Об бузургтарин неъматест, ки барои инсоният ато шудааст. Об ба хотири он нуфузе, ки дар оғозу таърихи офариниш, сохтори олам, тавлиди ҳаёт, нумӯи наботот, зиндагии ҳайвонот ва ҳаёти инсоният дорад, дар таърихи афкори маънавии одамон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифта омадааст. Чи дар тасввуроти мардуми оддӣ, дар бовар ва сохтори халқияту ақвоми олам ва чи дар адёни ҷаҳонӣ, ба монанди Зардуштия, Яҳудия, Буддоя, Масеҳия ва Ислом об ба сифати як мӯъҷизаи осмонӣ, офаридаи Эзид ва баёнгари қудрату эҷодии илоҳӣ, чун ашёи муқаддас, ҳаётбахш ва поксозии инсон мақоми бузургеро соҳиб гардидааст. Дар тасаввури мардумию осори фарҳангӣ ва дар тавзеҳи илмиву фалсафии об ҳам дар қарнҳои бостон ва ҳам дар асрҳои миёна таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба мавқеи маънавию ахлоқии он дар зиндагии одамон дода шудааст. Ҳарчанд шинохти дақиқи илмии об танҳо дар асрҳои охир муяссар шудааст, аммо ҳамон тасавуротҳои ибтидоиву асотирӣ ва тавзеҳу ташреҳи мазҳабӣ дар сурати рамзиву тамсилӣ ва куллӣ хеле аз хусусияти моддӣ ва табиати хоси обро фаро гирифтаанд ва худ низ дар ҷараёни дарку тавзеҳи ҳамин қазия ба миён омадаанд.