JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 20 Августи 2021 04:43

Фарҳанги миллӣ ва таҳоҷуми аҷнабӣ

Муаллиф: Нозим Нуров

  Инсон, аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг мунсаҷим мешаванд. Минбаъд, чун имконоти моддию маънавии инсонӣ бартар шуд ва шаҳди қудрату тавони ҷисмониро чашид, тасмим гирифт, ки хосту ғаризаҳояшро болои мардум ва ҷомеаи камзарфият ва камқувват таҳаммул созад. Аз ин ҷо раванди таъсиррасонӣ ва таъсирпазирӣ дар таърихи башарӣ машрӯият пайдо намуда, фазосозии сиёсӣ, мафкуравӣ-идеологӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ шакл гирифт. Бад-ин минвол, ҳаракати мафкураи бегона дар масири зиндагии ақвому миллиятҳо шурӯъ шуда, дар бофтҳои иҷтимоӣ ҷо гирифта, бегонашавӣ ва бегонасолорӣ миёни ҷомеаҳо густариш ёфт. Ин гуна таҳаммулсозӣ ва иҷборан таъсиррасонии фарҳангию сиёсӣ ва мафкуравӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо (замони муосир дар назар аст) вусъати тоза касб  кард.

  Бархӯрд ва муколамаи тамаддунҳо собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, дар масири таърихи миллӣ ҳанӯз аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ шурӯъ шудааст ва то имрӯз идомат ёфта истодааст (ниг.: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.–С.47). Дар шароит ва марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ, ба қавли ҷомашиноси муосир ва муаллифи китоби машҳури “Бархӯрди тамаддунҳо” Самюэл Хантингтон, сиёсати глобалӣ сиёсати тамаддунҳоро ташкил медиҳад ва бар мабнои ин, рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо  сурат мегирад (ниг.:Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7). Дар ин давра бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ мегиранд. Муҳаррикони асосии ин раванд  миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд. Ин аст, ки мо дар вазъияти хеле ҳассоси сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор дорем. Муҳимтар аз ин, қудрат ва бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа Шарқи мусулмониро дар қолаби бовару иттилооти дурӯғин қарор дода, ба ин васила онҳоро дар ҳолати бемориии музмини дурударози ноогоҳӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, печидагӣ, нофаҳмӣ, дарҳамбарҳамӣ, бегонасолорӣ, дурӯғбофӣ ва хурофапарастӣ нигоҳ  доранд. Таъкиди донишманди муосири рус Владимир Истархов  дар ин маврид бамаврид аст: “Ҳадафи онҳо (бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ – Н.Н.) ҳамеша як дурӯғро бар дурӯғи дигар иваз кардан буда, мекӯшанд, инсон аз фазои иттилоотии онҳо, ки худашон омода кардаанд, берун набарояд” (ниг.: Истархов Владимир. Удар русских богов. - Москва, 2004. –С.4). Мутаассифона, ин гуна бозиҳои геополитикӣ ба минтақаи мо ҳам бетаъсир намемонанд ва дар ҳамаи самту сатҳҳои зиндагӣ хавфу хатарҳоро ба дунбол доранд. Дар зимн, тайи даҳ-понздаҳ соли ахир миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва махсусан, насли ҷавони ҷомеа ба таври тадриҷӣ афзудани нуфузу тасаллути хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки аз мафкураи аҷнабӣ реша мегиранд, нигарониҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Дар ин миён камогоҳӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории қишри зиёӣ ва фарҳангии ҷомеа, ки дар ҳамаи давру замон пешсафи мубориза алайҳи хурофоту ҷаҳолат маҳсуб меёфтанду меёбанд, корро як қадар мушкил кардааст. Муҳимтар аз ин, як идда зиёиёну фарҳангиёни ватанӣ худ побанди хурофоти мазҳабӣ гардида, дар хидмати хурофапароканон қарор гирифтаанд. Ҳарчанд ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва мақомоти қудратӣ дар самти коҳиш додани нуфузи сардамдорони хурофаю таассуби мазҳабӣ саъю талоши фаровон меварзанд, институтҳои иҷтимоӣ ва маданӣ фаъол нестанд. Аз ин ҳолат, ки ғолибан бар мабнои сукуту хомӯшии артиши фарҳангиёну зиёиён иттифоқ афтодааст (албатта, талошҳои иддаи ангуштшумори зиёиёни миллӣ ва фарҳангиёни ватаниро, ки ҳамеша бар зидди хурофоту ҷаҳолат мубориза мебаранд, нодида набояд гирифт ва кору пайкори онҳо дар ин вазъи ҳассоси сиёсию геополитикӣ сазовори таҳсину офарин аст), ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаройи зиддимиллӣ истифода мебаранд ва ҷомеа ва авомро таҳти таъсир ва тасаллут қарор медиҳанд.

  Гузашта аз ин, гурӯҳу созмонҳои ифротгаройи динию мазҳабии хориҷӣ, аз як тараф, ва рӯҳониёни мутаассиби дохилӣ, аз тарафи дигар, ҷомеаро дар инҳисори ақидатию сиёсӣ мегиранд. Афзун бар ин, таҳоҷуми фикрию равонӣ ва иттилоотӣ, ки тавассути расонаю сомонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ роҳандозӣ мешавад, воқеияти дигарест, ки ҳар рӯз бо он мувоҷеҳем. Ин аст, ки фарҳангиёну зиёиён бояд ҳассосиятҳои замонро қабл аз дигарон дарк намоянд ва дар баробари таҳоҷумоти аҷнабӣ қад алам кунанд.

  Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳон ба майдони набарди қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ  табдил ёфтааст ва дар заминаи бархӯрди манофеи сиёсию геополитикӣ ҳар лаҳза тағйир ёфтани авзоъ имконпазир аст. Бархӯрди манофеъ то ба ҳадде печида ва мураккаб аст, ки мавҷудияти ҷаҳон ва сайёраи инсониро ҳам ба хатар мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки донишманди муосир Гейр Лундестад  вазъи мавҷудаи сиёсии ҷаҳонро мавриди омӯзиш  қарор дода, ба натиҷаи зайл расидааст: “Дар ҳоли ҳозир мо қудрати бузург ва рақобати мутақобили қудратҳои бузургро мебинем, ки дар як дақиқа вуҷудияти тамоми инсониятро қатъ сохта метавонанд” (ниг.: Лундестад Г. Восток, Запад, Север, Юг. Основные направления  международной  политики. – Москва: Издательство «Весь мир», 2002. -С. 12). Фаротар аз ин, Г. Лундестад ба он ишора мекунад, ки дар шароити имрӯзаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо мумкин аст, тавассути даргириҳои хашин дар як дақиқа инсоният ва ҷаҳони инсонӣ  аз байн биравад. Дар ин раванди хатарзо чӣ гуна метавон фарҳанги миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва инсониро, ки тайи таърихи тӯлонӣ дар зеҳну ҳувияти мардуми як қаламрав  шакл гирифтаанд, ҳифзу нигаҳдорӣ кард? Ба назари мо, дар ин вазъияти ҳассоси сиёсию геополитикӣ пиёда намудани тадбирҳои зайл заруранд:

          а) омӯзиш ва шинохти дурусти фарҳанги бумӣ ва вижагиҳои он;

          б) таваҷҷуҳ ба асли дунёмадорӣ (секулоризм) дар фарҳанги миллӣ;

          в) андӯхтани таҷрибаҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию мафкуравии ғарбӣ дар заминаи муносибат ва бархӯрд бо фарҳангу тамаддунҳои бегона, ки решаи таҳоҷумӣ ва истибдодӣ доранд;

         г) пур кардани кӯлвори донишҳои муосири сиёсӣ ва фалсафӣ тавассути мутолеоти адабиёти илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла осори ба мавзӯоти муҳими ояндабинӣ (футурологӣ), геополитикӣ ва геостратегӣ бахшидашудаи Ҳангтингтон,  Бжезинский, Фукуяма, Комский, Тоффлер  ва дигарон;

        ғ) шинохти илмии адёну мазоҳиби ҷаҳонӣ, минҷумла динҳои сомӣ—яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом ва қиёси тафаккуроти динӣ-мазҳабӣ бо мантиқи  илмӣ-фалсафӣ;

       д) омӯзиш ва истифодаи усулу методҳои улуми табиӣ-риёзӣ дар ташхиси падидаҳои табиӣ ва ҳаводиси иҷтимоӣ;

       е) ҳамиштирокӣ ва ҳамшарикии миллию мардумӣ дар муқовимату мубориза бо мафкураи ҳувиятшикани аҷнабӣ, ки аз хурофоти динӣ-мазҳабӣ таркиб ёфтааст.

  Банди ахири тадбиру роҳкорҳои мазкур – ҳамшарикии миллию мардумӣ дар раванди муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани бегона марҳилаи ҷамъбастии мубориза маҳсуб меёбад. То он даме ки ҷомеа ва фарҳангиёни миллӣ ба ин марҳила нарасанд (расидан ба ин марҳилаи ниҳоӣ ба сатҳи баланди огоҳиҳои иҷтимоӣ ва тафаккури миллӣ вобаста аст), гуфтугузор дар мавриди ҳувият ва асолати миллӣ бенатиҷа мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва шинохти арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон дар марҳилаи аввал зарурат дорад. 

  Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги миллӣ, ки бар мабнои бовардоштҳои қадимӣ ва асотири бостонӣ устувор шудааст, решаи на таҳоҷумию бедодгарӣ, балки мардумсолорию фарҳанггустарӣ дорад. Фарҳанги миллӣ зоидаи зеҳн ва тафаккури кушоду реалистии миллат мебошад. Ба назари муҳаққиқон, фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) натиҷаи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тоифаҳо бо фарҳангашон аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст (ниг.:Ҳасан Малик. Идеология ва фарҳанг. Фарҳанг ҳастаи муқовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http: //http. Kavehroom. Com/–С.145 ). Ин аст, ки фарҳанг ба унвони унсури калидии ҳувиятсозӣ ва механизми мафкураороӣ дар баробари таҳоҷумоти аҷнабӣ хидмат мекунад. Мутмаинан, фарҳанги миллӣ имкони муқовимат бо идеология ва таҳоҷумоти сиёсию мафкуравии аҷнабиро дорад.

  Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷо додани арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ дар зеҳни насли наврас ва ҷавон кори мунтазам ва мудавоми фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад ва ҷараёни зеҳнсозии миллӣ аз марзи хонавода шурӯъ шуда, то ба ҳадди ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ (боғчаву мактаб, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муассисоти фарҳангӣ-фароғатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо)  мерасад. Тарбияи зеҳнӣ ва фарҳангӣ, қабл аз ҳама, дар марҳилаи ҷанинии ташаккул ва рушди насли наврасу ҷавони ҷомеа корсозтар аст. Агар фазои марҳилаи ҷанинӣ бо андешаи солими бумӣ ва арзишҳои инсонсози миллӣ комил гардад, таҳдиди буҳрони беҳувиятӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ коҳиш ёфта, масири ҳувиятшиносии миллӣ боз мегардад. Бинобар ин, аз ин марҳила – аз замони туфулият мебояд шурӯъ кард, то насли хурдсол ва навраси мо бо шинохти арзишҳои миллӣ ва бумӣ ба воя расида, бо онҳо хӯ гирифта, бузург шавад ва минбаъд ҷилави вуруду таҳдиду фишори фарҳанги хирадситезу ҷаҳолатмаоби аҷнабиро худ, бидуни кумаки дигарон  бигирад.

  Ҳоло ки ҷомеаи мадании тоҷик дар баробари хатари нави ҷиддӣ – коронавирус дасту панҷа нарм мекунад, фурсат дорад, ки воқеиятҳои давру замонро дуруст бишносад ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда иқдом намояд. Иттиҳоду ҳамбастагии миллию мардумӣ, ки аз фарҳанги бостонии миллӣ сарчашма мегирад,  дар ин вазъияти ҳассос корсоз буда метавонад. Бовар дорем, ки миллати тамаддунофари тоҷик, бо такя ба неруи зиёиёни асили миллӣ аз ин марҳилаи ҳассос беосеб бадар меояд ва дар баробари таҳоҷумоти сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангии бегонагон ҷиддӣ муқовимат мекунад.

                   Н. Нуров

 

Хондан 1788 маротиба