JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 05 Октябри 2023 16:47

Забон унсури муҳими худшиносии миллӣ

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

Ба  истиқболи Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Забон унсури  муҳими   худшиносии  миллӣ  ва  бақои  миллат   мебошад. Дар  марҳалаҳои  таърих, забон  воситае  буда, ки  як  миллат  ва  халқро  ба  ҳам  муттаҳид  намуда  ва  барои  пойдории  он  дар   набардҳои таърихӣ нақши мондагорро бозидааст. Имрўз дар  муносибатҳои  байналхалқӣ  вуҷудияти  як  давлати  мустақил  бо  воситаи  забони  давлатии  он  аст. Дар  ҳолати  муаррифӣ  намудани  як  давлат, забони  расмии давлатӣ қайд  карда  мешавад.  Яъне забони  давлатӣ  имрўз  рукни  асосии  шинохти  як  давлат  дар  муносибатҳои  байналхалқӣ мебошад.

  Забони  миллат  дар таърихи  як халқ чи нақшеро  иҷро  менамояд?  Забон  пеш  аз ҳама  унсури  муҳимми  нутқ  аст,  ки  рисолати  аосии  иҷтимоиро  иҷро  менамояд, ки он  воситаи  муошират  ва интиқолдиҳандаи   таҷриба  ва  донишҳоест, ки  дар  ҷомеаи  инсонӣ   ҷамъ  гардидаанд. Инчунин забон  ҳамчун  шакли фарҳанг, тафаккур  ва  арзишҳои  фарҳангиро дар  фазо  ва  вақт  ҳифз  мекунад.  Вазифаи  асосии  забони миллӣ  низ  дар  ҳифз  ва  интиқоли  фарҳанг  аз  як  насл  ба  насли  дигар  ифода  меёбад. Забон ҳамчун  оинаест, ки дар он,  на танҳо олами воқеии ҳаёти инсон, балки шуури ҷамъиятии ҷомеа, тафаккур, менталитет, тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин, ахлоқ, низоми арзишҳо дар  он  инъикос  ва  ифода  меёбанд.

   Тафаккур, ки  танҳо  хоси инсон  аст,  дар  якҷоягӣ бо  нутқ  ва  фаъолияти  инсон   вуҷуд  дорад. Ҳар  як  калима ва  вожа  маҳсули тафаккури инсон ва  ҳисси  миллии он  аст. Маҳз  тавассути  забон  мо  моҳияти  Ватан, Модар,  эҳтиром   ба  онҳоро  дарк  мекунем. Маҳз  бо  воситаи сухан,  забон ва нутқи  маъноӣ  мо  моҳияти  ҳаёт,  эҳтиром  ба  Ватанро  ҳис  мекунем  ва  арзишҳоро   дарк  менамоем. Ба  қавли устоди  равоншод Муъмин Қаноат сухан ин қудрат аст ва  он  қудрати  офаринанда  дорад:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

   Дар  гузашта  низ, забони  мо нишонаи  асосии  вуҷудияти   халқи  тоҷик  будааст. Дар  давоми  набардҳои  таърихӣ ва  давраҳои  «бедавлатӣ»,  маҳз  забони тоҷикӣ – забони  модарии  мо  нақши  ваҳдатофарини  миллати  тоҷикро  бозидааст. Аз  ин рў,  худшиносӣ  ва  ҳувияти  миллӣ  як  халқ, маҳз  тавассути  забон  ба  вуҷуд  меояд. Пас, забон ин воситаи  муҳими  дарки  фарҳанг, маданият,  расму оин, арзишҳои  як  миллат  мебошад, ки  бо  воситаи тафаккури  миллӣ  дар  он ниҳон  гардидааст. Донишманде гуфта, ки  «танҳо  дар  сухан  рўҳ зинда  аст». 

   Забон  инчунин  воситаи  фарқкунандаи  як   халқу  миллат  аст. Бо воситаи  забон як  девори « ҷудокунанда» ё  «фарқкунанда  байни ду  қавм  ё  миллат гузошта  мешавад, мисли «мо» ва  «онҳо». Аз  ин рў, забон дар   вазъиятҳои  сиёсии муайян   метавонад маъноҳои  зиёдеро  дар  худ  гирад ва  ба  рамзи умумимиллӣ табдил  гардад, яъне   ҳамчун  воситаи этно-диференсиатсия  гардад.  Этно-диференсиатсия  ҳамчун   истилоҳи фалсафию фарҳангӣ  ва  ҷомеашиносӣ раванди эмотсионалию маърифатие  мебошад, ки як  қавм  ва  ё гурўҳи  одамонро аз рўи аломатҳои этникӣ, аз он ҷумла забон,  таърих, фарҳанг, расму анъанаҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва  дигар   нишонаҳо  аз  қавмҳои  дигар  фарқ  мекунад. Инчунин  аломати  фарқкунандаи «мо» ва «онҳо» дар  раванди  таърих қавмҳоро  бо  ҳамин  аломатҳо ҷудо  намуда ин  арзишҳоро то  ба  имрўз  мондагор  кардааст.

    Аз  таърихи  22 июли  соли 1989 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  асоси  қарори Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони  тоҷикӣ ҳамчун  забони  давлатӣ эълон гардид. Ин буд, ки то  соли  2009, 22 -июл  ҳамасола  ҳамчун  Рўзи  забони давлатӣ таҷлил  мегардид. Дар  асоси  таѓйирот  дар   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид",(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) аз соли  2009  дар  кишвар  5  октябр ҳамчун Рўзи  забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил  карда  мешавад.

    Имрўз  дар  ҷаҳон   аз  4  то  5  ҳазор  забон вуҷуд  дорад, ки  ин шумора  аз  теъдоди  давлатҳо зиёд  аст. Барои  мо   шарафи  бузург  аст, ки  забони  давлатии   Тоҷикистони соҳибистиқлол  – забони  тоҷикӣ аст. Забони  тоҷикӣ  рамзи  давлатдорӣ,  воситаи  муҳими  шинохти  давлат  ва  рамзи миллии мо тоҷикон  аст. Бо ин забон Сарвари  давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аз  минбарҳои баланди байналмилалӣ   сухан  меронад, ки  нишон  аз давлатдорист. Маҳз  дар  даврони  соҳибистиқлолӣ  забони  тоҷикӣ  ҳамчун  забони  давлатӣ  таҳким ёфт. Бо  забони  давлатӣ  тамоми  коргузорӣ  ба  роҳ  монда  шудааст, асарҳо эҷод  мегарданд, китобҳо  ба  чоп  мерасанд. Бо  ин  забон ҳамоиши муҳимми  адабию фарҳангӣ  -  Озмуни  «Фурўѓи  субҳи  доноӣ  китоб  аст»  тўли  чанд  сол  ба роҳ  монда  шудааст. Ин  ҳамоиши  муҳимми маърифатӣ,  пеш  аз  ҳама  барои  маърифаткунонии  аҳли ҷомеа  бошад,  аз  дигар  тараф  барои арҷ  гузоштан, эҳтиром  қоил  будан ва  ҳифзи  он  мероси  гаронбаҳои  адабӣ  ва  илмии тоҷикон  аст, ки  дар  тўли садсолаҳо фарзонафарзандони  ин  миллат  барои пойдории он  ба  забони  ноби  тоҷикӣ  асарҳо  офаридаанд. Маҳз ин  мероси гаронбаҳои халқи бузурги тоҷик сабаб  гардидааст, ки  дар набардҳои  ноадолатонаи таърихӣ ин  миллат  то  ба  имрўз вуҷуд  дошта  бошаду аз  файзи  даврони  соҳибистиқлолӣ  баҳра  барад  ва  суруди миллии  худро бо ибораҳои «зи дурии  замонаҳо  расидаем, ба зери  парчами ту  саф  кашидаем…» сарояд.  Воқеан дар  Суруди миллӣ хотираи бузурги таърихии халқи тоҷик инъикос  гардидааст. Имрўз  низ  ҳамин  забон қодир  аст, ки  халқи  бузургвори тоҷикро бо  ҳамроҳии  тамоми  ҳамватанон  дар  таҳти  ҳамин  Парчами  давлатӣ   муттаҳид  созад  ва  Ватанро  аз газанди таҳдиду  хатарҳои замони муосир  ҳифз  намояд.

             Зинда  бод  забони  тоҷикӣ, забони ноби Рўдакиву  Фирдавсӣ!

Нусратулло Зокирзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1669 маротиба