Дар баробари қонунҳои зикргардида (қонунҳои динамикӣ ва статистикӣ) дар натиҷаи таҳаввулот ва пешрафти ҷамъияту хиради инсонӣ қонунияти нав - қонунҳои детерминистӣ ба арсаи илм ворид гардиданд. Ва акнун ин қонунҳо дар табиату ҷомеа пешгӯиҳои дақиқ ва боэътимодро таъмин мекардагӣ шуданд.
Мафҳуми «детерминизм» дар қарни XVIII пайдо шуда, онро маротибаи аввал Пер - Симон Лаплас (1749-1827) истифода кард ва ба он тавсияи таҳқиқу моҳияти нисбатан дурусттаре дод: «Агар ба ягон ақлу хираде маълум бошад, ки тавонад ҳама қувваҳои ба табиат ҳаётбахшандаро то дараҷае фароҳам оварад ва ҳаракати ҷисмҳои бузургтарини кайҳон ва зарраҳои хурдтаринро дар чорчӯбаи як формула ҷой диҳад, он гоҳ дар олам чизе боқӣ намемонад, ки барои вай бидуни эътимод бошад ва оянда ҳам ба амсоли замони гузашта дар пеши назари ӯ падидор мегардад». Аз ин суханони Лаплас бар меояд, ки консепсияи детерминистии вай оламро ҳамчун як системаи сирф детерминистӣ ва ба қонунҳои механикӣ итоаткунанда дида мебарояд. Вале, дар олам ҳеҷ гуна номуайянӣ ва тасодуф вуҷуд надорад, зеро ягона ҳодиса дар табиат ё ҷамъият ба таври тасодуфӣ ба амал намеояд.
Детерминизм - таълимоти илмӣ дар бораи қонуният ва сабабияти ҳодисаҳои табиату ҷамъият мебошад.
Аз рӯи ақидаҳои П. Лаплас ва К. Линей детерминизми инкишоф ба таври ростхатта аз поён ба боло, аз содда ба мураккаб, аз одӣ ба мушкил, самт мегирад. Ва дар масири таърихии инкишофи худ детерминизм дар ду намуд зоҳир мегардад:
- Детерминизми Лапласӣ ё механикӣ, ки асоси онро қонунҳои универсалии физикаи классикӣ ташкил медиҳанд.
- Детерминизми эҳтимолӣ, ки ба қонунияти статистикӣ такя менамояд.
Аз асри XVII сар карда дар илмҳои табиатшиносӣ кашфиётҳои беназире ба олимони соҳа муяссар шуда, илм давра ба давра ба таври детерминистӣ инкишоф ёфт (на аз рӯи детерминизми пешниҳоднамудаи Лаплас ва Линей). Масалан, дар Аврупо таърихи илмҳои табиатшиносӣ аз мактаби милетӣ оғоз гардида, баъдтар ҷои худро ба дигар макотиби илмӣ - пифагориён, эпикуриён, равоқиён, элейӣ, мактаби атомистӣ ва ғайра медиҳад. Дар ҳазорсолаи аввали милодӣ бошад, дар Аврупо давраи таназзули табиатшиносӣ ва инқирози калисои насронӣ оғоз мегардад. Аммо аз асрҳои XIII-XIX сар карда баъзе олимону равшанфикрон ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ саҳми беназире гузоштанд. Дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр низ, мардуми ориёӣ то ҳуҷуми арабҳо ба ин минтақа мушоҳидаҳои дақиқи астрономӣ доштанд. Баъд аз зуҳури дини ислом ин ҳама мушоҳидаҳои эшонро зидди дин ва куфр эълон намуданд, ки дар натиҷа илми аҷдодони мо рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳамин тариқ, илм на ҳама вақт яксамта ба пеш меравад, балки баъзан ба таназзулу қафоравӣ дучор мегардад.
Мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат яке аз тадқиқотҳои аввалини илмии инсон дар рӯи Замин ба шумор меравад. Дар асоси умумӣ намудани натиҷаҳои ин мушоҳидаҳо тавсияҳои илмӣ оид ба обу ҳаво, таъсири фаслҳои сол, оғози корҳои саҳроӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Ҳамин тавр, дар Юнони атиқа дӯстдорони ҳикматҳои мухталиф ҷамъ шуда, ба пайдоиши илмҳои нахустин замина гузоштанд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр? Мисол, нафаре дар бораи рустаниҳо маълумот ҷамъ менамуд, онро дӯстдори ҳикмат мегуфтанд. Ё шахсе доир ба ҳайвонот далелҳо гирд меовард, ӯро низ дӯстдори ҳикмат меномиданд. Нафари дигарро, ки ба чунин кор машғул буд, вайро ҳам дӯстдори ҳикмат ном мебурданд. Хизматҳою маълумотҳои ҷамъоварӣ намудаи ҳамин қабил ашхоси ҳикматдӯст илми нахустин - фалсафаро ба вуҷуд овард. Бо мурури замон ва гузашти солҳо маълумотҳо оид ба ҳодисаҳои табиат каме мукаммал гардида, аз фалсафа илмҳои математика, геометрия, физика, астрономия, химия, география ва ғайра тавлид гардиданд, ки ин улум аз якдигар бо усулҳои тадқиқотии худ фарқ мекунанд. Аммо барои ҳамаи илмҳои табиатшиносӣ ва шарҳи ҳодисоти омӯхташавандаи ин илмҳо аппарати махсуси математикӣ хос мебошад ва нақши риёзиро дар инкишофи илмҳои табиатшиносӣ аксарияти олимон инъикос намудаанд. Масалан, зарурати татбиқи усулҳои математикиро дар илм ҳанӯз Леонардо да Винчӣ (1452-1519) ифода карда навиштааст, ки дар илм ягон навъи дақиқият вуҷуд надорад, агар ин илм бо математика алоқаманд набошад. Ин нуктаро табиатшиноси шаҳири итолиёвӣ Г. Галилей низ хеле хуб истифода намуда, ба омӯзиши таҷрибавии табиатшиносӣ асос гузоштааст. Яъне Галилей аввалин шуда, усулҳои математикиро барои тавсифи ҳодисаҳои табиат истифода бурдааст. Ҳамин гуфтаҳои мутафаккирон боис гардиданд, ки усулҳои математикӣ дар омӯзиши ҳодисаҳои табиӣ татбиқи амалӣ пайдо карданд. Ва илмҳои табиатшиносӣ ба таври алоҳида давра ба давра рушд намуда, олимони ин соҳаҳо ба комёбиву дастовардҳои нав ба нав соҳиб шуданд.
Дар нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX механикаи классикӣ дар омӯзиши ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Дар инкишофи физика бошад, дар асри XIX ба ҷои механикаи классикӣ назарияи электромагнитӣ ба вуҷуд омад ва ин назария ба детерминизми классикии Лаплас тағйиротеро ворид карда натавонист. Чуноне ки дар механикаи классикӣ ҳолати система характери якқимата дошт, назарияи электромагнитӣ вобастагии ҳолати ҳамин гуна системаҳоро ба мисли механикаи классикӣ маънидод менамояд. Масалан, ҷои координатаҳоро векторҳои шадидияти майдони электрикию магнитӣ ва ҷои қонунҳои Нютонро муодилаҳои Максвелл ишғол намуданд. Ҳамин тавр, баъди гузашти якчанд муддат ҷои назарияи электромагнитиро назарияи нисбият ишғол намуд, ки ин ҳар ду назария ба консепсияи детерминизм танҳо як ақидаи ҷадид - охирнок будани суръати паҳншавии ҳама гуна таъсироти материалиро ворид намуданду халос…
Химия, ки яке аз соҳаҳои муҳимтарини табиатшиносӣ мебошад, ба мисли физика дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввалҳои садаи XIX хеле рушд намуд. Дар ин самт олимони соҳа ба як қатор кашфиёту дастовардҳои ҷадиди илмӣ комёб гардиданд. Мисоли ин гуфтаҳо, кашфи қонуни бақои масса аз тарафи М.В. Ломоносов, кашфи қонуни эквивалентҳо аз ҷониби И.Рихтер, инкишофи навбатии консепсияи атомистӣ аз тарафи Ҷ.Далтон, кашфи қонуни доимияти таркиб аз ҷониби Ж.Пруста, навиштани нахустин китоби дарсӣ аз фанни химия аз тарафи Я.Берселиус ва ҳоказо. Дар алоқамандии химия бо физика бошад, илми нав - химияи физикавӣ ба вуҷуд омад, ки моҳияти ҳодисаҳои химиявиро дар асоси маълумотҳои таҷрибавӣ ва принсипҳои физикӣ мефаҳмонад.
Дар ибтидои қарни XIX биология ҳамчун илми нав мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Агар пердмети омӯзиши физикаю химия табиати ғайризинда бошад, предмети омӯзиши илми биология ҳамаи мавҷудоти зинда ва муносибати онҳо бо муҳити атроф ба ҳисоб меравад. Вобаста ба объектҳои омӯзиш дар биология як қатор илмҳои дақиқу умумибиологӣ ва муштараки биологӣ бо дигар соҳаҳо ба вуҷуд омаданд.
Дар замони муосир интегратсия ва дифференсатсияи донишҳои илмӣ - табиӣ бо номи инқилоби илмӣ - техникӣ (ИИТ) пурзӯр гардиданд. Илмҳои физика, химия ва биология бошанд, дар навбати худ ба ҳам омехта гардида, як қатор илмҳои мушаххаси муштаракро ба вуҷуд оварданд. Илова бар ин, боз дар самтҳои нави тарққиёт бо мутахассисони соҳавӣ ба арсаи илмии нав ба нав ворид гардида истодаанд, ки парадигма (намуна) - и синергетика яке аз онҳост.
Қурбонов Н.Б.