JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 19 Сентябри 2022 06:22

Ҷиноятҳои зиддибашарии қирғизҳо

Муаллиф: Меҳр Собириён

   Иғвои охирини ҳукумати нолоиқи Қирғизистон бар зидди мардуми тоҷик нишон дод, ки ин ҷинояткорон як давлатро низ дар асоси ҳамон қонунҳои ҷиноии худ идора карда истодаанд. Ҳарбиёни бешарафи ин кишвар бо фармони раҳбарони ҷинояткори худ аввал ба сарҳадбонони мо ҳамла карданд ва баъди зарбаи ҷавобии ҳомиёни шермарди Тоҷикистон тамоми конвенсияҳои байналмилалиро нақз карда, ҳадафмандона мардуми осоиштаро мавриди ҳамла қарор доданд. Онҳо дар ин ҷинояти зиддибашарии худ аз тамоми намуди яроқ истифода бурда, афроди мулкии зиёдеро ба қатл расониданд. Ин ҷинояти зиддиинсонии қирғизҳо бояд тафтиш ва гунаҳгорон ба суди байналмилалӣ кашида шаванд.

   Аз наворҳо ва хабарҳои Васоити ахбори омма маълум гашт, ки қирғизҳои ҷинояткор, ҳатто ба автомобили “Ёрии таъҷилӣ” раҳм накарда, онро бо силоҳи махсусан вазнин зери ҳадаф қарор медиҳанд. Дар натиҷа, панҷ нафар аъзои оила ва фелшеру ронандаи автомобил бераҳмона ба қатл мерасанд. Аз расму наворҳо дидан мумкин аст, ки автомобил бо яроқи вазнин зада шудааст. Яроқе, ки шояд бар зидди танку дигар мошинаҳои зиреҳпуш истифода шавад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки зидди автомошинаи “Ёрии таъҷилӣ” тир кушояд ва ё онро бо танку дигар мошинаҳои зиреҳпуш баробар кунад. Яқинан қирғизҳои ҷинояткор зани ҳомиларо бо се кӯдаку хушдоманаш мавриди ҳадаф қарор додаанд ва ҳатто ба кӯдаки дар батни модар буда ҳам раҳм накарданд. Ин ҷинояткорон ҳадафмандона ба ин кӯдакону афроди мулкӣ ҳамла карда, ҳамчун ҳайвони ваҳшӣ қасоси бохташон дар майдони ҷангро аз онҳо гирифтан хостанд.
  Ҷинояткорони қирғиз ба ғайр аз хонаҳои истиқоматӣ, ҳатто мактабу масҷидро низ мавриди ҳадаф қарор дода, алами бохташон дар майдони ҷангро гирифтан хостанд. Дар масҷиде, ки мавриди ҳамлаи ин ҷинояткорон қарор гирифт, 12 нафар шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон ва дар мактабе, ки онҳо мавриди ҳадаф қарор донанд 6 нафар кушта шудааст. Ҳамаи ин нишондиҳандаи он аст, ки қирғизҳои ҷинояткор даст ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ зада истодаанд. Мавриди ҳадаф қарор додани иншоотҳои мулкӣ, ки ба ҷанг ҳеҷ алоқае надоранд, тибқи конвенсияҳои байналмилалӣ қатъиян манъ аст. Ҳар кӣ даст ба чунин ҷиноятҳо мезанад, ҳатман бояд ба ҷавобгарӣ дар судҳои байналмилалӣ кашида шавад.
  Ҳамин тариқ маълум гашт, ки кӯчманчиёни аз доираи қавонини инсонӣ беруншуда, баъди шикаст хӯрдани худ дар майдони ҷанг даст ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ зада, аҳолии осоиштаи Тоҷикистонро мавриди ҳадаф ва ҳамла қарор доданд. Онҳо бар зидди мардуми осоиштаи мо аз танку БТР ва паҳбодҳо тир кушода, ҳадафмандона мардуми осоиштаро ба қатл расониданд. Ин ҷинояткорон, ҳатто ба кӯдакону занони ҳомила раҳм накарданд. Набояд гузошт, ки чунин ҷиноятҳои ҳадафмандонаи зиддиинсонии қирғизҳо бе ҷавобгарӣ монда, боиси сар задани дигар ҷиноятҳо дар оянда гарданд. Шермардони майдони ҷанги тоҷик тавонистанд ин ҷинояткоронро дар ҷояшон шинонанд. Акнун навбати ҳуқуқшиносон ва дипломатҳои мо аст. Онҳо бояд далелҳои мавҷударо ба долонҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ расонида, ҷинояткорони қирғиз ва фармондеҳони онҳоро ба суди байналмилалӣ кашанд. Тоҷикистон ба пеш!

Меҳр Собириён
Хондан 811 маротиба