JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 16 Майи 2022 14:10

Озмуни «Илми муосир» ҷамъбаст гардид

Муаллиф:

  Тамоми комёбиву дастовардҳо вобаста ба мақсаду мароми инсон рӯйи кор омада, барои аз байн бурдани мушкилоти ҷомеа ба даст оварда шудаанд ва мешаванд. Маҳз ҳамин масъала илмҳои дақиқу табиатшиносиро пурмазмун гардонида, қадру қимати онҳоро баланд мебардорад. Зеро кулли дастовардҳои техникӣ ва технологияҳое, ки башар то имрӯз ба онҳо ноил гардидааст ва дар оянда ба даст меорад, маҳз дар заминаи омӯзиши ин илмҳо падид омадаанд ва бар асоси қонунияти ин улум фаъолият менамоянд. Ва ҳар ҷомеа ва давлате ҳам, ки дар раванди рушд қарор дорад ва пешсаф аст, пас аз рӯй оварданд ба улуми дақиқу табиатшиносӣ ба ин мақом даст ёфтааст.

  Бинобар ин, чӣ дар қарнҳои гузашта ва чӣ дар замони муосир таблиғи илму дониш, баланд бардоштани маърифати мардум ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи олимону донишмандони огоҳу бедор ва донишмеҳвару рӯшанфикр қарор дошт ва дорад. Ҳарчанд яке аз саромадони илм дар замони Эҳё Тихо Браге чунин меҳисобид, ки илм танҳо дастраси ҳокимон бошад, вале академик Людвиг Фаддеев дар мавриди таблиғи илм комилан андешаи дигар дорад. Ба андешаи ӯ он соҳаҳои илмро, ки аллакай пурра фаҳмида шудаанд, оммавӣ гардонидан лозим аст, то дарку фаҳми омма баланд бардошта шавад ва ҷаҳонбинии илмии мардум васеъ гардид.

  Дар замони муосир таблиғи илму дониш ба як равиши мустақили илмӣ табдил ёфта, маълумоту донишҳои илмӣ ва дастоварду кашифётҳои илмиро ба таври фаҳмо ва ҷолиб ба хонандагон пешкаш менамояд. Махсусан, дар асри ХХ раванди оммавигардонии илм васъати тоза касб карда, физиконе ба монанди Ричард Фейнман, Карл Саган, Алберт Эйнштейн, Эрвин Шредингер, Вернер Гейзенберг Стивен Ҳокинг, Филип Плэйт, Георгий Гамов, Роджер Пенроуз, Стивен Вайнберг, Сергей Капитса ва Митио Каку дар пешрафти ин бахш саҳмия бағоят бузург гузоштанд. Дар баробари олимони физикаю нуҷум, дар оммавӣ гардонидани донишҳои биологӣ нақши Ҷеймс Уотсон, Ричард Докинз, Люис Томас, Роҷер Левин, Конрад Лоренс, Рэйчел Карсон, Стивен Гоулд ва дигарон хеле назаррас аст. Ҳамчунин, дар рушди тафаккури ҷомеа оид ба илмҳои мухталифи табиатшиносӣ ва оммавигардонии донишҳои илмии дигар соҳаҳои илм олимону донишмандони зиёде хидмати мондагоре анҷом доданд ва раванди мазкур густариш пайдо кардааст ва идома дорад.

  Вале, дар адабиёти мо пайдо кардани китобҳое, ки мавзуъҳои илмӣ-оммавӣ бахшида шуда бошанд, хеле кам аст. Дар ин маврид танҳо аз китоби «Насими тоза»-и Абдумалик Баҳорӣ ёдовар шудан ба маврид аст, ки як силсилаи ҳикояҳои фантастикие, чун «Ҷуръати доктор Мансур», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Фирори ассистент» ва повести «Сунбула»-ро дар бар мегирад.

  Аз ин рӯ, гурӯҳи «Илми муосир» тасмим гирифт, ки бахшида ба 7-солагии таъсисаш (12.12.2014) ва баҳри ҷалби хонандагону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба илм ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ Озмуни «Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ»-ро  роҳандозӣ намояд. Озмуни мазкур бо дастгирии молиявии як тоҷири саховатманди илмдӯст, ки мехоҳад баҳри рушди илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар Тоҷикистон саҳмгузор бошад, гузаронида шуд.

  Мусаллам аст, ки дараҷаи пешрафти илмҳои табиатшиносӣ дар давлатҳои гуногуни сайёра мухталиф буда, он пеш аз ҳама ба иқтисоди кишвар алоқаманд аст. Зеро танҳо иқтисодиёти пешқадаму саноати замонавӣ илмро бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин намуда, барои пешбурди он шароити мусоид фарҳам меоварад. Аз ин рӯ, ба соҳибкори хирадманду донишмеҳвар, ки дар баргузории озмуни мазкур сарпарастиро ба уҳда доштанд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем.  

  Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти Озмуни «Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ» аз мақолаҳои ба унвониии гурӯҳи «Илми муосир» ирсолгардида, мудирони гурӯҳ пас аз тафтиш ва санҷиш 6 мақолаи муносибро интихоб карданд. Ҳазамон, мудирони гурӯҳ ба хулосае омаданд, ки буҷети озмунро, ки 6 ҳазор сомонӣ буд ба ҳамаи ғолибон баробар тақсим намоянд.

  Дар фарҷом ғолибони Озмуни «Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ» бо Дипломи махсуси таъсиснамудаи мудирони гурӯҳи «Илми муосир», «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибият муборак бод!

 

Рӯйхати муаллифон ва мақолаҳои ғолиб:

 

Ному насаб

Номи мақола

Санаи нашр

1

Моҳрӯ Қурбонова

Истифодаи барномаи мултимедиа дар дарсҳо

8.12.2021

2

Азимов Муҳибҷон ва

Саодат Исмоилова

Рақамикунонӣ талаботи замон ва рушди технологияҳои нав

27.12.2021

3

Абдулхайр

Абдураҳмонов

Лутфулло Солиев - асосгузори мактаби илмии «омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия»

15.02.2022

4

Хомиса Аюбзод

Оид ба масъалаҳои глобалии об

19.02.2022

5

Раҷабзода Абӯбакр Умар

Олими сермаҳсул Абдураҳмонов Фозил Абдураҳмонович

25.02.2022

6

Муҳаммадсахӣ

Султонзода

Дурнамои рушди омӯзишу корбурди фановариҳои кайҳонӣ дар Тоҷшсистон

28.02.2022

 

Хондан 1149 маротиба