Башарият дар тӯли таърих тамоми мушкилот: дарду ранҷ, заъфу нотавонӣ, мусибату хатарот, яъсу ноумедӣ, бархӯрди нобаробару номутавозин бо ҳаводиси даҳшатбори табиӣ, фалокату фоҷеот ва амсоли инҳоро бо неруи ақлу хирад ва илму дониш таҳаммул ва ҷуброн намуда, ҷараёни муқовимату муборизаҳои худро алайҳи мушкилоти рӯзгор то имрӯз идома дода истодааст ва ин раванд оянда низ вусъат хоҳад ёфт. Ногуфта намонад, ки дар ҷаҳони муосири мутамаддин, бо назардошти шароити фаннию техникӣ ҷараёни муборизаи инсони боақл, ҳушманд, донишманду бофаросат суръати тоза касб мекунад. Аммо, мутаассифона, протсесси муҷаҳҳазшавӣ бо илму дониши зинда ва замонавӣ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ кунду заиф ба назар мерасад (ҳарчанд дар ин самт баъзе пешравиҳо мушоҳида мешаванд, аммо, ба таври куллӣ, вазъи фарогирии донишу ҷаҳонбинии илмӣ дар минтақа ба талаботи имрӯзӣ ҷавобгӯ нест). Албатта. мушкилот зиёданд, вале мушкили асосӣ, ба назари мо, заъфи биниши илмӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар нимаҳои даҳаи сеюм ва чаҳоруми қарни XX мавзӯи нақсу мушкилоти алифбои кунунии форсӣ дубора дар матбуоти Эрон мавриди ҷаҳру баҳс қарор гирифт, ки дар он тарафдорони тағийри алифбо ва мухолифони сарсахти он баҳсҳои доманадореро ба роҳ андохтанд.
Сабаби навиштани ин мақола ин ба масхара кашидани мафҳуми “озодандешӣ” дар шароити имрӯза мебошад. Озодандешӣ ин бемасъулиятии бебанду бор ва бозӣ бо эҳсосҳои лаҳзаина набуда, балки масъулияти сангин дар назди ояндаи инсонҳо мебошад. На ҳар иқдоми “озодандешона” ба озодӣ мерасонад, балки метавонад ба бадтарин ғуломӣ расонад.Дарки ин маънӣ, ки дар поён ҳақиқаташро мекушоем бахусус барои озодандеш ва ё рӯшанфикри шарқӣ бисёр муҳим мебошад.
Иқлими муътадил, ҳудуди беҳадду канор бо шароити хуби шикори ҳайвонот ва моҳӣ 100 ҳазор сол пеш аз мелод, боиси муқимӣ шудани аввалин насли одамизод, ки дар таърих бо номи неандерталҳо маъруфанд, дар минтақаи зисти аҷдодони Белорус ба қайд гирифта шудааст.
Баъд аз гузашти асрҳо, нишонаҳои дар вилояти Гомелск 27–24 ҳазор сол пеш аз солшумории мо умр ба сар бурдани аҷдоди қадимаи инсоният (Homo sapiens) кашф карда шуд.
Бо обшавии пиряхҳо (асри VIII пеш аз мелод) ва расидани мавсими муътадил, ҳудуди сарзамини имрӯзаи Белорусро ҷангал фаро гирифта, он бо мурури замон ба тағйирёбӣ ва ташаккули инсоният кӯмак расонидааст.