JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 16 Апрели 2021 03:52

Шаҳри «Муҳаббат» зери об мемонад

Муаллиф:
Венетсия – шаҳр дар қисмати шимолу шарқии Италия ҷойгир аст. Маркази маъмурии вилояти Венетсия ва музофоти Венетсия маҳсуб меёбад. Шаҳр аз 6 ноҳияҳои худидоракунанда иборат мебошад. Мувофиқи маълумоти махзани иттилоотии Википедия шумораи аҳолӣ дар соли 2019 259939 нафар аст.
Инсон қобилияти офаранда ва эҷодкунанда дорад ва дар қуллаи фатҳ намудааш қарор намегирад. Фатҳи қуллаҳои нави мақсадро ба худ вазифа мегузорад ва баҳри ба даст овардани он мекӯшад. Дар ҳар ҷое, ки инсон фаъолият мебарад, ба он муҳит таъсири худро нарасонида наметавонад. Ҳар қадар техникаву технология тараққӣ кунад таъсир ҳамон қадар ба муҳит зиёд мешавад. Техникаву технология дар ҳама соҳаҳо, аз он ҷумла дар саноати кӯҳӣ-металлургӣ низ асосан дар асри ХХ равнақ ёфта, хеле пеш рафт. Дар тӯли ҳазорсолаҳои фаъолияташ инсоният ба табиат қариб, ки таъсири чашмрасе нарасонидааст. Аммо дар давоми сад соли охир таъсири инсон ба муҳит то ба ҳадде расид, ки … сатҳи Замин дигаргун шуд. Зиёда аз 90 %-и қитъаи Африқоро то аввали асри ХХ ҷангалзор ташкил мекард. Ҳоло дар ин қитъа қариб 10% ҷангал боқӣ мондааст. Дар сатҳи Замин сӯрохиҳои бузурги сунъӣ – конҳои кушод ба вуҷуд омаданд, ки ҳатто аз кайҳон намудор аст. Корхонаҳои кӯҳӣ маҳсули эҷодиёти инсон мебошанд. Корхонаҳои кӯҳӣ – корхонаҳои азиме, ки Заминро «канда» «мехуранд». «Зиёдатиаш»-ро «мепартоянд». Ба куҷо? Ба Замин! Дар натиҷа партовгоҳҳои бузург ба вуҷуд меоянд, ки масоҳати хеле калони заминро ишғол мекунанд. Дар расми 1 кони кушоди Эскондида оварда шудааст. Соли 1991 ширкати Minera Escondida Mining Co. ба коркарди кони дуюми худ – кони маъдани мис шурӯъ кард. Танҳо дар худи ҳамин кон зиёда аз 2950 нафар бо ихтисоси худ кору фаъолият мебаранд. Ширкати мазкур асоси иқтисодиёти Чилиро ташкил медиҳад.
Тавре, ки медонем бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҳамзамон идома бахшидани он солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Пешвои муаззами миллат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи бузурге дар таҳкими соҳаи сайёҳӣ гузошт. Туризми байналхалқӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ нақши бориз мебозад. Дар оғози ҳазорсолаи нав, на танҳо рушди туризми байналхалқӣ, инчунин тамоюлҳои нав дар ин соҳа падид омаданд. Оморҳои расмӣ аз рушди туризми байналхалқӣ гувоҳӣ медиҳанд, масалан агар дар соли 1950 шумораи умумии сайёҳон дар ҳудуди ҷаҳон 25 млн нафар ва даромад аз ин соҳа ба 2,1 млрд доллари ИМА ва соли 1987 бошад, тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ (ТУТ) ин нишондод ба 363млн нафар ва даромад ба 150 млрд доллар расид. Соли 2000-ум шумораи сайёҳон ба 698 млн нафар ва даромад аз ин соҳа зиёда аз 476 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар робита бо соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳо омили муҳимми рушди иқтисодиёт ва инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ гардид. Айни замон шумораи сайёҳон мефзояд ва соли 2018 шумораи онҳо 1,4млрд нафар ва даромад аз ин соҳа 1,7 трлн долларро ташкил намуд[1].