JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 01 Июни 2022 06:07

Интернет ва марҳилаҳои рушди он: мушкилот ва дурнамо (дар мисоли Тоҷикистон)

Муаллиф: Манзура ШАРИПОВА

  Дар масири ҳастии хеш инсоният ҳамчун мавҷудоти соҳибтафаккур ва офарандаи тамаддун,  ҳамеша дар пайи офариниш  ва рушди зеҳнӣ буда, ба воситаи омӯзиш, таҳқиқ ва татбиқи илм дар истеҳсолот тавонист дар баробари олами воқеӣ олами дигаре бо ном  фазои маҷозӣ  “virtual environment”[1]- офарад.

Кашфи интернет падидаи ҷолибу ғайричашмдоште маҳсуб мешавад, ки  тавонист тамоми оламро фаро гирифта, дар ҳама самти ҳаёти инсоният таъсиррасон гардад. Аз ҷумла дар пайдо гардидани ҳукумати электронӣ, ки ба пайдошавии  хизматрасониҳои электронӣ,  мусоидат намуда,  дар дастрасии  одамон ба иттилоот имкониятҳои беназиреро  фароҳам овард.

Дар ҳоли ҳозир одамон тавассути  дилхоҳ воситаи техникӣ,  ба осонӣ вориди Интернет  гардида,  метавонад муносибату муоширатро ба роҳ монда, дар бораи ҳар гуна раванду ҳодисаҳои олам иттилоъ дарёфт ва изҳори андеша менамоянд. Дар раванди босуръати технологияи муосир Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи олам наметавонад, аз таъсири  торҳои печ дар печи “анкабути ҷаҳонӣ”[2] бетаъсир монад.

Маҳз бо мақсади таҳлил ва баррасӣ намудани мавзӯи мушкилот ва дурнамои  интернет ва  шабакаҳои иҷтимоӣ. Мушкилот ва дурнамо (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), матлаби иҷмолие омода намудаем.

Пайдоиши интернет натиҷаи  тадқиқоти  илмии олимони амрикоӣ мебошад. “Соли 1957 олимон аввалин мушаки Заминро ба кайҳон сар доданд, ки он барои пайдоиши Интернет замина гузошт.” [3]

 Дар ин замина, мақсади асосии таъсиси интернет  дастгирии татқиқотҳои илмии соҳаи саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои осебнопазири дар шароити ҳассос тобовар ва ба таври мураттаб фаолияткунанда иборат буд.[4]

Тадқиқоти бардавоми олимон, дар раҳи рушди  техника ва технология омили пайдошавии  наслҳои нави   интернет гардид. Имрӯз дар харитаи ҷаҳон қариб давлате, вуҷуд надорад, ки сокинонаш аз  интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода набаранд. Бинобар  гузориши Маркази тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба вазъи   технологияи рақамӣ We Are ва Hootsuite Digital  2022[5], ки охири  моҳи январи соли 2022 интишор гардид, “Дар аввали моҳи январи соли 2022 аз 7, 91 миллиард аҳолии ҷаҳон 5,31 миллиард нафар, ё 67, 1 фоизи аҳолии курраи замин  аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва шумораи истифодабарандагони  интернет дар саайёра ба 4,95 миллиард, яъне 62,5% аҳолии ҷаҳон  расида, шумораи корбарон дар соли 2021  192 миллион нафар (4%) афзудааст. Дар ин баробар,  теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 10% афзоиш ёфта, ба 4,62 миллиард нафар расидааст, ки 58,4% шумораи умумии аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Рушди босуботи интернет ва дар заминаи он пайдо гаштани шабакаҳои иҷтимоӣ мушкилоти сарҳаду ҳудуд ва масофаро аз байн бардошт. Барқарорнамоии муоширати бе монеаи одамон байни хешовандону наздикон аз як давлат бо давлати дигар ба воситаи ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ нишондиҳандаи авҷи аълои равнақи интернет ва технологияи муосир маҳсуб меёбад ва дар ин раванди бошитоби технологияи коммуникатсионӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол чун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ   канор будан наметавонад. Марҳилаи пайвастшавии Тоҷикистон ба интернет аз соли 1995 оғоз мегардад. Пайдоиши интернет дар Тоҷикистон ба раванди инкишофи технологияҳои иртиботию иттилоотӣ алоқаманд мебошад. Соли  1995  «CADA» (Агентии оид ба рушди ОМ) хизматрасонии почтаи электрониро шурӯъ намуд. 11 декабри соли 1997  дар фазои маҷозӣ домени расмии Тоҷикистон “TJ”[6] ба қайд гирифта шуда, соли 1998 аввалин  провайдери интернетрасон дар кишвар  «Телеком технолоҷӣ»  расонидани оммавии интернетро сар кард, ки аввалин провайдери интернетрасон ба ҳисоб меравад.[7] Зери ин домен то имрӯз бештар аз 6700 сомона ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин 12 оператори провайдерҳои хизматрасониҳои интернетӣ фаъолият доранд, ки хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Тоҷнет сегменти миллии доменҳо сиёсати давлатиро дар самти бақайдгирии сомонаҳои интернетӣ мушаххас мекунад.”

Давоми чанд соли аввал, бинобар набудани инфрасохтори коммуникатсионӣ  интернет тариқи маҳвораӣ пайваст мешуд ва хеле нархи гарон дошт, з-ин сабаб дастраси ҳама сокинони кишвар набуд.  «Дар давраҳои аввал муштариёни хизматрасонии интернетӣ сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бонкҳо ва ғайраҳо буданд. Ин гуна маҳдудият ба нархи баланди хизматрасонӣ бо сабаби пайвасткунии шабака аз роҳи алоқаи моҳвораӣ ва ҳамчунин набудани инфрасохтори муосири коммуникатсионӣ марбут буд»[8].

Марҳилаи рушди босуръати интернет дар Тоҷикистон соли 2005, ҳангоме ки нахустин бор дар ҷаҳон, намуди хизматрасонии олитари интернет стандарти 3G (UMTS, CDMA 2000) ба роҳ монда шуда, муаррифӣ ва муваффақона озмоиш гардида буд ба ҳисоб меравад.

Солҳои охир, дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун—ҶСП «Индиго Тоҷикистон»(«Tcell»), ҶСП«ТТ-Мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» («Zet Mobile», собиқ Beeline»), «Тоҷиктелеком», «Телеком-технолоджи», хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонӣ ба уҳда доранд.[9]

Соли 2016 бо сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ  лоиҳаи “Digital CASA”[10], таҳия  гардид, ки  мақсадаш  муҳийёсозии инфрасохтори технологияи коммуникатсионӣ ва барқарорнамоии робитаҳои судманди   давлатҳои  Осиёи Миёна  бо кишварҳои Аврупо тариқи итернет буд, ки  дар марҳилаи муайяне бояд Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон ва  Қазоқистонро бо хати нахи оптикӣ пайваст намуда, таъминкунандаи интернети босифат ва арзон гардад.   

Тибқи омори Internet Live Stats соли 2016 аз ҷиҳати шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет ва суръати он, дар байни 140 кишвари олам Тоҷикистон дар мақоми 114-ум[11] қарор дошт.   Бинобар тахқиқоти Speedtest дар соли 2021, “Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон 13,8 Мб/сонияро ташкил дод, ки бо ин нишондоди суръати интернет дар байни 140 давлати дунё мавқеи 129-умро ишғол намуд,  яъне дар муқоиса  ба  соли 2016 поздаҳ  зина поён рафтааст.” [12]  

  Тоҷикистон дар самти  рушди интернет, қимат ва  суръат дар  байни давлатҳои Осиёи Миёна дар ҷойи  чорум қарор дорад. Қазоқистон аз руйи рейтинги суръати интернети зуд ва ҳамзамон арзонтарин  миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар соли 2020 ва 2021 дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. “Аз рӯи суръати миёнаи интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ  Қирғизистон  (50,64 Мбит/сония),  Узбакистон (46,94 Мбит/сония), Тоҷикистон (32,96 Мбит/сония) ва Туркманистон (3,91 Мбит/сония) мебошанд.”[13]

Дар таҳқиқоти сотсиологие, ки соли 2019 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа консалтинг» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» сурат гирифта буд, омадааст, ки  аз 100 фоиз  пурсидашудагон 47,6 фоиз  корбари интернет мебошанд. Аз миёни пурсидашудаҳои корбарони интернет 55,9 фоизро мардон ва 39,3 дарсадро занон ташкил медодааст. Дар шаҳрҳо 58,6 ва дар деҳот 43,4 фоиз худро истифодабарандаи шабака номиданд. Аз назари синну сол бошад, бештарин шумораро ҷавонони синни 18-24(69,3%) ташкил додааст.”[14].

Бо мақсади мушаххаснамоии вазъи интернет дар кишвар моҳи марти соли 2022  назарсанҷии сарироҳӣ ташкил намуда, ибрози андешаи зиёда аз сӣ нафарро вобаста ба  интернет ва  хизматрасониҳои электронӣ пурсидем, аз 100% пурсидашудагон,  70% аз суръати паст ва гаронарзишии интернет, шикоят намуда, 10% гуфтанд, аз интернет  танҳо шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд (вобаста ба дигар хизматрасониҳои интернетӣ маълумот надоранд), 17%-и пурсидашудагон худро истифодабарандаи фаъоли интернет  ва хизматрасониҳои электронӣ муаррифӣ карданд, 3% -и дигар гуфтанд, аз интернет истифода намебаранд. Бояд қайд намуд, ки воситаи пайвастшавӣ ба интернети 91% -и пурсидашудагон телефонҳои мобилӣ буда, 9%-и дигар тариқи компютер бо интернет пайваст мешаванд. 

Тибқи гузориши солонаи Digital - 2022 дар аввали моҳи  январи соли 2021 3,36 миллион  шаҳрванди Тоҷикистон корбари интернет мебошад. Теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистон  дар давоми як сол аз   моҳи январи соли 2020 то моҳи  январи  2021 948 ҳазор (+39%) афзоиш ёфтааст.[15] Яъне  шаҳрвандони Тоҷикистон дар марҳилаи пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет қарор доранд.

 

 Ҷадвали 1.   Гузориши солонаи Digital  2022 оиди истифодабарандагони Интернет

 

Шумораи муштариёни интернет

Фоиз (%) нисбат ба соли гузашта

Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ

Фоиз (%) нисбат ба соли гузашта

Шумораи муштариёни фаъол

Фоиз (%) нисбат ба соли гузашта

 

2013

3800453

100,0

10912080

100,0

6458200

100,0

 

2014

3362272

88,5

11535711

105,7

6826700

105,7

 

2015

2851871

84,8

9911354

85,9

5000010

73,2

 

2016

2377477

83,4

8681092

87,6

4416600

88,3

 

2017

2514763

105,8

6287119

72,4

3967000

89,8

 

2018

3045720

121,1

6798512

108,1

4585000

115,6

 

2019

3219255

105,7

6115693

90,0

4838920

105,5

 

2020

3346420

104,0

6072126

99,3

5434000

112,3

 

9-моҳи соли 2021

3307750

98,8

6199930

102,1

5164520

95,0

 

 

Дар асоси сарчашмаҳои бадастомада ва оморҳои расмӣ бо истифода аз  амсилаи регрессионӣ  мебинем, ки  дар даҳ соли охир рушди интернети кишвар чӣ гуна аст ва дар асоси додаҳо дурнамои  он чӣ гуна хоҳад буд. Аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, ҷадвали зеринро дида мебароем.

Ҷадвали 2. Маълумотҳои омории истифодабарандагони интернет

 Солҳо

Шумораи муштариёни интернет

1

2013

3800453

2

2014

3362272

3

2015

2851871

4

2016

2377477

5

2017

2514763

6

2018

3045720

7

2019

3219255

8

2020

3346420

9

9-моҳи соли 2021

3307750

Дар асоси додашудаҳои эксперименталӣ: солҳо (Xi, i =1,…,9) ва шумораи муштариёни интернет(Yi, i =1,…,9) амсилаи хаттии регрессиониро муайян мекунем. Намуди умумии амсила хатии регрессионӣ  чунин аст: Yр= A0 + A1X (1), ки дар ин ҷо Yр қимати пешгӯии амсилаи регрессионӣ мебошад (расми 1).

Расми 1. Амсилаи хаттии регрессионӣ

Дар асоси формулаҳои (2) ва (3) А0 ва А1 – ро ҳисоб мекунем.

Барои ҳисоби қимати А0 ва А1 аз ҷадвали 3 истифода мекунем.

Ҷадвали 3. Ҳисоби суммаҳо

I

 Солҳо (∑Xi)

Шумораи муштариёни интернет(∑Yi)

∑Xi2

∑Xi*Yi

1

2013

3800453

4052169

7650311889

2

2014

3362272

4056196

6771615808

3

2015

2851871

4060225

5746520065

4

2016

2377477

4064256

4792993632

5

2017

2514763

4068289

5072276971

6

2018

3045720

4072324

6146262960

7

2019

3219255

4076361

6499675845

8

2020

3346420

4080400

6759768400

9

2021

4410333

4084441

8913283667

 ∑

18153

28928564.33

36614661

58352709237

 

Қиматҳои А0 ва А1-ро дар формулаи (1) гузошта, муодилаи хаттиро ҳосил мекунем, ки чунин намудро дорад.

Y=-124360169 + 63250*X

Дар асоси муодилаи  хаттӣ шумораи истифодабарнадагони интернетро дар 9 соли оянда пешгӯи мекунем, ҷадвали 4.

Ҷадвали 4. Пешгӯии истифодабарнадагони интернет дар солҳои 2022 -2030

2022

3530533

2023

3593783

2024

3657032

2025

3720282

2026

3783531

2027

3846781

2028

3910031

2029

3973280

2030

4036530

  Бо назардошти рушди босуръати технологияи муосир нақши интернет дар ҳаёти инсони асри техника рӯз аз рӯз ва беш аз пеш афзунтар мегардад. Дар ин марҳилаи ҳассоси пайвастшавӣ ба хатти ягонаи ҷаҳони маҷозӣ, ки ҳамарӯза навъҳои гуногуни хизматрасониҳои беназирро пешниҳод менамояд, мардуми тоҷик наметавонанд канор бимонанд. Дар асоси назарсанҷиҳо ва сарчашмаҳои муътамади пешниҳодгардида, қазоват метавон намуд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар самти техникаю технологияи муосир то ҳол дар самти дастрасии интернет мушкилиҳо ба назар мерасанд. Дар самти рушди босуботи хизматрасониҳои электронӣ, ки имкониятҳои беназиреро фароҳам меоранд, дар “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ”[16] нуқтаҳои муҳиму созандае, оварда шудаанд. Агар бахши давлатӣ  ва сохторҳои уҳдадор дар асоси муқаррароти пазируфташуда, рисолати хешро дар муҳлати муайян   иҷро кунад, пас дар наздиктарин фурсат, бо ҷорӣ гардидани низоми нави идоракунӣ  Ҳукумати электронӣ мушкилотҳои  мавҷудаи самти хизматрасониҳои интернетӣ аз байн хоҳанд рафт.

 

Манзура ШАРИПОВА

магистри курси дуюми Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сарчашмаҳо

  1. Пажўҳиши омодагии электронии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010, –С.
  2. Пажўҳиши омодагии электронии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010, –С.16.
  3. Абдуҷалилов, Ф. Н. Ҳукумати электронӣ ва таъсири он ба низоми иттилоотӣ [Матн] / Ф. Н. Абдуҷалилов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе, 2015. – № 4/8 (183). – С. 300-305.

 

[1] https://harvest.usask.ca/handle/10388/etd-09102009-012757

[2] https://allinweb.ru/informatika/44208/

[3] https://tg.wikipedia.org/wiki/Интернет

[4] https://durahshon.tj/fan/view_post.php?id=162

[5] https://www.sostav.ru/publication/we-are-social-i-hootsuite-52472.html

[6] https://ru.wikipedia.org/wiki/.tj#%D0%98%D1%81%D1%82%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%8F

[7] Пажўҳиши омодагии электронии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010, –С.11

[8] Пажўҳиши омодагии электронии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010, –С.11 

[9] https://khovar.tj/2017/08/il-om-on-atoev-tedodi-istifodabarandagoni-intnrnet-dar-to-ikiston-ba-2-3-mln-nafar-rasid/

[10] https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200806/digital-casa-i-tadzhikistan-kogda-zhdat-skorostnogo-i-deshyovogo-interneta

[11] https://www.internetlivestats.com/internet-users-by-country/

[12] https://sputnik-tj.com/20210227/tojikiston-internet-surat-1032900621.html

[13]  https://repost.uz/bistro-i-deshevo?utm_source=yxnews&utm_medium=desktop&utm_referrer=https%3A%2F%2Fyandex.ru%2Fnews%2Fsearch%3Ftext%3D

[14]https://tnu/tj/index.abdu-alilov-firdavs-nizomovich/саҳ: 42

[15] https://datareportal.com/reports/digital-2021-tajikistan

[16] maorif.tj/storage/Dokument's/Barnomaho/6675e4fc7e70b56b2ad8e190dfa75259.pdf

Хондан 1241 маротиба