JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 09 Июни 2021 08:10

Хатарҳои геосиёсӣ ва зарурати ҳамоҳанг кардани фаъолияти ниҳодҳои илмӣ  бо  идории кишвар

Муаллиф: Назрӣ Асадзода

  Дар шароити кунунӣ бо назардошти суръати рӯзафзуни рушди ҷомеаи башарӣ  ва  мураккаб шудани муносибатҳои байналмилалӣ талоши давлатҳои абарқудрат барои дастёбӣ ба манотиқи аз лиҳози геосиёсӣ муҳими ҷаҳон, ки кишвари мо низ дар яке аз ин гуна минтақаҳо ҷойгир аст, беш аз пеш меафзояд.  Ин давлатҳо ба хотири таъмини заминаҳои устувори рушди ояндаи хеш вазъи байналмилалиро  амиқ  омӯхта  дар робита ба он сиёсати дохилӣ ва хориҷиашонро ҳамчун нақшаҳои оянданигаронаи илман асоснок матраҳ мекунанд. Дар воқеъ муҳимтарин омили пешрафт ва рушди устувори давлатҳои мутараққӣ аслан ба он марбут аст, ки дар ҷомеаҳои мазкур ба таври воқеӣ пайванди илм ва амалия ба вуҷуд оварда шуда, ин иртибот бо суръат тавсеа ва таҳким дода мешавад. Пайванд додани илм ва амалияро набояд фақат дар сатҳи илм ва истеҳсолот тасаввур кард.  Илм аслан чор рисолат ва вазифаи муҳим дорад:

  1. Рисолати маърифатӣ, ё мусоидат барои шинохти ҷаҳон ва ҷойгоҳи инсон дар он;
  2. Рисолати равшангарӣ, ё мусоидат барои донишманд ва ҳадафманд кардани аҳли ҷомеа;
  3. Рисолати истеҳсолӣ, ё мусоидат барои беҳдошти вазъи истеҳсолӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа;
  4. Рисолати оянданигарӣ, ё мусоидат барои рафъи мушкилоти эҳтимолии оянда дар воқеияти имрӯза.

  Самарабахшии фаъолияти ҳамоҳанги ниҳодҳои илмиро бо ниҳодҳои идорӣ  барои таъмини рушди устувор ва қудратманд кардани давлат метавон  ба таври мушаххас дар мисоли кишварҳое чун  ИМА, Чин, Русия, Ҷопон,  Олмон ва ғ.  баръало мушоҳида  кард.  Масалан,  яке аз муҳимтарин омилҳои рушди устувори ИМА ва табдили он ба абарқудраттарин  давлати ҷаҳон маҳз дар пайванд додани илм бо амалия, ҳамкории ниҳодҳои илмӣ бо ниҳодҳои сиёсӣ ва ҳамоҳангиву ҳамсӯии оянданигарии илмӣ ва таҷрибаи идорӣ  аст.

  Ба эътибор бояд гирифт, ки давлатҳои мутараққӣ дар такя ба қудрати хеш  ҳамеша  барои густариши нуфузу тавонмандии худ талош мекунанд  ва дар ин роҳ таҳти таъсир қарор додани давлатҳои дигар ва дастрасӣ пайдо кардан ба захираҳои моддиву зеҳнии онҳоро яке аз асоситарин манбаъҳои рушди хеш  медонанд.  Аз ин рӯ, ин давлатҳо сиёсати тавсеаталабонаи хориҷии худро  дар заминаи омӯзиши амиқи нуқтазаъфҳои кишварҳое роҳандозӣ мекунанд, ки онҳоро ҳамчун объекти сиёсӣ дар мадди назар гирифтаанд.  Ҷустуҷӯи нуқтазаъфҳои объектҳои сиёсӣ ба хотири тафриқаангезии манфиатҷӯёна сурат мегирад. Тафриқаангезиҳо дар навбати худ барои ба вуҷуд овардани буҳронҳои иҷтимоиву сиёсӣ дар кишварҳои мадди назар анҷом дода шуда, баҳонаи дахолат ва ҳатто ҳузури низомии давлатҳои қудратмандро  дар қаламрави онҳо матраҳ мекунад. Роҳкорҳои тафриқаангезии манфиатҷӯёнаи давлатҳои абарқудрат дар шароити муосир   ҳама мабно ва такягоҳи илмӣ доранд. Ин роҳкорҳо аслан дар асоси илмҳое чун кудетология (илм дар бораи ба шикаст дучор кардани давлатҳои мадди назар)  таҳия шудаанд. 

  Нерӯҳои тавсиаталабу манфиатҷӯи байналмилалӣ  ва алалхусус Ѓарб барои таҳти нуфуз ва султаи худ қарор додани кишварҳои ҷаҳони сеюм ва таъсиргузорӣ ба андешаи шаҳрвандону истифодаи неруи онҳо барои маромҳои хеш як зумра пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ ва марказҳоро созмон додаанд, ки ин иддаоро китоби афсари баландрутбаи ниҳоди истихборотии Британияи Кабир Колеман собит месозад1. (1. Колеман Д. Комитет 300: Тайны мирового правительства. 5-е изд. М.: Витязь, 2011. С. 320.) Ҳадафи аслии ин пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ, ки аз тарафи давлатҳои ғарбӣ маблағгузорӣ мешаванд, аслан таҳқиқот ва бозёфтҳои илмӣ набуда, омӯзиши рафтору ахлоқи қишрҳои гуногуни ҷомеаҳои мавриди назар, коркарди технологияҳои идоракунии он ҷомеаҳо, манипулятсияи фард, гурӯҳ ва умуман, шуури омма аст.

  Баъзе аз давлатҳои қудратманди манфиатдор дар такя  ба ин гуна технологияҳои  тафриқаангезӣ ва табдили  нуқтазаъфҳои иҷтимоӣ   ба буҳрони сиёсӣ  тавониста буданд, ки солҳои навадуми асри гузашта бо сӯиистифода аз бетаҷрибагии роҳбарони вақти кишвар ва  адами ҳушёрии сиёсии аҳли ҷомеаи мо боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ  гарданд. Ин нерӯҳо дар шароити кунунӣ низ бо истифода аз роҳкорҳои ҳувийятсозии сунъӣ тавонистаанд,  ки  аз ҳисоби шаҳрвандони мо афроди худкушу террорист ва ё сепаратист созанд. Ҳувийятсозиҳои сунъии онҳо аслан ба воситаи интишори таълимоти диниву мазҳабӣ ва тақвият додани ангезаҳои бузургманишии маҳаллӣ анҷом дода мешаванд. Рақибони сиёсии мо барои густариши ин ақидаҳо дар байни мардум ба таври ошкору пинҳон,  бавоситаву  бевосита  мусоидат  карда, мекӯшанд, ки  дидгоҳи аҳли ҷомеаи моро ба нафъи худ тағйир диҳанд. Ошкор шудани  қазияи интишор ва истифодаи беш аз 17 маводи таълимиву тарғиботии  хориҷӣ  дар ВМКБ далели ин иддаост.  Адабиёти мазкур бо мақсади таблиғи ғояҳои мазҳабӣ дар байни аҳолии ин минтақаи кишвар паҳн шуда, роҳро барои ташаккули  ҳувийяти сунъии  “миллати помирӣ”  ҳамвор мекарданд.

  Ҳама гуна ақидае, ки фарогири ҷаҳонбинии омма мешавад, ба қувваи материалӣ мубаддал мегардад. Мутаассифона, ақидаҳои зиддимиллӣ ҳам.  Боиси таассуф аст, ки  дар ҷомеаи мо ин ақидаҳо аллакай ба “нерӯи материалӣ” табдил ёфта, дар муқобили давлат  қад  алам кардаанд.  Мо маҷбурем, ки ба хотири ҳифзи манофеи миллӣ ва давлатӣ дар баробари ин нерӯҳои тундрави ҷудоихоҳ аз нерӯ истифода кунем. То ин ҳад расонидани буҳрон ин аллакай муваффақияти рақибони сиёсии мост. Бо нерӯи низомӣ фақат метавон тазоҳуротро бартараф кард, на моҳиятро.  Ба хотири он ки ин нерӯҳои тундрав аз бунёд хунсо карда шаванд, зарур аст, ки роҳкорҳои муассири ҳувийятсозии миллӣ  дар баробари ҳувийятсозиҳои сунъии рақибони сиёсии мо таҳияву коркард ва мавриди корбурд қарор дода шаванд.   Мутаассифона,  мо дар ин самт на фақат ҳеҷ гуна роҳкор ва методологияи мукаммали илман асосноке надоштему  надорем, балки ҳатто ҳеҷ гоҳе аз тарафи ниҳодҳои илмии мо ба таври фарогиру амиқ ва ҳадафмандона психологияи миллии мо ҳамчун нерӯи аслии муайянкунанда ва ҳаракатдиҳандаи бадана(пайкара)-и  иҷтимоии мо  мавриди пажуҳиш қарор нагирифтааст. Ҳол он ки фақат  дар тӯли 150 соли охир қудратҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҷараёни ҷаҳонкушоиҳои хеш фазои ақидативу эътиқодӣ, психологияву характер ва ахлоқи миллии моро тавассути этнографҳову этнопсихологҳо, ҷомеашиносону равоншиносон, антропологҳо  ва дигар мутахассисони марбута амиқан омӯхта садҳо китоб дар ин бора  навиштаанд. Ин  раванд, яъне раванди омӯзиши мо ҳамчун объекти сиёсӣ ва объекти таҳқиқотӣ ҳанӯз ҳам идома дорад.  Маълум аст, ки ин пажуҳишҳо ҳамеша ҳадафмандона анҷом дода мешаванд.  Ҳадафи  муҳаққиқон  аз  мӯшикофиҳо дар ин росто он аст, ки онҳо мехоҳанд тамоми ҷузъиёти характер ва менталитети миллии моро донанд.  Донистани   характер ва менталитети миллии мо ва ба вижа нуқтаҳои заифу осебпазири он ба қудратҳои ҷаҳонӣ  ҳамчун ба субъекти сиёсӣ имкон  медиҳад, ки роҳкорҳои муассири мудирияти ҷомеаи моро таҳия ва коркард кунанд ва бо корбурди онҳо зимоми идораи моро бавосита дар ихтиёр дошта бошанд. Қудратҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ  бо истифода аз методологияи илмҳое чун кудетология  нуқтазаъфҳои ҷомеаи моро ба тадриҷ тақвият дода, онҳоро ба нафъи худ ва ба зарари мо мавриди корбурд қарор медиҳанд.  Барои истифода аз ҳар як нуқтаи осебпазир онҳо олат ва абзори заруриро низ сохта ва омода кардаанд (чунонки ин гуна абзор дар фазои мазҳабмеҳвару маҳалсолори   Бадахшон  Оғохони IV ва  дар муҳити хурофотии баъзе манотиқи дигари кишвар  ТЭТ ҲНИ  аст).

 Як далели равшани таъсиргузор будани корбурди илмҳои иҷтимоиро дар фазосозӣ метавон маҳз аз ҳамин фаъолияти фавқуззикри рақибони сиёсиамон дар ВМКБ  мушоҳида кард. Дар ин минтақа рақибони сиёсии мо дар заминаи омӯзиши вижагиҳои этникӣ, эътиқодӣ, менталитет ва умуман, таҳқиқи фазои иҷтимоиву сиёсии ВМКБ, мутаассифона, тавонистаанд  дидгоҳи мардум ва арзишҳои меҳварии онҳоро тағйир дода, дар ин замина ҳувийяти маҳаллии онҳоро ҷойгузини ҳувийяти миллӣ кунанд.

 Бо дарназардошти фаровонии маводи таҳқиқотии нерӯҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ (он ҳам маводи таҳқиқотии дастрас) оид ба равоншиносиву ахлоқу характери миллии мо метавон гуфт, ки рақибони сиёсии мо бидуни шак моро беҳтар аз мо мешиносанд, он гунае, ки ташхисгар вазъи беморро беҳтар аз бемор мешиносад.  Дар такя ба шинохти дақиқе, ки аз мо доранд,  кунишҳову вокунишҳои мо ва давлати моро дар баробари ҷараёни ҳодисаҳои маъмулӣ ва равандҳои сиёсиву иҷтимоии офаридаи хеш метавонанд ба осонӣ пешбинӣ намоянд.  Доштани ин донишҳо ва ҳақиқатҳо дар бораи характери миллии мо ба нерӯҳои мазкур имкон медиҳад, ки  ба мо ҳамчун ба объекти сиёсӣ муносибат кунанд ва бо офаридани вазъиятҳо ва равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии муайян  фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятии моро бо назардошти манофеи миллии худ танзим намоянд.

 Шуури ҷамъиятии мо ва компонентҳои таркибии он, аз ҷумла психологияи миллӣ, характери миллӣ, менталитети миллии мо ба мисли барномаест, ки фаъолияти ҷомеаи мо бар асоси он роҳандозӣ мешавад. Ҳар нерӯе, ки ба ин иттилооти барномарезишуда дастрасӣ пайдо кунад, дар маҷмуъ фаъолияти ҷомеаи моро метавонад пешбинӣ намояд. Гузашта аз ин бо корбурди методологияи муайян имкон ба даст меорад, ки фаъолияти ҷомеаи моро бо назардошти манофеи худ танзим низ кунад. Рақибони сиёсии мо ба ин барнома дастрасӣ доранд ва дер боз ҷараёни умури  сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии моро ба нафъи худ танзим низ мекунанд. 

 Ба тафовут аз ин мо худ аз барномаҳои зеҳнии хеш, яъне психологияи миллии худ ба қадри кофӣ ва дар сатҳи илмӣ иттилоот надорем. Аз ин аст, ки ҷомеаи мо ва қишрҳои он, ба вижа қишрҳои диниву мазҳабӣ ва маҳаллии он бо кунишҳову вокунишҳои мутафовити худ дар  назари худи мо ҳамчун падидаҳои иҷтимоии ношинохта ва ғайриқобили пешбинӣ ҷилва мекунанд. Давлат дар мавриди кор бо ин қишрҳои иҷтимоӣ ба мушкилот дучор мешавад. Роҳкорҳои пешгирифтаи мо дар самти рафъи буҳронҳо ва мушкилоти сиёсиву иҷтимоии мавҷуда фақат  тазоҳурот ва ё ба таъбири фалсафӣ зуҳуроти онҳоро бартараф мекунанд, на моҳияти онҳоро.  Ифротгароӣ ва терроризми амалӣ фақат зуҳуроти  ифротгароӣ ва терроризми мафкуравӣ аст. Роҳкори  илмиву муассири мубориза бар зидди терроризми мафкуравиро  бояд  коркард  ва мавриди истифода қарор дод, вагарна талошҳои мо дар масири бартараф кардани зуҳуроти он натиҷаҳои мондагор нахоҳанд дошт.

 Аз ин рӯ, барои пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкилот ва ташаккули тафаккуру  ҳувийяти миллӣ  феълан  бисёр  зарур аст, ки  бо ҷалби ниҳодҳои илмии кишвар, хоса олимони соҳаҳои равоншиносии миллӣ (этнопсихология), антропология, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ ва дигар соҳаҳои марбута  ҷиҳати ба роҳ мондани тадқиқоту ташхисҳои ҷиддии илмӣ мусоидат карда шавад, то ба ин васила омилҳои заъфи ҳувийяти миллӣ дарёфт ва услубҳои тақвият додани он ба таври воқеъбинонаву асоснок тавсия дода шаванд.

 Ҳамзамон таъкид бояд дошт, ки дар ростои арзёбиву шинохти ин мушкилот  ва дигар мушкилоти миллӣ фаъолияти ниҳодҳои илмиву тадқиқотии кишвар ба таври бунёдӣ  таҷдиди назарро мехоҳанд. Бояд иқрор шуд, ки аксар маврид корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ба вижа корҳои илмие, ки ба хотири ба даст овардани унвонҳои илмӣ анҷом дода мешаванд, на бо назардошти мушкилоти миллӣ ва ҳатто на бо назардошти муҳимияти мавзуъ, балки фақат бо назардошти завқу салиқаи унвонҷӯ, фаровонии адабиёт доир ба мавзуъ  ва  осонтаҳқиқии  кори пажуҳишӣ   интихоб карда мешаванд.

 Феълан аксари дастандаркорони ҳавзаҳои илмии мо нисбат ба ҳаводиси сиёсӣ ва густариши хурофоту таассуби мазҳабӣ  аз мавқеи бетарафӣ менигаранд.  Гузашта аз ин,  иддае аз онҳо аслан дар доираи дину мазҳаб  ва  ирфон меандешанд, ки дар қатори онҳо ҳатто муҳаққиқони соҳаҳои табииву риёзӣ ва фалсафа низ кам нестанд. Ин ҳолу ҳавои ҳавзаҳои илмии кишвар бегумон нигаронкунанда  аст.          

 Дар шароити кунунӣ бо назардошти мушкилоти  мавҷуда  хеле зарур аст, ки мо барои рақобатпазир кардани ҷомеаи худ дар арсаи пур аз муборизаҳои манфиатҷӯёнаву  қудратталабонаи минтақа ва ҷаҳон  ҳар чӣ зудтар технологияи хоси миллатсозӣ ва қудратсозии миллиро дарёфту коркард ва мавриди корбурд қарор диҳем.  Илм бояд мушкилоти ҷомеаро муайян ва роҳҳалҳои онро пешниҳод намояд.

 Дар робита ба масъалаҳои матраҳшуда чанд нуктаро ба сифати пешниҳод манзур мекунем:

- созмон додани гурӯҳи тадқиқотӣ дар сатҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, антропология, этнопсихология, равоншиносӣ ва дигар соҳаҳои марбута ҷиҳати омӯзиши равон ва менталитети миллӣ, нуқтазаъфҳои он ва дар ин замина коркарди роҳкорҳои  ҳувийятсозии миллӣ ба хотири суръат бахшидани раванди ҷомеасозӣ дар кишвар;

-  таҳқиқи  масъалаи терроризму ифротгароии мафкуравӣ ҳамчун заминаи  аслии  ифротгароӣ (аз ҷумла ифротгароии динӣ ва сепаратизми маҳаллӣ),   таснифоти  он  ва   коркарди роҳкорҳои мубориза бо ин падидаи равонӣ;

- эътибори ҳар чӣ бештар ба дарёфт ва рушди истеъдодҳои миллӣ ҳамчун ба сарвати интелектуалии ҷомеа;

- ҷилавгирӣ аз фирори зеҳнҳо ва фароҳам овардани шароити кории шоиста барои олимону мутахассисони варзидаи кишвар;

- тарҷума  ва  чопи  осори равшанфикрони муосири  ҷаҳон  ва интишори он  қабл аз ҳама дар байни кормандони давлатӣ, омӯзгорон  ва донишҷӯён;

- “ҳамоҳанг”  кардани  мушкилоти миллӣ  ва интихоби  мавзуъҳои тадқиқотӣ;

 Арзишмандии  хирад, аз ҷумла  ба  он вобастааст, ки  инсон  бо истифода  аз он  имкони ворид  гаштан  ба ояндаро  дорад.  Чунин  воридшавӣ  ба хотири  таъмини  амнияти  шахс, ҷомеа, давлат  ва рушди  устувори  иқтисодӣ зарур мебошад. Дар ин кори  басо  масъулиятнок  роҳнамои  мавҷудоти  соҳиби  ақл  фақат илм  буда метавонад…

 Иқтидор ва самаранокии тафаккур бояд дар он зуҳур  ёбад, ки чӣ  гуна  метавонад аз  маҷмӯи  воқеиятҳои таърихӣ  ва муосир  фарзияҳои  барои  субот ва рушди  миллӣ  ҳаётан  муҳимро   рӯйи саҳна оварад, роҳ нишон  диҳад ва амалияи онро  таъмин созад…

  Бояд равандҳои эҳтимолии манфии  оянда  дар  воқеияти  кунунӣ  ислоҳ гарданд.

  Хирад ва илму дониш ба инсон имкон ва тавонмандие медиҳад, ки ояндаи худро созад. Одамон дар такя ба илму дониш метавонанд мушкилоти эҳтимолии ояндаро дар воқеияти имрӯза бартараф намоянд. “Мо ҳамеша ба оянданигарӣ ниёз дорем. Дар ҳар як вазъияти нав оянданигарӣҳатмӣ мебошад. Оянданигарӣ ин қобилияти дар вазъияти нав худро дуруст дарёфтан аст, то ки имкониятҳои амалнамоӣ пиёда гарданд ва бад-ин васила вазъият зери идора қарор гирад.1 Мавҷудоти зинда наметавонанд, ки бидуни қобилияти оянданигарӣ ба ҳаёти худ идома диҳанд.

  Оянданигарӣ ҳамеша ин қадами аввал мебошад. Он пештар аз ҳама гуна амал ва андеша қарор дорад ва ҳама гуна амалу андеша аз як тасмимгирии пешакӣ вобаста мебошанд”. (Вернер Штегмайер. Оянданигарии фалсафӣ. Берлин/ Ню Йорк: Валтер де Гройтер, 2008. С. 2.

  Мо дар шароити зудтағйирёбанда ва дар замоне, ки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ бисёр тунд таҳаввул меёбанд, қарор дорем, аз ин рӯ, ба ҳар садову нидои ҷаҳон бояд саривақтиву сареъ ҷавоб гӯем. Ҷараёни ҳодисоту воқеот ва равандҳои сатҳи байналмилаливу минтақа ва ба вижа равандҳое, ки ба ҷомеаи мо таъсиргузоранд, бояд ҳамеша таҳти назар ва мавриди омӯзиши мо қарор дошта бошанд. Мо бояд ин равандҳоро аз диди илмӣ ва мантиқи воқеият таҳлил карда, паёмадҳои онро дарёбем ва ба хотири рақобатпазирӣ ва барои хунсо кардани таъсири номатлуби онҳо ба таври сареъ мавқеъгирӣ намоем.  Ин амал ҳамоҳангии нерӯҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои идориву тасмимгирандаи ҷомеаи моро тақозо мекунад. 

Назрӣ Асадзода

Хондан 1132 маротиба