Имрӯзҳо муассисаҳои таълимии муосир дар интихоби тамоми касбу ихтисос имконияти зиёд фароҳам овардаанд. Аксари ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ихтисосҳоеро, ки мӯд мешаванд, ё даромади иқтисодии хуб меоранд, интихоб менамоянд. Масалан, аввалҳои солҳои 2000-ум хатмкунандагон кӯшиш мекарданд, ки ҳуқуқшинос ва менеҷер шаванд, сипас ихтисосҳои журналистика, барномасоз, дизайнер ва ғайраҳоро интихоб карданд. Довталабони ихтисосҳои физик, астрофизик, геолог ва кимиёшинос то андозае кам шуданд. Баъзе ихтисосҳо миёни ҷавонони муосир ҳатто маъруфияташонро гум кардаанд. Барои чӣ? Дар ин бора метавон соатҳо баҳс кард, вале ҷавоби дурустро ёфтан мушкил. Ба андешаи банда, шояд аз он сабаб, ки ҷавонони муосир аз макони бароҳати худ дур шудан намехоҳанд. Кӣ омода аст ба хотири амалӣ шудани орзуҳо, ё кунҷковӣ ҳаёти муқаррарии худро тағйир диҳад? Кӣ мехоҳад дар синни 25 тавассути телескоп осмони пурситораро бинад ва омӯзад? Ё ин ки ба қаъри кону нақб, ҷое, ки торик асту интернети 4G надорад, фарояд? Ё ҳамчун қаҳрамони имрӯзаи мо мунтазам ба масофаи мушкилу душворгузару маргбор ва мавзеъҳои тоқатфарсо, ки ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ каму зиёд аст, сафар кунад?