JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 05 Сентябри 2023 05:23

Истиқлолият – айёми сарбаландиҳо

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

  Дар паҳнои азими ҷаҳони муосир то имрўз даҳҳо миллату кишварое мавҷуданд, ки таи садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ ва соҳиб гардидан ба арзу буми сарзаминашон азият мекашанд. Дарвоқеъ, комёб шудани мардум ба зиндагии одилона, соҳиб гардидани онҳо ба забону фарҳанг ва сангу хоки азизи сарзамини хеш падидаест хеле гуворо, вале мутаассифона, на ба ҳама дастрас.

Хушбахтона,  тақдир ба миллати мо баҳрабардориро аз ин неъмати асосӣ ва аз ин давлати накўномӣ пас аз садсолаҳои орзуву умедҳо ва ниятҳои дар дили ҳазорон фарзандонаш барбодрафта сазовор донист.

Халқи тоҷик аз қадимулайём дар бари кўҳсори баланд маскан гирифта, аз қуллаҳои он баландӣ омўхт ва аз софии оби чашмасорони бешумор покизагӣ андўхт. Дар дили мардуми фарҳангсози мо меҳри беандозаи Ватан маъво гирифт. Зиёда аз ду ҳазор сол инҷониб  аҷдодони мо дар майдони фарохи фарҳанг ва тамаддуни олам соҳиби эъҷоз буданд ва фазои маънавии Хуросону Мовароуннаҳрро бо падидаҳои нозуктарин ба мисли Авестову Шоҳнома, Шашмақому фалаксароӣ ва Гуруғлихонӣ оро медоданд.

Вале ҳайҳот, ин мардуми сарбаланду соҳибғурур дар ҳар хамгашти вақоеи рўзгор дучори ҳамлаву зиддият, бухлу ҳасад ва таҳдиду хатар қарор мегирифтанд. Давлатдории Сомониён – нахустин давлати мутамарказонидашудаи тоҷикон ва шаҳомати оламшумули он фавран ба таъқиби бадхоҳон ва масканталабони тангчашм гирифтор шуд . Давлати бузурги Сомониён сарнагун гашт, вале пояи хираду маърифат побарҷо монд ва минбаъд низ  тоҷикон, ки воқеан соҳиби забони адабӣ ва шеъри волои Рўдакӣ шуда буданд, кулли падидаҳои маънавии башарро аз бар намуда, вориди зеҳни тез ва фаҳму идроки хеш сохтанд.

Орзуи давлатдорӣ, ҳифзи нангу номуси миллӣ, суннатҳои устувори аз сина ба сина интиқол намудани хиради аҷдодӣ ва нияти олии рўзе расидан ба истиқлолият – ҳамин буд мундариҷаи асосии фарҳанги мо таи ҳазор соли охир. Аз ин сабаб, агар ҳар касе имрўз дар хаёли он бошад, ки истиқлолияти давлатии Тољикистон гўё тўҳфаи ногаҳонии тақдир аст, комилан иштибоҳ мекунад.

 Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳар як рукни истиқлолияти имрўзаи мо – фарҳанг, ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, заҳматпеша будан - ин натиҷаи ҳамон муҳаббатхоҳии миллатамон ба шумор меравад, ки дарвоқеъ таҷассумгари сифати асосии фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки ҳанўз дар саргаҳи бунёди фарҳанги навини мо нидои Рўдакии бузург қарор гирифта буд, ки  дидори дўстонро ҳамчун беҳтарин шодии ҷаҳон пазируфт:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

 Бартар аз дидори рўи дўстон.

 Андаке баъд Аллома Бўалии Сино масоҳати фарогири тафаккури инсонро дар як лаҳзаи таърих то ба Авҷи Зуҳал боло баровард ва гўё ба миллати бузургаш оиди расидан ба  баландиҳо ва канораҷўӣ аз пастиҳо ҳидояте карду рафт:

 Аз қаъри гили сияҳ то Авҷи Зуҳал,

 Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал…

 Ва минбаъд низ тоҷикон доим дар баландӣ қарор мегирифтанд – дар баландии номус, дар баландии макон ва виҷдону хирад.

Ҳамин парастиши дўсти қобил, ҳамин нияту ҳаракати ҳамзистии осоиштаи насли одамро дар пайравии Рўдакӣ устод Мирзо Турсунзода идома доданд:

 Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,

 Аз амонӣ гуфтугў дорем мо…

 Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,

 Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт…

Васфи баландиҳо ва рамзҳои он ҳамаҷо дар ашъори Турсунзода  мақоми хоса дорад:

 Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,

 Дар баландиҳои кўҳи сарбаланди мо гузор.

Оре, мо имрўз ба ҳамон баландии орзу намудаи аҷдодони  хеш расидем. Аҳли олам кунун ба хубӣ мушоҳида намуданд, ки чӣ гуна миллати тоҷик дар солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ аз болои садҳо монеаҳои ба рўзгори мо таҳмилгардида сарбаландона убур намуд ва зимнан, ҳар қадаре ки пасттинатон мехостанд мардуми моро сўи сифла кашанд, ҳамон қадар қомати номуси миллат болотар мегардид.

Мардуми сарбаланди тоҷикро дар оғози марҳилаи нави таърихӣ - ин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсоз сарваре лозим буд, ки худ сарбаланд бошад ва қадри сарбаландиҳои миллатро бидонад. Сарвари олии Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон, ки офаридгор ўро қомати боло ва сари баланд ато намудааст, аз рўзи нахустини ба сари қудрат омаданашон оиди ба сарзамини хеш баргардонидани ҳазорон  муҳоҷирони иҷборӣ қасам ёд намуда ба иҷрои ин ният ноил гардиданд.

 Шукр бояд намуд, ки танҳо бо ҳамин васила ҷомеаи мо аз парешонӣ раҳоӣ ёфт ва сарҷамъии мардуми муддате парешон гашта омили асосии рушди алоқаҳои нави иҷтимоӣ гардид.

Марҳилаи дигари бунёди истиқлолияти Тоҷикистон - ин ба эътидол расонидани вазъи ҷомеаи ихтилофрасида буд ва дар ин маврид низ сарвари давлат ба сарбаландӣ ба ислоҳи он сазовор шуд. Имрўз сиёсатшиносон бояд ошкоро таҳқиқ намоянд, ки дар оғози солҳои 90-ум бо сад баҳона парешон намудани мардуми тоҷик чи кирдоре ва чи мақсади вайронкоронае буд. Чи қадар абарқудратоне аз чапу рост ба оромии кишвари тоҷик зарбаҳо заданд, чи найрангу дасисаҳоеро бар сари мо ҳамл карданд…

Ҳидоят ва заҳмати сарвари нави давлати Тоҷикистон, эҳсоси покизаи дили муҳаббатхоҳи мардуми тоҷик ва устувориву матонати ҷомеа дар натиҷа мўҷиби ба ҳам омадани миллат гардиданд.

Дар ин иқдом низ воситаи асосии ба мақсад расидан – ин фарҳанги бузурги инсондўстӣ ва оламшиносии тоҷикон ба шумор меравад. Ки медонад, шояд маҳз маънии қиссаи ҷонсўзи синаи фарзанди хешро шикоф намудани Рустами достон, ё худ бо дасти душманони нохалаф нобино гардидани шоир Рўдакӣ, оворагиҳои пурдавоми Камоли Хуҷандӣ, сарбурида шудани Ҳилолӣ ё худ аз пўст ҷудо шудани Насимӣ ва садҳо дигар қиссаҳои пурдаҳшату ибратангез буданд, ки бо рамзҳои шиносашон замири мардуми моро аз майл намудан ба ҳаракатҳои тахрибкорӣ ҳифз намуданд.

Итминони комил аст, агар бигўем, ки дар ҳақиқат шиори нахустини замони Истиқлолиятро Президент Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин сарчашмаи некўи хирад иқтибос оварда эълон намуданд, ки «фарҳанг – ҳастии миллат аст». Маҳз фарҳангӣ будани мардуми тоҷик кишварро аз офати ихтилофҳои пай дар пай эмин дошт. Чи ҷои тааҷҷуб, имрўз ҳамагон дақиқан пай бурданд, ки бозиҳои ба ном «демократиясозӣ», кўшишҳои ҳамарўзаи қувваҳои беруна ба хотири вайрон кардани афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон, дар кишварҳои ҳамҷавори мо ба чи оқибатҳои нохуш оварда расонданд.

Ҳастии мардум дар фарҳанг қарор дорад, яъне метавон умед баст, ки минбаъд низ омилҳои фарҳангӣ воситаи асосии рушди ҷомеаи мо мегарданд. Бидуни шубҳа, ҳар як сангу ҳар як  ғишти бинои Истиқлолияти давлати навини тоҷикон аз замини падидаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ – маҳсули эъҷози аҷдодони соҳибхиради мо бунёд гардидаст.

Имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хеле амиқ ва фарох андеша биронад, ки ҳазор соли зулму истисмори бегонагон, гуруснагиву оворагии аҷдодон, бедавлативу бехонагӣ чи рўзгоре буд ва инак ҳамагӣ сиву ду соли истиқлолият ба  мо чи дод. 

Ин карат бояд тахайюлоти холӣ не, балки хулосаи зарурӣ бояд бурун овард, зеро бидуни дарки ана ҳамин фарқият ва ҳамин воқеият ҳар лаҳза моро оташи ихтилоф ва иғво фаро гирифта метавонад.

Мутаассифона, имрўзҳо низ баъзан нафароне дучор мешаванд, ки бо ҳар гуна баҳонаҷўиву назари бад танҳо ба ҷустуҷӯи камбудиву норасоиҳо машғуланд. Ин намуд нигилизм ва  тангчашмӣ дар таърихи башар ҳамеша вуҷуд дошт ва дар ҳама замон ба амалҳои ин навъ мунаққидон аҳли башар баҳои сазовор медоданд. Баъзен нафареро мебинӣ, ки дар умраш се ҷумлаи дуруст нанавиштааст, бо дасти "ходимонаш" китобнавис шуда бо виқор ба вақоеъи давр "баҳогузорӣ" менамояд.  Чанд нафари косалесонаш бошанд, дойра зада китоби ӯро таъриф мекунанд. Бадбахтона, маҳз аз миёни ҳамин тоифа «ҳамадонҳо» душманони хориҷии мо хизматгорони хешро пайдо мекунанд ва ба ивази музди ночизу ҳаром онҳоро барои бадгўиву риёкорӣ сафарбар месозанд.

 Ин намуд "графоман"-ҳо  (қаламбадастони беҳунар)  ё худ шоиртарошон аз даҳонаш кафк бароварда тамоми буду набуди рўзгори ҷомеаи кунуниро наҳ мезананд, дарҳол бояд дақиқан мулоҳиза намуд: ин шайтонҳо бо супориши кӣ ва ба ивази чанд танга ин қадар ватани худ ва мардуми худро паст мезада бошанд? Магар рўзе намерасад, ки ҳаққи намаки мардум кўрашон кунад? Аслан гирем, ин аблаҳзодагон аллакай кўр шудаанд ё худ худро кўр метарошанд, вагарна чаро вонамуд мекунанд «аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд»?

Дар ин маврид набояд фаромўш кард, ки мафҳуми истиқлолияти давлатӣ ҳамеша болотар аз ҳама гуна гилаву ҷингила, даъвову ғавғо ва нозу карашмаи сиёсатҷўёна қарор мегирад. Истиқлолият меваест, ки шаҳди он насиби ҳар як шаҳрванд мешавад ва ҳар як тану ақли солим қатъи назар аз имону виҷдон ва мазҳабу маснадаш бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Дар ҷилои танҳо як шарари замони нав ба паҳнои ҷаҳони пурталотум ворид гардидани давлати тозабунёди тоҷик кори осон набуд. Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки «Халқи олам дўст бо мо гаштааст», вале дар аввали солҳои истиқлолият маълум гардид, ки на ҳама  қудратњои ҷаҳон солимии кишвари Тоҷикистонро хайрхоҳӣ менамоянд. З-ин сабаб, Президенти мамлакат борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки ҷараёни пурталотуми ҷаҳонишавӣ имрўз ба мамолики навбунёд, махсусан ба кишвари мо таъсири дуҷониба – ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Яъне дар вазъияти риояи сиёсати дарҳои кушод ҳифз намудани асолати фарҳанги миллӣ, рушди сатҳи худшиносии мардум кори басо душвор мебошад.

Аз ин рў, мо бояд ифтихор аз он созем, ки дар муддати хеле кўтоҳи  давраи истиқлолият Сарвари давлати мо тавонистанд мардуми кишварро то ҳадди имкон зудтар ва амиқтар аз бузургтарин падидаҳои меросӣ, аз беҳтарин намунаҳои бои маънавияти миллӣ огоҳ намоянд. Вақте ба сўи мероси гаронбаҳои мо – мусиқии Шашмақом чашмони баъзе доираҳои «фарҳангдўсти» олам ало гардиданд, Президенти Тоҷикистон дарҳол фармони таърихиро оиди рушди ин санъати асил ба тасвиб расониданд ва ҳамин буд, ки пас аз чанде ташкилоти ЮНЕСКО бо Қарори махсуси худ  Шашмақоми тоҷиконро ба номгўи бузургтарин падидаҳои мероси маънавии олам ворид намуд.

Дар Тоҷикистон дар замони истиқлолият эҳёи воқеии фарҳанги миллӣ оғоз гардид. Дар як муддати кутоҳ бинои мўҳташами Китобхонаи миллӣ бунёд гардид, ки он бидуни муболиға ба маркази бузургтарини донишандўзӣ табдил ёфт. Ин  хазинаи бузурги маърифат аз рўи нишондодҳои тахассусӣ (фонди 13 миллионаи китоб, шароити беҳтарин барои ҳифзи осор, технологияи ҳозиразамони хизматрасонӣ ва ѓ.) яке аз беҳтарин китобхонаҳои олам ба шумор меравад. Бешубҳа, ин дастовардҳои фарҳангӣ қабл аз ҳама маҳсули сиёсати хирадмандона ва нуктасанҷонаи сарвари давлатамон ба шумор меравад.

Дар тўфони пурмоҷарои сиёсати ҷаҳонӣ Сарвари давлат киштии миллатро сўи манзилгаҳи мақсуд далеронаву бохирадона равон сохтанд ва ҳамин буд, ки суханони дигари устод Турсунзода барҳақ баромаданд, яъне ҷаҳон донист, ки «бе зулму асорат мо ҷаҳон дорем»!

Китоби Истиқлолиятро бояд саҳифаҳои тозае менавишт, аз боби фарҳанг, сиёсат, мулкдорӣ ва тиҷорат. Роҳе бояд пайдо менамуд, ки роҳи Рост бошад ва адлу инсофро ба мардум дастрас намояд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин роҳи Ростро устуворона пайдо намуданд ва барои ба мақсад расонидани мардум, таъмини ояндаи осоиштаи миллат сараввал маҳз  сиёсати раҳкушоиро пеша намуданд ва кулли манотиқи мамлакат миёни якдигар роҳҳои замонавӣ пайдо карданд. 

Биёед, ёдовар мешавем, ки дар замири мардуми пурнангу номуси мо эҳсос ва истиқболи якдилонаи ин нидо аз куҷо сарчашма мегирад? Шояд аз байтҳои безаволи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки панҷсад сол пеш гуфта буданд:

                           Ба фарқи сар ниҳода сад шутур бор,

                           Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан,

                           Басо бар Ҷомӣ осонтар намояд,

                           Зи бори миннати дунон кашидан…

Зиҳӣ, номуси тоҷикони сарбаланд, зиҳӣ эҳсоси садоқат ба Ватан! Тоҷикон ба аҳли ҷаҳон нишон доданд, ки воқеан ворисони Рўдакиву Ҷомӣ ҳастанд, баландиро меписанданд ва дар лаҳзаи зарурии таърих мисли қуллаҳои сар ба фалаки кўҳсори кишвар китф ба китфи ҳамдигар қарор мегиранду ба рағми бодҳои сарду ифлос сипар мешаванд.

Қариб ним аср қабл аз рўзгори мо устод Мирзо Турсунзода пешгўӣ намуда буданд: 

 Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,

 Ростиву дўстиро оқибат дарёб кард…

Ин суханони ба тақдири кунунии қитъаи Осиё бахшидаи шоири шаҳир ва Қаҳрамони Тоҷикистон қабл аз ҳама ва бечунучаро маҳз ба Тоҷикистон пайвандӣ дорад. Имрўз халқи  мо, миллати куҳанбунёди мо баҳри мустаҳкам намудани ҷисму ҷони кишвараш аз нав бедор шудааст. Дар пеши раҳи мо ҳар чи монеа ҳаст - убур мешавад, ҳар душворие ҳаст - паси сар мегардад ва ҳар муаммои сарбастае ҳаст- ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Хиради таърихӣ, ғайрату матонати мардум, раҳнамоии Пешвои муаззами миллат – ҳамин аст кафолати  Истиқлолият.

Аслиддин Низомӣ

Доктори илмҳои санъатшиносӣ,

мудири Шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1616 маротиба