JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Июни 2020 09:08

Ваҳдати миллӣ ва омилҳои муҳимми таҳкимбахши он

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

  Вақте ки дар бораи ваҳдат ҳарф мезанем, худ ин мафҳум ба “ваҳдати афроди як ҷомеа, муттаҳидии ташкилотҳои алоҳида ва ҳаракати қувваҳои ҷамъиятӣ барои расидан ба ҳадафи ягона мебошад”. Ваҳдат дар баробари ин, ҷанбаи гуногунрангӣ низ дорад. Масалан моҳияти фалсафии “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ бошад, “ваҳдат”- ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Маълум аст, ки ҳар як фарҳанг мутлақан бе миллатҳо ва қавмҳо моҳияти худро гум мекунад. Аз дигар ҷониб, агар мо ба маънои васеъ назар кунем, пас ваҳдати миллиро метавон он раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳадафҳо, стратегияҳо, манфиатҳо ва арзишҳо, ки дар асоси танзими нишондодҳои (менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ), ки аз ҷониби ҷомеа ва давлат қабул шудааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳамин тариқ, моҳияти раванди ваҳдати миллӣ, интихобест, ки барои ташаккули ба ҳам омадан ва ба ҳам наздик шудан оварда мерасонад, ки он натиҷаи фаъолияти якҷояи афроди ҷомеа мебошад.

  Ваҳдати миллӣ равандест, ки ҳамавақт дар ҷараён аст ва асоси ҳастии як миллатро дарбар мегирад. Ваҳдат яке аз нишонаҳои асосии давлатест, ки рушд ва ояндаи худро бино намудааст ва он моҳият ва сатҳу сифати давлатдориро муайян мекунад. Масъалаи ваҳдати миллӣ, одатан дар қаринаи (контексти) равандҳои иҷтимоӣ, рушди ҳаракатҳои миллӣ ва омӯзиши масъалаҳои амнияти миллӣ омӯхта мешавад. Ваҳдат дар ҷомеа дар натиҷаи ба ҳам расидани гурӯҳҳои даргир, ки он дар натиҷаи тафриқа ва ҷудоӣ сурат гирифтааст, ба амал бароварда мешавад. Сабабҳои ҷудоӣ ва тафриқа дар як ҷомеа метавонанд омилҳои гуногунро доро бошад: иқтисодӣ, динӣ, забонӣ, этникӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ғ.

 Бояд қайд кард, ки раванди ба даст овардани ваҳдат дар заминаҳои муайян ба вуҷуд меояд ва он як раванд мебошад, ки тадриҷан ба даст оварда мешавад. Чуноне медонем, раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон баъд аз гузаштани марҳалаҳои гуногун, баргузории гуфтушунидҳо ва бартараф намудани монеаҳои мухталиф тадриҷан ба даст оварда шуд.

  Дар ин ҷо агар мо ба масъалаи назариявӣ каме диққат диҳем, пас масъалаи омӯзиши раванди ваҳдати миллӣ дар илмҳои сиёсатшиносӣ як падидаи нав буда, гарчанде дар марҳилаҳои аввали рушди афкори сиёсӣ, сиёсатмадорон ва муҳаққиқон роҳҳои гуногунро барои таҳкими давлатдорӣ пешниҳод намудаанд, вале диққати асосӣ ба ваҳдати сиёсӣ ва миллӣ (этникӣ) ҷомеа дода шудааст. Маҳз масъалаи омӯзиши ваҳдати миллӣ бо рушди миллатҳо ва давлатҳои миллӣ мубрамияти хосса пайдо намуд. Аз миёнаҳои асри ХIХ сар карда, дар як қатор кишварҳои аврупоӣ масъалаи миллат, ваҳдати миллӣ, амнияти миллӣ аз масъалаҳои калидии омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ ва махсусан сиёсатшиносӣ гардид. Ин даврае буд, ки дар Аврупо марҳалаи боло гирифтани эҳёи худшиносии миллатҳо, муносибатҳои байни миллатҳо, ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии миллӣ шурӯъ гардида буд.

  Хоссе Ортега- и Гассет (1883-1955) файласуф ва сотсиологи испанӣ гуфта буд: “Ваҳдати миллат, пеш аз ҳама муносибати пайваста байни гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ аст. Миллатҳо ба вуҷуд меоянд ва боқӣ мемонанд, дар ҳоле, ки барои фардо барнома дошта бошанд.” Инчунин ӯ қайд мекунад, ки “ҳифзи миллат ба мо имкон медиҳад, ки фардои миллатро ҳифз кунем, на дирӯзро.” Дар мавриди раванди ташаккули миллати аврупоӣ бошад, Ортега-и Гассет се марҳиларо ҷудо намуда буд.

  • муттаҳидшавии гурӯҳҳои этникӣ
  • ваҳдат ва иттиҳоди дохилӣ.
  • давлати қавӣ.

 Воқеан агар мо аз ҷиҳати назариявӣ ба сулҳи тоҷикон назар кунем, пас мо дар раванди ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ чунин таҷрибаро аз сар гузарондем. Чуноне  медонем, раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарПаёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар таърихи 26 июни соли 2000, чунин гуфта буданд:

  “Баъд аз муқовимати шадид ба даст овардани боварию эътимоди тарафайн ва ҳосил шудани созишу якдигарфаҳмӣ, ба хотири ояндаи давлату миллат, далели қобилияти суннатии тоҷикон дар роҳи миллатсозию ватандорӣ мебошад. Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани ҷанги гражданӣ дар ягон кишвари дунё то ҳол ба назар нарасида буд. Мо аз ин беандоза фахр мекунем, ба халқи хеш таҳният мегӯем, вале дар айни замон бояд як чизро ҳаргиз фаромӯш накунем: сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт, Ҳукумати ҷумҳурӣ имконият пайдо кард, ки татбиқи Барномаи иқтисодиро густариш диҳад.

  Дар ин замина бояд қайд намуд, ки маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои амну суботи ҷомеа дар кишвар муҳаё карда шавад.

  Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба он мусоидат намуд, дар даврони истиқлолият мо монеаҳоро бартараф намуда, роҳро дар самти рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кушоем. Аз ин рӯ, дар баробари зина ба зина амалишавии барномаҳои ҳадафҳои стратегӣ гӯё аз он аст, ҳамаи ин дастовардҳоро мо ба баракати ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нисбат диҳем. Маҳз ин ду омил сабаби воқеии пойдории кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги ӯст.

  Дар раванди соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз он ҷумла, дигар гардидани сохти сиёсӣ, дигаргуниҳо дар соҳаи иқтисодиёт ба монанди ғайридавлатикунонии корхонаҳо, рушди бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои нав, дигар гардидани сохтори иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадани гурӯҳҳо ва қишрҳои нави иҷтимоӣ, дигар гардидани тарзи ҳаёт, дигар гардидани тамоюлҳои арзишӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг, дигаргуниҳо дар худшиносии инсонҳо ва ҳувияти миллӣ, этникӣ ва иҷтимоии онҳо ва ғ.

  Ваҳдати миллӣ дар ваҳдати ҷомеа, қишрҳои гуногуни ҷомеа, намояндагони гуногуни этникӣ ифода меёбад, ки дар асоси манфиатҳои умумимиллӣ, арзишҳо ва гузаштаи таърихӣ инъикос мегардад. Як нуктаро бояд қайд намуд, ваҳдати миллиро дар ҷомеаи мо ба маънои васеъ бояд дарк намуд. Ваҳдати миллӣ на танҳо ваҳдату иттиҳоди танҳо тоҷикон, балки намояндагони тамому халқу миллатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ё ба истилоҳ тоҷикистониён мебошад.

Аз ин рӯ, ба назари мо чанд омили калидие ҳастанд, ки метавонанд ба таҳкими ваҳдати миллӣ тақвият бахшанд, ки иборат аст:

  • Пеш аз ҳама барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, сиёсати давлатӣ нақши муҳим мебозад, ки дар он рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифаткунонии ҷомеа, инчунин ҳамкориҳои зичи ниҳодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёбанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки муносибати зич ва созандаи институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро рушд диҳем, ки ин метавонад барои амалишавии сиёсати давлатӣ ва аз он ҷумла амалишавии ислоҳотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намояд. Албатта аз ҷониби давлат ҳамаи ин корҳо дар барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
  • Назари амиқ ба омӯзиши таърихи миллат. Огоҳ шудан аз таърихи миллати тоҷик, бурду бохтҳое, ки дар тӯли таърих ниёгони мо кардаанд, аз қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди тоҷик ибрат гирифтан барои насли имрӯз зарурист. Ин буд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 26.12.2019 омадааст: “Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд”. Ин иқдоми наҷиб боиси огоҳ гардидани шаҳрвандони кишвар аз таърихи халқи тоҷик мегардад.
  • Баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллӣ, ки ин пеш аз ҳама аз дарки худшиносии фардӣ шурӯъ мегардад. Дар ин замина бояд нерӯи фарҳангӣ, арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва маънавии миллат тақвият дода шаванд. Олими фаронсавӣ Эрнест Ренан гуфта буд, ки “Миллат – ин ҳамрайии (ҳамфикрии) бузург аст”. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ қисмати муҳимми эҳёи миллӣ, принсипи асосии рушди миллӣ ва давлатдории миллӣ мебошад.
  • Баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбати Ватан, ватандӯстиву ватандорӣ дар ҷомеа. Дар робита ба ин таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳамасола аз соли ҷорӣ саркарда баргузор карда мешавад, ки заминаи воқеӣ баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ хоҳад гардид.
  • Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани барномаҳои ҳадафҳои стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар», «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» ва санотикунонии мамлакат заминаи воқеии рушди иқтисодии кишвар мегардад. Ин омил аз он ҷиҳат тақвиятбахшандаи ваҳдат мегардад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд ва дар ҷомеа ҳамгироиву ҳамрайъи рушд меёбад.
  • Бунёди роҳҳо заминаи воқеии таҳкими ваҳдати миллӣ. Имрӯз дар ҷумҳурӣ роҳҳои нав бино ёфтаанд, ки минтақаҳои ҷумҳуриро ба ҳам мепайванданд, рушди савдои дохилӣ, махсусан маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст. Ин омилест, ки шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро боз ба ҳам наздик карда, фазои солими муносибаҳои гуногун ва ҳамдигарфаҳмиро эҷод иенамояд.
  • Донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣпайвандгар ва муттаҳидкунандаи ҷомеа. Дар муассисаҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф ҷавонони мо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар паҳлӯи ҳам истода таҳсил менамоянд, ки он заминаи воқеии ҳамгироӣ ва таҳкимбахши ваҳдати миллат ба шумор меравад.
  • Шаҳри Душанбе – шаҳри сулҳ ва маркази муҳимми ваҳдатофарин. Таҷрибаи таърихии аксари миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон муайян намудааст, ки шаҳрҳои бузург дар раванди миллатсозӣ, давлатсозӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Имрӯз шаҳри Душанбе, пойтахти азизи кишвари мо ба маркази муҳимми ҳамгироии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Инчунин дар Душанбе дар солҳои охир чорабиниҳои гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор мегарданд, ки нишона аз сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ дар кишвар аст.
  • НБО Роғун иншооти аср, на танҳо заминаи асосӣ баҳри рушди иқтисодии кишвар мегардад, балки маконест, ки дар он намояндагони минтақаҳои мухталифи кишвар шабонарӯзӣ даст ба даст ниҳода заҳмат кашида истодаанд. Ин боис мегардад, ки мо якҷоя мушкилиҳо ва монеаҳоро бартараф кунем ва фазои воқеии сулҳу субот ва ваҳдатро дар кишвар муҳаё намоем.

  Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар шароити кунунии вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таҳдид ва хатарҳои муосир фаъол гардидаанд, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Чунки вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ онро тақозо мекунад, ки мо ҳама дар атрофи парчами миллии кишвари соҳибистиқлоли худ муттаҳид шавем ва барои ободии кишвар талош намоем. Гарчанде, ки душманони давлату миллати мо муваффақиятҳои моро нодида мегиранд ва ҳама вақт бар мо санг мезананд, вале мо роҳи худро муайян намудаем ва барои таҳкими давлатдории миллӣ ва амнияти ҷомеа қадамҳои устувор мегузорем.

                                                 Нусратулло Зокирзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 2057 маротиба