(мулоҳизаҳои куллӣ дар ҳошияи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ)
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва озодии миллӣ, балки заминаи ташаккули низоми муосири давлатдории дунявӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, илм, маориф ва технологияҳои нав гардид. Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвар марҳилаҳои муҳими рушди давлатдориро тай намуда, тадриҷан ба раванди ҷаҳонии рақамикунонӣ ворид шуд.
Солҳои аввали истиқлолият, ки Тоҷикистон ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, боиси коҳиши истеҳсолот ва афзоиши бекорӣ гардида буданд. Дар он давраи ҳассос барқарор намудани сулҳ, таъмини суботи сиёсӣ ва бунёди пояҳои давлатдорӣ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Дар ин ҷода Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷатан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳмияти калидӣ доштанд.
Бо гузашти вақт, рушди кишвар аз барқарорсозии одӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлоли энергетикӣ, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ гузашт. Имрӯз бошад, технологияҳои рақамӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии кишвар табдил ёфтааст.
Агар дар марҳилаҳои аввал масъалаи асосӣ ташаккули инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои дастрасӣ ба технологияҳои муосир бошад, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нав - рақамикунонии иқтисод, хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инноватсия ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ ворид гардидааст.
Рушди технологияҳои рақамиро дар Тоҷикистонро метавон ҳамчун як раванди пайваста ва зина ба зина арзёбӣ намуд. Дар оғоз истифодаи компютерҳо ва технологияҳои иттилоотӣ бештар ба муассисаҳои давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ва соҳаи маориф маҳдуд буда, норасоии шадиди кадрҳои соҳавӣ ба назар мерасид. Аммо бо рушди инфрасохтори алоқа ва интернет имкониятҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳо васеъ гардиданд.
Аз технологияҳои иттилоотӣ то ҷомеаи рақамӣ
Имрӯз интернет ва алоқаи мобилӣ ба қисми таркибӣ ва муҳими ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ табдил ёфтаанд. Барои ба ин сатҳ расидан низоми идоракунии соҳа низ марҳилаи ташаккулро тай кард:
- дар солҳои аввали истиқлолият Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳа ба шумор мерафт.
- соли 2006 бо Фармони Президенти кишвар се сохтор муттаҳид гардида, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
- 28 феврали соли 2011 соҳаи алоқа ҷудо гардида, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки ин заминаҳои ҳуқуқиву меъёриро барои рушди устувори телекоммуникатсия фароҳам овард.
- соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 147 «Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, ниҳоди нави ваколатдори соҳавӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рақамикунонӣ, технологияҳои рақамӣ ва инноватсия ба фаъолият оғоз намуд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 июли соли 2025), шумораи истифодабарандагони интернет дар кишвар аз 5 миллион нафар гузашта, шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6 миллиону 966 ҳазор нафар (ки аз онҳо 5 миллиону 661 ҳазор муштариёни фаъоланд) расидааст. Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки технологияҳои рақамӣ дигар танҳо воситаи техникӣ нестанд, балки ба ҷузъи муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон табдил ёфтаанд.
Рақамикунонӣ - самти муҳими рушди миллӣ
Қадами муҳимми навбатӣ гузариш аз истифодаи оддиву техникӣ ба ташаккули иқтисоди рақамӣ мебошад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ин раванд ва рушди инноватсия, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ дар Тоҷикистон аз доираи истифодаи технологияҳои алоҳида берун рафта, ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати рушди миллӣ табдил ёфтааст.
Дар ин замина, рақамикунонӣ бояд на танҳо ба истифодаи технологияҳои нав, балки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рушди соҳибкорӣ, коҳиши хароҷот, таъмини шаффофият ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мусоидат намояд.
Барои гузариш ба ҷомеаи рақамӣ заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, аз ҷумла:
- Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003);
- Қонунҳо «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ» (2007) ва «Дар бораи амнияти шахсӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ» (2018);
- Консепсияи ташкили Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011);
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (2016);
- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) ва Қонун «Дар бораи тиҷорати электронӣ» (2022) ;
- Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 (2022).
Инфрасохтори рақамӣ - асоси рушди технологӣ
Инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ҳамчун таҳкурсии иқтисоди рақамӣ мунтазам тавсеа меёбад. Хадамоти алоқа дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (30 апрели соли 2026 қабул гардид) ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
Дар сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ масъалаҳои рушди шабакаҳои 5G, бунёди марказҳои коркарди маълумот (Data Center) ва ташкили махзани мукаммали миллии маълумот таъкид шудаанд. Ҳамзамон, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ аз вазифаҳои муҳимми марҳилаи нав арзёбӣ мешаванд. Ин раванд метавонад ба ташаккули муҳити ягонаи иттилоотӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми мамлакат замина гузорад.
Рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ
Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини ин раванд беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, сарфаи вақти онҳо ва коҳиш додани хароҷоти маъмурӣ мебошад. Дар ин раванд Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ваколатдори соҳавӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рақамикунонӣ, технологияҳои рақамӣ ва инноватсия нақши муҳим мебозад.
Агентӣ ҳамчун маркази ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар ин самт амал намуда, дар ташаккули заминаҳои институтсионалӣ, инфрасохторӣ ва ҳуқуқии иқтисоди рақамии мамлакат нақши муҳим дорад. Дар доираи фаъолияти он масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва бахши иҷтимоӣ, рушди экосистемаи стартапӣ ва дастгирии соҳибкории инноватсионӣ низ пеш бурда мешаванд. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Агентӣ рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, дар соли 2026 Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ - EKHIZMAT.TJ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ (гирифтани маълумотномаҳо, бақайдгирии соҳибкорӣ, бақайдгирии таваллуд, гирифтани имзои электронӣ ва иҷозатномаҳо) ҷойгир карда шудаанд. Шаҳрвандон метавонанд онҳоро ба таври рақамӣ ва бидуни ҳозир шудан ба мақомот дастрас намоянд. Дар байни онҳо гирифтани баъзе маълумотномаҳо, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, баъзе иҷозатномаҳо ва дигар хизматрасониҳо мавҷуданд, ки шаҳрванд метавонад онҳоро ба таври рақамӣ ва бидуни ҳозир шудан ба мақомот дастрас намояд ва дигар иқдомҳои муҳимтарини давлат ин гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад, ки мувофиқи Фармони Президенти кишвар аз 22 июни соли 2023 амалӣ гардидааст. Айни замон пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар наздики 30%-ро ташкил дода, дорои имкониятҳои бузурги рушд дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта (ки 80-90%-ро ташкил медиҳанд) мебошад. Масалан, дар низоми мақомоти андоз як қатор хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла «Ҳуҷраи шахсӣ», замимаи мобилии «Андози ман», хизматрасониҳои рақамии марбут ба андозсупорандагон ва дигар имкониятҳои электронӣ пешниҳод мешаванд. Дар шаҳри Душанбе низ қадамҳо дар самти ташаккули муҳити «шаҳри ҳушманд» гузошта мешаванд. Соли 2025 бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳадафи он вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.
Илм дар марҳилаи рақамӣ
Яке аз самтҳое, ки рақамикунонӣ метавонад ба он таъсири амиқ расонад, рушди илм мебошад. Рушди устувори иқтисодӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ бевосита ба фаъолият ва тавсияҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) алоқаманд мебошад. Дар ин замина, Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии АМИТ ҳамчун пайвандгари асосии илм ва истеҳсолот фаъолият мекунад. Илми муосир бе коркарди маълумоти калон (Big Data), моделсозии компютерӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои зеҳнӣ қариб тасаввурнопазир аст. Технологияҳои рақамӣ ба муҳаққиқон имконият медиҳанд, ки ҳаҷми зиёди маълумотро дар муддати кӯтоҳ таҳлил намуда, моделҳои мураккабро таҳия ва натиҷаҳои илмиро бо ҳамкорони худ дар сатҳи байналмилалӣ мубодила намоянд.
Дар илмҳои табиӣ ва техникӣ истифодаи GIS, моделсозии рақамӣ, омӯзиши мошинӣ (Machine Learning) ва омӯзиши амиқ (Deep Learning) имкониятҳои нави таҳқиқотиро ба вуҷуд овардааст. Дар чунин шароит рақамикунонии илм танҳо ба маънои гузаронидани ҳуҷҷатҳо ба шакли электронӣ нест. Он тағйири худи усулҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиро дар назар дорад. Муҳаққиқони муосир метавонанд маълумоти моҳворавӣ, маълумоти иқлимӣ, геологӣ, гидрологӣ ва иҷтимоию иқтисодиро дар як муҳити рақамӣ муттаҳид намуда, бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ моделҳои пешгӯишаванда таҳия кунанд.
Зеҳни сунъӣ - марҳилаи нави рушди технологӣ
Агар марҳилаи аввали рақамикунонӣ бештар ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот асос ёфта бошад, марҳилаи нави технологӣ ба таҳлил, пешгӯӣ ва қабули қарорҳои интеллектуалӣ такя мекунад. Зеҳни сунъӣ (AI) марҳилаи олии рушди технологӣ дар асри XXI буда, Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Соли 2022 Ҳукумати кишвар «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд, ки ҳадафи стратегии он расонидани ҳиссаи фаъолиятҳои марбут ба AI ба 5%-и ММД то соли 2040 мебошад. Қадами дигари амалӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудани Маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI» дар ноҳияи Дарвоз мебошад, ки барои рушди тиҷорати рақамӣ ва омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ хизмат мекунад.
Муваффақиятҳои асосии кишвар дар ин самт аз қарори зайланд:
Ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ: 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 сар карда, ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод 31 август таҷлил мегардад. Ин иқдом саҳми калидии Тоҷикистонро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва истифодаи бехатару масъулонаи технологияҳои навин инъикос менамояд.
Стартапҳои пешқадам: Ширкатҳои миллии навкори соҳаи зеҳни сунъӣ, аз қабили Zypl.ai, Zehn.ai, Epsilon3.ai ва AION босуръат рушд намуда, мавқеи худро дар бозори Осиёи Марказӣ ва берун аз он пайдо кардаанд.
Аввалин патенти миллии AI: Муваффақияти таърихӣ дар соҳаи илми ватанӣ сабти расмии патенти аввалин дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои алгоритми zGAN мебошад, ки аз ҷониби тими zypl.ai таҳия шудааст. Алгоритми мазкур барои тавлиди маълумоти синтетикӣ (synthetic data) барои ҳолатҳои нодир пешбинӣ шуда, устуворӣ ва дақиқии моделҳои AI-ро дар муҳити камтехнологӣ таъмин менамояд ва имкони содироти технологияҳои AI-и тоҷикиро фароҳам месозад.
Ҷавонон - сармояи асосии иқтисоди рақамӣ
Ҳеҷ як технологияи муосир бидуни мутахассиси соҳибкасб самаранок истифода шуда наметавонад. Аз ин рӯ, рушди сармояи инсонӣ яке аз масъалаҳои асосии рақамикунонӣ мебошад.
Барои иқтисоди рақамӣ барномасозон, муҳандисони нармафзор, таҳлилгарони маълумот, мутахассисони киберамният, муҳандисони зеҳни сунъӣ ва дигар мутахассисони дорои малакаҳои рақамӣ заруранд. Аз ин рӯ, омодасозии насли нави мутахассисони рақамӣ бояд ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар арзёбӣ гардад. Дар сиёсати давлатӣ низ ба омодасозии барномасозон ва дигар ихтисосҳои барои иқтисоди рақамӣ зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Дар ин раванд ҷавонони Тоҷикистон метавонанд на танҳо истифодабарандаи технологияҳои хориҷӣ, балки таҳиякунандагони маҳсулот ва хизматрасониҳои рақамии рақобатпазир бошанд.
Мушкилоти марҳилаи нави рақамикунонӣ
Дар баробари дастовардҳо, рушди рақамӣ масъалаҳои навро низ ба миён мегузорад. Яке аз онҳо омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад. Масъалаҳои дигари муҳим рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ, таъмини амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини интернети баландсуръат, пешгири аз фирори мағзҳо ва баланд бардоштани сифати маълумот мебошанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки рушди технологияҳои рақамӣ ба ҳамаи минтақаҳо ва қишрҳои ҷомеа дастрас бошад. Яъне, рақамикунонӣ бояд на танҳо ба рушди марказҳои шаҳрӣ, балки ба рушди минтақаҳо низ мусоидат кунад. Аз ин рӯ, вазифаи марҳилаи нав танҳо «рақамӣ кардан»-и равандҳои мавҷуда нест. Вазифа аз он иборат аст, ки бо истифода аз технологияҳо равандҳои идоракунӣ, истеҳсолот, илм, маориф ва хизматрасонӣ самараноктар гардонида шаванд.
Хулоса
35 соли Истиқлолияти давлатӣ исбот намуд, ки Тоҷикистон қодир аст чолишҳои мураккаби таърихиро паси сар карда, ба сӯйи ояндаи технологӣ қадамҳои устувор гузорад. Дар ин давра технологияҳои иттилоотӣ аз як воситаи маҳдуди техникӣ ба ҷузъи муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.
Гузашта аз ин, имрӯз Тоҷикистон дар остонаи марҳилаи нави технологӣ қарор дорад ва он марҳилаест, ки дар он рақамикунонӣ, инноватсия, илм, сармояи инсонӣ ва зеҳни сунъӣ нақши ҳалкунанда хоҳанд дошт. Ҷалби сармоя ба инфрасохтор, бартараф намудани нобаробарии рақамӣ ва дастгирии ҷавонони эҷодкор кафолати он мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи рақамии ҷаҳон мавқеи сазовори худро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои гузашта, балки оғози саҳифаи нави рушди технологӣ мебошад. Рақамикунонии имрӯз - заминаи мустаҳками Тоҷикистони рақамии фардо хоҳад буд.
Бозор Ибодов
ходими илмии Шуъбаи технологияҳои рақамӣ ва
зеҳни сунъии Маркази рушди инноватсионии
илм ва технологияҳои рақамии АМИТ