JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 15 Декабри 2020 05:03

Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайёмакрасонҳо (messengers) ба идоракунии диққати шаҳрвандон

Муаллиф: МАРАМОВ Р
Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ  ва пайёмакрасонҳо  (messengers) ба идоракунии диққати шаҳрвандон https://mailchimplovers.pro

  Асри XXI, ки асри илму технология аст ва тасаввур кардани ҷамъияти имрӯза бидуни интернет ғайриимкон аст. Қуввае нест, ки боиси монеаи пешрафт ва инноватсияи интернет гардад, зеро ки дар шароити имрӯза он яке аз талаботҳои асосии ҷамъият ба шумор меравад. Мо наметавонем ба муқобили интернет баромад кунем ва онро ҳамчун зуҳуроти манфӣ  маънидод намоем. Ин ҳам мисли дигар ихтирооту кашфиёти инсоният аст, ки истифодаи он аз худи инсон вобастагии зич дорад, зеро интернет маҳсули дасти инсон аст ва ба кадом оқибатҳо овардани он низ аз инсонҳо вобастагӣ  доред. Далели ин гуфтаҳо ихтирои атом мисол шуда метавонад, ки Алберт Эйнштейн онро барои нерӯи барқ офарида буд, вале баъдан инсоният онро ҳамчун силоҳи қатли ом истифода бурд. Дар ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки истифодаи дуруст ё нодурусти ин ё он технология аз инсонҳо вобастагии калон дорад.

   Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ  бо истифодабарандагони интернети мобилӣ  ва маҳаллӣ  ба 2.3 млн нафар расидааст. Ин нуқтаро дар нишасти хабарӣ  намояндагони хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Дари ин нишаст инчунин зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ  шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ  7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Зикр карда шуд, ки ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ  5.5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд [8].

   Мо мехостем каме ба ин мавзӯъ аз чанд ҷиҳат рашани андохта, ҷиҳатҳои назариявӣ  ва амалии онро таҳлил намуда, бартариятҳо ва камбудиҳои онро каме ошкор намоем. Масъалаи омӯзиши ин мавзӯъ ба мо имконият медиҳад, ки мо дар сатҳи бошуурона сари ин масъала фикр намуда, танҳо барои фоида ва инкишофи шахсиямон онро истифода барем.

  Барои сотсиолог шабакаҳои иҷтимоӣ  даҳсолаҳо пеш аз пайдоиши интернет вуҷуд дошта буданд. Аввалин бор шабакаҳои иҷтимоиро файласуф ва сотсиологи бузург Георг Зиммел тадқиқ карда буд. Г. Зиммел саволе дар миён мегузорад, ки чи гуна одамон бо ҳам алоқаманданд ва мафҳуми “сотсиологияи расмӣ ”-ро ба илм ворид мекунад. Аз солҳои 1950 сар карда, ин метод дар сотсиологияи Амрико бисёр истифода мешуд, аммо куллан дигар шакли дигар [10].

  Бояд зикр намоем, ки интернет як аз мафҳумҳои илми буда, баъдан ба ҳайёти рӯзмараи инсонҳо ворид шудааст. Шарҳи муфассали илмии он дар китоби Ли Рэйни ва Барри Уэлмана «The Networked» зикр гардидааст. Пештар барои сотсиологҳо инсонҳо ҳамчун намояндагони ягон гурӯҳҳо ё ки умумиятҳои нисбатан устувор, яъне ба сифати синфи иҷтимоӣ  баромад мекарданд. Имрӯзҳо мафҳуми гурӯҳҳо ва умумиятҳо низ каме тағйир дода шудааст. Ба ақидаи Уэллман, ки инсон на дар доираи гурӯҳҳои иҷтимоии ба онҳо мансуббуда, балки дар қисматҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ  қарор дорад.

  Баъдан, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  инсонҳо дар шаклҳои гуногуни таҳлилнамоӣ  мавриди омӯзиш қарор гирифта метавонанд. Яке аз онҳо таҳлили шабакавии математикӣ  мебошад, ки тавассути он, масалан, мо гомофилҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ  омӯхта метавонем. Ин паддидаест, ки инсонҳо ҳангоми доштани як тасаввурот ва нигоҳи якхела дар як шабака қарор мегиранд. Шояд шумо оиди “гугл-баббл” хабар доред, ки дар ин ҳолат ҳамаи он ҷараёни иттилоотие, ки моро иҳота кардааст, нест мешавад, танҳо он иттилооте, ки бо шуур ва андешаи мо мусоидат мекунад, боқӣ  мемонад. Ин бештар дар фейсбук ҳангоми инкишоф ёфтани ахборҳо ва равзанаи фармондиҳии гугл дида мешавад.

   Шакли дигари он таҳлили хурди математикӣ  – ин назарияи акторно- шабакавӣ  буда, аз ҷониби сотсиолог Бруно Латуром пешбинӣ  карда шудааст. Мувофиқи ҳамин назария ҳамаи муносибатҳои муштаракро шабакавӣ  баҳо додааст: ҳозир ҳангоми муносибатҳои муштарак на танҳо мо иштирок мекунем, инчунин диктофон (моро маҷбур мекунад, ки ҷумлаҳои дурустарро истифода мебарем, ба монанди навишташуда) ё блокнот (ки дар онҳо барои мусоҳиба саволҳо пешакӣ  дарҷ тартиб дода шудаанд) ҳамчун қисми муносибатҳои муштараки мо ифода мешаванд. Ҳақиқатан, имрӯз намояндагони назарияи акторно-шабакавӣ  нисбати интернет ҳамчун метафор муносибат менамоянд.

  Ҳангоми омӯзиш ва таҳлили мавзӯъ саволе ба миён меояд, ки оё мо ҳангоме, ки фейсбук ва тивиттеру дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  пайдо шудаанд, тағйир ёфтем? Ин масъала тарафҳои бисёри баҳсталаб дорад. Аммо метавон гуфт, ки ба пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ,  маслан фейсбук ба мо он қадар таъсир нарасонд, зеро ки мо дар бораи мавҷудияти шабакаҳои иҷтимоӣ  медонистем ва ҳозир танҳо онҳоро мебинем.

  Дар хусуси таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ  ба инсон як қатор маълумотҳои писихологӣ  вуҷуд доранд, ки кӯдаконро тадқиқ карда буданд. Баъзе мутахассисон таъсири шабакаҳои иҷтимоиро чунин пешбинӣ  карданд: хотираи кӯдакон тағйир меёбад, онҳо нисбатан пуртоқат ва фазоӣ  мешаванд. Агар ба таври шартӣ  гӯем, агар ба шумо лозим ояд, ки ягон қисмати малумотро ба хотир биёред, масалан, санаи вафоти Чингизхонро, шумо онро ба хотир намеоред, балки дар ҷое, ки онро дида будед, маслан, дар саҳифаи википедия ё дигар ҷой ба ёд меоред. Ба оқибатҳои иҷтимоии таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ  мо то ҳол пурра баҳо дода наметавонем.

  Дигар масъалаи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ  – ин тағйироти тасаввуроти мо оиди сохтори иттилоот мебошад. Тадқиқот оиди шахсоне, ки кайҳо боз дар шабакаҳои иҷтимоиянд, нишон медиҳад, ки истифодабарандагон сохторро рефлексия намекунанд, онҳо итилоотро ҳамчун ҷараён (поток) маънидод мекунанд. Агар шумо ҳуҷҷатҳоро дар ҷувздони кампютер гузоред, шумо аллакай тасавурот оиди ҷойгиршавии онҳо доред. Агар шумо ҳуҷҷатҳоро дар почтаи электронӣ  ҷойгир кунед, шумо оиди он фикр мекунед, ки ба кӣ  ин ҳуҷҷатҳоро равон кардед ва “ҷустуҷӯ”-ро истифода мебаред.

  Имрӯзҳо баъзе ширкатҳои калони иҷтимоӣ  зиндагии мо таъсири калон расонида, бевосита фикру ақидаҳои моро роҳбарӣ  мекунанд. Ин аз он гувоҳӣ  медиҳад, ки баъзе ширкатҳои калон тавассути идоракунии худ интихоби чандин миллионҳо одамонро махдуд менамоянд. Технологияе, ки истифода мебарем, дар мо вобастагиии ирратсионалӣ  (ғайриаклонӣ )-ро пайдо менамояд. Ин вобастагӣ  боиси он мешавад, ки мо соатҳо дар ин шабакаҳо ва пайёмакрасониҳо мемонем ва вақти пурқимати худро сарф мекунем. Ҳамаи он огоҳие, ки дар телефонҳои мо мебиёянд, аз ҷониби ин ширкатҳо созмон дода шуданд, ки дар шуури мо ҳамчун блокҳои майдаи вақт ҷой гирифтаанд. Он чизеро, ки мо ба нақша нагирифтаем, маҷбур месозанд оиди он андеша кунем. Агар ба таври дигар инро шарҳ диҳем, пас онҳо фикру ақидаҳои моро барномарезӣ  кардаанд. [5,15]

  Яке аз роҳҳои муфиде, ки диққати инсонҳоро ҷалб мекунад – ин омӯзиши фаъолияти майнаи сари онҳо мебошад. Мисоли ин гуфтаҳо YouTube шуда метавонад, ки мо вакти бисёри худро дар он сарф мекунем. Маҳз барои ин онҳо автополро фикр карданд, ки баъди ба анҷом расидани як навор боз навори дигар ба таври автоматӣ  хонда мешавад. Ин усул хеле хуб кор мекунад ва боиси гирифтани вақти зиёд мегардад.

  Директори генералии ширкати Netflix ба наздикӣ  гуфта буд, ки «рақобатҳои асосии мо – Facebook, YouTube ва хоб мебошанд». Барои ҳамин бояд арз кард, ки имкониятҳои инсонҳо маҳдуд ҳастанд, мо як қатор ҳудудҳо ва андозаҳо дорем, ки онҳо бояд эҳтиром намоянд. Барои ин ба мо як қатор техналогияи махсус кӯмак мерасонанд. Савол дар хусуси он меравад, ки кадоме аз ширкатҳои технологӣ  дар ин рақобат истодагирӣ  карда наметавонанд. Масалан, Snapchat – ин шабакаи ҳукмрони иртиботӣ  миёни ноболиғон дар ИМА мебошад. Дар он як функсияро фикр карданд, ба монанди Snapstekars, ки нишон медиҳад, ки чи қадар ду шахс пайдарҳам бо ҳам муносибат менамояд. Ба ибораи дигар, онҳо чизеро фикр карданд, ки аз он инсон ба осонӣ  ҷудо шудан намехоҳад. Агар шумо ноболиғ бошед ва бо ягон кас 150 рӯз пайдарҳам муошират намоед, ин рекордро аз даст додан намехоҳед. Барои ҳамин, вақте ки ноболиғон бо волидонашон ба истироҳат мераванд, рамзи худро ба дӯстонашон медиҳанд, то дӯстонашон муошираташонро давом диҳанд ва Snapstreaks –ро сабт намоянд. Ҳамин тавр, функсияҳои нигоҳдоранда дар дар Snapchat зиёда аз 30-то мебошанд, онҳо ноболиғонро водор месозанд, ки мунтазам сурат гиранд ва ягон чиро қайд намояд. [12,.27]

  Оё ин фикрҳо ва амалҳо моро ба ташвиш меоранд? Ин меъёр аст, таҳқир ва туҳмат – барои диққатро идора кардан усули хуб аст. Лавҳаи итилоотии Facebook ҳамон вақт ғолиб меояд, ки дар худ мӯҳтавои ташвишовар дошта бошад, зеро ки шумо мехоҳед ранҷу кинаи худро бо ягон каси дигар тақсим намоед. Ҳамаи эҳсосоти шумо танҳо дар дасти ин ширкатҳо аст.

  Чи гуна мо бояд инро ислоҳ намоем? Барои мо зарур аст, ки дар технология ва ҷамият се тағйироти куллӣ  ворид намоем. Дар мадди аввал барои мо зарур аст, ки ба мо вобаста надоштани тарзи истифодаи дурусти вақт ва ба ҷои мо идора шудани онро эътироф намоем. Дуюм, ҳарчанд ҷаҳон инкишоф меёбад ва бо мурури замон эътимоднок мегардад, аммо барои мо модели нав ва низоми ҳисоботдиҳӣ  лозим аст. Шахсон ё намояндагони ин ширкатҳо бояд ҳисобот диҳанд, ки чӣ  кор мекунанд. Ягона шакли мавҷудаи этикаи эътимоднокӣ  ҳангоме имконпазир мегардад, ки мақсадҳои касе барои дигар касоне боваркунанда бошад ва ба мақсадҳои шахсони эътимодкунанда мусоидат намоянд.

  Ва охирон, барои беҳтар кардани истифодаи бошууронаи интернет эҳёи тарроҳӣ  лозим аст. Барои он, ки агар шумо оиди табиати инсон маълумот дошта бошед, шумо метавонед ҳаёти чанд миллиард одамро идора намоед [9]. Масалан, агар ягон рӯз дӯстатон бо шумо вохӯрда натавонад ва шумо худро каме танҳо эҳсос мекунед. Дар ин маврид шумо чи кор мекунед? Саҳифаи фейсбукро мекушоед ва дар ин вақт намояндагони ин ширкатҳо кӯшиш мекунанд, ки вақти шуморо дар ин шабакаҳо зиёд намоянд. Агар тарроҳон миқёси лаҳзаинаро тартиб медоданд, ки ба инсонҳо барои ёфтани танҳо шахсони муҳим ва лозима ёрдам мекард. Ё ба ибораи дигар агар файсбук барои пурсиши мақсад тугмачаи иловагӣ  медошт, дар инсонҳо сатҳи фикронии бошууронаро бедор мекард. Ҳал намудани ин мушкилот хеле муҳим аст ва мо қодир ҳастем ин масъаларо ҳал намоем.

  Масъалаи дигаре, ки дар инсонҳо боиси бешуурона истифода бурдани вақт мегардад – ин инкишофи доираи одатҳо мебошад. Аксарияти ширкатҳои сармоядорию маркетингӣ  ин воситарро хуб истифода менамоянд ва тавассути он маҳсулоти худро ба осонӣ  ба дигарон бор мекунанд. Тавассути одатҳо майна сари мо рафторҳои душворро меомӯзад. Нейробиологҳо чунин ақида доранд, ки маҳз ба воситаи одатҳо мо имконият пайдо мекунем, ки диққати худро ба дигар ашёҳо ҷалб кунем. Ҳангоме, ки майнаи сари мо оиди фаъолияти минбаъдааш аз фикру хаёл боз мемонад, одатҳо инкишоф меёбанд. Инсон барномарезӣ  кардани рафтореро, ки вобаста ба ҳолат аст ва ё ин ки бо он дучор мешавад, зуд ёд мегирад. [13,.66]

  Аксарияти қарорҳое, ки мо дар давоми рӯз мебарорем, танҳо як чизро ифода мекунад: дар гузашта фақат тавассути ҳамин роҳ ягон ҳодисаро ҳал мекардем. Майнаи сари инсон ба таври автоматӣ  ба хулосае меояд, ки он қарори дирӯза имрӯз ҳам ёрӣ  расонида метавонад ва имрӯз ҳам онро истифода бурдан ҳаматарафа қулай ҳаст. Ҳамин тавр, амал ба одат табдил меёбад.

  Яке аз сармоягузорони ширкати Berkshire Hathaway Уоррен Баффет қайд карда буд, ки “нерӯи ширкатро тавассути он муайян кардан мумкин аст, ки чи қадар оиди баландшавии нархаш гуфта бошад”. Уоррен Баффет ва шарики ӯ Чарлз Мангер дарк карданд, ки ҳангоме дар исеъмолкунандагон вобаста ба маҳсулот одат ба вуҷуд ояд, дар онҳо вобастагӣ  пайдо мешавад ва новобаста аз нархаш онро истеъмол мекунанд. Баффет ва Мангер медонистанд, ки одатҳо барои баланд бардоштани арзишҳо ӯҳдабарои хубанд. Масалан, дар баъзе сомонаҳо усулҳои соддаи бозиҳои видеоӣ  ройгон ҳастанд, онҳо одамро то ба одат табдил додани амалаш нигоҳ медоранд ва дар натиҷаи истифодаи пайдарҳам онҳо ба яке аз талаботҳои зарурии одамон мубадал мегарданд. Вақте ки онҳо эҳтиёҷ ба бозиҳои нав пайдо мекунанд, дар он ҳаваси ба даст овардани прогресс пайдо мешавад ва онҳоро ба истеъмолкунанда табдил медиҳад, ки маҷбур мешаванд барои истифодаи он пардохт намоянд. Соли 2013 зиёда аз 500 млн одам дар телефонҳои мобилии худ Candy Crush Saga – ро сабт карданд. Коргардони ин ширкат аз модели freemium истифода мебаранд, ки аксарияти истифодабарандагони худро ба истеъмолкунандагон табдил дода аст, ки ҳамарӯза миллионҳо доллар даромад ба даст меорад [6].

  Агар истеъмолкунандагон дар муддати дароз маҳсулоти худро барояшон арзишманд медонанд, онҳо албатта онро ба ҳар ҷо паҳн мекунанд. Масалан, facebook бо суъати тез аз рақибонаш MySpace ва Friendster гузашт, ҳоло он ки он чанд сол баъд аз онҳо дар доираи шабакаҳои иҷтимоӣ  пайдо гардида буд.

  Тағйир додани рафтори инсонҳо донистани як қатор қоидаҳоро талаб мекунад: Чи гуна одамонро маҷбур кард, ки амалҳои муайянро иҷро намоянд? Чи гуна ба он ноил шуд, ки онҳо якчанд бор ин амалро иҷро намоянд? Чи гуна ҳамин натиҷаро ба даст овардан мумкин аст, ки онҳо ин амалро ҳар рӯз, агар ба таври идеалӣ  гуем, то охири умр иҷро кунанд? Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки рафторҳои одатношуда дар худ “марҳилаи нисфи аз байнаравӣ ” доранд, гарчанде, ки майнаи сари мо ба қабули фикронӣ  ва амали барои мо шинос одат кардааст. Дар натиҷаи озмоиши лабараторӣ  дар ҳайвонҳое, ки амалҳои навро ба онҳо нишон доданд, ба ҳолати аввала баргаштанд. Агар ба ибораи дигар шарҳ диҳем, одатҳое, ки каме пештар ба вуҷуд омадан, нисбатан зудтар фаромуш карда мешаванд. Ин аз он гувоҳӣ  медиҳад, барои чӣ  баъзе инсонҳо бисёр кушиш мекунанд, ки аз одатҳояшон даст кашанд, аммо наметавонанд. Ду се майзадае, ки дар натиҷаи табобат аз ташхис гузаштанд баъд аз як сол боз ба одатҳои пешинаашон баргаштанд. Дар натиҷаи санҷиш ки баъзе шахсон тавассути парҳез вазни худро кам кардан, баъди ду сол боз вазни пештараи худро барқарор карданд.

  Инкишофёбии одатҳои нав дар худ душманҳо доранд ва ин одатҳои куҳна мебошанд. Ҳатто ҳангоме, ки мо рафтори худро тағйир медиҳем, алоқаи нейронҳои мавҷуда дар майнаи сари инсон мемонанд ва аз нав фаъол шуда метавонанд. Ба ин гуфтаҳо сохтори ташкилкунандаи одатҳо хизматрасонии Google мисол шуда метавонад. Агар шумо ба таври скептикӣ  ба Google муносибат намоед, ки он одатро дар инсонҳо пайдо мекунад ва кушиши ҷустуҷӯ дар Bing намекунанд. Аз рӯи бартарият ҳар дуи онҳо қариб як ҳастанд. Пас саволе ба миён меояд, ки барои чӣ  истифодабарандагони Google ба Bing намегузаранд. Онҳоро танҳо одатҳо ба ин водир мекунад. Ҷустуҷӯ дар интернет то андозае падидаи доимӣ  аст, ки Google қодир аст дар майнаи сари инсон реша давонда, ба сифати имконияти ягона баромад мекунад [7].

  Имрузҳо яке аз мушкилотҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ  аз он иборат аст, ки аксарияти одамон вақти худро дар ҳар гуна барномаҳо ва соманҳои иҷтимоӣ  мегузаронанд, ба саломати ва ҳолати равонии худ таъсири калон мерасонанд.

  Аз руи нишондиҳандаҳои оморӣ  дар 10 соли охир аксарияти одамон вақти холии худро дар Screen Time (компютер, смартфон, ё ки планшейт) сарф мекунанд. То 75 фоизи вақти мо дар сомонаҳо ва барномаҳое меравад, ки ба таври манфӣ  ба ҳолати эмотсианиалии мо таъсир мерасонанд.

  Дар натиҷаи таҳлилҳои илмию амалӣ  мо бояд ба хулоса оем, ки вақти худро бошуурона ва оқилона истифода намоем, зеро ки он аз ҳама арзиши бебаҳо дар ҳайёти мо дониста мешавад. Бойяд қайд кард, ки ягона чизе ки инсонҳо пеш аз маргашон фикр мекунанд, ин на кор ва вазифаҳои ҳарӯзаи онҳо, балки корҳои дар вақти шахсии худ ба анҷомдода мебошанд. Барои ҳамин вақти худро ба он гузаронед, ки шуморо хушҳол гардонад. Вақти худро барои онҳое сарф кунед, ки ба диққати шумо дар ҳақиқат ниёз доранд.

 Марамов Р

Адабиёт:

  1. Quinn M and A. Kashy. «Habits in evereday life: Thought emotion and action». Journal of personality and social psychology//83, nov.6 (декабир 2002 с.):1281-1297.
  2. Rainie Wellman B. The Networked» Massachusetts Institute of Technology, 2012.
  3. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон [манбаи электронӣ ]. URL: http://tiroz.org.
  4. Маклююэн М. Понимание Медиа. Монография. – М.: Гиперборея Кучково Поле, 2 – 464 с.
  5. Нир Эяль, Раяан Хувер. На Кручке. Монография. – М.: манн, иванов и фербер, 2017. – 256 с.
  6. http://finance.yahoo.com
  7. http://news.cnet.com
  8. http://tiroz.org
  9. http://www.forentrepreneurs.com
  10. http://www.straightdope.com
  11. Adams C. Was the QWERTY Keyboard purposely Designed to Slow Typists? « [манбаи электронӣ ] URL: http://www.straightdope.com.
  12. Candy Crush: «So popular its killing kings IPO? « [манбаи электронӣ ]. URL: http://finance.yahoo.com.
  13. David S. lessons learned – Viral Marketing. URL: http://www.forentrepreneurs.com.
  14. Evernote «The longer you it, the more likely you are to play». URL: http://news.cnet.com.
  15. Колозариди П. Изменился ли мир и отношения между людьми с изобретением новых технологии [манбаи электронӣ ]. https://arzamas.academy/materials/955.

 

Хондан 2033 маротиба