JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 19 Майи 2022 03:00

Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифода ва таъсири он ба ҷомеа

Муаллиф: Муродбекова М.Ҳ, Юсупов С.З

  Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз платформаҳои васеи иттилоотӣ ва манбаи ашёву амалҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо онро метавон як қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва фаъолияти ҳар шахси истифодабаранда номид. Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ як қисми таркибии ҳаёти мо – бисёри корбарон шудаанд. Тибқи маълумоти сомонаи We Are Social, дар оғози соли 2020 беш аз 4,5 миллиард нафар одамони сайёра дастраси ба интернет доштаанд ва аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ аз   марзи 3,8 миллиард гузаштааст. Аз ин рӯ барои ҷомеа ва махсусан ҷавонон низ интернет аҳамияти калон дорад.

  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон низ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ва шабакаи Интернет рӯз аз рӯз меафзоянд. Дар ин росто, бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва тамоми мардуми кишвар, ки дар таърихи 21-уми декабри соли 2021 ба амал омад, чунин изҳори назар карданд: “Агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст. Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳад”[1]. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон интернетро ба истифодабарандагон ширкатҳои “Тоҷиктелеком”, “Интерком”, “Телекомтехнолоҷи” ва дигар ширкатҳои мобилӣ таъмин мекунанд. Мушкилии асосӣ дар Тоҷикистон суръати суст ва нархи гарони интернет мебошад. Як соат истифодаи интернет дар марказҳои интернетӣ тақрибан ба 3-4 сомонӣ баробар аст. Айни ҳол интернет истифодабарандагон 1 Г интернетро ба ҳисоби миёна бо нархи 20, 35 ва 60 сомонӣ харидорӣ мекунанд.

  Асри XXI бо арзишҳои худ  ба зиндагии мардум ворид шудааст, ки ҷудо кардани он аз ҳаёти рӯзмарра ғайриимкон аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар даҳаи охири асри XX пайдо шуда бошад ҳам, дар ибтидои асри нав мавқеи худро дар зиндагии мо ончунон мустаҳкам намуд, ки дар иртибот бо манфиат ва зарари он ҳамарӯза ақидаҳое  нашр мегардад. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки пешрафти кор, ташаккули фард ва иртибот бо илм бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ  имкон надорад ва мантиқан он ҷузъи аслии фаъолияти мо ҳисоб мегардад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ барои фаъолият ва сохтани ҷойи корӣ шароити фароҳам низ вуҷуд дорад ва аз ин имконият нафароне ҳастан, ки онҳоро Блогер, Вайнес, Тиктокер меноманд ва онҳо истифодабариро самаранок менамоянд. Қисмати дигар бар он назар ҳастанд, ки сабаби рӯ овардани гурӯҳе аз ҷавонон ба терорризм ва ифротгароӣ маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дахолатии афроди гуногун, бемақом ва умуман мақсадҳои ғараздоштагон ба сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлату миллат дахолат карда истода фикру ақидаи наслҳои наврасро заҳролуд низ месозад. Баъзе аз хушунатҳои оилавӣ, муносибати сарди волидайну фарзанд, суст гаштани шуури сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҳаётии ҷавонон маҳз бо сабаб ва истифодаи зиёду бемақсади интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

  Тайи солҳост, ки аҳолии ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун сокинони ин марзу буми аҷдодӣ дар қатори аҳолии дигар давлатҳои узви ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро доранд. Бояд гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ чун насли нисбатан нави воситаи коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя дар худ ҳамто надорад. Ин аст, ки интернетро баробари шабакаи ҷаҳонӣ унвон карданд, инчунин ба ҳайси тори анкабути умумиҷаҳонӣ ном мебаранд ва ҳамзамон таъсири онро дар ташаккули (шуури сиёсии) одамият ба ғояти барандаи арзишҳои умумибашариву ғановати фарҳангӣ буданаш басо бузург хондаанд. Зеро шабакаҳои мазкур, на танҳо ривоҷ бахшандаи ақлу заковати башарист, балки бар замми ин дар самти падидории намунаи қолабҳои муайяни зоҳирсозии рафтори иҷтимоӣ ва муносибати байниҳамӣ саҳмгузор аст.

  Ба ибораи дигар, шабакаҳои иҷтимоӣ ба ғояти имкони муоширатро фароҳам оварданаш муҳити иҷтимоиест, ки насли наврас аз он меъёру намунаҳои амалкардро аз худ карда, туфайлаш дар ин ё он вазъиятҳо мавқеъёбии иҷтимоии шахсияти худро муайян месозанд. Ҷиҳатҳои мусбӣ ё хуби интернет ба ҳамагон маълум аст. Барои муайян кардани афкори ҷавонон оиди ин масъала аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ соли 2018 гузаронида шуд. Тадқиқот муайян намуд, ки ҷавонон оид ба манфиатҳо ё ҷиҳатҳои хуби шабакаҳои иҷтимоӣ ахбороти зарурӣ доранд. Масалан, 76,9% ба ин ақидаанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои саривақт дастрас намудани ахбороти зарурӣ мусоидат менамояд. Ба ақидаи 55,4% мусоҳибон шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ менамояд, ҷавонон саривақт оид ба равандҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон хабардор мешаванд (50,0%), муошират осон шуда, дӯстони нав пайдо мешаванд (38,3%) ва ғайраҳо (ниг. ба диаграммаи 1).

 

  Масъалаи бозиҳои кампютерӣ низ, ҳам ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҳам манфии худашро дорад. Ҷиҳати мусбати онро мо метавонем, дар он арзёбӣ кунем, ки аксар вақт кӯдакону наврасон аз бозиҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд, ки бисёре аз ин бозиҳо ба ташаккули зеҳнии онҳо муфид мебошанд ва қобилияти фикррониву таҳлил намудан ва қарор қабул карданро дар онҳо рушд медиҳанд. Аз ҷониби дигар ҷанбаи манфии бозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сараввал зоеънамудани вақти зиёд, шахшавии шуур ва побанд гардидани кудакону ҷавонон ба онҳо, инчунин қобилияти тори фикррониву нобуд гардидани назарияҳои илмӣ ва ғайраҳо мебошанд, ки бо ҳисоб онро дарҷ кардан душвортар аст.

Албатта, ин хуб аст, ки ҷавонони замони мо бештар рӯ ба воситаҳои навтарини иттолоърасон меоранду кӯшиши гирифтани донишҳоро маҳз аз ҳамин қабил васоити аслан созгор мекунанд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки асосан ба кадом ваҷҳу ҳадаф онҳо вориди фазои интернетӣ мешаванд? Оё насли ҷавон дар шабакаи интернетӣ ба нафъи худ кор мекунанд, ё бар зиён?       Дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, дар тадқиқоти сотсиологӣ мусоҳибон инчунин ҷиҳатҳои манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро махсус қайд намуданд. Масалан, мусоҳибон ба ин ақидаанд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси беҳуда гузаронидани вақт (72,4%), тамошои видеоҳои фаҳш (52,9%), ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои каҷрафтор (51,1%), коста шудани ахлоқ (44,6%), дур шудан аз муоширати зинда (33,5%) ва вобастагӣ пайдо шудан (26,2%)мегардад.

Шумораи гурӯҳҳои радикалӣ ва шабакаҳои интернетии хусусияти ифротгароидошта меафзояд. То чанд ва бо кадом амалҳояшон ру омадани ингуна шахсони роҳзану ифротгарро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дучор шуданамон мумкин аст.  Пайдо шудани фазои ягонаи итилооти ва воситаҳои каммуникатсия эҳтимолияти рушди минбаъдаи пайдоиши радикализмро ба маротиб зиёд намудааст. Намояндагони таблиғоти ифротӣ аз маърифати паст ва фанатизми динии баъзе ҷавонон суистифода намуда, таваҷҷуҳи онҳоро бо роҳҳои гуногун, махсусан технологияи коммуникатсионӣ(сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ) ба худ ҷалб менамоянд. Ҳарчанд имрӯз бисёриҳо зарару фоидаи шабакаҳои иҷтимоиро ба хуби дарк мекунанд, аммо то ҳол аз ин технология самаранок истифода бурданро наомӯхтаанд, худро идора карда наметавонанд. Миёни шабакаҳои иҷтимоии мисли “Одноклассники”, Facebook, Viber, Instagram, TikTok, Twitter, Telegram, ВКантакте ва ғайраҳо ғайрисамаранок ва бефоида истифода бурда мешаванд. Таҳлилҳо аён сохт, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди ҷавон ба фазои интернетӣ, – ин машғул шудани онҳо ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад. Вале дар асл ин намуди бозиҳо дар рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии толибилмон заррае суд надошта, баръакс соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани ҷавонон аз як тараф боиси тадриҷан аз онҳо вобастагии рӯҳиро пайдо карданашон шуда, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон аз ривоҷи мӯътадили хеш мегардад. Ҳамзамон бо ин, бозиҳои электронӣ бинобар асосан саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир буданашон аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии насли ҷавон низ халали ҷиддиву ислоҳнопазир ворид месозанд. Ҷуз аз ин, боз тоифаи дигари ин нафарон бештари вақти худро дар шабакаи ҷаҳонӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дӯстони хеш, ё худ ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ мегузаронанд, ки ин ҳам чандон нишони истифодаи босамару мақсаднок аз ин фазои бекарони иттилоот буда наметавонад. Аз ин рӯ, бо назардошти он, ки табиатан ҳар чизи хубро боз ҷиҳатҳои бадаш дар бар аст, субъектҳои тарбияро мебояд, ки дар баробари донистани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар таъмини тарбияи сиёсии насли наврас, инчунин аз ноҷӯриҳояш дар ин самт воқиф бошанд. Зимнан, яке аз камбудиҳои тори умумиҷаҳонии анкабут, чунончи пештар гуфта гузаштем – ин, агар бозиҳои электронӣ бошад, ки аксаран заминагузори зоҳирёбии рафторҳои зиддииҷтимоии наврасони хурдсол ҳастанд, пас камбудии дигари ин шабака ҳамчунин, аллакай ишорааш рафт – мавҷудияти сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона маҳсуб мешавад. Агар мушаххасан назар андозем мебинем, ки «тибқи нишондоди оморӣ аз 109 нафари наврасон ва ҷавонони аз 8 то 15 сола мувоҷҷеҳи маводи порнографӣ дар шабака мешаванду наздики 17% пайваста аз захираҳои мамнӯъ дидан менамоянд, тахминан 5,5% бошанд омодаанд, ки чизҳои дидаашонро дар амал татбиқ намоянд»[2]. Ташвишовараш он аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сомонаҳои тарғибгари аъмоли номатлуб, аз қабили: асардуздӣ, қаллобӣ, дуздӣ, фосиқӣ, экстремизму худкушӣ, майнӯшиву нашъакашӣ, тарзи тайёр кардани маводҳои тарканда дар шароити хонагӣ ва дигар иттилооти дурӯғини ғайришаръӣ мавҷуданд, ки дар ҳолати беназорат гузоштани наврас дар фазои шабака метавонанд ба зеҳни ҳанӯз дар «ҳукми гул» қарор доштааш таъсири басо харобиовару ҷуброн нопазир расонанд.

Муайян шудааст, ки истифодаи фаъолияти шабакаҳои компютерӣ на ҳама вақт ба демократикунонии раванди коркард ва қабули қарорҳо дар ташкилотҳо меоварад. Бошиддат истифода кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва танг шудани алоқаҳои иҷтимоӣ то ба танҳоӣ оварда мерасонад. Муносибати дохилии оилаҳоро суст мекунад, афсурдаҳолиро тараққӣ медиҳад. Аз ин рӯ, интернет бояд ҷои иҷтимоии худро ишғол кунад[3].

Сабаби зиёд шудани аъзоёни шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки фаъолони сиёсӣ ва рузноманигорони мустақил дар шабакаҳои мазкур дар бораи воқеа ва ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии мамлакати худ маводи таҳлилӣ ҷой медиҳанд, то ки дигаронро низ аз мӯҳтавои он бархурдор намоянд. Аммо тӯли солҳои охир террористон ва экстрамистон низ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи тарғибу ташвиқи иттилооти зарарнок ба шуури одамон ва рафтори онҳо таъсири амиқ расонида истодаанд. Қисми зиёди нафароне, ки ба сафи гурӯҳҳои экстрамистию террористӣ мепаёванданд, маҳз дар шабакаи иҷтимоӣ мағзшӯӣ мешаванд ва онҳо минбаъд ин дарсро ба наслҳои нав интиқол медиҳанд[4].

       Албатта дар шароити вуҷуд надоштани имконоти техникӣ, пешгирӣ кардани таъсири манфии ҳама он иттилооте, ки ҳар сония вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд, муҳол аст. Бинобар ин, мавриди зикри хоса аст, ки басо олӣ мебуд, агар Интернетпровайдерҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз ширкатҳои худ дар Федератсияи Русия пешниҳоди хизматрасониро дар шакли «Интернети санҷидашуда», ки ҳама иттилооташ пешакӣ санҷидашудаву лоиқи истифодаи  ҷавонон аст, дар қаламрави ҷумҳурӣ боз ҳам қавитар карда ба роҳ мемонданд.   

Дар охир гуфта метавонем, ки ворид шудани технологияи компютерӣ ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ (махсусан, интернет) дар фаъолияти одамон тағйиротҳои куллиро ба вуҷуд оварданд, ҷойи ҳуҷҷатҳои коғазиро ҳуҷҷатҳои электронӣ мегирад, суръати фиристодану коркарди маълумот хеле афзудааст, фазои ҳифзи маълумотҳо торафт маҳдуд мегардад, аммо дар ин самт як қатор мушкилот, аз ҷумлаи масъалаи ба танзимдарорӣ ва мӯътамад намудани зиракии сиёсӣ ва шуури сиёсии ҷомеа ва махсусан ҷавонон ба миён омадааст. Аксарияти шаҳрвандон бо сабаби тангии рӯзгор ва набудани фаъолии иҷтимоӣ аз дастовардҳои технологияи коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, ки ба воситаи асосӣ ё канали ивазнашавандаи рушди маданият табдил меёбад, истифода бурда наметавонанд. Аз ин лиҳоз барои пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ва ё истифодабарии нодурусту ғайри мақсадноки муштариёни интернетӣ пешигӣ ва чораҷӯии қатъи намудан лозим. Дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба фарҳанги истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва ҳамчунин шабакаҳои интернетӣ доимо ва амалан баргузор намуда, аз пайомадҳои манфӣ аз истифодаи нодурусту ғайримақсадноки он ба наврасону ҷавонон далелҳои илмӣ-амалӣ пешниҳод гардад. Ҷавонон вақти пурқимати худро беҳуда нагузаронда бояд ба курсҳои махсуси забономӯзиву ҳунарандӯзӣ ҷалб гарданд.

 

Муродбекова М.Ҳ.,

н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Юсупов С.З.,

ассистенти кафедраи

фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (28), 2022  

Адабиёт

  1. Гронский И.А. Социально-философские основания активности интернет - аудитории в сетевой коммуникации: Диссертация… кандидата философских наук. Нижний Новгород, 2011. – С. 76.
  2. Болховской А.Л. Информационно-сетевое общество: социально-философский анализ: Автореферат. канд. филос. наук: 09.00.11:2010 г. – С. 12.
  3. Кашина А.Е. Интернет и его роль в развитии современного общества/ А.Е. Кашина// Сборники конференций НИЦ Социосфера-2013. - №23. – С.39-40
  4. Муҳаммад А.Н., Абдуҷалилов А. Терроризм ва дин (таҷрибаи Тоҷикистон). Душанбе: “Дониш”, 2021 – С.75.
  5. Иванов Д. В. «Виртуализация общества» — СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2000.
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”. 21.12.2021 ш. Душанбе www.president.tj санаи муроҷиат 09.01.2022 (маводи электронӣ).

 

Сомонаҳои иҷтимоӣ

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон http://president.tj/node/13739
  2. Дар охири соли 2015 шумораи истифодабарандагони Интернет дар саросари ҷаҳон ба 3,3 миллиард нафар хоҳад расид. http://newreporter.org/tj/2015/05/27/dar-oxiri-soli-2015-shumorai-istifodabarandagoni-internet-dar-sarosari-jahon-ba-33-milliard-nafar-xohad-rasid/

 [1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”. 21.12.2021 ш. Душанбе www.president.tj санаи муроҷиат 09.01.2022 (маводи электронӣ).

[2] Болховской А.Л. Информационно-сетевое общество: социально-философский анализ: Автореферат … канд. филос. наук: 09.00.11:2010 г. – С. 12.

[3] Иванов Д. В. «Виртуализация общества» — СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2000.     

[4] Муҳаммад А.Н., Абдуҷалилов А. Терроризм ва дин (таҷрибаи Тоҷикистон). Душанбе: “Дониш”, 2021 – 75 с.

Хондан 2803 маротиба