JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Декабри 2020 11:05

Ҳизбҳои сиёсӣ ва идеологияи ҳизбӣ дар мамлакат

Муаллиф: Рустам ҲАЙДАРОВ., Ҷамшед Обидзода

  Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҷамъияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ байни ҳам дар рақобат ҳастанд, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҷалби бештари тарафдорон, инчунин баҳри ҳар чӣ зиёд намудани аъзо, асосан аз роҳҳои гуногуни ­таблиғотӣ истифода мебаранд.

  Ин аст, ки кори таблиғотиро метавон фаъолияти асосии онҳо арзёбӣ намуд. Зеро маҳз интихоби дурусти самти фаъолият ва фаро гирифтани масъалаҳои мубрам дар оинномаи ҳизбҳо метавонад шумораи аъзо ва ҷонибдорони онҳоро бештар намояд.

  Идеология маҷмӯи мақсаду ормонҳост ва гурӯҳи одамон барои расидан ба ҳадафҳо, хоса, барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки аз ҳар воситаи дар қонунгузории кишвар муқарраршударо истифода баранд.

  Узви вобастаи Академияи миллии ­илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар мақолааш «Идеология ва манфиати миллӣ» чунин менигорад: «…дар ҷое ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое ки идеология ҳаст, он ҷо манфиат вуҷуд дорад».

  Ба андешаи ӯ, субъектҳои офарандаи идеология кӯшиш менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳи мардумро бо мақсади мутеъ сохтан, идора кардан ва дар ин замина, барои расидан ба мақсадҳои сиёсии дахлдор, ба даст гиранд.

  Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки идеологияи коммунистӣ асоси фаъолияти ҳизбиву сиёсии он маҳсуб меёфт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, баъзе аз ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ (масалан Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки айни ҳол фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) аз он моҳирона истифода бурданд ва ақидаҳои бунёдгароёнаро дар ниқоби демократикунонии ҷомеа ба тафаккури мардум ҷо карданӣ шуданд, ки дар натиҷаи нофаҳмӣ ва ба гурӯҳҳои алоҳидаи бо ақидаҳои ба ҳам муқобил ҷудо шудани шаҳрвандон кишварро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт.

  Вобаста ба ин масъала 19 марти соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон амалкарди ҳамонвақтаи баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳоро «таҷовузи мақсадноки идеологӣ» унвон намуда, изҳор дошта буданд, ки фазои холии идеологӣ ва сиёсатҳои бепоя имкон дод, ки қувваҳои мухолифи сиёсии ҷомеа арзи ҳастӣ карда, ошкоро барои забти ҳокимият ба мубориза бархезанд ва вобаста ба шароити забт кардани ҳокимият ниқоби идеологиро ҳар замон дигар мекарданд.

  Бархе ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои навтаъсис, ки баъди солҳои 1990 дар кишвар арзи ҳастӣ намуданд, фурсати шикасти Ҳизби коммунистӣ ва таназзули ҳокимияти шӯравиро фурсат шумурда, тавонистанд бо истифода аз эътиқоди мардум ба дини мубини ислом тафриқа андозанд.

  Ҳарчанд Давлату Ҳукумати Тоҷикис­тони соҳибистқлол бо кӯшиши зиёд ва сиёсати хирадмандонаю дурандешона оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, аммо ҳазорон қурбонии ҷанг ва зарарҳои бузурги иқтисодӣ, ки маҳз дар натиҷаи идеологияи нодуруст, қасосгирӣ, бо ҳадафҳои нопок сиёҳ намудани намояндагони воломақоми Ҳукумат, ки аз ҷониби баъзе аз ҷунбишу ҳизбҳои сиёсӣ ба амал омаданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.

  Вобаста ба ин масъала муаллифони мақолаи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар танзими дараҷаи ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» А. Саидов ва А. Қосимов бар ин ақидаанд, ки маъмулан аҳзоб ҳамчун пайвандгари байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат мекунанд ва азбаски онҳо унсури пешрафтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ҳатман бояд вазифаи сиёсиро барои таҳким ва муқаррар кардани он истифода баранд. Ин аст, ки ҳизбҳои сиёсии дар кишвар расман ба қайд гирифташуда бояд аз таърихи давлатдории навини кишвар сабақ гирифта, ҷиҳати муттаҳид намудани неруҳои созанда ва пешбурди сиёсати дурусту идеологияи таваҷҷуҳбарангез дар доираи муқаррароти қонунгузории кишвар кӯшиш намоянд.

  Омӯзиши оинномаҳои аҳзоби сиёсии расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда бозгӯи он аст, ки онҳо барои ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ва пайдо намудани ҷонибдорон мақсадҳои гуногунро муқаррар намудаанд. Аз ҷумла, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки расман таҳти шиори «Беҳ аз санои олам деҳқон аст» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, тибқи ҳадафҳои оинномавӣ, ба самти аввалияи сиёсати давлатӣ табдил додани соҳаи аграрӣ, дастгирӣ ва додани қарзҳои имтиёзноки мақсаднок барои пешбурди соҳа, тарғиб ва дастгирии муносибати ғамхорона ба замин ва сарватҳои табиат, истифодаи самараноки онҳо, ба деҳқон комилан вобаста намудани замин фаъолиятро пеш мебарад.

  Дар оинномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон «ба вуҷуд овардани омилҳои рушди миллӣ, ки тавассути эҳё ва тақвияти демократияи миллӣ имконпазир аст» яке аз ҳадафи асосӣ қарор гирифта, барои иҷрои он ба вуҷуд овардани маҷмӯи тадбирҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоиро дар такя кардан ба менталитету собиқаи таърихии миллӣ муҳим арзёбӣ мекунад.

  ҲДТ бо ин мақсад фаъолсозии сиёсии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба бунёд ва рушди институтҳои демократии миллӣ, истифодаи онҳо дар ҳокимияти давлатиро дар оиннома зикр намуда, ба воситаи таблиғоти оммавӣ ба роҳ мондани ғояҳои асосиро маъқул донистааст.

  Ҳадафи асосии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии кишвар, ки дар оинномаи он зикр шудааст, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон, ташаккул, ифода ва амалӣ намудани манфиатҳои аҳолии истеҳсолкунанда, бунёдкор ва созанда буда, барои ноил шудан ба он иҷро намудани вазифаҳои зеринро муҳим донистааст: дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикис­тон, дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла, соҳибкории хурду миёна баҳри ташаккули табақаи миёнаҳол, мусоидати ҳамаҷониба барои ворид шудани сармоя ва технологияҳои пешқадам ба соҳаи иқтисодиёти мамлакат, дастгирии додани қарзҳои имтиёзнок барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат ва ғайра.

  Куҳансолтарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон – Ҳизби коммунистӣ муттаҳид намудани неруҳои созандаи кишварро барои раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва равонӣ ҳадафи асосӣ қарор дода, барои ноил шудан ба онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

  Муттаҳид кардани халқ бо мақсади аз буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ баровардани мамлакат, кумак ва мусоидат дар барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд, тантанаи адолати иҷтимоӣ, роҳ надодан ба вайрон карда шудани ҳуқуқи инсон дар ҳар шакл, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии моддии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии онҳоро тибқи оиннома Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҳадафи асосӣ қарор додааст.

  Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон фаъолиятро таҳти шиори «Хирад, адолат ва тараққиёт» дар заминаи ягонаи идеявӣ, чандандешӣ ва принсипалии ҳизбӣ ба роҳ монда, ҳимоя ва мусоидат ба амалӣ шудани адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, инкишофи ғояҳои сотсиал-демократӣ, давлатдории ҳуқуқӣ, кӯшиши ба даст овардани боварии одамон ва талош намудан барои ноил гардидан ба раҳнамоии сиёсии ҷомеа дар интихоботи озод, ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва иродаи сиёсии шаҳрвандон дар роҳи истифодаи иқтидори инсонӣ ва воситаҳои таъмини мувозинати гендерӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро аз ҳадафҳои асосӣ муайян намудааст.

  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тибқи оиннома, барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

  Он манфиати мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату ­анъана ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгаройӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро тибқи оиннома асоси фаъолият қарор додааст.

  Тавре аз омӯзиши оинномаи ҳизбҳои сиёсии кишвар маълум гардид, ҳадафи онҳо таъмини некуаҳволии мардум ва бештар намудани ҷонибдорон аст.

  Ҳарчанд аҳзоби сиёсии кишвар барои расидан ба ҳадафҳои оинномавӣ роҳу усулҳои дар қонунгузорӣ муайяншударо истифода бурда, мехоҳанд, нуфузашон дар кишвар бештар гардад, аммо, чунонки аз омӯзиш маълум гардид, бисёре аз онҳо барои  расидан ба ҳадафҳои оинномавӣ фаъол набуда, одатан дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ коркун мешаванду халос.

  Дар ин замина, пешниҳод мешавад, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар қатори дигар мақомоти давлатӣ, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999 таҳти №2 «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ», ки бо мақсади таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба имзо расид, барои боз ҳам равнақ додани демократия дар кишвар ва мустаҳкам намудани пояҳои он ҷаҳд намоянд.

  Зимни омӯзиш, ҳамчунин, муайян гардид, ки аз қабули баъзе аз оинномаи ҳизбҳои сиёсии кишвар муҳлати тӯлонӣ сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳол онҳо дар таҳрири нав қабул нашудаанд ва дар муқоиса бо фазои сиёсии кунунӣ мутобиқ нестанд. Масалан, то ҳол дар оинномаи Ҳизби сотсиалистӣ мафҳумҳое чун «баровардани мамлакат аз буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ» мавҷуданд, ки дархӯри ҷомеа нестанд. Зеро, алҳол ҳадафҳои стратегии кишвар тамоман ба дигар самти фаъолият дахл доранд.

  Ин аст, ки ҳар ҳизби сиёсӣ бояд идеологияи хоси ҳизбӣ дошта бошад ва вобаста ба талаби замон барномаҳои мушаххасе омода намуда, дар рушди ҷомеа саҳм гузорад.

  Тавре узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид мекунад, «ҳадафи эҷодкорони идеология ва субъектҳои пешбарандаи ин ғояҳо дар он аст, ки одамон аз лиҳози манфиатҳои онҳо ба олам назар кунанд».

  Бинобар ин, муҳим аст, ки ҳизбҳо ҷиҳати зиёд намудани аъзо ва ҷонибдор ба самти идеологии фаъолият таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд ва идеологияи ҳизбиро такмил дода, барои марҳилаи минбаъдаи фаъолияти сиёсӣ тарғиботро бештару хубтар ба роҳ монанд.

  Ҳоло ҷомеа ба идеологияи нав, ки дар доираи муқаррароти қонунгузории кишвар ба вуҷуд меояд, ниёз дорад, ки онро метавонанд ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод ва ҷомеаро ба сӯи пешрафту рушди устувор раҳнамун созанд.

  Азбаски айни ҳол фаъолияти ҳизбҳои сиёсии кишвар ва таҷрибаи онҳо дар самти рушди демократия пурра омӯхта нашудааст, пешниҳод мешавад, ки барои омӯзиши фаъолияти ҳизбҳои сиёсии кишвар, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин, омӯзиши пурраи марҳилаи таъсисёбиву фаъолияти онҳо дар даврони истиқлолияти кишвар таъсис додани бахши ҳизбшиносӣ дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.

Рустам ҲАЙДАРОВ,

доктори илмҳои фалсафа,
муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшинос
ӣ ва ҳуқуқи

ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Ҷамшед Обидзода,

унвонҷӯи Институти фалсафа,
сиёсатшинос
ӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
http://sadoimardum.tj/maorif/izb-oi-siyos-va-ideologiyai-izb-dar-mamlakat/ 

Хондан 1895 маротиба