JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 

 Аслан, ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба васила иҷрои маросимоти ҷашнию ойинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд. Мусаллам аст, ки бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насле дигар ва асре ба асре дигар мунтақил мекунанд (ниг.: Устурматни ҳувиятсоз. Ҳузури «Шоҳнома» дар адаб ва фарҳанги иронӣ. Ба қушиши Баҳман Номвари Мутлақ. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1387. -С.7). 

  Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсон ва дар маҷмӯъ, мардумро шарикӣ кардааст. Инсон дар қолаби анвои гуногуни ҳунар, аз ҷумла мусиқӣ бо зиндагӣ канор меояд ва орзую ормони худро буруз менамояд. Зимнан, тавассути оҳангу наво ва шеъру суруд инсон ба зиндагӣ тамоси фаъол барқарор месозад ва дар партави созу овоз ба олами хаёлот сар зада, дар имтидоди маҳдуди замонӣ ормиши равонӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунад. Чун инсон дар гирудори умр ва мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунад, ба василаи мусиқӣ эҳсоси сабукӣ менамояд ва ин амал як навъ ҷуброн ва ё компенсатсияи равонӣ маҳсуб меёбад.

  Таърихи инсоният собит намудааст, ки забон на фақат ифодагари арзишҳои маънавӣ, балки василаи ба вуҷуд омадани худшиносии миллӣ ва ҷунбишҳои озодихоҳӣ низ будааст. Дар охири асри VIII баробари суст шудани хилофати араб аввалин омиле, ки мардумро ба худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ равона сохт, нуфуз ва эътибори забони форсии тоҷикӣ буд. Пешвоёни сулолаи Тоҳириён аввалин тадбирҳои сиёсии худро ба забони модарии худ ифода карда, фаъолияти забони арабиро дар тамоми соҳаҳо танг карда буданд. Ин гуна рӯҳияи худшиносиро Саффориён давом дода, Сомониён ба дараҷае расонданд, ки тӯли ҳазор сол истилогарони муғулу турк натавонистанд, эътибори забони тоҷикиро паст кунанд. Аҳамияти сиёсӣ пайдо кардани забон ба он оварда расонид, ки осори фарҳангии ин давра аз унсурҳои бегона хеле тоза шуда, дар услуби нигориши илмиву адабии суханварон дигаргуниҳои куллӣ рӯй дод. Дар ин бора забоншинос Н.Беҳбудӣ мушоҳидаҳои худро чунин қаламдод кардааст: «Забони адабии асрҳои IX-XII дар таърихи инкишофи забони адабиёти классикӣ аз нуқтаи назари асосҳои луғавӣ, грамматикӣ ва услубӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар услуби ин давра, яъне асрҳои IX-XII шеваи мураккабнависӣ хос набуд, агарчанде воситаҳои суханороӣ ва суханпардозӣ фаровон ба миён омада буданд. Осори манзумаи ин давра, махсусан, асарҳои мансур ба ин фикр шаҳодат медиҳанд».[1]

Ҷумъа, 05 Октябри 2018 10:36

Ин забон з-андеша мегирад тавон

Муаллиф:

Чанд мулоҳиза дар партави Рӯзи забони давлатӣ

Қудрати ақл аст пушти ин забон,

                                             Ин забон з-андеша мегирад тавон.

 Ҳангоме ки ба масъалаи забон ҳамчун мабдаи муҳимми ҳастӣ ва вуҷуди фарҳангӣ бархӯрд мекунем, бидуни тардид, ба воқеияти таърихие мувоҷеҳ мегардем, ки бар мабнои ин падидаи иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Аз ин ҷост, ки забон минҳайси унсури калидии фарҳангсозӣ ва фарҳангофарӣ муаррифгари фазо ва муҳити миллӣ дар давра ва мароҳили таърихӣ мебошад. Дар зимн, фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ, эҷодӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ бар асоси бедории фарҳангӣ ва маданӣ сохта мешаванд. Агар ҷомеа баста ва фазои фикрӣ носолим бошад, зуҳури тафаккури таҳлилӣ ва бурузи падидаҳои озодандешӣ ғайримумкин ва масири бедории фикрию маданӣ ба бунбаст мувоҷеҳ мегардад.

Китобҳо