JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 07 Майи 2021 04:19

Иди зафар муборак!

Муаллиф: Хоҷаев Ҳикматулло

    Имсол 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм  гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.

    Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.

    Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.

   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медод, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд, мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд.

     Дар ин ҷанг зиёда аз 90 ҳазор нафар тоҷикистонӣ барои ҳифзи Ватан ҳалок шуданд.

   Барои мардонагӣ, далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд.

   Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон барои муҳофизати Масква дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ, дорандаи орденҳои Байрақи сурхи ҷангӣ ва Ленин сафарбар карда шуда буд. Он аз рӯзҳои аввал дар муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ иштирок намуда, сазовори қадрдониҳо гардидааст. Ҳазорҳо фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангӣ омӯхтанд, зиёда аз 150 нафар сарбозу афсари ин дивизия, ки дар муҳорибаи назди Масква қаҳрамониҳо нишон додаанд, бо мукофотҳои баланди ҳукуматӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар муҳорибаҳои Сталинград низ фиристодагони Тоҷикистон мардонагии бемисл нишон доданд. Роҳи ҷангии дивизияи 61-уми савораи дар Тоҷикистон таъсисёфта, иштироки он аз муҳорибаҳои озод кардани Сталинград оғоз мегардад. Ҷанговарон ва фармондеҳони дивизия бо ҷасорати худ ҳазорон фашистро несту нобуд намудаанд.

   Зарурате ба миён омаду дивизияи 61-уми савора ба дивизияи савораи гвардиягии 16-ум табдил дода шуда, корномаҳои ҷангии худро идома дод. 19 ноябри соли 1942 Армияи Сурх ба ҳуҷуми ҷавобӣ мегузарад. Муҳорибаи назди дарёи бузурги рус-Волга яке аз ҳуҷумҳои аввалине буд, ки бо ғалабаи муҳим анҷом ёфт. Натиҷаи ин муҳориба дар рӯҳияи ҷанговарон гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, ба ғалабаҳои минбаъдаи рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ асос гузошт. Армияи Сурх аз Сталинград то Владикавказ якбора ба ҳуҷуми бузурги ҷавобӣ гузашт. Дар ҳайати гуногуни фронтҳои мухталиф фарзандони Тоҷикистон низ ҷасурона меҷангиданд. Ҷанговарони тоҷик дар мудофиаи қаҳрамононаи Ленинград, кӯҳҳои Кавказ ва дигар муҳорибаҳои Курск, Орёл ва назди дарёи Днепр ширкат варзида, қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд.

Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.

   Дар қатори қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занҳои тоҷик низ мақоми махсус доранд. Бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин- ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қӯшунҳои шӯравӣ бо маводи ғизоию пӯшокӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супориш дода шуда буд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шаванд. Тибқи ин супориш, ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд.

   Тибқи фармоиши Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар омӯзиши умумии омодагии ҳатмии ҳарбиро эълон ва ҷорӣ намуданд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 14765 нафар ҷавонону духтарон курсҳои тайёрии умумии ҳарбиро гузаштанд, ки аз он теъдод 10320 нафарашонро занону духтарон ташкил медод. Дар солномаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ номҳои занони тоҷик, ки баҳри ҳифзи Ватан қаҳрамонии бемисл нишон додаанд, ба монанди Ойгул Муҳаммадҷонова, Инъом Қурбонова, Саодат Алибоева, Ҷаннат Раҳимова ва дигарон ҷовидон сабт гардидаанд.

   Дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони тоҷикистонӣ матбуоти фронтӣ ва ватанӣ борҳо маводи гуногун нашр намуда буд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» аз 28 октябри соли 1942 дар бораи ҷонбозиҳои зани тоҷик, сарнишини ҳавопаймо Ойгул Муҳаммадҷова аз деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент чунин иттилоъ дода буд, ки вай ба нуқтаҳои асосии базаи ҳарбии фашистон зиёда аз 93 парвози ҷангӣ намуда, дар охир маҷрӯҳ гардидааст. Ин зани шуҷоъ барои қаҳрамониҳо бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуд. Қаҳрамонии ҳамшираҳои шафқат: Туҳфа Ҳамсариева, Саодат Сангинова, София Муҳаммадова ва дигарон боиси ёдоварист, ки ҳаёти худро барои берун баровардани аскарони маҷрӯҳ аз майдони ҷанг бахшидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳанд гашт.

   Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басар бурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.

   Дар давраи вазнини ҷанг мардуми тоҷик новобаста аз вазъи иқтисодӣ, бо нигоҳ доштани ору номуси аҷдодии худ, садоқати ба халқу миллат дошта, барои ҳимояи Ватан охирин сарвату дороии худро ҷамъ намуда, мефиристоданд, то кумаке дар роҳи ғалаба бар фашизм гардад. Агар саҳми мардуми Тоҷикистонро дар ин давра барои таъмини ғалаба шуморем, барои фронт 151 вагони пурбор, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, зиёда аз 25000 метр газворҳои гуногун ва дигар лавозимоти заруриро аз аҳолӣ ҷамъ намуда, фиристода буданд. Ба фонди захиравии мудофиавии Ватан зиёда аз 30 миллиону 500 ҳазор сӯм маблағи нақд, 40750 пуд ғалладона супорида шуда буд.

   Меҳнаткашони Тоҷикистон ба фонди сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 млн. сӯм ва ба сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35 млн. сӯм гузарониданд. Танҳо бо ташаббуси комсомолону ҷавонони Тоҷикистон барои харидории аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ барои фронт ихтиёран 6 млн. сӯм ҷамъоварӣ намуда супорида буданд.

   Маълум аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло мебошад. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кумак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷро дар доираи анъанаҳои қадимии халқи тоҷик пайваста идома диҳем.

   Ёдоварӣ аз ин сабақи таърихӣ мардуми кишвар ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки рӯй додани ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир эҳтимолияти ба ҳар як кишвар таҳдиду зарар оварданаш аз мадди назар дур нест. Бо дарназардошти фарогирии таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, дар ҳама ҳолат нигоҳ доштани масъулияти баланди ватанпарастӣ, ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, омодобоши ҷузъу томҳои низомӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Артиши миллии Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди Ватан ба ҳисоб меравад, мебошад.

   Инак, дар ин Рӯзи Ғалаба-рӯзи хуҷастаи зафар бо ифтихор метавонем гӯем, ки мардуми тоҷик ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини ғалабаи олам шумули халқҳои шӯравӣ бар Германияи фашистӣ гузоштаанд. Моро месазад, ки бо онҳо ифтихор намоем. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хеле ками собиқадорон боқӣ мондаанд, ки ҳамеша таҳти ғамхориҳои  Ҳукумати  мамлакат  ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам, Эмомалӣ  Раҳмон  қарор доранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои тамоми мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба иштирокчиёни ҶБВ табрику муборакбод гуфта, дар идомаи зиндагияшон муваффақиятҳои назаррасро хоҳонам.

 
 Хоҷаев Ҳикматулло

коршинос

Хондан 2244 маротиба