JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 08 Октябри 2020 09:34

Интихоботи Президенти кишвар - қадами устувор дар шоҳроҳи мардумсолорӣ аст

Муаллиф:
  Инак Тоҷикистон   бо қадамҳои устувор  ба маъракаи муҳими сиесӣ - Интихоботи Президенти  мамлакат наздик мешавад. Интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилӣ ба шумор меравад, зеро самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро маҳз Президенти  кишвар муайян мекунад. Дар моддаҳои Конститутсияи   Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».
  Ҳамчунин  интихоботи навбати Президенти Тоҷикистон  барои таҳкими ниҳоди президентӣ  дар кишвар иртибот  мантиқӣ дошта,   саҳифаи навро дар  таърихи сиесии кишвар мекушояд.
Бояд қайд намуд, ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон дар замони сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт.  Дар солҳои  аввали  Истиқлоли давлатӣ, ки тоҷиконро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид, гуруҳҳои мухталифи  сиёсӣ ба эъмори ниҳоди  президентӣ муқобилияти шадид нишон дода буданд. Дар чунин шароити мураккаби сиёсӣ бо ибтикори  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори сиёсӣ  дар бораи таъсиси  институт  ва ё худ ниҳоди президентӣ  қабул гардид, ки он бешубҳа заминаҳои сулҳи суботи минбаъдаро дар Тоҷикистон гузошт, яъне  маҳз ниҳоди президентӣ  омили калидӣ  дар раванди сулҳофарӣ   дар Тоҷикистон буд.
  Муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун ватандоре, ки    соҳиби ифтихори миллӣ  аст,  бо иродаи бузургу шикастнопазир дар аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ ҷабҳаи посдорони Истиқлоли давлатиро   сарварӣ намуданд . Яъне  аз рузи аввали ба арсаи  сиёсати Тоҷикистон қадам гузоштанш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри тақдир ва замона ҳамчун Ватандори асил амал менамуд. Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ ва роҳбари давлат дар  давраи  барои миллати тоҷик  мудҳиш  тавонист мавқеи комилан дурусти сиёсиро интихоб намуда, ба тоҷикон сулҳу субот оварад.  Рушди ояндаи кишвар ва интихоби   роҳи демократкунонии ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ  бевосита бо ниҳоди президентӣ вобаста аст ва  меҳвари он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон   мебошад.
  Бешубҳа имрӯз Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи  замони худ мебошад  аст, ки бо рафтор ва сухани худ  ба дигар одамон таъсир расонида метавонад, масъулиятро бар худ мегирад ва собитқадамона ба суи ҳадафҳои муайяншуда меравад ва дигаронро бо худ ҳамроҳ мебарад. Маҳз ҳамин гуна хусусиятҳои сарварӣ бо роҳбари кишвари мо имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои  манфӣ  ва хисороти молиявии кишварро,ки аз ҷанги шаҳрвандӣ мерос монд, бартараф намуда   Тоҷикистонро ба як кишвари  сулҳу субот ва амн табдил диҳад. Миллати  тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард, ки  маҳз дар давраи президентии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти  бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ амалӣ гардида, кишвари мо дар радифи кишварҳои  амн ва  пешқадами минтақа ҷойгир гашт.
  Дар моддаҳои Конститутсияи   Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».  
Таърихи навини Тоҷикистон гувоҳ аст, ки яке аз хусусиятҳои барҷастаи Пешвои миллат мо  аз он иборат аст, ки ба ҳар як ҳамватани худ , хоҳ дар кишвар ,хоҳ  берун дар кишвар, ғамхорӣ зоҳир менамояд. 
  Дар  ҳафтсолаи сипаришуда  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат  ба  ваҳдати миллӣ,  суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, тавсеа ва тақвият бахшиданд.  Муборизаи беамон зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  муваффақ идома ёфта, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир ва дигар вазифаҳои афзалиятноки аввалиндараҷаро баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар Ватани маҳбубамон  таъмин гардид. Дар ин давра саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул гардид, ба рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина  гузошт. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ таъмин гашт.  Ҳамчунин манфиатҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ҳифз гашт.
  Дар таърихи  навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаҳрамонии худ баҳри саодати миллат аллакай ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.  Рушди Тоҷикистонро имрӯз бидуни Эмомали Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар аввалин буҳроне,ки ба сари миллати тоҷик омад, яъне  дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ,муҳтарам Эмомали Раҳмон роҳбарии давлатро ба дасти худ гирифта буд ва ҳамчун менеҷери муваффақ  тавонист миллати тоҷикро аз ин буҳрон раҳо бахшад.Дар ҳамон  давр  миллати  тоҷик дар интихоби худ, яъне интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат хато накарда буд.
  Интихоби президент рисолати шаҳрвандии ҳар як ҳамватани мо , чунки аз интихоби мо — шаҳрвандони мамлкат, шоҳроҳи фардои Тоҷикистон мушаххас мегардад, самтҳои асосии рушди  сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии барои солҳои минбаъда баррасӣ шуда, ба ҳайси барномаи мукаммал ва стратегии тараққиёти кишвар қабул мешаванд.
  Таҳлили  барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти кишвар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон  нишон медиҳанд,  мақсаду вазифаҳое  дар ин барнома пешбинӣ шуда  воқеан амалишаванда буда, дар натиҷаи тадбиқи онҳо соҳаҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва хулоса дилхлҳ бахшҳои ҳайёти ҷомеа ба дастоварҳои бузург ноил мегардад.
 Аз шиносоӣ бо  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, фароҳам овардани зиндагонии шоиста барои ҳар як ватандори асил, ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ намудани Ватани тоҷикон, ба кишвари шукуфо ва ба давлати пешқадами саноатӣ табдил додани Тоҷикистон , таҳкими сулҳ, ваҳдат миллӣ, давом додани сиёсати ҳамсоягарии нек  дар минтақа, таҳкими ҳувият ва худшиносии миллии ҳар як соҳибватан,  бахшидани ҳастии худ баҳри пос доштани  Истиқлоли  давлатӣ  ҳадафии асосии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
  Имруз иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ин ширкатии ҳар яки мо дар сохтмони ояндаи ҳар яки мо мебошад. Ҳар як   раъйе ки мо ба номзади сазовори худ медиҳем,як хиште аст дар эъмори давлати миллӣ ва дунявии тоҷикон, ки асоси онро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта аст. Иштирок  дар  Интихоботи Президенти кишвар,ки дар санаи 11 октябри 2020 бургузор мегардад, як қадами устувор дар самти таъмини рушди  бомароми мамлакат,  муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон мебошад.
 
Мумин НАЗАР,
Директори Институти
 фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи  ба номи 
А.Баҳоваддинови  АМИТ, 
номзади илмҳои фалсафа,
Бознашр: http://cccp.tj/tj/component/k2/item/7519-intihobi-prezidenti-kishvar-kadami-ustuvor-dar-shohrohi-mardumsolori-ast.html
Хондан 1020 маротиба