Дар мақолаи мазкур ҷараёни табдили алифбои лотиниасос ба алифбои кириллӣ дар солҳои 30-40-уми асри XX инъикос ёфтааст. Муаллиф андешаҳои олимони тоҷикро оид ба сабабҳои гузариш ба алифбои нави русиасоси тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ва ҷараёни гузариш ва татбиқи онро дар Тоҷикистон нишон додааст.
Ба ҳама сокинони сайёра окшор аст, ки бонуфузтарин ва гаронтарин муокофт Ҷоизаи нобелӣ буда, барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар соҳаҳои физика, химия, физиология ё тиб, адабиёт, таҳкими сулҳ ва иқтисод тақдим мегардад. Ҷоизаи мазкур тибқи васияти олим ва ихтироъкори шведӣ Алфред Бернхар Нобел (1833-1896) таъсис ёфта, ҳар сол ба олиме ё гурӯҳи олимон ва ё муассисае супорида мешавад. Аз вақти таъсиси ин ҷоиза то ба имрӯз хеле кам иттифоқ афтодааст, ки олиме барандаи ду Ҷоизаи нобелӣ гашта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки Ҷоизаи нобелиро ҳамагӣ чор нафар - Мария Кюри (физика, 1903 ва кимиё, 1911), Лайнус Полинг (кимиё, 1954 ва сулҳ, 1962), Ҷон Бардин (физика, 1956 ва 1972) ва Фредерик Сенгер (кимиё, 1958 ва 1980) думаротибагӣ ба даст овардаанд. Дар баробари ин кам нестанд олимони маъруфе, аз ҷумла Димитрий Менделеев, Людвиг Болсман, Арнолд Зоммерфелд, Абрам Иоффе, Петр Лебедев, Гилберт Люис, Леонид Манделштам, Александр Гурвич, Паул Валден, Михаил Свет, Александр Фрумкин, Леон Орбели, Ефим Лондон ва дигарон, ки ба дастоварду кашифётҳои бузург ноил гардида, ба дарёфти ҷоизаи мазкур шарафёб нашудаанд.
Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар корхонаву идора ва муассисаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Давра ба давра шеваи нигориши санадҳо тағйир ва такмил меёбад. Имрӯз олимону мутахассисон оид ба нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ ба забони тоҷикӣ дастурҳо иншо намуда, намунаи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои коргузориро пешниҳод мекунанд, ки ин марҳилаи нав дар ҳуҷҷатнигории тоҷик мебошад.
Қирғизҳо аз давраҳои қадим бо тоҷикон ҳасоягии наздик доранд. Дар раванди таърих мардуми қирғиз дар баробари миллати тоҷик пасту баландиҳои зиёдро аз сар гузаронидааст.
Ин ду мардуми ба ҳам наздик бидуни хат, таърихи асрҳо ташаккулёфтаи миллати хешро тавассути эпоси “Манас” ва “Гуруғлӣ” ба насли оянда мерасонанд. Аз рӯи ҳаҷм эпоси "Манас" - қомуси (энсиклопедияи) асили беназирест, ки дар худ воқеаҳои махсусан муҳими он давра, далелҳои алоҳидаи таърихӣ, қаҳрамониҳои шахсиятҳои ҷудогона, пешвоёни кишвар, маълумот оид ба он ҷамъият, урфу одат ва ҳаёти мардуми қирғизро дар худ таҷассум менамояд.