JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Сентябри 2021 07:57

Назарияҳои классикӣ ва ғайриклассикии зебоишиноси дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX

Муаллиф: Зиёева З. И.

  Зебоишиносии классикии олмонии охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX марҳалаи мураккаб ва зиддиятноки инкишофи афкори зебоишиносии ҷаҳон мебошад. Онро Кант, Гегел, Шеллинг ва дигар мутафаккирону нависандагон намояндагӣ намудаанд. Дар эҷодиёти онҳо, аз як тараф, баъзе нуктаҳои маорифпарварони олмонӣ қабул шуда инкишоф дода шудаанд. Аз тарафи дигар, классикони афкори зебоишиносии олмонӣ ҷиҳатҳои сусту заифи давраи Маорифпарвариро ошкор намуда, ғояҳои навро ба миён овардаанд. Онҳо принсипҳои нави методологиро дар таҳлили маданияти зебоишиносӣ коркард намуданд. Музаффарияти асосии зебоишиносии классикии олмон методи идеалистӣ мебошад.

   Зебоишиносии Кант. Кант зебоишиносиро ҳамчун қисмати хотимавии системаи фалсафӣ мавриди назар қарор дода, вайро то ба сатҳи илмҳои фалсафӣ расонид. Асари асосии Кант доир ба зебоишиносӣ «Танқиди қобилияти муҳокимаронӣ» мебошад. Мақулаи марказии зебоишиносии Кант – мақсаднокӣ, ҳадафмандӣ мебошад. Ин мафҳумро ӯ ҳангоми баррасии категорияҳои асосии зебоишиносӣ истифода бурдааст. Аз миёни онҳо мафҳуми зебоиро ба ҷои аввал гузаронида, дар ҷои дуввум олӣ ва баъдан категорияҳои фалсафӣ-зебоишиносии санъат ва эҷодиёти бадеиро гузошта аст.

  Зебоӣ чизест, ки бо зебоии софи худ бидуни шавқу рағбат бояд ба ҳар кас писанд ояд. Кант бо ин восита, зебоишиносиро аз илм, ахлоқ ва эҳтиёҷоти амалии инсон ҷудо мекард. Ӯ соҳаи зебоишиносиро аз дигар шаклҳои фаъолияти ҷамъиятии инсон маъзул (изоляция) мекард. Олӣ ба мисли зебо маъқулу писанд буда, боиси лаззат мегардад. Аммо дар зебоӣ лаззат бо тасаввурот дар бораи сифат, аммо дар олӣ бо миқдор алоқаманд мебошад. Дар зебоӣ лаззат бевосита сабаби тавлиди эҳсоси фаъолият ва олӣ дар ибтидо баъзе сукунати қувваҳои зиндагиро ба вуҷуд оварда, танҳо баъд аз он ба зуҳуроти олии он мусоидат менамояд.

  Барои дарки зебоӣ доштани завқ, яъне қобилияти ризоят ва норизоятӣ кифоя мебошад. Барои бозтакрори зебоӣ ҳамчунин чизи дигаре зарур аст, ки он даҳо - гений мебошад.        

  Табиати генийро ошкор намуда, Кант ба таҳлили ҷиҳатҳои хоси санъат оғоз мекунад. Санъат аз табиат бо он фарқ мекунад, ки маҳсул ва натиҷаи фаъолияти инсонӣ мебошад. Вай аз фаъолияти назариявӣ ва ҳунармандӣ низ фарқ мекунад. Санъат бидуни қонун ва бидуни мақсад фаъолият мекунад. Ҳамчунон, ки гений тибқи он амал мекунад, аз доираи зеҳн берун мебарояд, вай зарурати табии характери ботинӣ мебошад. Табиати рассом қонунро муайян мекунад, қобилияти табии рӯҳ – гений – барои санъат қонунро муайян мекунад. Асари бадеӣ, натиҷа ва маҳсули эҷоди гений мебошад, аммо худи санъат танҳо тавассути гений имкон дорад. Гений – қобилиятест, ки қоидаҳоро муайян мекунад. Гений мабдаи эҷодии аввалин ва асил (оригиналӣ) мебошад. Гений танҳо дар санъат ба чашм мерасад.

  Зебоишиносӣ дар низоми идеализми мутлақи Гегел. Аҳамият ва характери прогрессивии назарияи зебоишиносӣ на танҳо дар таҳлили амиқи назариявии санъати ҷаҳонӣ, дар умумиятдиҳиҳои васеи фалсафии амалия аз давраи қадим то ибтидои аср, балки дар мавқеи нави омӯзиши ин амалияи эҷодро низ дар бар мегирад. Санъат ва соҳаи васеи зебоишиносиро ӯ дар шакли раванди диалектикӣ пешниҳод намудааст. Cанъат аз идеяи мутлақ маншаъ мегирад ва санъат яке аз шаклҳои худошкоркунии рӯҳи мутлақ мебошад. Навъи муайяни санъат бо тарзи зиндагии халқ, сохтори давлатӣ ва шакли идоракунӣ, бо ахлоқ, бо ҳаёти ҷамъиятӣ, бо илм ва дин алоқаманд аст.

  Гегел се навъи муносибатҳоро дар байни идея ва шаклофаринӣ ҷудо кардааст. Дар марҳалаи аввал идея дар шакли таҷридӣ (абстрактӣ) ва яктарафа баромад мекунад. Ин шакли рамзии санъат аст. Таърихан зери ин мафҳум санъати халқҳои Шарқи Қадим дар назар дошта шудааст. Ин навъи санъат бо доштани асрор, олӣ, рамзӣ ва маҷозӣ (аллегоризм) фарқ мекунад. Мазмуни абстрактии инкишофнаёфта дар ин ҷо ҳанӯз шакли айнии (адекватии) худро наёфтааст.

  Шакли рамзии санъат бо шакли классикӣ иваз мегардад. Дар ин ҷо сухан аз санъати антиқаи давраи классикӣ меравад. Барои таҷассум намудани мазмун, идея образи мушобеҳе вуҷуд дорад, ки бо рӯҳонияти индивидуалии озод мутаносиб аст. Дар ин шакл идея ё мазмун ба сатҳи конкретизатсияи лозимаи хеш расидааст.

  Баъди санъати классикӣ санъати романтикӣ меояд. Дар ин ҷо ваҳдати ба камол расидаи идея ва намуди зоҳирии он бардошта мешавад ва сарфи назар аз сатҳи нисбатан баландтараш бозгашт барои фарқ кунонидани ин ду тараф анҷом мегирад, ки барои санъати рамзӣ хос мебошад. Мазмуни санъати романтикӣ ба чунин сатҳи камолот мерасад, ки олами рӯҳ гӯё болои олами зоҳирӣ тантана мекунад ва аллакай аз сабаби ғановати маънавии худ таҷассуми ҳиссии мутаносибро пайдо карда наметавонад. Дар ин марҳала озодшавии рӯҳ аз пӯстлохи ҳиссӣ ва гузариш ба шаклҳои нави худшиносӣ – дин ва баъдан ба фалсафа анҷом меёбад. Шакли романтики санъат – ин ҳамон марҳалаи пешрафти вай мебошад, ки аз он завол меёбад. Аз назари Гегел, ин умуман заволи санъат мебошад.

  Воқеияти санъат, татбиқи он барои Гегел ҳамчун идеал баромад мекард. Дар робита бо ин, ӯ принципи тақлид ба табиатро зери танқид қарор медиҳад. Таҷассуми идеал аз воқеият дур шудан набуда, баръакс тасвири амиқ, умумиятдодашуда ва фикркардашудаи он мебошад, зеро худи идеал ҳамчун воқеияти решадавонида тасаввур мешуд. Қобилияти зиндамонии идеал бар он асос меёбад, ки маънои асосии рӯҳонии вай, ки бояд дар тасвир инъикос ёбад, комилан тамоми қисмҳои зуҳуроти хориҷиро фаро мегирад. Тасвири чизи аслӣ, таҷассум намудани маънои рӯҳонӣ, интиқоли муҳимтарин анъанаҳои воқеият кушодани худи идеал хос мебошад. Дар чунин шарҳ идеал бо мафҳуми ҳақиқат дар санъат, ҳақиқати бадеӣ мувофиқат менамояд.

  Зебоишиносии Шеллинг. Ӯ санъатро ҳамчун нуқтаи назари «худмушоҳидакунии рӯҳ» баррасӣ менамояд. Ин худмушоҳидакунии рӯҳ танҳо дар мушоҳидаи асарҳои санъат имконпазир аст. Асарҳои санъат маҳсули доҳии (гений) эҷодкор мебошанд. Фаъолияти эҷодӣ озод аст ва дар айни замон ба маҷбуркунӣ тобеъ мебошад, вай бошуурона ва ғайришуурона, мақсаднок ва импулсивӣ мебошад. Рассомон «бидуну ҳисобу китоб» эҷод карда, аз ин роҳ танҳо «талаботи ҳатмии табиати худро қонеъ мегардонанд».

  Аз сабаби он ки асарҳои худро танҳо бо барангезиши табиати худ меофаранд, асари бадеии офаридаи ӯ ҳамеша нисбат ба он чизе, ки ӯ гуфтан мехост чизи бисёртареро дар бар мегирад. Дар чунин ҳолат маҳсули эҷодиёти бадеӣ табиати «мӯъҷиза»-ро ба худ мегирад. Аз ин хусусияти даҳогии эҷодиёт Шеллинг ҷиҳати хоси асари бадеиро хулоса карда баровардааст: «беинтиҳоии ғайришуурона». «Зебоӣ дар беинтиҳоии ниҳоӣ ифода шудааст».

 Зебоӣ ҷиҳати хоси санъат мебошад. Зебоӣ дар санъат аз зебоии табиӣ болотар аст. Асари бадеӣ аз «асари касбӣ-ҳунарӣ» фарқ мекунад. Аввалӣ – маҳсули «эҷодиёти озодии мутлақ» ва дуввумӣ ин ва ё он ҳадафӣ хориҷиро дунбол мегирад. Санъат тимсоли илм мебошад. Раванди умумии ҳаракати санъат аз «пластикӣ будан» ба «зинданигорӣ» меравад. Санъат ботадриҷ аз ҷисмоният озод мегардад.

  Шеллинг санъатро аз мутлақ берун оварда, проблемаи асотирро бо ин алоқаманд мекунад. Асотиршиносӣ ба сифати «материя»-и санъат баромад мекунад. Асотир нисбат ба ким-кадом ҳудудҳои таърихии тафаккур як шакли махсуси тафаккур, ғайринисбӣ мебошанд. Дар ҳама давру замон санъатро бидуни асотир тасаввур кардан наметавон. Агар асотир вуҷуд надошта бошанд, худи рассом онро меофарад.

  Агар зуҳуроти муҳимтарини фалсафаи Аврупои Ғарбии чоряки аввали асри XIX фалсафаи классикии олмонӣ бошад, ки натиҷаи он бо ҳам ҷамъ овардани тамоми проблемаҳо ва ғояҳои зебоишиносӣ мебошад, метавон аз зебоишиносии Гегел ном бурд, пас инкишофи тақдири минбаъдаи афкори зебоишиносӣ бо заволёбии системаи ӯ вобаста мебошад. Зимни заволёбии гегелчигӣ марксизм, позитивизм, навгегелчигӣ, ҷараёнҳои ирратсионалӣ, яъне интиқодӣ ва муқобили Гегел ба вуҷуд омаданд. Тақдири афкори зебоишиносиро аз бисёр ҷиҳатҳо акнун хулосаҳое муайян мекунанд, ки аз системаи Гегел бароварда шудаанд. Оё методи фалсафии Гегел қабул карда мешавад ва ё комилан рад карда мешавад?

  Назарияи зебоишиносии Шопенгауэр. Ба андешаи мутафаккир тамоми ашёи мавҷудаи олам, гуногуншаклии иродаи таҷассумшуда мебошад. Субъект талош мекунад, ки тобеият аз иродаро бартараф намуда, саъй менамояд, ки аз хизматгузории вай озод гардад. Ба даст овардани озодӣ аз тобеияти иродавӣ на танҳо роҳи инсонро барои шинохтани моҳияти ашё мекушояд, балки ӯро аз дарду ғам раҳоӣ мебахшад. Дастболо шудан бар ирода аз роҳи дар худ фурӯ рафтан, тавассути мушоҳидаи ғояҳо имконпазир аст. Чунин ҳолат танҳо дар ду сурат имконпазир аст: ихтиёрӣ даст кашидан аз ирода ба ҳаёт ва ё тавассути санъат.

  Дар зебоишиносии худ Шопенгауэр тамоми навъҳои санъатро ба «рӯйхати мартабаҳо» ворид менамояд. Зимни он ӯ иштироки онҳоро дар ошкоркунии ирода мадди назар мегирад. Ҳар қадар бештар ин ва ё он навъи санъат барои кушодани «ҳақиқати зиндагӣ» қобилият дошта бошад, ҳамон қадар вазни ӯ болотар мебошад.

  Нақши тасвир намудан ва пешкаш намудани идеяҳо ба души санъати тасвирӣ, шеър ва драматургия афтидааст. Аммо ин идеяҳо танҳо объективатсияи ирода мебошанд, на худи вай. Ҳар як шакли дар боло зикршудаи санъат имкони бозтакрори ягон идеяи олам, ягон сатҳи объективатсияи иродаро бо имконоти хеш ифода мекунад. Масалан, меъморӣ сатҳи пасттаринеро ифода мекунад, ки ирода дар он ҳамчун саъю талоши одами гунгукар ва бешууронаи омма баён гардидааст, аммо фоҷеа аллакай қодир аст, ки «ҷудоии иродаро бо худии худаш» ошкор намояд.

  Мусиқӣ дар зебоишиносии Шопенгауэр ҷои махсусро ишғол намудааст. Тамоми маҷмӯи санъатҳо, ба истиснои мусиқӣ, ҷиҳати шинохтани идеяҳо обективатсияи мушобеҳи ирода эътироф шудааст. Мусиқӣ мақсад ва объекти дигар дорад. Вай зубдаи ҳаёт, худи иродаро ифода менамояд. Оламро метавон ҳамчун мусиқии таҷассумёфта ва ҳам иродаи таҷассумшуда мавриди назар қарор дод.       

  Мабдаи дионисӣ ва аполлонӣ ҳамчун универсалияҳои шуури бадеӣ. Муҳимтарин мафҳумҳои фалсафаи Шопенгауэр – «ирода» ва «тасаввурот»-ро Нитсше ҳамчун мабдаи «дионисӣ» ва «аполлонӣ»-и маданияти инсонӣ мавриди назар қарор додааст. Санъати «дионисӣ» бояд ба «қонеънамоии метафизикӣ»-и одамон, ки фоҷеаи мабдаи ҳаётофари ибтидоиро эътироф намудаанд ва барояшон имкон медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ эҳсоси дарди парешонӣ ва танҳоии онҳоро фаромӯш кунанд. Вазифаи санъати «аполлонӣ», ки ба мардум бахшидани гуногуншаклии таваҳҳумии шакли зебоишиносӣ, кӯмак расонидан ба одамонест, ки аз ҳолати бадмастӣ бедор шуда, эҳсоси бадбинии дунёро бартараф намуда, иродаашонро ба фаъолият ва мубориза барои ҳадяҳои шикастпазир ва шодиҳои гузарон бахшад.

  Нитше ғояи «абармард»-ро пешниҳод намуд, ки дар он ин назарияи элитарии ӯ интиҳои мантиқиашро, ки маншаъи зебоишиносӣ дорад, таҷассум намудааст. Нитсше дар ибтидо ҳуқуқҳои элитаҳоро дар мавҷудияти афзалиятноки онҳо бо назардошти қобилияти нодирашон ҷиҳати дарки зебоишиносӣ ва эҳсоси ҳамдардӣ барои ғаму андӯҳ асоснок мекард. Минбаъд Нитсше ба ин гурӯҳи элиттаҳо «ҳаётдӯстон» - намояндагони кастаи ҳукмронро дохил намуд. Ахиран Нитсше ба хулоса мерасад, ки завқи ҳақиқии бадеӣ – ин завқи ҳаёт буда, дар ҳама шаклҳои зуҳуроташ чӣ олӣ ва чӣ сифлӣ гирифта шудааст. Онро ба кастаи ҳокимоне, ки ба одамон шароити хуби маишӣ ва солимии ҷисмонӣ ато мекунад, мансуб медонад.

  Мушкилоти зебоишиносӣ дар эҷодиёти Киеркегор. Ин файласуф, нависанда ва асосгузори навъи якуми фалсафаронии экзистенционалӣ мебошад. Ба мавқеи ирратсионализм гузаштани зебоишиносӣ, бо номи ӯ алоқаманд мебошад.

  Мақулаи асосии фалсафаи ӯ – «вуҷуд доштан» аст. Масъалаи муҳимтарине аз қабили «чӣ гуна бояд зиндагӣ ва саъю талош кард?», мебошад. Кьеркегор се марҳалаи ҳастии инсон - зебоишиносӣ, ахлоқӣ ва динӣ – ро ҷудо карда, онҳоро дар муқобили якдигар гузоштааст.

  Марҳалаи зебоишиносӣ дар заминаи бевоситаи тарзи зиндагии ҳиссӣ бунёд ёфтааст. Истилоҳи «зебоишиносӣ» дар маънои пурраи он чизест, ки дар тафоввут аз зеҳн ба идроки ҳиссӣ ва умуман ба тамоми эҳсосот мансуб мебошад. Идроки зебоишиносӣ дар он маъное, ки мо одатан онро истифода мебарем, лаззати зебоишиносиест, ки бо он вобаста буда, дар маънои васеи он ба соҳаи зебоишиносӣ мансуб аст.

  Шакку шубҳа, рефлексия, скепсис – натиҷаҳои ногузир буда,  вобаста аз камолоти марҳалаи зебоишиносӣ зиёдтар мешаванд. Интиҳои марҳалаи зебоишиносӣ – дилсардӣ ғаму андуҳ, навмедӣ, маъюсӣ мебошад. Дилсардӣ бемории ҳалокатовар буда, ҳар касеро, ки дар марҳалаи зебоишиносӣ зиндагӣ мекунад, фаро гирифта, шуури ӯро хӯрда, вайрон мекунад.

  Санъат ва идеология дар афкори зебоишиносии Маркс. Асоси умумифалсафии зебоишиносии марксистӣ материализми диалектикӣ ва методи вай диалектикаи материалистӣ мебошад. Маркс чунин меҳисобид, ки санъатро танҳо тибқи қонунҳои ботинӣ, имманентӣ фаҳмидан мумкин аст. Моҳият, пайдоиш, инкишоф ва нақши иҷтимоии санъатро танҳо дар низоми иҷтимоии комил, дохили омили иқтисодӣ дар робитаи мураккаби муносибатҳои истеҳсолӣ нақши муайнянкунанда ва аввалиндараҷаро мебозад. Аз ин рӯ, санъат танҳо як қисми раванди таърихиест, ки асоси модии онро инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳанд. Санъат як шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Барои ҳамин сабаби ҳама тағйрёбиҳоро бояд дар ҳастии ҷамъиятии одамон, яъне дар базиси ҷамъият ҷустуҷӯ кард. Базиси иқтисодӣ принсипи муайянкунандаест, ки қонунияти инкишофи адабиёт, санъат ва дигар зуҳуроти болосохтро ташкил медиҳанд. Шаклҳои идеология, ки адабиёт ва санъат низ дар байнашон қарор доранд, - дар ин робита нисбат ба базис ҳамчун як чизи дуввумдараҷа мебошанд.

  Табиати санъат ва эҷодиёти бадеӣ дар назарияи зебоишиносии Фрейд. Ин мутафаккир қабл аз ҳама равоншинос (психолог) буд. Зебоишиносӣ ҳамчун илм дар бораи мақулаҳо, муносибатҳои байни ҳамдигарии шаклҳои санъат, услуб, мундариҷа ва шакл дар Фрейд вуҷуд надоштанд. Тадқиқоти ӯ дар соҳаи зебоишиносӣ ба эҳтиёҷоти назарияи психологии ӯ равона гардида, дар он маҳдуд мешавад.

  Фрейд санъатро ифодаи олами ботинии инсони қаноатманднашуда ҳисобида, асли қаноатмандиро нисбат ба санъат мансуб медонист, ки комилан ба саъю талошҳои ботинӣ ва эҳтиёҷоти инсон равона шудааст. Санъат, ба андешаи ӯ, қабл аз ҳама ноқаноатмандии шаҳвонӣ ва шавқу рағбатҳои агрессивиро бартараф мекунад.

  Асосгузори психоанализ санъатро на танҳо ҳамчун ҳастии утопиявӣ, идеаликунонидашуда ва ба муназзамгардонидае медонист, ки бо ҳолати «табиӣ» баробар аст, балки чунин меҳисобид, ки ин ҳолати «табиӣ» метавонад одамро инсонитар ва маданитар намояд. Санъат – ин як шакли ратсионализатсияи шавқу рағбатҳо, як шакли сублиматсия ва иваз намудани тамоюлоти бешуурона бо шаклҳои нисбатан болотари шуур мебошад.

  Рассом, ба андешаи ӯ, аз инсони муқаррарӣ бо нерӯи тамоюлоти табииаш (инстиктивиаш) тафоввут дорад, ки онҳоро бо воқеияти амалӣ наметавон комилан қонеъ гардонид. Барои ҳамин, ӯ ба олами тахаюлот, орзӯҳо ба хотири пайдо кардани иваз кардани бевоситаи шавқу рағбатҳои шаҳвонӣ мепардозад. Рассом ба фазли қобилияти инкишофёфтааи худ ба сублиматсия шавқу орзӯҳои қонеънагаштаи худро ба ҳадаф табдил медиҳад, ки дар роҳи фаъолияти рӯҳонӣ метавон онро қонеъ гардонид.

  

  Зиёева З. И.

ходими калони илмии Институти 

фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба

 номи А.Баҳоваддинови АМ ИТ

Хондан 1552 маротиба