JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 19 Майи 2022 08:17

Тағйирёбии анъанаҳои оиладорӣ дар замони муосир

Муаллиф: Нусратуллои Назариён

  Имрӯз башарият дар замони ҳассос, зудтағйрёбанда ва мушкил қарор дорад, ки низому қонунҳои ягона барои зисту зиндагӣ ва муносибату муошират дар он муайян нест. Ин аст, ки ҳар замон дар заминаи ташаккули техналогия ва рушди тамаддуни инсонӣ зарурати такмилу тағйири арзишҳо ва муносибатҳо ба миён меояд. Оила яке аз иниститутҳое мебошад, ки арзиш ва анъанаҳои он решаи таърихӣ дошта, тули асрҳо ташаккул ёфтаанд. Аммо сохти ҷомеаи иттилоотӣ , ки дар заминаи ташаккули технология шакл гирифтааст, талаботҳои худро дорад ва бо назардошти ин талаботҳо мавқеи оиларо дар ҷомеа то рафт танг намуда, аризшу анъанаҳои онро тағйир медиҳад ва ё аз байн мебарад. Тараққиёту пешрафт фазои наверо сохтааст, ки дар он бо анъанаҳои оиладории калассикӣ зиндагӣ кардан номумкин аст. Вазъи иқтисодӣ ва шароити зиндагӣ ба муносибатҳои иҷтимоии инсонҳо таъсиргузор аст. Хусусан ба муносибатҳои оилавӣ, ки зери таъсири вазъи иқтисодӣ аз нав шакл мегиранд. Имрӯз дар заминаи тағйири вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, инчунин тарақиёти техналогия муносибат миёни инсонҳо такмил мейёбанд, тағир меёбанд ва дар ниҳоят муносибатҳои нисбатан нав пайдо мегарданд. Дар натиҷаи пайдоиши чунин муносибат, одат ва арзишҳои нави инсонӣ,  психалогияи ҷомеа аз нав шакл мегирад ва ба марҳилаи нави рушди худ, ки бар асоси қоидаҳои ҷадид омода гаштааст, ворид мегардад. Дар пайи ин дигаргунӣ анъанаҳои оиладорӣ низ тағйир меёбанд, ки ин раванд боиси пайдоиши оилаи намуди нав мегардад.

  Инсонҳо аз дидгоҳи одату анъанаҳои миллии худ дар фаҳмиши оила маълумот ҳосил менамоянд. Аҳолии аксар манотиқи олам зери мафҳуми оила зану мард ва якчанд фарзандро дар назар доранд. Аммо вобаста ба урфу одат ва шароити зисту зиндагӣ дар манотиқи гуногуни олам шумораи аъзоёни оила гуногун аст. Ин шумора дар рафти ташаккули ҷомеаи инсонӣ ва гузариши ҷаҳон аз як марҳилаи рушд ба марҳилаи дигар тағийр меёбад. Ҳол, метавон ин тағйирёбиро дар заминаи гузариш аз ҷомеаи аграрӣ  ба ҷомеаи индустриалӣ, инчунин дар раванди ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ зери таъсири рушди техналогия муайян ва эҳсос намуд. Инчунин ин дигаргуниро дар заминаи тағирёбии вазъи иқтисодӣ муайян намудан мумкин аст. Масалан, дар ҷомеаи аграрӣ инсонҳо бештар ба шуғли кишоварзӣ машғул буданд. Зиндагии худро бо истифода аз неъматҳои табиӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо якчанд оила, пеш мебурданд. Дар чунин навъи ҷомеаҳо техналогия вуҷуд надошт ва ё имрӯз низ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон чунин ҷомеаҳои аграрӣ мавҷуд мебошанд, ки аз техналогия ба таври маҳдуд истифода менамоянд, зеро  дар чунин ҷомеа асоси меҳнатро қувваи ҷисмонӣ ташкил медиҳад. Маҳз чунин навъи зиндагӣ ва шароити маҳдуди иқтисодӣ, боиси ҳифзу нигоҳдошти анъанаҳои олиладории қадим гаштаанд. Дар чунин навъи ҷомеа, одатан зери як бом чанд бародар бо зану фарзандони худ зиндагии умумиро пеш мебурданд, ки дар маҷмӯъ як оиларо ташкил медод. Яъне шумораи аъзоёни оилаи мансуб ба ҷомеаи аграрӣ хеле зиёд мебошад дар муқоиса бо замони муосир. Имрӯз низ чунин навъи оила дар маконҳои мухталифи олам, ки онҷо дастрасӣ ва истифодаи техналогияҳои навтарин маҳдуд мебошад, дида мешавад. Онҳо ҷиҳати зистан ва пешбурди зандагӣ аз якдигар вобастагии хеле зиёд доранд. Маҳз ҳамин омилҳои баҳамвобастагӣ боиси ҳифз гаштани арзишҳои колективӣ дар чунин навъи ҷомеа гаштаанд. Бояд гуфт, ки як навъ дигаргуниро дар анъанаҳои оиладорӣ  дар заминаи тағйирёбии вазъи иқтисодӣ низ мушоҳида  намудан мумкин аст. Масалан дар баъзе музофотҳои куҳии Непал чунин одат аст, ки волидон  агар писарро хонадор созанд, бояд қисме аз замини хонаро ба оилаи навбунёд бидиҳанд. Аммо миқдори замин дар ин минтақаҳои кӯҳи маҳдуд асту, имконияти иқтисодӣ ҷиҳати таҳия сохтани хонаи нав мавҷуд нест. Мардуми маҳалии бошанд роҳҳои дигареро ҷиҳати раҳоӣ аз ин вазъият пайдо намуданд. Хонадор сохтани якчанд писар бо як зан. Ҳамин тариқ дар як вақт аз масъулияти хонадорсозии якчанд фарзанд раҳоӣ ёфта аз таҳия сохтани хонаи алоҳида барои фарзандон озод. Ҳоло ин раванд дар минтақаҳои кӯҳӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ заъиф дар непал роиҷ буда, ба як одати маъмули табдил ёфтааст. Ба фарқ аз ҷомеаҳои мусалмонӣ, ки онҷо мард метавонад то чор зан дошта бошад, дар ин навъи ҷомеа фарҳанги бисёршавҳарӣ роиҷ буда, як зан дар як вақт бо се ё панҷ бародар ақди никоҳ мебандад.

  Дар заминаи ташаккули техналогия ва гузариши ҷаҳон аз ҷомеаи аграрӣ ба индустриалӣ, тамаддуни инсонӣ рушд намуд. Муносибатҳо тағйир ёфтанд ва дар шакли нисбатан нав ба роҳ монда шуданд. Теханология ҳаёту фъолияти инсониро осон намуда, шароити наверо барои кору зиндагӣ фароҳам овард. Дар заминаи ташаккули ҷомеаи индустриалӣ ва рӯйи кор омадани техналогияҳои навтарин, муносибатҳои оилавӣ низ тағйир ёфтанд. Омилҳои баҳамвобастагӣ, ки сабаби ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои колективӣ ба ҳисоб мерафт бо тараққиёти техналогия бартараф сохта шуданд. Инсонҳое, ки дар ҷомеаи аграрӣ аз ҳам вобаста буданд, дар ҷомеаи индустриалӣ ин вобастагии худро бо истифода аз техналогия бартараф намуданд. Ин раванд ба ташаккули арзишҳои фардӣ замина гузошта, шумораи аъзоёни оиларо торафт коҳиш дод.  Ин тағирёбиро дар давоми 20 соли ахир дар Тоҷикистон низ мушоҳида намудан мумкин аст. Дар ин мудат бо ташаккули техналогия ва марҳила ба марҳила гузариш ба ҷомеаи индустриалӣ шумораи аъзоёни оила нисбат ба 20 соли пеш хеле коҳиш ёфтааст. Агар дар гузашта шумораи оилаҳое, ки дар он чанд бародар бо зану фарзнди худ, пешбурди хоҷагии умумӣ доштанд, зиёд буд, ҳоло чунин навъи оилаҳои бузург дар деҳот низ хеле кам ба назар мерасад. Ин ҳолат дар натиҷаи рушди тамаддуни инсонӣ дар ҷомеа ба амал омада, ба вазъи иқтисодӣ низ вобастаги дорад.

  Бо рушди тамаддуни инсонӣ дар заминаи ташаккули техналогия, сохтори давлатдорӣ ва сиёсӣ низ такмил ёфта, сиёсати иҷтимоии давлатҳо рушд намуд. Тағйирот дар ҳаёти инсонӣ, ки аз ташаккули техналогия сарчашма мегирад ба тамоми сохтори давлатӣ ва иҷтимоӣ таъсир расонид, ки ин раванд ба иниститути муҳими ҷомеа, яъне оила бетаъсир намонд. Агар ташаккули ҷомеаи маданӣ дар заминаи тараққиёти техналогия дар Тоҷикистон ба мисли Ғарб сурат бигирад, пас моро дар оянда чӣ интизор аст? Оё мо метавонем оила ва анъанаҳои оиладориро ҳифз намоем? Дар шароити имрӯза дар ҷомеаи Тоҷикистон  чӣ тағйироту таъсире ба оила ҷараён дорад? Ба ин ва дигар саволҳо метавон дар заминаи таҳлил ва мавриди муқоиса қарор додани иниститути  оила посух пайдо намуд.

  Имрӯз иниститути оила  қариб дар тамоми ҷомеаҳои мутамаддин мувоҷеҳи буҳрон аст. Ин буҳрон дар заминаи тараққиёти технология ва рушди тамаддуни инсонӣ ба амал омада, шакл, унсур, анъана ва арзишҳои оиладориро тағир медиҳад.  Дар натиҷаи ин дигаргуниҳо оилаи намуди нав пайдо гашта, шакл мегирад, ки аз оилаҳои намуди анъанавӣ ба куллӣ фарқ хоҳад дошт. Паёмадҳои ин тағиротро дар ҷомеаи мо низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик имкон аст хусусияти оммавиро касб намоянд. Ҳол ба якчанд нуқта ки аз ин паёмадҳо дар ҷомеаи мо ва дигар ҷомеаҳои мутамаддин мушоҳида мешавад, ишора хоҳем кард, ки дар натиҷаи зуҳури онҳо, анъанаҳои оиладорӣ тағйир меёбанд.

  1. То рафт боло рафтани синни никоҳӣ, вале на таввасути қонунгузоӣ, балки аз сӯйи худи ҷавонон зери таъсири омилҳои гуногун. Дар ҷомеаҳои суннатӣ, ки он ҷо арзишҳои оилаи намуди классикӣ ҳифз мегарданд ва баъд аз ба балоғат расидани фарзандон ва ё ба сини никоҳӣ 17 ё 18 солагӣ қадам мондани онҳо, дарҳол ҷиҳати оиладор сохтани онҳо шароит фароҳам месозанд. Новобаста аз оне, ки ин ҷавонҳо ба ҳаёти мустақилона омода ҳастанд ва ё на. Аммо бо рушд намудани ҷомеа ва то як андоза тағйир ёфтани арзишҳои ҷомеа, шумораи духтарон ва писарони аз 18 то 30 сола, ки то ин дам оиладор нестанд сол то сол меафзояд. Омилҳое, ки барои ба вуҷуд овардани чунин як падида дар ҷомеа таъсиррасонанд, хеле зиёд мебошанд, вале бояд пазируфт, ки ин падида як навъ тағйири муносибатҳои оиладори ва дар маҷмӯъ худи оила буда, хоси ҷомеаи индустрилаӣ ва натиҷаи ташаккули техналогия ба ҳисоб меравад, ки намунаи онро дар ҷомеаи мо низ эҳсос намудан мумкин аст.
  2. Таъхир барои фарзандор шудан. Имрӯз хеле кам, вале дар оянда зиёд мушоҳида хоҳанд гашт, оилаҳои ҷавоне ки барои соҳиби фарзанд гаштан, як навъ таъхир муқаррар месозанд. Онҳо омилҳои иқтисодӣ ва омода набудани худро ҷиҳати қабули меҳмони нав иброз дошта, танҳо баъд аз фароҳам сохтани фазои мусоид барои худу тифли ояндаашон, барои фарзандор шудан тасмим мегиранд. Таъхир дар фарзандор шудан як навъ фарҳангест, ки хоси оилаи намуди нав дар замони муосир буда, иборат аз зан ва марди коргар мебошад. Яъне ин падида хоси оилаи муосир буда, зери таъсири ташаккули ҷомеа сурат мегирад.
  3. Муайян намудани меъёр дар шумораи фарзандҳо. Қобили зикр аст, ки бисёрфарзандӣ яке аз хусуситҳои хосси оилаи намуди анъанавист. Махсусан дар ҷомеаҳои аграрӣ ин фарҳанг то ҳанӯз ҳам роиҷ мебошад. Новобаста аз оне, ки тавонмандии таълиму тарбия ва таъмини ҳамаҷонибаи онҳоро доро мебошанд ва ё на. Аммо дар ҷомеаҳои индустриалӣ ва посиндустриалӣ (ҷомеаи иттилоотӣ) марду зан шумораи фарзандонро вобаста ба тавонмандӣ ва шароити зисту зиндагии худ муайян месозанд. Дар ин навъи ҷомеа на танҳо шумораи аъзоёни оила аз ҳисоби бародарон, ҳамсарону фарзандони онҳо, инчунин падару модари мард коҳиш меёбад, балки шумоари фарзандон низ коҳиш ёфта, оилаи намуди нав шакл мегирад
  4. Фарҳанги бефарзандӣ. Ҳоло дар Амрико ва Аврупо фарҳангӣ бефарзандӣ роиҷ гаштааст, ки сабаби бурузи чунин як фарҳанги бунёдсӯз таъсири ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ маҳсуб мегардад. Зарурати таҳлилу омӯзиши ин омилҳо дар он аст, ки ҷомеаи мо ва ё дилхоҳ ҷомеаи дар ҳоли рушд қарор дошта, имкон аст он марҳилаҳое, ки Аврупо паси сар намудааст аз сар гузаронанд. Аз ин рӯ таҳлилу омӯзиш ва мавриди муқоиса қарор додани он бо ҷомеаи имрӯза метавон аз зуҳури он дар ҷомеа пешгири намуд ва оимлҳое, ки ба ин ҳолат бурда мерасонад муайян ва бартараф сохт

  Марҳилаи рушду тарақиёте, ки Ғарб онро давра ба давра паси сар намудааст, дар дигар ҷомеаҳо низ ба амал хоҳад омад. Зеро ҷаҳон масири рушду пешрафти худро дар ҳамон роҳе муқарар кардааст, ки олами Ғарб онро тай намудааст. Пас агар воқеият чунин бошад, иниститути оила дар Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мувоҷеҳи он буҳрон хоҳанд гашт, ки Ғарб бо он ру ба ру гашта буд ва то имрӯз он идома дорад. Зарурати мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додани раванди рушду дигаргунии оила дар ҷомеаҳои мутамаддин дар он аст, ки мо метавонем дар натиҷаи омӯзиш, роҳҳои ҳифзи анъанаҳои оиладориро дар ҷомеаи худ муайян намоем. Бидуни баҳс институти оила дар Тоҷикистон низ мувоҷеҳи буҳрон буда, анъанаҳои он доранд тағир меёбанд. Ҳоло якчанд масъалаҳоро, ки ҷиҳати ҳифзи худи оила ва анъанаҳои он муҳим мебошанд, зикр хоҳем кард.

  1. Ҷори намудани маҳдудият дар пахши барномаҳои телвизиони, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба намоиши барнома ва паҳн намудани иттилооту маълумотҳое машғуланд, ки инсонҳоро барои тағири арзишҳои оиладори тарғибу даъват менамоянд. Махсусан тарғиби ҳамҷинсгарои, ки боиси таназули иниститути оила мегардад. Аммо дар замони муосир ва дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ин ғайри имкон мебошад, вале барои ҳифзи анъанаҳои оиладори муҳим аст, зеро барои ҳифзи арзишу фарҳанг таъмини назорат дар фазои иттилоотӣ ва ё ташаккул додани фазои иттилоотии миллӣ зарур мебошад.
  2. Баргардонидани зан ба ошхона. Ҳарчанд ин кор дар замони муосир, ки иштироки зан дар ҳаёти сиёсию идорӣ як меъёри ҳатмӣ ва талаботи ҷомеаи демократист, инҳироф аз арзишҳои суннатӣ мебошад. Зеро зан, танҳо дар нимаи дуюми асри гузашта, ҳуқуқи ворид гаштан  ба бозори меҳнатиро пайдо намуд.  Яъне агар бихоҳем анъанаҳои оиладориро ҳифз намоем, ки дар гузашта зери мафҳуми оила марди коргар ва зани хонадор ва якчанд фарзанд фаҳмида мешуд, имрӯз  бошад ин меъёр моҳияти худро гум кардааст, зеро худ қазоват намоед чи қадар оилаҳо ба таърифи ин мафҳуми оила, яъне марди коргар ва зани хонадор  мутобиқ мебошанд. Дар оила бояд як нафар аз волидон ҳамеша ҳузур дошта бошанд. Дар замони муосир ҳам мард ва ҳам зан дар алоҳидагӣ ба фаъолияти кори машғул буда, фарзандон бошад ба машғулиятҳои махсус, дар маҷмӯъ ҳар аъзои оила дар алоҳидагӣ ба кору машғулият банд мебошанд, ки то як андоза фосила миёни онҳо эҷод гаштааст. Ин раванд муҳити оилавиро то ҷое пароканда сохта, оилаи намуди навро ба вуҷуд оварда аст. Мақсад аз ин суханҳо иникоси тағйири анъанаҳои оиладорӣ дар раванди ташаккули тамаддуни инсонӣ мебошад, ки ин тағйиротро мо ҳамарӯза шоҳид мегардем.
  3. Муҳайё сохтани фазои баҳамвобастагии аъзоёни оила. Дар сурати аз вобастагии волидайн озод гаштани фарзандон ва ё аз вобастагии якдигар раҳо ёфтани зану шавҳар тавваҷуҳ ва муҳаббат нисбати аъзоёни оила коҳиш мейёбад. Ба ҳамин хотир бештар будани даромади калонсолон нисбат ба ҷавонон, инчунин зиёд будани нафақаи калонсолон вобастагии фарзандонро ба волидон мустаҳкам месозад.
  4. Ба роҳ мондани сиёсати оилавӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоте, ки фаъолияташон ба ҳифзи арзишҳои оиладорӣ ва пешгири аз пошхурии онҳо нигаронида шудааст.
  5. Таълими фарҳанги оиладори ба наврасону ҷавонон, инчунин пеш аз оила барпо кардан, ҳамаҷониба ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози фаҳмишу тафаккур омода намудани онҳо.
  6. Таъмини шароити мусоид дар корхонаву ташкилотҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои оиладорӣ. Яъне дар сурати аз макони зист дур ҷойгир будани ҷойи кори мард, бояд шароит дар корхона барои пешбурди зиндагии якҷояи онҳо фароҳам сохта шавад. Ин иқдоми ниҳоят хуб ва муфид ҷиҳати ҳифзи оила ва ҳимоя аз парокандагии он мебошад. Инчунин дар сурати дар наздикии ҷойи зист ҷойгир будани коргоҳи мард, бояд дар он шароит ҷиҳати ташриф овардани аъзоёни оила, алалхусус фарзандон ба он муҳайё бошад. Дар ин сурат фарзандон аз раванди фаъолияти кории волидон шиносоӣ пайдо намуда, эҳсоси масъулияти оиладории онҳо бештар мегардад.
  7. Омӯзиш ва рушд додани касбҳое, ки фаъолияти меҳнатӣ, берун аз хонаро талаб намесозад. Дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ як қатор касбҳо пайдо гаштаанд, ки фаъолияти инсонро таввасути интернет ва компиютер талаб менамояд. Аз ин ру шахс метавонад ин фаъолиятро дар ҳалқаи аъзоёни оила ба роҳ монад. Ин омил боиси мустаҳкам гаштани робитаҳои оиладори гашта, шароит фароҳам меоварад, ки мард ва ё зан дар баробари машғул шудан ба фаъолият вақти бештарро барои якдигар сарфа намоянд.
  8. Муайян ва манъ намудани василаҳое, ки барои пешгирӣ аз ҳомиладорӣ истифода мешаванд, инчунин дигар василаҳое, ки робитаи оиладориро суст менамоянд.
  9. Ҷомеа бояд хусусияти оммавии худро ҳифз намояд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти бояд иникосгари ғояҳои колективӣ бошанд. Зеро оила дар заминаи ташаккули арзишҳои оммавӣ мавҷудияти худро ҳифз карда метавонад.
  10. Дастагирии маънавии кӯдаконе, ки дар тарбияи яке аз волидон қарор доранд. Пошхӯрии оилаҳо паёмадҳои манфиро дар пай дорад. Яке аз онҳо ин боис гаштан ба тағири фазои тарбиявии кӯдак мебошад, ки дар тарбияи яке аз тарафҳо қарор мегирад. Ин муҳит ба руҳияи кудак бе таъсир намонда, дар раванди инкишофи минбаъдаи ӯ, инчунин ҳангоми барпо намудани оила ва оиладорӣ нақши таъинкунанда дорад. Аз ин ру таҳия ва роҳандозӣ намудани барномаҳои махсуси тарбиявӣ, ки фарогири кӯдакони ҷудо аз падар ва ё модар тарбиятгиранда мебошанд, амри зарурӣ мебошад.

 Нусратуллои Назариён

Хондан 1418 маротиба