JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Августи 2018 04:38

Тасвири физикии манзараи илмии олам ва инкишофи он

Муаллиф:

  Ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота кардаанд - фазои беинтиҳои коинот, галактикаҳои бешумор, Офтоб ва ситораҳо, сайёрҳо ва Замини мо, ҷисмҳои рангоранги органикию ғайриорганикӣ - ҳаво, об, ҳайвоноту наботот ва инчунин, ҳамаи он ашёҳои бо дасти инсон сохташуда табиатро ташкил менамоянд. Худи инсон низ як ҷузъи ҳамин табиат аст. Ва ин табиат ҳеҷ гоҳ бетағйир намемонад. Дар он ба таври бефосила ва бардавом ҳар гуна тағйирот рӯй медиҳад. Барои мисол, ситора ва дигар ҷирмҳои осмонӣ на ин ки мавқеи худро дар коинот дигар мекунанд, балки онҳо нопадид мегарданд ва аз нав намудор мешаванд, ҳатто хосиятҳои худро тағйир медиҳанд. Ивазшавии шабу рӯз, фаслҳои сол, тағйирёбии боду ҳаво ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Гармӣ хунукиро иваз мекунад, як модда ба моддаи дигар табдил меёбад, моддаҳои мухталиф дар шароитҳои гуногун сахт, моеъ, газ, плазма шуда метавонанд ва ҳоказо.

  Ба ин саволҳо илмҳои табиатшиносӣ - физика, астрономия, химия, биология, геология, география ва ғайра ҷавоб ҷустуҷӯ менамоянд. Дар байни илмҳои табиатшиносӣ физика яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд, зеро ин илм зиёда аз 80% - и ҳодисаҳои дар табиат ба амал ояндаро меомӯзад. Физика яке аз илмҳои тараққиёфтаест, ки рушди табиатшиносиро муайян менамояд. Физика аз калимаи юнонии «physics» гирифта шуда, маънои табиатро дорад, аз ҳамин лиҳоз илм дар бораи табиатро физика номидаанд. Физика таҳкурсӣ мебошад, то ки илмҳои дигари табиатшиносӣ дар он сохтмонҳои назариявӣ бунёд карда, усулҳои таҷрибавии худро такмил диҳанд. Аз ин ҷост, ки соҳаҳои бисёре ба физика ҳамсарҳад - химияи физикӣ, физикаи химиявӣ, биологияи физикӣ, геологияи физикӣ ва монанд ба инҳо мавҷуданд. Физика бо тараққиёти техника низ алоқаи зич дорад. Чунончи, агар механика дар натиҷаи талаботи техникаи сохтмон ва техникаи ҳарбӣ ба вуҷуд омада бошад, татбиқи мошинҳои ҳароратӣ ба тараққиёти термодинамика сабаб шуд. Кашфиёти мухталифи физикӣ дар навбати худ ба сохтани техникаи нав такон мебахшад. Масалан, кашфи ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ асоси тараққиёти электротехника гардид, омӯзиши мавҷҳои электромагнитӣ, сабаби пайдоиши радиотехника ва омӯзиши ҳодисаи радиоактивият бошад, ба сохтани нерӯгоҳҳои барқии атомӣ замина гузошт…

  Илми физика моро бо қонунҳои умумии табиат, ки олами моро иҳотакунанда ва кайҳонро дар маънои яклухт идора менамоянд, шинос мекунад. Аз ибтидои асри XVII сар карда, физика бо суръат тараққӣ ёфт. Дар охири асри XIX ин илм ба дараҷаи олии тараққиёти худ расид ва ба ҷумлаи илмҳои тараққиёфтаи олам шомил гардид. Махсусан, солҳои аввали асри XX дар физикаи муосир назарияҳои нав ба нав, аз қабили назарияи квантии моддаҳо, назарияи нисбият, физикаи зарраҳои элементарӣ ва субэлементарӣ, физикаи плазма, электродинамикаи квантӣ, хромодинамикаи квантӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки тасаввуроти инсониятро оид ба вақт ва фазо, сохтори микроолам, табиати зарраҳои заряднок ба куллӣ дигаргун сохтанд.

  Тасаввуроти инсон дар бораи хосият ва хусусиятҳои табиати олами атрофро иҳотакунанда дар асоси донишҳое ба вуҷуд меояд, ки дар ҳар як давраи таърихӣ он инкишоф ёфта дигаргун мешавад. Барои он ки характери фундаменталӣ доштани донишҳои асосӣ дар бораи табиат қайд карда шавад, олимон фаҳмиши манзараи илмӣ - табиии оламро ба илм ворид мекунанд. Дар таҳти фаҳмиши ин манзараҳо системаи принсип ва қонунияти дар асоси олами атрофро иҳотакунанда мехобанд. Одатан консепсия, усулҳои омӯзиш дар бораи табиат ва манзараи илмӣ - табиии олам ба таври пурра бо дараҷаи баланд фазои илмии ҳамон давру замонро муайян мекунад. Манзараи илмии олам таърихан дар ҷараёни инкишоф ва хулосаҳои табиатшиносӣ таъсис ёфтааст. Бинобар ин, онро манзараи табиӣ - илмии олам номидаанд. Дар илм аввал манзараи механикии олам ба вуҷуд омад, чун ки омӯзиш ба табиат аз таҳлил намудани оддитарин ҳаракати материя - ҷойивазкунии механикӣ оғоз меёбад. Поягузори манзараи механикии олам физики машҳури англис И. Нютон мебошад, ки асоси онро се қонуни ӯ ташкил медиҳанд ва ин манзара мавҷудияти худро то охири аср XIX ва ибтидои асри XX нигоҳ дошт. Нуқтаи баландтарини манзараи механикии олам бошад, қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар илми физика қонунҳои Нютон чунин таъриф дода мешаванд:

Қонуни якуми Нютон: Ҳангоми набудани таъсироти беруна ҷисмҳо ҳолати оромӣ ё ҳаракати ростхаттаи мунтазами худро нигоҳ медоранд.

mJ = const

Қонуни дуюми Нютон: Қувваи ба ҷисм таъсирбахшанда ба ҳолсили зарби массаи ҷисм ва шитоби гирифтаи ҷисм баробар аст.

Қонуни сеюми Нютон: Қувваҳое, ки бо онҳо ду ҷисм ба якдигар таъсир мекунанд аз рӯи ҳамон як хати рост равона буда, қиматҳои мутлақи баробар, вале самтҳои муқобил доранд.

F12 = - F21

Қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ (қонуни чоруми Нютон): Ҳар ҷуфти ҷисмҳо якдигарро бо қуввае ҷазб мекунанд, ки модули ин қувва ба ҳосили зарби массаҳои онҳо мутаносиби роста буда, ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа аст.

дар ин ҷо G - доимии ҷозибавӣ (гравитатсионӣ) ном дошта, ба G = 6,67 · 10–11 Н·м2/кг2 баробар мебошад.

  Баъд аз кашфи принсипи нисбияти Галилей ва қонунҳои механкии Нютон дар физика як қатор кашфиёти ҷадид ба вуқӯъ пайваста, назарияҳои нав пайдо гардиданд, ки манзараи механикии Нютон барои шарҳи онҳо оҷиз монд. Масалан, дар асри XVII файласуф ва ходими давлатии ИМА Б.Франклин нахустин шуда, зарядҳоро мусбат (+) ва манфӣ (-) номгузорӣ кард. Соли 1729 С.Грей интиқоли электрро ба воситаи ноқилҳои металлӣ; соли 1785 Ш.О. Кулон қонуни таъсири мутақобилаи ҷисмҳои зарядноки оромро; соли 1790 А.Волта элементи галваниро; соли 1811 Кэвендиш ва Ҷоллӣ доимии ҷозибаро; соли 1820 Х.Эрстед таъсири ҷараёни электрикиро ба ақрабаки магнитӣ; соли 1821 Т.Зеебек термоэлементро; соли 1821 М.Фарадей аввалин ҳаракатдиҳандаи электрикиро; соли 1825 А.М. Ампер робитаи ҳодисаҳои электрикӣ ва магнитиро; соли 1827 Г.Ом таносуби байни қувваи ҷараён, шиддат ва муқовимати занҷири электрикиро; соли 1831 М.Фарадей индуксияи электромагнитиро; соли 1833 Ш.Дюфэ ду ҷинси навъи зарядро ва ҳамин тавр олимони дигар низ кашфиёти зиёдеро пешниҳоди оламиён карданд. Бояд тазаккур дод, дар заминаи ҳамин қабил кашфиёту ихтироот ғалабаи инқилоби илмӣ - техникӣ пурра таъмин гардид.

  Дар заминаи чунин кашфиёти беназир ва ғанӣ гардидани донишҳои физикӣ дар охирҳои асри XIX ҷои манзараи механикии оламро назарияи электромагнитӣ ишғол намуд. Асосгузорони манзараи электродинамикии олам Эрстед, Фарадей ва Максвелл мебошанд. Мувофиқи ин назария дар олам модда на танҳо дар намуди ҷисм, балки ба намудҳои гуногуни майдони физикӣ ба вуҷуд меояд. Вақте ки олимон ба тадқиқоти равандҳо дар микроолам гузаштанд, вазъият ба куллӣ тағйир ёфта, дар илмҳои табиатшиносӣ кашфиёти муҳиме ба вуҷуд омаданд ва онҳо дар табиатшиносӣ инқилобҳоро ба амал оварданд. Ин инқилобҳои илмӣ бошанд, дар навбати худ ба манзараи электродинамикии олам бе таъсир намонданд. Пеш аз ҳама ин кашфиёт ба сохтори модда ва алоқамандии модда ба энергия вобаста мебошанд. Барои маъниндоди чунин равандҳо дар микроолам манзараи электродинамикӣ оҷиз монд. Ва ҷои онро оҳиста - оҳиста илми наву ҷавон механикаи мавҷӣ ё квантӣ ишғол намуд. Дар асоси принсипҳои механкаи квантӣ манзараи кванто - релятивистии олам ба вуҷуд омад, ки асосгузоронаш М.Планк, Н.Бор, Э.Шредингер, В.Гейзенберг ва дигарон мебошанд. Ҳамин тариқ, пас аз инқилоби илмӣ - техникӣ дар соҳаҳои мухталифи физика сол аз сол кашфиёти аз ин ҳам дақиқтару муҳимтаре ба вуқуъ пайвастаистодаанд, ки онҳо ба пайдоиши манзараҳои илмии навбатӣ заминаҳои мусоидро фароҳам меоранд.

Қурбонов Н.Б.

Хондан 6274 маротиба