Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки «забон хонаи ҳастист», метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи ҳазорсолаи миллат бо каломи бадеу зебо ҳаккокӣ шудааст. Зуҳури ҳар гуна андешаи нав дар ин росто пайванди мустақим ба суннатҳои адабии гузашта дорад, зеро тибқи қавонини табиат omnia mutantur, nihil interit (ҳама чиз тағйир мепазирад ва ҳеҷ чиз аз байн намеравад). Ҳар жанри нав бо вежагии хосе аз батни анвои адабии қаблӣ пайдо мешавад, чунон ки аз батни навъи хамрия навъи ҷадиди адабии нируманде таҳти унвони соқинома арзи вуҷуд намуд, ки бо суннатҳои мазҳабию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии даврони қабл аз исломӣ ва ашъори хамрии қарнҳои IX-XI пайвастагӣ дорад.
Истилоҳи «тасниф» ҳамчун жанри шеърие, ки бо оҳангу мусиқӣ суруда шуда, аксаран бар пояи вазни ҳиҷо танзим ва ё дар як шеър аз чанд вазни арӯзӣ кор гирифта шудааст, дар адабиёти хаттии форсӣ дар қарнҳои XVI-XVII ворид шудааст. Зеро бар хилофи шеъри классикӣ он на барои хос, балки барои ом эҷод мегардад, аз ин рӯ, ин жанри шеърӣ дар девону тазкираҳо сабт нагардида, муаллифонаш ағлаб низ номаълум мондаанд.
Равобити гуногунҷабҳаи тоҷикон бо мардуми Чин таърихи қадим дорад ва аз умқи асрҳои пешин, аз рўзгори давлатдории Ашкониёну Сосониён ва шояд ҳатто пештар аз замони ҳукумати ин сулолаҳои ориёӣ ибтидо мегирад. Ин равобит барои пайрезии «Роҳи абрешим»-и машҳур, ки тавассути шоҳроҳи бузурги корвонгузар аз марзи Эронзамини таърихӣ сарзаминҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам пайванд медод, замина фароҳам овард ва ба таъбире марзу буми аҷдодии мо ҳалқаи васли кишвари Чин бо ҷаҳони Ғарб гардид.