Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи занону модарон мо, мардон ба худ иҷоза медиҳем, ки роҷеъ ба шахсият ва ҳувияти занону бонувон мунсифона қазоват намоем ва ҷойгоҳи онҳоро дар низоми зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва маданӣ мушаххас созем. Ба ин маъно, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопешагӣ ва бурдборӣ ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид, тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод.
Замине, ки мо инсонҳо дар он зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем, дорои хусусияту нормативҳои хоси худ аст, ки тавассути онҳо мо танаффус ва нашунамо меёбем. Дар ҳақиқат, агар ин нормативҳову моддаҳо муҳайё набошанд ва назорат нашаванд, барои мо инсонҳо дар чунин сайёра зиндагӣ карданд, номумкин ва душворпазир хоҳад буд.Ҳамин хусусиятҳову норматиҳои мададрасони замин дар рушду нумуи инсоният кӯмак расонида, гувоҳӣ онанд, ки ҳаракатҳояш доимо назорату арзёбӣ мегарданд.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, коршиноси соҳаи геология Ҷовид Аминов иштирок намуданд Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Деформатсияи қишри Замин ва паёмадҳои он» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо,
Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо
Эй камшумораҳо дар осмони ақл,
Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо,