JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Ҷаҳон  дар  ҳоли  тағйир  аст. Зиндагӣ  ҳам  рӯз  ба  рӯз  тағйир  ёфта  истодааст. Оила  ва  оиладорӣ  яке  аз  мушкилоти  асосии ҳамаи замонҳо буд ва ҳоло ҳам мебошад. Мушкилоти  оиладорӣ  ва  пош  хӯрдани  оилаҳо низ  рӯз  ба  рӯз  зиёд  шуда  истодааст.  Илми  равоншиносӣ низ имрӯз тараққӣ  кардааст.  Илми равоншиносӣ сабабҳо  ва  омилҳои  пошхӯрии оилаҳоро то  ҷое  ҳаллу  фасл  намудааст.  Пошхӯрии  оилаҳо  сабабҳои  гуногун  доранд.  Ҳоло  якчанд  омилҳои асосии  пошхӯрии  оилаҳоро  аз  нуқтаи  назари  илми  равоншиносӣ  дида  мебароем. Аслан, саодат ва хурсандии  мард  дар  издивоҷ,  бисёртар аз характер ва рафтори ҳамсараш  вобастагӣ дорад.  Агар мард дар  зиндагиаш  ҳама  чиз  дошта  бошад,  аммо дар баробари ин, зани турушрӯй, бадқавоқ,  ғурғуркунанда   ва  бадрафтор дошта бошад, зиндагии ӯ беарзиш  аст.

Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:46

Шамол чӣ гуна пайдо мешавад?

   Шамол яке аз ҳодисаҳои табиие  мебошад, ки дар ҳаёти инсоният фоида ва зиёни хешро мерасонад. Маслан  шамол метавонад туфону гирдбодҳоро  ба вуҷуд оварада  ҳолати ормии табиатро  вайрон намояд, метавонад ба хочагии халқ  фоида расонад ва боз кодир аст бисёр чизҳоро несту нобуд созад.

   Оптика (аз юнонии дарккунии биниш: намоён, дидашаванда) - як ҷузъи таркибии илми физика буда, дар он асосан оид ба қонуниятҳои асосии оптика, ҳодисаҳои интерференсияи рӯшноӣ, дифраксияи рӯшноӣ, поляризатсияи рӯшноӣ, чен намудани суръати рӯшноӣ, қонуниятҳои нурафкании ҳароратӣ, фурӯбурд ва парешхӯрди рӯшноӣ, лазерҳо ва ғайра маълумот медиҳад. Оптика асосан аз се қисм: геометрӣ, физикӣ ва физиологӣ иборат аст. Оптикаи геометрӣ ба мафҳуми нури рӯшноӣ, қонунҳои  шикаст ва инъикос, қонуни ба ҳамдигар новобаста будани дастаҳои рӯшноӣ  такя мекунад.  Таъсири рӯшноӣ ба чашм ва ё ба дигар қабулкунак пеш аз ҳама тавассути энергияи нури рӯшноӣ ба вуҷуд меояд. Бинобар ин мо бояд оид ба ченкунии рӯшноӣ, ки бо  он як қисмати  оптика, ки фотометрия ном дораду  бо чен намудани  энергияи нури рӯшноӣ  алоқа дорад, маълумот дошта бошем. Дар фотометрия бузургиҳое омӯхта ва чен карда мешаванд, ки онҳо рӯшноиро пурра тавсиф дода метавонанд.

   Боридани боронро ҳамаи мо медонем, ки як ҳодисаи оддии табиист. Аммо барои баъзе нафарон ин ҳодисаи оддӣ набуда, балки боиси эҳсосоту илҳом аст. Бесабаб нест, ки дар адабиёти ҳазору чандсолаи мо васфи борон зиёд аст ва дар ҳама давру замон онро рамзи баракату некӣ ва покӣ медонистанд. Борон дар баҳорон бахти деҳқон маҳсуб меёбад ва мӯйсафедони нурониву солдида дар дуоҳояшон омадани боронро илтиҷо мекарданд.