атомизми мантиқӣ,рушди мантиқи тимсолӣ (символическая логика) ва Мур аз роҳи таҳлили забон ва истифода аз ақли солим (здравый смысл-common sence) ба роҳ мемонд.Натиҷа ин шуд, ки фаъолияти онҳо, махсусан А.В.Мур ба хотима додани амали файласуфони ҳегелгарои англис анҷом ёфт. Бояд гуфт, ки бо ин амалаш ӯ суннати фалсафаи эмпиризми англисро такон дод ва аз нав эҳё намуд. Мушаххасан, фалсафаи таҳлили мантиқии Б.Рассел барои рушди позитивизм ва мактаби Вена, алалхусус, ба вуҷуд омадани рисолаи “Таҳқиқоти мантиқӣ-фалсафӣ”-и Л.Витгенштейн (1889,Вена-1951, Кембридж) асос гузошт.

  Б.Рассел мехост, ки зиддияти байни шаклҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнии (идеалии) ҳастиро аз миён бардорад, вале барои ӯ ҳастӣ ҳанӯз ҳам як вуҷуде ба таври кулл аст. Мегуфт, ки барои ман як шакли ҳастии ҷаҳон вуҷуд дорад ва ҳастии хаёлоти Шекспир ва афкореро, ки ӯ дар вақти навиштани намоишномаи “Ҳамлет” дошта буд, низ шомили он аст. Рассел тарафдори монизми бетараф буд, ӯ мегуфт, ки рӯҳ ва модда (материя) сохта ва конструксияи додаҳои ҳиссиётанд, на бештар. “Ман бовар дорам, ки модда на онқадар моддӣ ва рӯҳ наонқадар рӯҳонӣ аст, мисле ки баъзеҳо тасаввур мекунанд.[9.1954:7].Дар мафҳуми “атомизми мантиқӣ” Рассел нақша дошт, ки сохтори забонро ба воқеият татбиқ намояд ва дар ин замина як метафизика ё онтология ё ҳастишиносии наверо бунёд намояд. Тибқи назарияи Рассел унсурҳои оддии таҷрубаи ҳиссӣ чун хиштҳои асосии назарияи дониш, ҳастишиносӣ (онтология) ва асоси илмҳои табиӣ шуморида мешаванд. Вале дар охири умр, ниҳоят дар зери таъсири Вингенштейн, ӯ ба хулосае омад, ки манзараи умумии оламе ки ба мо дода шудааст, аз маҷмӯи ибораҳои мантиқӣ иборат асту халос. Олами дигаре ба таври айнӣ барои мо дода нашудааст ё он дастнорас аст.

  Чун сухан аз назарияи Л.Витгенштейн рафт, метавон зикр намуд, ки вазифаи асосии фалсафаро ӯ дар “интиқоди забон” медид, яъне инсон аввал бояд забони худро ба низом дароварад, баъд даъвои шинохти олам намояд. Дар натиҷа бо мусоидати ӯ дар ин вақт предмети таҳлили фалсафа тағйир ёфт, файласуфон маҷбур шуданд, ки бештар ба таҳқиқи забон, фарҳанг, равобити таҷрибаи инсонӣ ва воситаҳои иртиботи инсонӣ машғул шаванд, акнун фалсафа барои илм роҳҳои нави таҳқики воқеияти ҷаҳонро пешниҳод намуд. Баъд аз Кант дар фалсафа ин як табаддулоти ба итилоҳ “коперникӣ” буд. Ин ҳамон коре буд, ки фалсафаи анъанавӣ (сохта дар заминаи эпистемологияи навҳегелӣ) бо умумигӯии худ ба сомон расонида наметавонист. Акнун масъалаи асосии фалсафа на ба мисли пештаратаносуби рӯҳ бо модда (материя), балкичун муносибати забон ва ҷаҳон пазируфта мешавад. “Ҷаҳон маҷмӯае аз ҳақоиқ (фактҳо) аст, на чизҳо”-мегуфт ӯ. Бо истифода аз вожаи “чизҳо” ӯ ҷисмҳои оламро дар назар дошт. Ба андешаи файласуфони таҳлилгаро сохтори ҷаҳон ва забон як аст, зеро ҷаҳон ба низом ва забон ба мантиқ такя мекунад. Вале Л.Витгенштей ба ғулув рафт ва эълон дошт, ки ҳамаи он чизе ки ба қонунҳои мантиқ созгор нест, бояд аз байн бардошта шавад, масалан, бисёре аз мафҳумҳои ахлоқ, эстетика, метафизика ва ғ.Дар бораи мафҳумҳо ва мақулаҳои диниву мазҳабӣ ҳоҷати гап ҳам намемонад. Вале дар ин ҷараён Л.Витгенштейн дар асар “таъсири бенизомкунандаи (disorienting effect-дезориентирующее влияние) забон”ро ба тафаккур нишон дод, ки ин ҳам яке аз кашфиёти беназир ба назар мерасид.[6.pdf.Л.Витгенштейн]Зеро маълум аст, ки забон дунёи атрофи мо (ҳастӣ)ро инъикос мекунад, вале на бевосита. Магар мафҳумҳо ва ҳақиқатҳои забон худ ба худ собитшудаанд? Одатан, мо мафҳумҳои забониро бе ягон интиқод ба таври механикӣ қабул мекунем, диққат намедиҳем, ки забон дар тафаккури мо мақоми ҳокими мутлақ дорад, дар ҳоле ки тасаввур мекунем, ки мо бо фикри худ бевосита оламро ба таври мутлақ мешиносем, бехабар аз он ки дар байни тафаккури мо ва ин олами беканор як унсури мобайнӣ- яъне забонистодааст, ки метавонад худ дар шинохти олам “бозингари мустақил” бошад. Хулосаи калом он мешавад, ки тасаввуроти қабл дар бораи ба таври табиӣ, бо истифода аз абзор (инструментария)-и дастраси маърифатӣ  донисташавандагии ин олам як ҳадс, гумон, тасаввури нотамом, шояд хато будааст. Бо вуҷуди ин  гуна таҳлили интиқодии имкониятҳои забон, Л.Винтгенштейн аз фалсафа ба таври комил даст накашид, ӯ боз ҳам фикр мекард, ки фалсафа ягона падидае аст, ки ниёзҳои амиқтарини инсонро қонеъ мекунад. Маълум аст, ки муқобилгузории забон ва ҷаҳонро Витгенштейн дар асари дигари худ (“Таҳқикоти мантиқӣ”) каме мулоим кард ва гуфт, ки мазмуни калимаву ибораҳоро дар натичаи “бозиҳои забонӣ” дарёфт намудан мумкин аст, яъне на тамоми вожаҳову мафҳумҳо аз тасвири нисбатан воқеии олам холӣ мебошанд. Бештар аз авқот истифодаи онҳо аз матн (текст) ё контекст (и таъриҳӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ғ.) вобаста мебошад.  

  Фалсафаи Куайн из чӣ иборат аст?Фалсафаи Куайн маҳз дар заминаи ин гуна мушкилоти фалсафаи метафизикӣ ва рӯикарди файласуфони позитивист ба ин гуна мушкилот рӯид ва маҳз ин мушкилоти воқеан эпистемологиро ӯ минбаъд ҳам ба чолиш мекашид. Уиллард Ван Орман Куайн табиат ва мушкилоти забонро дарк мекунад, интиқоди Л.Витгенштейро қабул дорад ва дар заминаи он ӯ онтологияи суннатии фалсафаро ба зери интиқоди шадид гирифт. Ӯ бовар дорад, ки ҳастишиносии урфии фалсафа дар зери таъсири мафҳумҳои забонӣ қарор дорад, аз ин рӯ мо метавонем фақат дар бораи “нисбияти онтологӣ” сухан бигӯем (шарҳ дода ҳоҳад шуд). Маълум аст, ки ҳастиро ба таври мушаххас илмҳои табиӣ меомӯзанд. Дар ин самт фалсафа усулан аз илмҳои табиӣ фарқ надорад, тафовут танҳо дар каме бештар умумибаёнии усулу қазияҳо дар фалсафа асту халос. «Физик дар мавриди равобити иллату маълул (сабабу натиҷа) дар байни моҳияти падидаҳои олам мегӯяд, зистшинос(биолог) дар мавриди равобити иллату маълул дар шаклу намуди дигари мавҷудот, файласуф бошад дар бораи равобити иллату маълул умуман ё ба таври кулл сухан мегӯяд, яъне чи гуна як падида сабаби падидаи дигар мегардад ва кадом мавҷудот дар маҷмӯъ сохтори (системаи) асосии оламро ташкил медиҳанд»[1.2020]. Ин аст, ки Куайн мавқеъ ва назари худро мушаххасан чун натурализм ё реализми илмӣ тафсир мекунад. Ӯ чунин назар дорад, ки «тарҳи мафҳумот», раҳнамои мафҳумҳо, ба иборае маъмул-тасвири мафҳумии ҷаҳон (Conceptual scheme- конқептуальная карта мира ё схема) вуҷуд дорад, ки он дар асл чунин тасвире нест, ки ҷаҳонро ба тасвир мекашад,балки ҷаҳоне ест, ки танҳо ба унвони як тасвир дарк мешавад. Дар заминаи ин тасвир дар равони инсон ашъёи олами воқеӣ ба шакли тарҳҳо ё схемаҳои когнитивӣ ба таври ғайримустақим намоиш дода мешаванд.Ин нақшаҳои шуур (идеяҳо, фикрҳои когнитивӣ, арзишҳо, мақсаду маромҳои прагматикӣ ва ғ.) метавонанд бозтоби огоҳона бошанд, вале на инъикоси бевоситаи олам. Ба ибораи дигар ин тарҳ худ як ҷаҳоне аст, вале ҷаҳонедар оинаи забон. Пас дар байни таҷрибаи сенсорҳо (ҳиссҳо)и инсон ва боварҳои тафаккур чи гуна муносибати оқилона (ратсионалӣ) имконпазир ва дар байни таҷрубаи ҳиссӣ ва андешаву боварҳои мо чӣ гуна робита аст? Ба ақидаи Селлар, яке аз мунаққидони Кайан сухан дар бораи шабакаи аз нигоҳи мантиқӣ алоқаманди нақшаҳои фикрӣ меравад, ва шабакаи олами консептҳо (фикрҳо) дар заминаи равобити ақлонӣ (rational relations) сохта шудааст.Яъне барои он ки мо ягон чизро бидонем, мо идея, мафҳумҳо, консептҳоро на бевосита аз тарҷрибаи ҳиссӣ (empirically) мегирем, балки онҳоро дар фазои мантиқие мегузорем, ки он аллакай характери ақлӣ дорад. Ва танҳо дар заминаи ин фазои мантиқӣ-ратсионалӣ мо он чизеро, ки зарур аст гуфта метавонем ва собит созем.[13.1963:163] Оё “забон” тамоми бори маънои вожаи “тарҳи фикрӣ/консептуали”и Куайнро пурра ифода мекунад?Дар зери таъсири интиқоди шогирдаш Давидзон Куайн аз триадаи пешниҳодии эпистемологии худ, яъне:Тарҳи фикрӣ (concept map)- Забон (language)-Ҷаҳон (world)даст кашид, Куайн иқрор кард, ки он ҷое ки ман тарҳи фикрӣ (конпетуальная карта) гуфтам, онҷо ман забонро дар назар дорам. Пас ду унсури муҳими эпистемологӣ мемонанд: Забон ва Ҷаҳон.[12.1981:41;]. Ба андешаи Шиам Випилури, муҳаққиқи дигар, Куайн ин ҷо дар асл ба шогирдаш гузашт кардааст, зеро таълимоти “Concept Map” (Консепт Меп) дар осори ӯ (махсусан дар асараш  “Word and Object”) мақом ва арзиши мустақил дорад. [11.2018:5]Ба ҳар ҳол аз таҳлили мухтасари осори Куайн мо ба чунин хулоса мерасем, ки сохтори забон- нақша (схема)и мафҳуму ибороти он сохтори тафаккури моро ташкил медиҳанд. Куайн мегӯяд, ки ӯ чун эмпирик (таҷрибагаро) ба хулосае расида, ки тибқи он бо истифода аз тарҳи консептуалии илм дар заминаи таҷрубаи гузашта имкон дорад, ки пешгӯиҳои оянда низ ба амал бароварда шаванд.

  Аз ин рӯ Куайндар бунёди фалсафаи худ назари номинализми ифротӣ, неопозитивизм, таҷрибагароӣ (прагматизм), бихевероизм (рафторгароӣ) ва натурализмроба ҳам омехта, бо истифода аз онҳо кӯшидааст, ки фикри мустақили худро баён намояд. Ӯ дар баёни ниёзҳои илмҳои табиатшиносӣ забони фардишудаи илмро (мафоҳими интизоъӣ-абстраксияҳо, чакидаҳои фикрӣ) ба чолиш мекашад ва тавсия медиҳад, ки мафҳумҳои муфрадро (абстрактро) метавон фақат чун васоити ёридиҳанда истифода бурд, вале минбаъд онҳоро набояд чун ягона натиҷаи ниҳоии донишпазируфт. Вале танқиди позитивизми нав дар мақолаи ӯ «Ду догмаи эмпиризм»(ё «Ду ҳукми ҷазмии таҷрибагароӣ») диққати мутафаккирони амрикоиро ба фалсафаи таҳлилӣ афзуд ва ба ин фалсафа унсурҳои фалсафаи амалгароӣ(прагаматизм) ро ворид намуд. Куайн муқобилгузории байни қазияи таҳлилӣ (аналитическое суждение),ки баъд аз И.Кант як ҳукми априорӣ (тотаҷрибӣ) ва бидуни дониши нав шинохта мешуд[3] ва қазияи синтетикиву редуксионизми  берун аз матну мазмунро мавриди интиқод қарор гирифт.

  Назарияи нисбияти онтологӣ. Муҳимтарин нукта дар бораи фалсафа ва эпистемологияи нави Куайн ин аст, ки ӯ муаллифи назарияи «нисбияти онтологӣ» (the relativity of ontology-онтологическая относительность, -он чи пештар аз ин ёд шуд) мебошад, ки тибқи ин назария тамоми донишҳои мо дар бораи ашъёи олам аз назарияҳои илмие вобаста мебошанд, ки мо онҳоро пештар ба роҳбарӣ гирифтаем. Ҳеҷ як ҳақиқати пешакӣ дар мавриди ҳастӣ вуҷуд надорад, мо танҳо тафсири забонии худро ба чизҳо таҳмил мекунем, ки ба воситаҳои ҳисс(сенсорҳо)и мо таъсиргузоранд.[7.2018:47;8.2018:36]. Ягон воқеияте мустақил аз забон, берун аз он нест, онтология комилан аз забон ва истифодабарандаи он вобаста аст. (7.2018:41). Баъзан мо гуфта наметавонем, ки объект чист ва кадом аст, хуллас ҳастишиносӣ дучандон нисбӣ аст. Аз ин рӯ вожаи «ҳастӣ ба маънои том» (ки файласуфони пешина оиди он бе ягон интиқод андеша баён намуда буданд) берун аз тасаввуроти вожазори забонӣ ва фазои назарияҳо маъноеро доро нест. Дар ин ҷо Куайн як муаммои кӯҳнаро мехост ҳал бикунад. Ин мушкилоти онтологӣ аст, ки онро бисёр содда қабул мекунанд. Ҳастиро одатан ба воситаи суоли «Он чист» мехоҳанд ки дарёбанд. Ва ҷавоби ин суол одатан ин аст:"Ҳама чиз" - ва ҳама ин посухро ҳамчун ҳақиқат қабул хоҳанд кард. [7.2018:29]. Вале ин ҷавоб мушкил дорад, он қонеъкунанда нест. Зеро «ҳастӣ» на «ҳама чиз» аст, балки оне аст, ки мо онро чун “ҳама чиз” мешуморем. [7.2018:41;55;]. Пас инҷо, яъне дар баҳодии мазмуни лафзи «ҳастӣ» дидгоҳ, тасаввурот ва забони мо мақоми муҳим доранд, вале мо онро нодида мегирем.

  Забон падида ва санъати иҷтимоӣ аст-чунин сар мекунад Куайн асари худ “Калима ва Объект (мафъул)”. Ҳанӯз дар оғози омӯзиши забон мо бо фармоишоти интерсубъективии “чӣ ва кай” гуфтан дучор мешавем. Масоили ҳастишиносӣ бо масъалаи тарҷума зич алоқаманд аст. Мафҳумхои забонҳоро наметавон пурра (ба таври комил) ба забони дигар тарҷума намуд.Муродифҳо (синонимҳо) низ ҳама вақт як мазмунро ифода намекунанд.Забон муҳимтарин шакли рафторё фаъолияти)и одамон мебошад,зеро воқеияте ки дар забон ба мо дода шудааст, дар баробари шинохти олам мушкилзо аст, забон фикрро дар асорати афкори қабулшудаи худ мегирад. Вале набояд чунин тасаввурот ҳосил шавад, ки мо дар дунёи мафҳумоти забон мондаем ва роҳи бурун шудан аз онро надорем. Маълум аст, ки тасаввуроти мо дар бораи олам худ ба худ, аз дарун хосил намешавад, агар таъсироти ашъёю ҷисмҳои табиӣ ба ҳиссиёти мо ба вуҷуд наояд. Онҳо дар пайдо шудани тасаввуроти мо мақоми барангезонанда доранд. Нуктаҳои такягоҳи тарҳи фикрӣ (консептуалӣ) маҳз чизҳо ва ашъёи дар чашм инъикосшавандаи олам мебошанд, на таассуроти мо аз онҳо. [1.2000:7]. Калимаҳо- ишораҳо, рамз ва аломатҳое аз аҷсоми беруна мебошанд, забон шакли мафҳумгардонда шудаи (концептуализатсия)и олами беруна аст. Пас табиат ва вазифаи забон ин мафҳумсозӣ (консептуализатсия) аст.

  Шинохти илм бояд чӣ гуна бошад? Дар баробари забон илм яке аз роҳҳои мутобиқгардонии организм (бадан)-и инсон ба муҳити зист аст. Забон ҳамвора дар ҳоли таҳаввул аст, инро дар мисоли неологизмҳо (вожасозии нав) метавон дид. Илм ҳам, агар дар асорати догмаҳо наафтода бошад, дарки бошууронаи ақли солим (common sence-здравый смысл) аст. Илмро ба заврақе ташбеҳ медиҳанд, ки онро ҳамвора бояд таъмир кард ва чунин таъмире, ки шахс (олим, файласуф) бояд дар даруни он нишаста бошад-як тахта аз паси тахтаи дигар [1.2000:10]. Агар ташбеҳи заврақро давом диҳем, мебинем, ки кори таъмир кори саҳлу осон нест, зеро шахси таъмиргар метавонад дар ин миёнбо заврақи худғарқ гардад. Вале афзалият ва фазилати инсон аст, ки ирода ва ақл дорад, набояд ғарқ шавад. Дар ин ҷо назари Ф.Нитше ба хотир мерасад, ки инсонро ҳамчун “ҳайвони мариз” муаррифӣ карда буд, ки гӯё бар асари фоҷиаи табиӣ ва кайҳонӣ ғаризаҳои табии худро аз даст дода (мутатсия шуда) маҷбур ба сохтани асбоб ва ихтироот шудааст, ки натиҷаи он пайдоиши ақл гардид. Ин расолати адаптивӣ ё мутобиқсозандаи ақлу илмаст. Куайндар фалсафа мафҳуми “рафтори ҳавасмандона” (stimulated behavior) ро ворид намуд. Яъне дар дохил ва беруни вуҷуди инсон маҷмӯъи стимулҳое (фишангҳои ҳавасбарангез)е ҳастанд, ки онҳо моро барои истифодаи ягон мафҳум ва иборае ташвиқ мекунанд: ба ҷавоби мусбат ё манфӣ дар мавриди ягон мафҳум мусоидат мекунанд. Дар асари худ “Калима ва ашъё” (Word and Object) Куайнпешниҳод мекунад, ки барои ҳалли масоили фалсафӣ ба имкониятҳои маърифатшиносии семантикаи забон (уруҷи маъношиносона) муроҷиа бояд кард. Яъне сараввал ба ҷои пардохтан ба шарҳи ашъё дар олами воқеӣ ба шарҳи мафоҳими онҳо дар сохтори забонҳо такя кунем, онҳоро таҳлил кунем, ҳақиқатҳоро аввал дар ин сатҳ дарёбем. Чунон ки зикр рафт, инсон бо ёд гирифтани забон аз фармоишоти интерсубъективи (маҷмӯи мафҳумҳо)и он вобаста мешавад. Мо ашъёи олами физикиро ғайримустақим, ба воситаи додаҳои ҳиссиёти худ, на ин ки бевосита худ ҷаҳону воқеиятродарк мекунем. Яъне аз замони Беркли маълум аст, ки дар байни дониши мо дар бораи олами физикӣ олами эҳсос ҷойгир аст, вале мо ба мушаххасоти қобилияти тасвир ва инъикоси воқеият аз тарафи ҳиссҳо кам диққат медиҳем.(1.2000:7).Дар асл бошад додаҳои ҳисс барои мо додаи дараҷаи аввал барои дарки селаи бетартиби ҳаводиси оламанд. Вале ин додаҳо мустақил нестанд, онҳо ишора (references, ташбеҳе) ба воқеият мебошанд.Ба унвони як табиатгаро Куайн бар он назар аст, ки чолишҳои ҳақиқати илм дар худи илм ҷой доранд, илмро аз ин гуна чолишҳо озод бояд кард. Зарурияти маърифатшиносӣ (илмшиносӣ) маҳз дар бозсозии илм аст.

  Эпистемологияи нави Куайн.Куайн тарафдори назарияи холизми маърифатшинохтӣ (Confirmation holism) ва ва чунон ки пештар ишора рафт, нисбияти ҳастишиносӣ (ontological relativity) аст. Тибқи назарияи холизми маърифатшинохтӣ тамоми назарияҳоро наметавон танҳо дар заминаи додаҳои таҷрибӣ (озмоиши ҳиссӣ, ба таври аёнӣ) мутлақ ё ба таври куллӣ рад ё собит сохт. Воқеият ин аст, ки дар бештар мавридҳо дарку шарҳи мушоҳидаҳои фардии мо аз назарияҳо (ё мушоҳидаҳои бо назария аз ҳад зиёд боргирифта) вобаста аст. Яъне мушоҳидаи ҳар яки моҳанӯз дар ибтидо холис нест, он аллакай бо назарияе ё ақидае “олуда” аст. Ҳам барои даъвои юнониён дар бораи дурӯғ будани худоёни (мушоҳиданашавандаи) достонҳои Гомери юнонӣ ва ҳам барои назарияи (ба чашм мушоҳиданашавандаи) мавҷҳои электромагнитии пешниҳоди Максвелл-Лорентс (олимони физики миёнаҳои асри XIX), ки ҳоло ҳам дар назари мо ҳақиқатанд, бояд ба усули собит сохтани мушоҳидаи худ далел ҳосил кунем. Чун ҳам худоёни юнонӣ ва ҳам мавҷҳои электромагнитӣ дар тафаккури мо на ба таври физикӣ (ҷисмонӣ), балки танҳо ба масобаи рамз ва мазомини фарҳангӣ ҳукми ҳастӣ доранд.

  Таваҷҷуҳ бояд кард, ки инҷо сухан роҷеъ ба дуруст будан ё набудани назарияи электродинамика намеравад, ин назария танҳо барои мисол оварда мешавад. Муҳим аст, ки додаҳои таҷрубӣ ба мо имконият медиҳанд, ки чандин назарияҳои хато,бо таҷруба номувофиқ ё назарияҳои хеле мураккабе, ки дарки мутобиқати назария ва додаҳои амалияро душвор месозанд, рад кунем. Вале ин маънои онро надорад, ки дар заминаи додаҳои амалӣ (эмпирикӣ) имкон дорад, ки мо як назарияи дуруст ва ягонаро барои ҳамешагӣ бипазирем, зеро бо вуҷуди амали “нисбияти  онтологӣ” имкони мавҷудияти якчанд назарияҳои устувор ва ба таври алтернативӣ асоснок вуҷуд дорад. Ин назария фарогир (инклюзив) ё холистӣ (аз калимаи англ.whole-ҳама) аст [7.2018:41-55].

  Ҳамин тавр, Куайн аз беҳтарин файласуфони илм, мантиқи риёзӣ ва маърифатшиносӣ (эпистемология) буд.Дар фалсафаи илм Куайн эпистемологияи урфӣ (суннатӣ, normative epistemology)-ро, ки умдатанба асосноккунии илм машғул буд, мавриди интиқод карор дод. Ба назари Куайн кӯшише, ки дар ин самт Рудолф Карнап,намояндаи неопозитивизми олмониву амрикоӣ карда буд, барабас рафт, зеро он ба умқи тасдиқи ҳақиқатҳои илм нарасид. Кори хубе ки Карнап кард, ин пешниҳод барои даст кашидан аз тафаккури дихотомии реализм ва номинализм, материализм ва идеализм буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҷараёни физикализм (илми физикаро меъёри илмият қарор додан), Карнап расолати ҷаҳонбинӣ доштани фалсафаро рад кард ва ба сохтани забони ягонаи илм машғул шуд, дар заминаи назарияи семантикӣ ӯ мантиқи индуктивиро пешниҳод намуд. Ӯ мегуфт, ки ба ҷои доир кардани баҳсҳои метафизикӣ (и асримиёнагӣ) дар атрофи вуҷуди ҳастӣ (аз қабили “чӣ аввал аст: материя ё рӯҳ”), табиати арқом (“оё рақамҳо ҳақиқатан вуҷуд доранд ё на” ва ғ.) бояд тибқи назарияи “чаҳорчубаи ашъё” ба масъалаҳои позитивии сохтори олами ашъё машғул шавем. Хуб мешуд, агар аввал ашъё аз тариқи “чаҳорчуби забонӣ” таҳқиқ шавад, яъне ба синфҳо, навъҳо, категорияҳо, хосиятҳо ва ғ. ҷудо карда шаванд. Вале Куайн дар баробари ин пешниҳоди қатъӣ ва муқобилгузориҳои илму метафизика, боз даъват ба таҳаммул ва мадоро мекунад. [2.1996:10].

  Ба андешаи Куайн, илм танҳо василаест барои пайдо кардани ҳақиқатҳои ҷаҳон аст. Аз ин рӯ зарур аст, ки эпистемологияи кӯҳнаро (ки бештар метафизикӣ, номуваффақва ҳадафи он дифоъ аз илм бе дарназардошти тардидҳои шаккгороёна, вале дар заминаи таълимоти суннатии ақлгароӣ ва ва шавоҳиди ҳиссӣбуд) бо эпистемологияи нав, маърифтшиносии натуралистӣ, ё маърифатшиносии табиатгаро, ки ба равоншиносӣ наздиктар аст, иваз кунем. Аввал бояд таҳқиқ кард, ки дар ибтидои эҳсосот (сенсорҳо), дар равони инсон чун субъекти физикӣ  ба таври табиӣ чӣ дорем ва он дар ниҳоят ба куҷо ва ба шаклгирии кадом назария мерасад. Сухан аз истифодаи озоди равоншиносии таҷрубӣ (free use of empirical psychology) [6.1969: 82–3] меравад. Ба андешаи Куайн, дар маърифатшиносӣ ё эпистемоложии равоншиносӣ, назария (ба маънои “теория”) аз худи табиати воқеӣ, объективӣ (объекти омӯзиш) бармехезад, на баръакс.

  Ҳамин тавр, илм наметавонад, ки тавассути ҳеҷ чизе дар хориҷ аз худи илм тавҷеҳ шавад, бинобар ин маърифатшиносӣ бахше аз назарияи кулл ё низоми табиати мо мебошад, ба истилоҳ маърифатшиносӣ илм дар бораи қобилият ва имкониятҳои илм аст, ки то кадом андоза метавонад ҳақиқатҳои воқеиятро кашф намояд ва чи тавр метавонад ин ҳудудҳоро васеъ намояд.Ҳеҷ як қазовати илмие, ҳатто қазоватҳои мушоҳидавӣ (дар заминаи таҷрубаи аёнӣ)наметавонанд, ки иддаои дастрасии комил ба ҳақиқати собитшуда кунад. Куайн даъво дорад, ки замоне ки олимон назарияе эҷод мекунанд (ба мисли олими англис И.Нютон, ки қонуни ҷозиба ва қонунҳои ҳаракатро пешниҳод намудааст) дар партави он тамоми қазоватҳои мушоҳидавии худро (ки шояд яктарафа бошанд) баён мекунанд, бинобар ин онҳо ба худ раво намебинанд, ки мушоҳидаҳои манфии худро ҳам, ки бо он назария зидбошанд ва хато будани назарияи худро фош созанд, ироа намоянд. Агар ба ибораи дигар бигӯем, онҳо мушоҳидаҳои манфии худро дар таҳтушшуури худ пахш ва дар назарияи худ ба истилоҳ “гӯр” мекунанд. Ҳақиқатан тули таърих маълум шуд, ки ба унвони мисол, қонунҳои И.Нютон, алалхусус, таълимоти ӯ дар бораи замону макон, ҳақиқати мутлақ набудаанд. А.Эйнштейн бо назарияи нисбии худ собит намуд, ки назарияисубстанциалии  И.Нютон дар бораи замону макон нодуруст аст, макону замон ҳастии мустақил надоранд (онҳо ба мисли зарфе нестанд, ки чизҳо дар онҳо ҷой бигиранд), онҳо чун хосияти модда характери нисбӣ доранд. Дар ин робита Куайн назарияи “қиёснопазирӣ” ё “санҷишнопазирӣ” (incommonsurability)ро пешниҳод мекунад, яъне ҳеҷ меъёре барои бартарӣ додан ба назарияе дар нисбати дигар назария вуҷуд надорад. Назарияҳо дар аксар маврид натиҷаи пешинаафкор (тахмину, фарз, пиндошт,гумон ва андешаи пешакӣ) ва тасвири муҳити таърихиву иҷтимоии инсон (олим) мебошанд. Аҳамияти онҳоро набояд кам гирифт. Намешавад, ки барои таҳқиқи ягон падида фақат мисолҳо ва шавоҳид аз воқеият овард, ки худашон ягон матлабро ҳаллу фасл карда бошанд. Пояи пешакии шавоҳид зарур аст, ки фикр метавонад тибқи он ҳаракат намояд ва ба собит кардани ягон назарияе бирасад.

  Ин гуна нисбатгароӣ илму фалсафа, дар шарҳи моҳияти илм дар миёни файласуфони илми замони муосир бахсу ҷадалҳо ба вуҷуд овард,бе тардид он фалсафа ва ахлоқи нисбатгароӣ (релятивизм)ро қувват дод. Албатта, мо наметавонем, ки назари Л.Витгенштейнро дар бораи он ки асоси ҷаҳонбинии муосирро як таваҳҳум (иллюзия) ташкил медиҳад, ки гуё сабабу натиҷа ва қонунмандӣ аслан дар олам вуҷуд надорад, он танҳо хоси мантиқ аст, ки нисбат ба олам титбиқ карда мешавад [6.Витгенштейн.pdf]. Вале нуктаи барои ҷомеаи мо муҳим ин буд, ки дар он андешаи фалсафаи таҳлилӣ андешаи бикр оид ба зеҳнгароӣ (субъект) аст, дар он даъват ба ҷунбиши фикр вуҷуд дошт.Яънеғунҷоиш, иқтидор ва масъулияти илмбоист, ки ҳамвора санҷида шавад, дар як сатҳ қарор нагирад, боло равад ва ҳақиқатҳои қабулшудаи илм бояд ҳар замон дар тарозӯи мантиқ, таҷрибаи фардиву равонӣ ва иҷтимоӣсанҷида шаванд, усулу равишҳои нави верификатсияи ҳақиқатҳои илмӣ кашф шаванд.

  Оё имкониятҳои имрӯзаи илм барои ҳалли муваффақона, саривақтии масоил ва қазияҳои зикршуда ва мушкилоти ҳамагонӣ басандаанд? Ин дар ҳоле, ки барои мисол моҳияти маризии гузаранда (вабо, тоун) ва роҳҳои пешгирии ононро ҳанӯз Лукретсий Кар, Буқрот, Ибни Сино ва диг. ҳазорҳо сол пештар гуфтаанд. Вале мавҷудоти олам дар ҳоли таҳаввул аст,вирус мутатсия мекунад. Ҷолиб аст, ки чаро инсоният ҳанӯз хам роҳи ҳалли ифротгароиҳоро пайдо намекунад. Шояд намехоҳад, иродат намекунад? Шояд илм ва мактабҳои мавҷудаи фалсафӣ ба талаботи замон ва ниёзҳои равониву ботинии ин гурӯҳҳои ифротгар ҷавобгӯ нестанд? Шояд ҷаҳонбинии илмиву фалсафии ҷомеаи замони мо, ки то ҳатто баъди гузашти чандин соли истиқлолият дар чаҳорчубаи фаҳмиши омиёнаи материализми диалектикиву таърихӣ омехта бо тассаввуроти урфии мазҳабӣ ва музофотӣ, боз ҳам омиёна ва таассубӣ шах шудааст ва ҳоло он дар муқобили назариёти аз нигоҳи мантиқӣ ва илмӣ коркардшудаи илоҳиёти модернистӣ (ба мисли ваҳҳобия. ки дар зери таъсири агентҳои ғарбӣ аз мамлакатҳои ба ном исломӣ ба кишвари мо экспорт мешаванд) расолати ҷаҳонбинии илмӣ буданихудро аз даст додааст, мутаассиона барои худ ҷойгузин ва бунёди нави фалсафӣ ва илмиро пайдо накардааст? Ин равандро дар интихоби мавзӯъҳо барои таҳқиқ ва сатҳу тарзи тафаккури донишҷуёну унвонҷӯёни донишгоҳҳо ва институтҳои таҳқиқотӣ дидан мумкин аст. Хулоса, агар илм худ худашро аз дарун интиқод, ислоҳ ва (тавре ки Куайн дар мисоли заврақ овардааст) таъмир  накунад, илм худ аз байн меравад ва сабаби инқирози ҷомеа мегардад ва асрҳои миёна (дар мисоли ҳаракати Толибон) бармегарданд. Ҷомеаи тоҷик ҳам, бешубҳа, дар баробари кишварҳои ҳамҷувор ниёз ба ҳамин гуна нигоҳи интиқодӣ ва бозсозии илмӣ дорад.

 

Суннатулло Ҷонбобоев

Маркази синошиносии ИФСҲ и АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (21), 2020

Сарчашмаҳо

  1. Куайн У. В. О. Слово и объект./пер. с англ. А.З. Черняк, Т. А. Дмитриев.-М.: Логос, 2000.-386 с. 
  2. Куайн У. В. О.Онтологическая относительность / Сокр. пер. А. А. Печенкина // Современная философия науки.-М.,1996.-С.40-61. 
  3. Куайн У.Две догмы эмпиризма. М., Логос, Праксис, 2000
  4. Печенкин. А.Релятивизм (Рудольф Карнап и Уиллард Куайн), индукция и индуктивизм, реализм – антиреализм. http://old.ihst.ru/~apech/pdf/relyat_indukt_realizm-antireal.pdf. Retrieved29.2020.
  5. Azadpur Muhammad.Analytical Philosophy and Avicenna:Knowing the Unknown. Routledge Taylor Francis Group.2020
  6. Витгенштейн Л. Логико-философский трактат. http://w2.ict.nsc.ru/jspui/bitstream/ICT/951/3/vit.pdf; Quine, 1969 Ontological Relativity and Other Essays. Columbia Univ. Press
  7. Quine, W.V. O. OntologicalRelativityandotherEssays, Samonda, Ibadan, 2018.p. 55;
  8. OKPALA, MICHAEL IFEANYICHUKWU.36. Окпала М. с.41
  9. Russel B.The analysis of matter.London,1954-P.7.
  10. Quine’s Theory of Ontological Relativity and Foundationalism in Philosphy by Okpala, Michael Ifeanyichukwu. file:/Downloads/QUINES_THEORY_OF_ONTOLOGICAL_RELATIVITY.pdf
  11. Shyam Wupulluri.The Map and the Territory.Eexploring the Foundation of Science, Thought and Reality.2018. p.5
  12. W.V.On the very idea of Third dogma. 1981.41
  13. Sellars, W. Emperisism and the Philosophy of Mind, in Sellars. 1963, p.163
  14. زندگی و آثار کواین، سایت تاریخ فلسفهمصاحبه با کواین درباره قلمرو فلسفه و علم
  15. زندگی و آثار کواین http://philosophers.atspace.com/quine2.htm
  1. معرف آرای کواین در فلسفه علم کواین http://philosophers.atspace.com/quine.htm

[1]Уиллард Ван Орман Куайн, файласуфи амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Ҳарвард, соли 1908 дар штати Огайо ба дунё омадааст, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳарвард (1931-32) мебошад. Аввали солҳои сиюм ба Аврупо мусофират намуда, дар суҳбат ва ҳамкориҳо бо Ҳалқаи Вена (Венский кружок-Моритс Шлик, К.Гёдел, Рудолф Карнап, Алфред Айер, А.Тарский ва ғ) қарор гирифт. Дар он ҷо ӯ дар зери таъсири позитивизми мантиқии Р.Карнап(1891-1970) қарор доштааст, с.1933 ба Ҳарвард баргашта оид ба масъалаи асосноккунии илми риёзӣ аз роҳи мантиқ машғул шудааст. Азбаски А.Тарский ва Р.Карнап  соли 1940 аз Олмони фашистӣ гурехта ба Ҳарвард (ИМА) ба кор омаданд, ҳамкории ӯ бо онҳо муваффақона давом ёфт. Соли 1993 файласуф мукофоти Ролф Шок дар соҳаи мантиқ ва фалсафа гирифт. Соли 2000 ин олими нобиға аз олам гузашт. 

[2]Дар пайдоиши он саҳми юнониён, махсусан, Арасту ва файласуфони арабу форсу тоҷикзабон, махсусан, Абунасри Форобӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино (Садри ҳакимони Шарқ) низ хеле муҳим аст. Мутаассифона, ин меросро ғарбиён нодида мегиранд. Намунаҳои хуби таърихии он дар таълимоти Ибни Сино дар бораи силлогистика, илми бурҳон, системаи категориҳо, назарияи ақли фаъол ва ғ. мебошанд [5.2000.].

[3] Мисоли қазияи таҳлилӣ ҳукми зерин аст: тамоми беваҳо бешавҳар мебошанд. Маълум аст, ки ин ҷумла дониши нав намедиҳад, зеро дар вожаи “бева” мазмуни бешавҳар аллакай вуҷуд дорад.

Хондан 1387 маротиба