JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зад, ки бо ин давраи  кайҳоннавардии таърихи башарро кушод. (Расми 1,2). Аз ҳамин вақт рӯзи 12-уми апрел ҳамчун санаи муҳиме дар тамоми дунё ба қайд гирифта мешавад. Бо инкишофи минбаъдаи фаъолияти кайҳонӣ  ҳамасола инсоният бештар дарк карда истодааст, ки ин санаи муҳим давраи  наверо дар таърихи инсоният мекушояд ва такони ҷиддие баҳри рушди тамаддуни умумибашар гузошт.  Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд.

   Магар маҳтоб зебо шуда метавонад?Агар сухан дар бораи радифи сайёраи Зуҳал (Сатурн) рафта истода бошад, ки ба "лаъли паррон" шабоҳат дорад, пас ҷавоб мусбат аст. Атлас-радифи хурдтарини сайёраи Зуҳал (Сатурн), миёни ҳамтоёни сершуморе, ки сайёраро ҳалқапеч кардаанд, мебошад. Рӯзи чоршанбеи гузашта дар масофаи ҳамагӣ 7000 мил (11000 км.), киштии кайҳонии НАСА, Кассини якчанд аксҳои навро гирифтааст, ки ба мо имкони аз наздик дидани ин моҳвораи хурдакакро фароҳам мекунад. Диаметри Атлас ҳамагӣ 30 км аст.

   Муҳоҷират падидаест, ки аз замони қадим дар ҳама гушаву канори дунё вуҷуд дошт. Инсонҳо барои дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд. Ё аз тарси таъқиб шудану кушта шудан аз дасти таҷовузгарони  ватан маҳали сукунати худро тарк карда ба дигар ҷой мекучиданд. Мисолҳои равшани ин воқеаҳо дар замони  ҳуҷумҳои истилогаронаи юнониву арабҳо ва турку муғулҳо ба сарзамини мо дида мешавад. Саргузашти қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ ҳам яке аз далелҳоест, ки мардуми мо барои дарёфти кору зиндагии беҳтар аз куҳистон ба шаҳрҳо мерафтанд. Дар маводҳои яке аз шумораҳои маҷаллаи бритониёии “Headway”, ки соли 1987 нашр шудааст, раванди ба муҳоҷирати корӣ ба Шветсия рафтани шаҳрвандони Британияи Кабир инъикос гардидааст.

   Вазифаи экологии умумиҷаҳонӣ танҳо ба омӯхтани таъсири фаъолияти инсон ба биосфера ва ҷузъҳои таркибии он - атмосфера, гидросфера, литосфера, тағйирёбии таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва биологии ин ҷузъиёт маҳдуд намегардад, балки қонунияти таҳаввули биосфера ва ноосфераро низ равшан менамояд. Барои омӯзиши ҳолати биосфера аз маълумоти шабакаҳои метеорологӣ, климатологӣ, океанологӣ, радифони маснӯи Замин, расмгирии фосилавӣ ва инчунин, аз маълумотҳои полеографӣ, геологияи таърихӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, полеонтологӣ, тамсилсозӣ (моделсозӣ) ва ғайра низ истифода мебаранд. Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёд буда, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини соҳибмаълумоти кишвар оид ба масоили экологӣ ва таъсироти он ба шароитҳои иқлимӣ, географӣ, гидрологӣ, ландшафтӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва захираҳои гидроэнергетикию глятсиологии Тоҷикистон, ҳамчун як ҷузъи сайёраи Замин, андешаи хоси худро дошта бошад. Масъалаҳои мазкурро олимони соҳа асосан ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд: тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.