JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 19 Марти 2021 06:08

Наврӯз дар Осиёи Марказӣ

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Зикр намудан бамаврид аст, ки  Наврӯз ин қадимтарин ҷашни аҷдодони дури мо буда, пирӯзии нур бар зулмот маҳсуб меёбад, ки бо тобишҳои ба худ хос аз насл ба насл гузашта, тариқи хаттӣ ва ҳам шифоӣ  ба мо мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик мерос мондааст.

  Ифтихор аз он дорем, ки Наврӯз бо пешниҳод, иқдом ва саҳми бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2010 инҷониб ба як иди умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

  Дар  "Авасто", ки қадимтарин манбаъ ҳисобида мешавад, аз ҷашнгирии Наврӯз зикр гардида, аз ҷумла омадааст, ки мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар намуди фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон шакл гирифтааст, таҷлил намоянд.

 Мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанду доранд ва ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Наврӯзро дар њамаи панљ кишвари Осиёи Марказӣ бо шукуҳу шаҳомати махсус таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

  Иди Наврўз бо рангорангии баҳоронаи худ, либоспўшии духтарони дилрабои тоҷик, пӯхтани ғизоҳои анъанавии аҷдодӣ, расму оинҳои мардумӣ  ва ғайра аз идњои  дигар  ба кулли фарќ мекунад.

  Мардуми тоҷик ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кӯшоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медиҳанд.

  Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳое мебошанд, ки аз анвои ғалладона пӯхта мешаванд. Дар бештари ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гандум, нахуд, лӯбиё ва гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, ҷаъфарӣ, пиёзу гашнич гандумкӯча мепазанд, ки он бо номҳои далда, кашк, боҷ, гуча ва ғайра байни мардум маъмул аст. Ин хӯрок рамзи фаровонии ҳосили кишоварзӣ, соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад. Гандумкӯчаро бо нияти сериву пурӣ, пурфайзу баракат, серҳосил омадани соли нави дар пеш истода мепазанд.

  Суманак ҳамчун рамзи наврӯзӣ навъе аз хӯриши ин ид аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад ва махсусан, дар Тоҷикистон Наврӯз бе суманак ҷашн гирифта намешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни он 21-уми март иди Наврӯз бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланди  худшиносӣ ва худоогоҳии миллӣ таҷлил мегардад.

Наврӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  Дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин минтақаҳо тоҷик ҳастанд, суннат ва анъанаҳои Наврӯз ҳифз мешаванд. Дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон низ ғизои наврӯзӣ Суманак омода карда мешавад. Мардуми ӯзбек одатан дар ин меросими халқӣ  бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Дар ороиши дастархони идона ҳатман хӯроквориҳои хоси баҳор, аз ҷумла таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд, гузошта мешаванд.

  Мардуми Ӯзбекистон боварӣ доранд, ки кору кирдоре, ки шахс дар тӯли 13 рӯзи Наврӯз иҷро мекунад, тамоми сол аз ҷониби ӯ иҷро карда мешавад. Аз ин рӯ, бахшидани қарзҳои якдигар, бо ҳама одамони дунё одат шудааст.      Мувофиқи эътиқоди маъмул, бисёр чизҳо дар ин ид аз омадани шахси аввал ба хона вобаста аст. Аввалин меҳмони соли нав бояд шахси оромтабиат ва меҳрубон бошад, хушахлоқу некном ва обрӯи нек дошта бошад ва муҳимтар аз ҳама - некқадам бошад ва ба хона хушбахтӣ орад. Аз давраҳои қадим дар Ӯзбекистон дар иди Наврӯз ҷашнҳои калон барпо гардида, бозорҳои идона, мусобиқаҳои аспдавонӣ, љангњои  саг ва хурӯс баргузор мешуданд. Бархе аз ин анъанаҳо то ба имрӯз идома доранд. Дар ин рӯз, соҳибхоназанҳо аз кабудиҳои баҳорӣ хӯришу самбӯсаҳои гуногун мепазанд. Дар ин рӯз миз пур аз хӯрокиҳои лазизи баҳорӣ мегардад. Сабаби асосии ҷашн гирифтани Наврӯз дар Ӯзбекистон табдили солинавии “Сумалак” мебошад, чунки ғалладонаи сабзида рамзи ҳаёт, гармӣ, фаровонӣ ва саломатӣ мебошанд.   Пас аз таҷлили рӯзи аввали Наврӯз одатан корҳои саҳроӣ оғоз меёбанд, ки бо иҷрои маросимҳои мухталиф сурат мегирад.                         

Наврӯз дар Ҷумҳурии Қазоқистон

   Барои мардуми қазоқ Наврӯз ин рамзи эҳёи баҳор, тантанаи муҳаббат, ҳосилхезӣ ва дӯстӣ мебошад. Дар Қазоқистон Наврӯз маънои "таваллуди баҳор"-ро дорад. Аслан, ин соли нав аз рӯи тақвими қадимаи шарқӣ аст. Он дорои номҳои Рӯзи аввали Соли нав ё Рӯзи Бузурги Мардум мебошад. Ҷашни фархундаи Наврӯз тамоми сол ба хона фаровонӣ ва комёбӣ меорад.

  Хӯроки асосии маросими ин ид Наврӯз-коже мебошад, ки бояд аз ҳафт маҳсулот иборат бошад, ки ҳафт унсури ҳаётро нишон медиҳад, ба монанди об, гӯшт, намак, равған, орд, ғалладонаҳо (биринҷ, ҷуворимакка ё гандум) ва шир. Маҳсулотҳои номбаршуда рамзи шодмонӣ, хушбахтӣ, хирад, саломатӣ, сарват, суръат, афзоиш ва ҳифзи илоҳиро нишон медиҳанд. Вақте ки Қазоқистон Наврӯзро ҷашн мегирад, ҳузури рақами "7" ҳатмист - он 7 рӯзро дар бар мегирад ва воҳидҳои муваққатии беохир дар олам ҳисобида мешавад. Ҳар кас бояд ба 7 хона ташриф оварда, 7 меҳмонро даъват кунад.  Барои Қазоқистон, Наврӯз ба Соли Нав монанд аст. Тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳат", қазоқистониҳо Наврӯзро дар тӯли се рӯз, аз 21 то 23 март ҷашн мегиранд.  

Наврӯз дар Ҷумҳурии Туркманистон

  Дар наврӯзгоҳи идонаи туркманҳо намоишгоҳи қолинҳои миллӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Дар ин намоишгоҳи Наврӯзӣ шоҳасарҳои аслии қолинбофии ҳозиразамонро дидан мумкин аст. Дар паҳлӯи дигари ин намоишгоҳ рӯзи кушодашавии китоб ва намоишҳои асарҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ аз нигораҳои осорхонаҳои пешрафтаи кишвар ба маърази бинандагон пешкаш карда мешавад. Дар ҷашни Наврӯз ситораҳои барҷастаи санъат, гурӯҳҳои маъруфи фолклорӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат меварзанд. Ҷигитҳои дилкаши туркман ба меҳмонони ҷашн маҳорати баланди худро бо омезиши санъати сирк ва ранги миллӣ дошта, намоиш медиҳанд. Дар Туркманистон иди Наврӯз ҷашни некӣ ва нур буд ва боқӣ мемонад.

  Рамзи асосӣ, хусусияти Наврӯз дар Туркманистон  сабзаи гандум аст, ки бидуни он Наврӯзро пешвоз гирифтан одат нест. Сабзаи гандум - рамзи ҳосилхезӣ мебошад. Он муайян мекунад, ки зироат чӣ гуна хоҳад буд. Агар тухмӣ хуб сабзида бошад, ин маънои онро дорад, ки имсол ҳосили фаровон гирифта мешавад. Ҳазорсолаҳо мегузаранд, одамон ва арзишҳои ахлоқӣ  тағйир меёбанд, аммо расму оини Наврӯз бетағйир мондааст: "Танҳо сухани нек бигӯ, корҳои нек бикун, танҳо дар фикри некӣ кардан бошед ва некӣ бар бадӣ ғалаба хоҳад кард!" Ҳоло дар Туркманистон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз Рӯзи занон, Рӯзи Модар қайд карда мешавад, ки аз эътирофи зан дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.                    

Наврӯз дар Ҷумҳурии Қирғизистон

  Аз нигоҳи мардуми қирғиз вақте, ки онҳо Наврӯз мегӯянд, аввалин манзарае, ки пеши назар ҷилвагар мешавад, ин дар майдон сайру гашти идона бо либосҳои қадимию миллӣ, дуди дарахти арча ва дар он ҷо гашту гузор намудани Умай эне, ӯро бошад Хидир - ата (хизр) дар либоси кементай ҳамроҳӣ менамояд. Дар майдони “Ало-Тоо” дар ин рӯз барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки намояндагони тамоми халқу миллатҳои муқими Қирғизистон, ҳамчунин кӯдакон, ҷавонон, ҳунармандон, раққосони касбӣ, сарояндагон ва навозандагон баргузор мегардад. Дар майдончаҳои варзишӣ бошад, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

  Агар дар ин рӯз барф борад ин фоли нек дониста мешуд. Ҳатто ҳусну зебоии духтаронро дар қиссаю ривоятҳои қирғизӣ бо барфи сафеди Нооруз ташбеҳ медоданд, чунки одатан дар моҳи март барфи маҳину сафед меборид. Дар рӯзи Наврӯз дастархони сафеди идона истифода мебурданд. Пиронсолон бар он муътақид буданд, ки ҳангоми Наврӯз қадами мубораки хешро ба хонадон ниҳодан тамоми бебарориҳо ва дарду ранҷи инсон аз ӯ дур мегардад.     

  Тамоми мардумони Осиёи Марказӣ ба хусус тоҷикону қирғизон, туркманҳо, қазоқҳою ӯзбекҳо аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз либосҳои сафед мепӯшиданд, ба ҳамдигар сафедӣ мепошиданд, хӯрдани таоми соли навро аз шири навдӯшида сар мекарданд. Кӯшиш менамуданд, ки дар ин рӯзи босафо рӯйи зеборо бинанд, хандаю бозӣ кунанд, суруду таронаҳо хонанд ва ё шунаванд.  Деҳқони донапош бошад, дуои хайр гуфта, ба кишту кори худ мадад металабид, то сол некӯ бошаду ҳосил фаровон.

  Рӯидани майса, гул кардани гиёҳҳои баҳорӣ аз фаро расидани иди Наврӯз мужда медиҳад. Мардум дар он шабу рӯз маросими “гулгардонӣ” барпо менамоянд, чунки ҳангоми ба даст гирифтани гули аввалин “Ту барин зебою беғам шавам, ба солу моҳҳои бисёр расам” гуфта, орзую ормони худро баён мекарданд. Мардум ба пешвози Наврӯз хонаҳоро рӯбучин карда, зарфҳоро тоза нигоҳ медоштанд ва 25  рӯз пеш аз фарорасии иди Наврӯз барои тайёр кардани суманак гандумро шӯста, тоза карда, барои сабзонидан  дар рӯйи дастархон ё зарфе мегузоштанд. Ба истиқболи ин ҷашн на танҳо суманак, боз ҳар гуна таом, ҳалвою шириниҳо мепӯхтанд. Дастархони наврӯзиро бо меваю самбӯсаҳои  алафин, ширу равған, фатиру нону кулча оро медоданд. Аз ҳафт навъи дарахти мевадиҳанда ҳафт шохча бурида, рӯйи дастархон мегузоштанд. Одамон ба хонаи хешу табор ва ёру дӯстон рафта, ҳамдигарро муборакбодӣ мекарданду ҳоло ҳам ин расму оийн ба тарзҳои гуногун таҷлил ва гузаронида мешавад.

  Ҷашнгирии иди Наврӯз шаҳодати он аст, ки дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз одамон бояд аз ғаму дарди хеш фориғ гашта, дигаронро низ бахшанд, бо дили шоду рӯҳи болида ба истиқболи Наврӯзу оғози зиндагӣ бароянд. Чун анъана Наврӯзро дар ҳар як оилаи мардумони Осиёи Марказӣ бо тобишҳои ба худи он минтақа хос истиқбол менамоянд.

   Инак, мо дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти миллии кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз қарор дорем, аз фурсат истифода намуда, Баҳору Наврӯзро барои мардуми сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таманно дорам, ки Наврӯзи ҳуҷаста ба хонадони ҳар як фарди тамадунпарвар  хушбахтиҳои беназир ва ризқу рӯзии фаровонро арзонӣ дорад.

 

 Давлиёрова Сафаргул

ходими пешбари илмии

Шуъбаи Осиёи Марказии

ИОМДАО АМИТ

Хондан 1199 маротиба