JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Воқеан, агар зан, ки аз хамираи зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ таркиб ёфтааст, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, отифат, шарофат, наҷобат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ, комплекси ҳаста ё ядрои иҷтимоӣ – Занро таҷассум мекунанд.

 Ҳуринисо Ализодаи гиромӣ,   

       Воқеан, дар симои Шумо рӯзноманигори варзида ва бонуи ҷасури миллӣ, фидоии миллат, ватан ва фарҳанги бумӣ таҷассум ёфтааст. Корномае, ки бонувони ҷуръатманди ҷаҳонӣ, амсоли Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон дар сатҳи иҷтимои башарӣ анҷом додаанд, Шумо дар муҳити миллии охири асри бист ва садаи 21 анҷом дода, имрӯз ҳам дар ин пайроҳаи мушкилписанд ҷуръатмандона гом бармедоред, ки бешубҳа, аз бузургии шахсиятатон дарак медиҳад. Фаъолияти рӯзноманигории Шуморо, бемуҳобо, метавон бо корномаи рӯзноманигори рӯшанфикр Буринисо Бердиева аз ҳар ҷиҳат монанд ва қиёс кард.

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода)

     Адабиётшинос ва андешаманди муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 69 қадам ниҳоданд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурўъ намуда, устод  Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Равандҳои муосир дар илми кайҳоншиносӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.