Мафҳуми “экология” соли 1866 аз ҷониби табиатшиноси машҳури олмонӣ Эрнст Геккел ба илм ворид гардидааст. Дар аввалҳо экологияро ҳамчун як соҳаи кўчаки илми табиатшиносӣ медонистанд. Солҳои охир бошад, экология ба маънои васеъ истифода шуда, онро барои ифодаи муҳити носолим, инчунин ҷомеа, оила, маданияту фарҳанг ва саломатии инсон, тозагӣ ва истеҳсолот низ ба кор мебаранд. Пас экология илмест, ки муносибати организмҳои зиндаро аввал байни худ, баъдан бо муҳити сукунат ва дар охир мавқеи инсонро дар табиат меомӯзад.
Банда дар ин иншои хеш мехоҳам баъзе аз ақидаҳоямро оиди минбаъд пешрафту ҷаҳонро дарёфт намудани миллату халқи кўҳнабунёду меҳнатқаринам, оиди баҳси озоду изҳори ақидаву андешаҳои тоза, баҳри рушду нумуи минбаъдаи кишвари азизамон дар раванди ҷаҳонсолорӣ (глобализация) ба хонадагони азиз пешкаш намоям.Муттаассифона бо назардошти банда, дар солҳои охир дар малакатамон, алалхусус дар деҳоти мамлакат, мо мушоҳида менамоем, ки ҷараёни дарсомўзии ҷавонон хеле суст ба роҳ монда шудааст. Падарону модарон бошанд ба ин кам аҳамият дода ва духтаронро, ҳатто баъди синфҳои 9 ва боло дар аксари деҳоти мамлакат, алалхусус дар кули ноҳияҳои кўҳистони мамлакат барои давом додани хондан ва касбомўхтан садди роҳ мегарданд. Ва рўз аз рўз мо мушоҳида менамоем, ки дар саросари мамлакат, ҳатто дар пойтахти мамлакат ҷавонону занон ба назарияҳои хурофотпарастии кўҳнаи динӣ бештар дода шуда, ба дарсҳо ва дигар машғулятҳои зарурӣ кам эътибор медиҳанд.
Суоли матраҳшуда ҳар шахси огоҳро водор месозад, ки сари ин нукта андеша кунад ва омилҳои онро чи аз дохил ва чи аз берун муайян кунад, то ҷанбаҳои ифротӣ шуданҳо ва аз зиддияти иҷтимоиву ақибмондагии кишварро ошкор созад. Ҳар масъалае, ки дар ҷаҳони муосир мавриди омўзиш қарор мегардад, сарчашма аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеа гирифта, омилҳо ва ҷанбаҳои мушкилофаринии он ташхисшуда, роҳҳалҳои он пешниҳод мегардад. Мушкилоте, ки имрўз дар сатҳи чаҳонӣ бештари зиддиятҳои ичтимоиро ба вуҷуд меоварад, ин суистифода кардан аз дину бовариҳои мардум аст, ки бештар арзишҳои таҳрифшуда ва зиддиятҳоро дар ҳар ҷомеа роҳандозӣ мекунад. Фаҳмиши ҷомеа фаҳмиши арзишҳое мебошад, ки дар низоми муайян дароварда шуда, барои ҳамагон қабул аст.
Дар давраи нав баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар муқоиса ба олимони ватанӣ бештар олимону пажӯҳишгарони ғарбӣ ба омӯзиши ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ машғуланд. Яке аз чунин таҳқиқотҳо соли 2009 аз тарафи муҳаққиқи америкоӣ – Кили Лайна Лизе анҷом дода шудааст, ки дар мавзӯи “Марги модар ҳангоми таваллуди кӯдак: Шинохти марги модар дар Боми Ҷаҳон” (Kylea Laina Liese, Motherdeath in Childbirth: Explaining the Maternal Mortality on the Roof of the World) сурат гирифтааст. Ин рисолаи докторӣ дар ҳаҷми зиёда аз 300 саҳифа буда, дар заминаи таҳқиқоти ин бону дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва ноҳияи Дарвози Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯи ҳам, дар ду тарафи дарёи Аму ҷойгиранд, навишта ва дар Шуъбаи антропологияи Донишгоҳи Станфорди Амрико дифоъ ёфтааст. Кили Лизе дар муддати зиёда аз як сол дар ин ноҳияҳои сарҳадӣ зиндагӣ ва пажӯҳиш кардааст. Натиҷаҳои муқоисавии ин пажӯҳиш бисёр ҷолиб ҳастанд, ки ин ҷо ба таври мухтасар онҳоро баён мекунем.