JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Тоҷикистонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайваста ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пиряхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Помир аз ганҷинаҳои зеризаминӣ басо бой мебошад. Ин ҷо сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ, сангҳои ороишию рӯйбаст, масолеҳи сохтмон ва ғайра вобаста ба сохт ва таърихи тараққиёти геологию палеогеографӣ дар музофоту ноҳияҳои табиию географӣ ба андозаи гуногун паҳн шудаанд. Дар Помир аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ ду кони ангиштсанг - Куртек ва Равнов кашф карда шудааст. Кони Куртек 38 км дар самти ҷанубу шарқии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин кон дар баландии мутлақи 4500-5000 м. дар байни қабатҳои регсангҳои юраи поён ҷойгир шуда, аз як қабат иборат мебошад ва аз 0,52 то 12, 1 м ғафсӣ дорад. Захираи саноатии он ба 5,9 млн.т мерасад, барои корҳои хоҷагӣ чун сӯзишворӣ истифода шуда метавонад.
Гиёҳи кавари хордор (каперсы колючие) яке аз намудҳои растании алафин ба шумор рафта аз оилаи Capparis мебошад. Каперсҳои (кавари хордори) табиӣ бо мақсади хӯрокпазӣ дар Аврупо, Африқои Шимолӣ, Амрикои Шимолӣ, Ҳиндустон ва Доғистон истифода мешаванд. Онҳо дар Қрим, Қафқоз, Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ мерӯяд. Он дар биёбонҳои гили ва санглох, дар камарбанди поёнии кӯҳҳо, дар пласаҳои шағалдор ва харобаҳои биноҳо дида мешавад. Шӯрро таҳаммул мекунад. Решаҳои чуқури дароз ба растаниҳо имкон медиҳанд, ки аз хушксолии тӯлонӣ ва ҳарорати баланд наҷот ёбанд