JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.

Гунаҳи мост, ҳолия ин хок
Мадфани мурдагони бекафан аст.

Устод Назрӣ Асадзода!

       Бо руҷӯъе лирикӣ: Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.

Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ,

Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.

Бар ҳар куҷо, ки равӣ дар ман аст решаи ту,

Ту эй гул,  аз қалами сабзи устухони манӣ.

Чоршанбе, 15 Январи 2020 17:22

Вақт

Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.