JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Июни 2021 12:09

Муҳтавиёти миллӣ дар намоишномаҳои театрӣ (чанд мулоҳизаи муқаддимотӣ дар ҳошияи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту – 2021)

Муаллиф: Нозим Нурзода

     Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту – 2021 рӯзҳои 21-25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ театрҳои касбӣ бо намоишномаҳои озмунӣ иштирок карданд ва тайи як ҳафта ҳунармандон ва персонали театрию намоишӣ бо ҳам дар гуфтугӯ ва муколимаи эҷодию ҳирфаӣ буданд. Илова бар ин, ҳунармандон дар ду сол як маротиба дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии Парасту дидор тоза ва табодули таҷриба мекунанд, аз зиндагии эҷодии ҳамдигар огоҳӣ пайдо менамоянд, баҳсу мунозираҳои ҳирфаӣ анҷом медиҳанд ва бад-ин минвол дар рушди ҳунару фарҳанги театрӣ саҳм мегиранд. Гузашта аз ин, солҳост, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту толори театрҳои шаҳри Душанбе пур аз тамошобин мегарданд. Ҳарчанд ки намоишномаҳои озмунӣ, маъмулан аз лиҳози ҳирфаӣ, мазмунӣ, мундариҷавӣ, ғоявӣ ва миллӣ ба талаботи рӯз кам ҷавобгӯянд, вуҷуду ҳузури театрҳои касбию мардумӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ раванди худогоҳию хештаншиносӣ ва фарҳанггустарию ҳунарвариро таҳкиму тақвият мебахшад ва моро ба оянда хушбин месозад. Новобаста аз мушкилоти зиёди ҳунарӣ ва ҳирфаӣ ҳунармандони театрҳои касбию мардумии марказӣ ва минтақавӣ қаҳрамонони имрӯзаи мо ба шумор мераванд. Онҳо, ғолибан зиндагии шоистае надоранд, аммо бо бурдборӣ, таҳаммули шахсӣ ва ҷасорати эҷодӣ фаъолиятро идома медиҳанд ва аз касе чизе тамаъ намекунанд. Бавежа, ҳунармандони театрҳои мардумии музофотӣ, ки имконоти маҳдуди омӯзишӣ ва касбию ҳирфаӣ доранд, бечоранолӣ намекунанд ва бо қудрату неруи ҳунарӣ намоишномаҳо таҳия карда, манзури тамошобинон мегардонанд аз ин тариқ дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми муносиб мегузоранд. Ин аст, ки дастгирии маънавию молиявии ҳунармандони театрҳои касбию мардумии ҷумҳурӣ боиси боло рафтани завқи бадеӣ-эстетикии ҷомеа ва махсусан, диди зебоиписандии насли наврасу ҷавон мегардад. Ин аст, ки ҳамкории доимии мақомоти марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои фарҳангию ҳунарии ҷумҳурӣ бо театрҳои касбию мардумии марказу минтақаҳои кишвар роҳро барои рафъи буҳронҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва мафкуравӣ ҳамвор месозад.

       Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту, дар баробари намоёнидани истеъдодҳои ҳунарӣ ҳадафи тарбияи тамошобини насли навро, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ аст, низ дунбол мекунад. Ба ин маъно, тарбияи насли нави тамошобини миллию ватанӣ вазифа ва рисолати театрҳои касбии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҳама муҳим, тамошобин дар доираи як намоишномаи ҷолиби театрӣ мазмуну мундариҷаи садҳо китоби бадеӣ ва илмию ихтисосиро мушоҳида мекунад ва сатҳи саводнокӣ, салиқаи эҷодӣ, завқи эстетикӣ, тафаккури интиқодӣ ва маҳорати таҳлилиаш боло меравад. Аз ҷониби дигар, театр дар ҳалли масъала ва мушкилоти ҳаётӣ ба тамошобин кумак мерасонад ва сатҳи бинишу фаҳмиши ӯ (тамошобин)-ро баланд мебардорад. Ин аст, ки мутафаккири маъруфи рус Герсен гуфта буд: “Театр ин сатҳу дараҷаи баланд барои ҳалли масъалаҳои ҳаётист” (Театр – это высшая инстанция для решения жизненных вопросов” -- ниг.: Миров Мирзоватан. Равшангари дилҳо (маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: “Адиб”, 2017. С.123). Аз ин ҷост, ки тавассути театр ва намоишномаҳои ҷолибу дархӯри саҳнавӣ тамошобин тарбия меёбад ва на танҳо дар ҳалли мушкилоти шахсию хонаводагӣ, балки дар рафъи камбуду навоқиси иҷтимоӣ, фикрӣ, ахллоқӣ ва маданӣ низ фаъол мегардад.

       Дигар ин ки театр ба унвони машина ва дастгоҳи ҳувиятсозӣ метавонад ҷомеаро фикран тағйир бидиҳад ва дар зеҳнсозии ҷомеаи тамошобин нақши калидӣ бигузорад. Ба ин маънӣ, дар доираи як намоишномаи дархӯр метавон як тими ҳувиятӣ ва саранҷом ҷомеаи маданӣ дуруст кард. Мушкили асосӣ дарёфту таҳияи сенарияи ҷолиб ва намоишномаи дархӯри замон аст. Мухтасоти баъдӣ, ки ба сатҳи коргардонӣ, ҳунари бозигарӣ, ороишоти саҳнавӣ, танаввуи мусиқавӣ, мушаххасоти реквизитӣ ва амсоли инҳо иртибот доранд, дар муассир ва тамошобоб шудани намоишнома корсозанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, сохтани фазо ва муҳити нави театрӣ ба тарбияи насли ҳунармандон ва тамошобинон бастагӣ дорад. Дар ростои тарбияи насли нави тамошобин ва муҳити солими эҷодию ҳирфаӣ нақши Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту калидӣ буда метавонад. Мутаассифона, мо имкони тамошои ҳамаи намоишномаҳои озмунии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту – 2021-ро надоштем ва дар доираи як намоишнома – “Шикори шер” (аз рӯйи романи таърихии нависандаи Лубнон Ҷурҷӣ Зайдон) дар таҳияи коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Султон Усмонов, ки як рӯз қабл аз ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту – 2021 ба намоиш гузошта шуд, фикру мулоҳизоти худро иҷмолан баён медорем.

        Якум. Намоишномаи озмунии “Шикори шер” (аз рӯйи романи таърихии нависандаи Лубнон Ҷурҷӣ Зайдон) дар таҳияи коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Султон Усмонов аз лиҳози салиқаи интихобӣ, гузиниши мавзӯӣ, муҳимияти мазмунӣ ва фарогирии масоили мубрами миллӣ ҷолиб аст. Интихоб ва гузиниши романи таърихии адиб, мутафаккир ва файласуфи лубнонӣ Ҷурҷӣ Зайдон ба шароит ва замони имрӯзӣ созгор аст. Донистани чанд нуктаи муқаддимотӣ роҷеъ ба ин шахсияти матраҳи фикрӣ, адабӣ ва фалсафӣ зарур аст, чаро ки дар доираи адабию фалсафии мо шинохти андак дорад.

         Ҷурҷӣ Зайдон (1861-1914) дар хонадони араби масеҳии Бейрут ба дунё омадааст. Ӯ нахустин нависандаи араб буд, ки ба сабки нависандагони урупоӣ матолиби илмӣ ва таърихии исломиро ба сурати роман (достон) интишор дод ва достонҳои таърихии зиёди ӯ бо забонҳои гуногуни ғарбӣ ва аз ҷумла ба забони форсӣ тарҷума шудаанд. Зайдон бар ин назар пофишорӣ кардааст, ки достонҳои таърихии исломро барои он навиштааст, ки хонандагонро барои мутолеаи як давраи таърихии илмию адабии муҳим омода созад (ниг.: Зайдон, Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Тарҷума ва нигориши Алӣ Ҷавоҳиркалом. –Теҳрон: Амири Кабир, 1333. С.2). Ҷурҷӣ Зайдон китобҳои зиёде навиштааст ва маъруфтарини онҳо китоби “Таърихи тамаддуни ислом” (дар панҷ ҷилд) аст. Ин китоб (ниг.: Зайдон, Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Тарҷума ва нигориши Алӣ Ҷавоҳиркалом. –Теҳрон: Амири Кабир, 1333.  -1108 с.) дар заминаи фарҳангу тамаддуни исломӣ аз ҷумлаи ҷиддитарин китобҳо мебошад. Муаллифи китоб Ҷурҷӣ Зайдон, агарчи араби масеҳист, бар мабнои манобеи таърихию адабӣ ва адабиёти зиёди таҳқиқӣ ҳаводиси таърихӣ, мухтасоти иҷтимоию сиёсӣ ва ҳаёти мардуми арабро мунсифона баррасӣ мекунад. Ин аст, ки таҳия кардани намоишнома бар асоси романи таърихии Ҷурҷӣ Зайдон, ки ба масоил ва мушкилоти миллии мо ҳам иртибот дорад, иқдоми зарурӣ мебошад. 

       Дуюм. Дар намоишномаи “Шикори шер”, ки бар мабнои романи таърихии Ҷурҷӣ Зайдон таҳия гардидааст, ҳаводиси таърихӣ ва ҳассосиятҳои замони Бармакиён инъикос ёфтаанд. Нақшофарон Абдукарим Машраб (халифаи Бағдод Ҳорунаррашид), Насриддин Асадуллоев (вазири хилофат Ҷаъфар ибни Яҳё), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умаров (амаки халифа Шайх Исмоил), Хурмо Миразизова (Аббоса - ҳамшираи халифа ва ҳамсари Ҷаъфар ибни Яҳё), Малика Азизмамад (ҳамсари халифа), Шуҷоат Асадуллозода (Муҳаммад ал-Амин-писарбузурги халифа), Аъзамҷон Розиқов (ал-Ҳодӣ-амакзодаи халифа), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмадӣ Мирзоалиев (Абулатаҳия-шоири дарбор), Шамсия Асанова (Атба-канизи Аббоса), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асалбек Назриев (ҳамдам- хидматгори Ҷаъфар ибни Яҳё), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов (Урдҷувон-хидматгори Аббоса), Умеда Раҳимова (ҷосусзан-канизи дарбори Ҷаъфар ибни Яҳё). Салоҳиддин Шукурзода (Масрур-ҷаллод), У. Саъдуллоев, Р. Юсуфов, С. Каримов, Қ. Насруллоев (сиёҳпӯшон) кӯшиданд, ки мушкилот, ҳаводиси дарбор ва ҳассосиятҳои замонро, ки дар роман ғунҷоиш ёфтаанд, ба тамошобин расонанд. Албатта, дар самти коргардонӣ, дунболи ҳадафҳои ниҳоӣ, офариниши нақшҳои марказӣ, инъикоси ҳассосиятҳои замонӣ, конфликсозӣ, ҳолати кулминатсионӣ, ороишоти саҳнавӣ мушкил вуҷуд дошт, вале аз ҳама муҳим, мебоист ғурур ва ҳамияти миллӣ дар мисоли Бармакиён ва махсусан, Ҷаъфари Бармак, ки симати вазирии дарбори Аббосиёнро бар уҳда дошт, дар сатҳи боистаю шоиста ба намоиш гузошта мешуд. Мутаассифона, ин нукта, ки аз нукоти калидӣ ва меҳварии намоишнома маҳсуб меёбад, камранг буд.

     Сеюм. Ба назари мо, аз тариқи намоишномаи театрӣ ба намоиш гузоштани қудрати сиёсӣ, тавонмандии миллӣ, ибтикороти мафкуравӣ, хадамоти фикрию маданӣ ва иҷтимоию фарҳангии Оли Бармак, ки дар таърихи миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми вежае дорад, ҳадафи аслӣ ва муқтазиёти имрӯзӣ ба шумор меравад. Ҷурҷӣ Зайдон дар доираи китоби машҳури худ “Таърихи тамаддуни ислом” ҳассосиятҳои замониро дар бастагӣ бо фаъолияти Оли Бармак хеле хуб инъикос кардааст. Муаррих ва нависанда Ҷурҷӣ Зайдон дар боби “Сарвати давлати Аббос дар давраи инҳитот” (ниг.: Зайдон, Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Тарҷума ва нигориши Алӣ Ҷавоҳиркалом. –Теҳрон: Амири Кабир, 1333. С.312-389) ва зербоби “Арабҳо ва ирониён” (ниг.: Зайдон, Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Тарҷума ва нигориши Алӣ Ҷавоҳиркалом. –Теҳрон: Амири Кабир, 1333. С.312-313) ҳаводиси дарбор ва мухтасоти таърихию сиёсии замонро дар тавъамӣ бо ҳукумати Бармакӣ матраҳ мекунад.

        Ба назари Зайдон, давлати Аббосиён  бо кумаки ирониён, бахусус хуросониён  рӯйи кор омад ва ирониён танҳо ба хотири аз Бани Умия кашида гирифтани хилофат бо Аббосиён ҳамкорӣ карданд. Бани Умия нисбат ба араб таассуби шадиде доштанд. Зайдон дар ин замина менависад: “Дар замони Бармакиён қудрат ва нуфузи иронӣ дар дастгоҳи Аббосӣ ба мунтаҳои дараҷа расид ва онон барои ҷалби муҳаббати аъроб даст ба базлу бахшиш кушуданд ва шояд беш аз он ки майлашон буд, саховат ба харҷ медоданд, то магар аз он роҳ арабҳоро ром созанд. Аммо арабҳо, бо он ки аз неъматҳои Бармакиён баҳраманд мешуданд, кинаи ононро бар дил доштанд ва барои суқути онон талош мекарданд. Ва саранҷом арабҳо ва ёрони онон дар бораи Бармакиён саъобатро ба ҷадди камол расонданд ва Бармакиёнро ба доияи хилофат муттаҳам сохтанд ва дар натиҷаи он фитнаангезиҳо Рашид Оли Баромикаро аз по дароварданд” (ниг.: Зайдон, Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Тарҷума ва нигориши Алӣ Ҷавоҳиркалом. –Теҳрон: Амири Кабир, 1333. С.312). Фазл бинни Робеъ, бо он ки араб набуд, худро аз нажоди ғуломи Усмон медонист ва аз он рӯ нисбат ба Бармакиён бадхоҳӣ мекард ва беш аз дигарон барои онон тавтеа мечид.

         Баъди суқути Бармакиён арабҳо нуфузи аздастрафтаашонро барқарор карда натавонистанд. Писарони Ҳорун – Амин ва Маъмун барои хилофат ба ҷони ҳам афтоданд. Модари Амин — Зубайда аз наводагони Мансури араб ва ҳошимӣ буд, дар сурате ки модари Маъмун иронӣ ва аз мардуми Хуросон буд. Аминро арабҳо ва Маъмунро Хуросониён ҷонибдорӣ карданд ва саранҷом Аминро куштанд. Дар даврони Маъмун нуфузи ирониён барқарор шуд, то ҷое ки Ҳасан бини Саҳл аз ирониёни зардуштии тоза мусулмоншуда ба вазорат расид. Арабҳо, ба хотири он ки маҷусзода ба мансаби вазорат расидааст, бо эътирозоти густурда даст заданд. Аммо Маъмун омад ва онҳоро маҷбур ба сукут ва хомӯшӣ кард. Дар ин давра буд, ки илму фалсафа ривоҷ ёфт ва ӯ ба ин ақида расид, ки Қуръон махлуқ аст. Гарчи арабҳо аз ин боис ҳам ба душмании вай пардохтанд, аммо коре аз дасташон барнаомад (ниг.: Зайдон, Ҷурҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Тарҷума ва нигориши Алӣ Ҷавоҳиркалом. –Теҳрон: Амири Кабир, 1333. С.313).

        Чаҳорум. Муаррихон бар ин назаранд, ки Бармакиён фарзандони шахсе ҳастанд, ки симати раёсати мазҳабии яке аз буткадаҳои шаҳри Балх, яъне Навбаҳор (бутхонаи ҷадид)-ро доштанд ва Бармак зоҳиран лақаби умумии ҷамеаи касоне будааст, ки ба ин мақом мерасиданд. Аз ин тоифа Холид дар айёми даъвати Абумуслим қабули ислом кард ва дар хидмати ӯ ба унвони котиб ва муншӣ дохил шуд ва ба ҳамин симат дар дастгоҳи Мансури Аббосӣ расид. Писари Холид Яҳё дар расонидани Ҳорун ба хилофат кумак кард. Писарони Яҳё – Фазл, Ҷаъфар, Муҳаммад ва Мусо пас аз расидани падар ба вазорати Ҳорун ҳама ба корҳои идорӣ, сиёсӣ ва ҷангӣ ҷалб шуданд. Агар Яҳё намебуд, Ҳорун ба хилофат намерасид. Ҳодӣ мехост писари худ Ҷаъфарро ҷонишини хеш қарор диҳад ва Ҳорунро аз валиаҳдӣ халъ кунад. Барои иҷрои ин тарҳи сиёсӣ ӯ ҳозир шуд, ки 20 ҳазор динорро ба Яҳё бидиҳад, лекин Яҳё зери бор нарафт ва Ҳорун чун ба хилофат расид, аз Яҳё мукаррар ташаккур кард (ниг.: Пирниё, Ҳасан, Оштиёнӣ, Иқбол. Таърихи Ирон: аз оғоз то давраи паҳлавӣ. –Теҳрон: Самир, 1384. С.470).

       Куштани писари Яҳё Ҷаъфар ва ҳамсари ӯ Аббоса, ки аз ҳамширагони Ҳорун маҳсуб меёфт, ба хотири пойин бурдани нуфузи Бармакиён буд (Ҳорун ҳатто ду тифли Ҷаъфар ва Аббосаро ба қатл мерасонад ва дастур медиҳад, ки сари Ҷаъфарро дар Бағдод биовезанд ва авлоди ӯро ба зиндон андозанд). Кор то ба ҷое расида буд, ки мардум ба Бармакиён эҳтирому эътимод дошт ва масоилу мушкилоти худро бо онҳо дар миён мегузошт, на бо халифа ва муқаррабони араби ӯ. Ин ҳолат рашку ҳасади халифаро ба бор меовард. Аз тарафи дигар, Бармакиён ба ирониён, шуубиён ва занодиқа, ки дигарандешону озодихоҳони сиёсӣ маҳсуб меёфтанд, эҳтиром доштанд. Ба ин манзур, халифа баҳона пеш оварда, Ҷаъфарро мекушад. Ҳорун чунин баҳонае пеш меоварад, ки Ҷаъфар аз Аббоса, бар хилофи қавле, ки дода буд, ду фарзанд овард. Бо ин ки халифа аз ин қазия муддатҳо огаҳӣ дошт ва ин амал, ба ҳеҷ ваҷҳ, номашрӯъ набуд, соли 187 ҳиҷрии қамарӣ Ҷаъфар, Аббоса ва ду тифли эшонро ба қатл мерасонад  (ниг.: Пирниё, Ҳасан, Оштиёнӣ, Иқбол. Таърихи Ирон: аз оғоз то давраи паҳлавӣ. –Теҳрон: Самир, 1384. С.471).

         Ҳорун марди мутаассиб ва диндор буд, ҳар сол ба ҷиҳод мерафт ё ба ҳаҷ. Гоҳе дар рӯз сад ракъат намоз мегузошт (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол Аббос. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то Қоҷория. -Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.86). Аҳволи Бармакиён ва сарнавишти талхи онҳо дар ин маъхаз ҳам, бидуни тағйир нақл карда мешавад (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол Аббос. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то Қоҷория. -Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.87-89). Ҳорун, ки марди мутаассиб буд, аз алоқаи Бармакиён бо алавиён, шуубиён ва зиндиқиён дар ваҳшат афтод ва дар садади хушк кардани решаи он тоифа шуд (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол Аббос. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то Қоҷория. -Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.88). Ба ин тартиб, Бармакиён бо ҷавонмардӣ, сиёсатмадорӣ, караму фазилатмандӣ ва донишу фарҳанггустарӣ миёни мардум эътибор доштанд (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол Аббос. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то Қоҷория. -Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.89). Ин тарафи масъала дар намоишномаи “Шикори шер” бояд рӯшантар ба ҷилва меомад ва коргардон ва тими ҳунарӣ бештар рӯйи масоили милӣ тамаркуз карда, тарсу ҳароси хилофати Аббосиро дар баробари ғуруру ҳамияти Оли Бармак (дар мисоли Ҷаъфар ибни Яҳёи Бармакӣ) ба намоиш мегузоштанд.

    Панҷум. Сарнавишти шахсият ва сулолаҳои миллӣ дар имтидоди таърихи хилофати арабӣ-исломӣ ҳамеша бо хатар мувоҷеҳ будааст. Бармакиён аз ин қоидаи маъмулӣ ва умумии сиёсӣ истисно набудаанд. Албатта, хушбоварӣ ва содагии шахсиятҳои миллӣ боиси ба доми найрангу фиреби сиёсӣ афтидани онҳо гаштааст. Тавассути фиребу макр ба дарбор ҷалб кардан ва ба қатл расонидани Абумуслими Хуросонӣ аз ҷумлаи васила ва приёмҳои маъмули дастгоҳи халифаи Аббосӣ – Абуҷаъфари Маъмун буд ва аз ин тариқ ҳукуматдорони араб аз рақибони сиёсии худ халос мешуданд (ниг.: Бекзода, Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик. –Душанбе: Дониш, 2012. С.168-169). Бинобар ин, аз иштибоҳот ва ғалатҳои сиёсию мафкуравӣ, ки тайи таърихи миллӣ зиёд иттифоқ афтодаанд, мебояд ибрат гирифт. Ҳамин тавр, ба василаи намоишномаҳои театрӣ (дар мисоли намоишномаи “Шикори шер”-и Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) буруз кардани ғуруру тавонмандиҳои миллӣ ва дар айни замон нишон додани иштибоҳоти сиёсию мафкуравӣ талаботи замон ва шароити сиёсию геополитикӣ мебошад.

         Шашум. Солҳост, ки театрҳои мо ҳангоми таҳияи намоишномаҳо аз хидмати мушовирони илмӣ истифода намебаранд. Тасаввур кунед, агар намоишномаи  “Шикори шер”-и Султон Усмонов мушовирони илмӣ медошт, дар сатҳи баланди ҳирфаӣ, ҳунарӣ ва илмӣ коргардонӣ ва манзури тамошобин карда мешуд. Чун Театри Лоҳутӣ мақом ва статуси академиро дорад, бояд аз хадамоти мушовирони илмӣ истифода намояд. Ин нуктаро дар хотир нигоҳ доштан зарур аст, ки мушовирони адабӣ (мудирияти қисми адабии театр)-ро набояд бо мушовирони илмӣ муштарак ва дар як радиф донист. Маҳз мушовир ва ё тими мушовирони илмӣ воқеиёту ҳаводиси таърихиро дар бастагӣ бо ҳассосияти замонӣ дуруст арзёбӣ мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, сарчашмаҳои таърихӣ, манобеи адабӣ ва адабиёти зарурии илмӣ-таҳқиқиро дар ихтиёри масъулин ва персонали ҳунарӣ мегузоранд. Намоишнома пас аз хадамоти мушвирони илмӣ сатҳи академӣ мегирад. Ба ин манзур театрҳои касбии моро зарур аст, ки аз хадамоти тими мушовирони илмӣ ба хубӣ истифода бубаранд, то ин ки сатҳи намоишномаҳои миллӣ боло раванд ва ба вазъу шароити имрӯзӣ мутобиқ шаванд.

 Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

Хондан 974 маротиба