JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 20 Марти 2022 15:24

Наврӯзи бостонӣ ва раванди худшиносии миллӣ

Муаллиф: Нозим Нуров

 Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,

Дар силсилаи русум асосӣ бошад,

Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,

Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,

Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,

Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад!

   Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлил қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва гиромии таърихи фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мадид суннану хасоиси Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия ва иҷозат дод.

  Худшиносӣ эҷоди фардист ва биниши инсониро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсонӣ  ифода мекунад. Ҳар нафар бо назардошти фаросат, фазилат, дарк, хирад ва маърифати худ ба ҷаҳону ҳастӣ менигарад ва ба ин восита ҷаҳони худогоҳию худшиносиашро тавсеа мебахшад.

  Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ, мисли Дорместетер, Кристенсен, Меҳрдоди Баҳор, Ҳошим Разӣ, Манучеҳри Ҷамолӣ, Рӯҳуламинӣ, М. Ҳазратқулов, К. Бекзода, М. Мирраҳим, Д. Раҳимов ва дигарон таъйид кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари марҳилаҳои худшиносии миллию  мардумӣ мебошад.

 Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи бевосита дорад, ба чанд марҳила  метавон  мунсқасим кард:

1.Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри донишманди қаламрави фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки  тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро  дар ҷаҳони маърифати иронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро  ҳамчун тантанаи Хирад ва  Адолат (Хирад ва Адолат аз қадим дар низоми зиндагии мардуми фаъоли иронитабор ду бахши муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт) саросарӣ намудааст.

Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то имрӯз ба як нуқта – марг тамаркуз мекунад ва ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ ва  гармии ифротӣ, бадбинӣ ва танаффур, дурӯғгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқуъ пайвастааст ва нахустин бор дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои ибтидоӣ) инсон намиранда мегардад.

Дар «Авасто» ин масъала, яъне масъалаи ба дасти Ҷамшед рафъ гардидани мушкилоти маргу беморию пирию ранҷу зиён мавриди баррасӣ қарор гирифтааст (дар фаргарди  нахустин ва бахшҳои дигари  «Вандидод» роҷеъ ба мушкилоти боло гуфтугӯйи ҷолиб сурат гирифтааст) ва Ҳаким Фирдавсӣ дар достони Ҷам зуҳури Наврӯз ва ба ин восита аз ранҷурӣ раҳо гардидани ҷаҳонро таври зайл тасвир  намудааст:

                                    Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

                                    Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

                                    Бузургон ба шодӣ биоростанд,

                                    Маю ҷому ромишгарон хостанд.

2.Марҳилаи дувуми худшиносӣ, ки ба Наврӯз иртибот дорад, ба давраи салтанати Сосониён рост меояд. Ҳарчанд дар ин давра Наврӯз ва таҷлили маросими он камранг ба назар менамояд, рӯҳи умумии он нигаҳ дошта шудааст. Дар замони ҳукмравоии  хонадони  Ҳахоманишҳо, ки  ойини зардуштӣ дар қаламрави салтанат расмият пайдо кард, падидаҳои фарҳангию фалсафии гузашта, минҷумла Наврӯз аз ҷониби  рӯҳониёни дарбор  сарфи назар карда шуд ва маросими наврӯзӣ дар чодари тирагию торикӣ бозмонд.

3.Марҳилаи сеюми худшиносӣ ба давраи ҳукмронии сулолаи тоҷикии Сомониён  марбут аст. Дар давраи салтанати Сомониён (874-1005) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳрварӣ ва хирадварзӣ, ки асли худогоҳию худшиносӣ маҳсуб меёбанд, мавриди таҷлил қарор гирифт. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтанати Сомониён, қатъи назар аз он ки дастгоҳи таҷассусии хилофати Бағдод дар умури куллӣ дастдарозӣ дошт, худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути таҷлили огоҳонаи Наврӯз дар манотиқи гуногуни қаламрави давлати миллӣ маҷрои тоза касб кард (таваҷҷуҳ шавад ба китоби Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. Душанбе, 2012. –С.457-458). Маҳз дар ин давра худшиносии миллӣ ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ расида, раванди таҷлили он тавассути сиёсати фарҳангии давлати Сомониён таҳкиму тавсеа ёфт. Шоирону донишмандон ба тавсифи ин ҷашн кӯшиданд, ашъори рангин суруданд, китобҳо навиштанд (китобҳои «ал-Ашъор фӣ соири Нийрӯз вал Меҳрҷон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «ан-Нийрӯз вал Меҳрҷон» ва амсоли инҳо тантанаи Наврӯзи бостониро дар қаламрави фарҳанги миллӣ ифода менамуданд).

4.Давраи  дигари  наврӯзшиносӣ  ва  арҷгузорӣ аз ин ҷашни  хирадмаоб  ба  охирҳои  солҳою ҳафтодуми садаи бистум рост меояд, ки замони  салтанати  империяи Шӯравӣ  буд. Аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта  як зумра равшанфикрони миллӣ  ҷиҳати  дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз  саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина, корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд.  Ин давра сароғози марҳилаи нави худшиносии миллӣ дар ҳамбастагӣ бо  Наврӯзи бостонӣ  маҳсуб меёбад. Дар он замон заминаҳои  рушди маросими миллӣ  дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.

5. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои тозаро барои  таҷлили саросарии Наврӯзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ-миллӣ  мавриди таҷлили  ҳамагонӣ қарор гирифт.  Дар даврони истиқлолият  масоили  шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва  саросарисозии  Наврӯз  матраҳ гардид ва дар  рушду тавсеаи он шахсиятҳои дараҷаи аввали сиёсии ҷумҳурӣ, хусусан  Эмомалӣ  Раҳмон саҳм гузоштанд. Ин иқдом имрӯз низ идома дорад ва шароити феълӣ аз  фарҳангиён тақозо менамояд, ки  ойинҳои миллиро, ки дар саргаҳашон Наврӯзи бостонӣ меистад, ба риштаи таҳқиқи ҷиддии илмӣ бигиранд ва дар ҳифзу нигаҳдошти онҳо  тамоми чораҳои заруриро андешанд.

6.Наврӯз  дар силсилаи ойину маросимҳои  миллӣ қадимтарину  фарҳангитарин ба шумор меояд ва дигар маросим  дар домони ин ҷашни  инсонпарвар ва ҳувиятсоз парварда шудаанд.  Ин аст, ки Наврӯз бо мушаххасоти шинохтӣ (онтологӣ), ки аз худогоҳию  худшиносии миллӣ маншаъ мегиранд, ба арсаи тамаддун ворид гардид  ва дар дарозои таърих  ин ҷавҳари худ -- инсонсозиро на танҳо аз даст надод, балки онро  тарвиҷу таҳким бахшида, то замони мо бенуқсон оварда расонид. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз дар баробари иди Соли нави аҷдодӣ ва шодию нишоти инсонӣ, ҷашни хушҳолию худафрӯзӣ ва доноиву фарзонагист. Ба ин маънӣ:

       Ин ҷомаи сабзи замин пурнақшу гулдӯзӣ бувад,

Хушҳолию фарзонагӣ ойини Наврӯзӣ бувад.

 

 

Нозим Нуров

Хондан 885 маротиба