Вазифаи экологии умумиҷаҳонӣ танҳо ба омӯхтани таъсири фаъолияти инсон ба биосфера ва ҷузъҳои таркибии он - атмосфера, гидросфера, литосфера, тағйирёбии таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва биологии ин ҷузъиёт маҳдуд намегардад, балки қонунияти таҳаввули биосфера ва ноосфераро низ равшан менамояд. Барои омӯзиши ҳолати биосфера аз маълумоти шабакаҳои метеорологӣ, климатологӣ, океанологӣ, радифони маснӯи Замин, расмгирии фосилавӣ ва инчунин, аз маълумотҳои полеографӣ, геологияи таърихӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, полеонтологӣ, тамсилсозӣ (моделсозӣ) ва ғайра низ истифода мебаранд. Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёд буда, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини соҳибмаълумоти кишвар оид ба масоили экологӣ ва таъсироти он ба шароитҳои иқлимӣ, географӣ, гидрологӣ, ландшафтӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва захираҳои гидроэнергетикию глятсиологии Тоҷикистон, ҳамчун як ҷузъи сайёраи Замин, андешаи хоси худро дошта бошад. Масъалаҳои мазкурро олимони соҳа асосан ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд: тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.