JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Баҳс сари ин хат зиёд аст, ки дар солҳои бистум яке аз истифодабарандагони бевоситаи он будем. Баъзе донишмандон  сари ин масъала  афкори гуногун доранд, ки он дабираи форсист  ва ё  хати арабӣ. Андешаҳо пиромуни ин масъала зиёданд, аммо мо пайгири он нашуда, мавриди хатҳои шашгона (хутути ситта) мегӯем. Ин хат яке аз машҳуртарин хатҳои  ҷаҳон  ҳисобида  шуда, тақрибан 18-20  мамлакат аз он истифода мебаранд ва имрӯз бо номи хати арабӣ машҳур аст.

  Шоҳмот яке аз бозиҳои фикрии инсоният буда, дар роҳи қавӣ гардонидани майнаи сар ва сайқал додани хотираи инсон ҳамтое надорад. Дар тӯли таърих номи ин бозӣ чанд дафъа тағйир ёфтааст, лекин ба бисёр забонҳо аз забони тоҷикӣ маҳз калимаи шоҳмот (шоҳ мурд) бо каме бадалшавии овозҳо интиқол ёфтааст.

  Cайидо Насафӣ аз худ осори пурмазмун гузаштааст, ки онҳо дурдонаҳои таърихи адабиёту фарҳанги форсу тоҷик ҳисоб меёбанд. Мероси адабии Cайидои Насафӣ бою ғанӣ буда, аз девони ашъор, куллиёт, ғазалиёт, рубоиёт, қасидаву маснавиҳо, асари тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» иборат аст. Дар ашъори Сайидои Насафӣ норозигӣ аз сохти иҷтимоӣ ва ахлоқии замонаш бисёр вомехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ cурудааст. Cайидои Насафӣ яке аз бузургтарин мутафаккирони қарнҳои  XVII-XVIII  тоҷик буда, дар  нимаи аввали қарни XVII дар Насаф (Қаршӣ) ба дунё омадааст. Cоли таваллуди Cайидои Насафӣ маълум нест. Cолҳои кӯдакии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Баъд аз он Cайидо ба Бухоро омада, дар мадраса таҳсил мегирад. Баъди хатми мадраса Cайидо ба зодгоҳаш барнагашта, то охири умраш дар Бухоро мемонад.

  Одамон барои ҳисоби фосилаҳои калони вақт аз замонҳои қадим инҷониб давомоти моҳ ё солро, яъне давомоти гардиши Офтобро аз рӯйи эклиптика истифода мебурданд. Дар давоми таърихи бисёрасраи инсоният системаҳои мухталифи тақвимҳо сохта ва ба истифода дода шудаанд. Вале ҳамаи ин тақвимҳоро ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст: шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ. Тақвими аз ҳама қулай ва сода солшумории шамсӣ мебошад, ки онро дар Мисри қадим истифода мебурданд.

Китобҳо